ФАРҚИ АДАБИЁТИ ШИФОҲӢ АЗ КИТОБӢ
Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ, яъне фолклор замонҳое, ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт, пайдо шуда буд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро даҳонӣ, бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо, афсонаю асотирҳо, суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо аз авлод ба авлод, аз насл ба насл, аз аср ба аср гузашта такмил меёфтанд ва оҳиста-оҳиста жанру намудҳои адабиёти шифоҳӣ шакл мегирифтанд.
Баробари пайдоиши хат адабиёти китобӣ ҳам оғоз меёбад. Ва ашхоси босавод адабиёти шифоҳиро ҷамъ намуда ба шакли китоб омода месозанд. Бештари асарҳои халқӣ бо ҳамин роҳу восита то замони мо омада расидаанд.
Адабиёти шифоҳӣ моли халқ аст. Яъне, соҳиби нақлу ривоят, афсона, суруду таронаҳо мову шумо ҳастем. Имрӯз низ халқ асар эҷод мекунад ва эҷодиёти онҳо дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ба табъ мерасанд. Адабиёти китобӣ эҷоди ашхоси муайянанд, ки дар замону макони мушаххас зиндагӣ карда, асар эҷод намудаанд. Масалан, устод Рӯдакиро гирем. Ӯ дар соли 858 ба дунё омада, соли 941 вафот кардааст. Ва ӯ қасидаи “Шикоят аз пирӣ”, “Модари май” ва асарҳои дигарро офаридааст. Ин андешаро нисбати Восеъ ва нақлу ривоят ва суруду таронаҳое, ки дар ҳаққи ӯ гуфта шудаанд, баён карда наметавонем. Зеро нақлу ривоят ва суруду таронаҳоро шахсони номаълум, яъне халқ эъҷод кардааст.
Адабиёти шифоҳӣ аз лиҳози забон ва тарзи баён ҳам аз адабиёти китобӣ фарқ мекунад. Забони асарҳои халқӣ сода, фаҳмо буда, мардум онро зуд қабул мекунанд. Ибораороӣ, истифодаи калимаю ибораҳои душворфаҳм ва бегона дар онҳо дида намешавад, вале дар адабиёти китобӣ зиёдтар ба назар мерасад.
Дар забони асарҳои халқӣ лаҳҷаю шева бештар истифода мешавад. Ҳатто як афсонаи халқиро мардуми ноҳияҳои мухталиф бо лаҳҷаҳои хеш нақл мекунанд ва ҳангоми ҳикояи он ҳамон калимаю ибораҳои хоси маҳалли худро истифода мебаранд. Аз ин хотир агар ягон афсонаро намояндаи як маҳал ба мардуми маҳалли дигар нақл кунад, фаҳмидани забони он афсона барои онҳо душворӣ мекунад.