Ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар солҳои 1950-1980

Вазъи ҷаҳон. Вазъи ҷаҳон дар солҳои 50-80-ум хело мураккаб буд. Ҳамон зиддияте, ки баъди ба охир расидани ҷанги дуюми ҷаҳон дар байни давлатҳои капиталистӣ (бо роҳбарии ИМА) ва сотсиалистӣ (бо роҳбарии ИҶШС) ба вуҷуд омад, минбаъд пурзӯртар гардид. Соли 1955 бо ташаббуси Давлати Шӯравӣ, ҷавобан ба бунёди блоки ҳарбии НАТО, аз ҳисоби давлатҳои сотсиалистӣ блоки дигари ҳарбӣ, бо номи «Шартномаи Варшава» ба вуҷуд омад. Дар худи ҳамон сол қувваҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам соҳиби бомбаи атомӣ гардид. Дар натиҷа мусаллаҳшавии давлатҳои пешбари ҳар ду система – капиталистӣ ва сотсиалистӣ суръати тоза гирифт. Ба ғайр аз мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин муборизаи идеалогии байни онҳо хело боло гирифт, ки ин ҳама дар таърих бо номи «ҷанги сард» маълум аст.

Дар чунин вазъи мураккаби ҷаҳон ҳар воқеае, ки ҳатто дар дигар гӯшаи дунё ба амал ояд ҳам, аммо он хавфи сар задании муноқишаҳои байналхалқӣ мегардад. Масалан, ба он соли 1956 ҷанги дар Шарқи Наздик (дар байни Исроил ва давлатҳои араб) ва ба Маҷористон (Венгрия) даровардани қӯшунҳои Шӯравӣ мисол шуда метавонад. Аммо бӯҳрони баҳри Қариб, ки соли 1961 ба амал омад (вобаста ба Куба), қариб ба оғози ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оварда расонид. Минбаъд воқеаи Чехословакия (соли 1968 ба ин мамлакат низ даровардани қӯшунҳои Шӯравӣ), «инқилоби Афғонистон» (соли 1979 ба ин мамлакат ҳам, гӯё барои ҳимояи «инқилоб» қӯшунҳои Шӯравӣ дароварда шуд), инқилоби исломии Эрон (соли 1979) ва ғайраҳо боиси мураккаб гардидани вазъи ҷаҳон гардиданд. Бӯҳрони Афғонистон гӯё аз соли 1979 то соли 1989, яъне то аз ин мамлакат баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ давом кардааст. Аммо дар амал ин бӯҳрон то ҳанӯз идома дорад. Махсусан ҷанги Афғонистон на танҳо боиси талафоти зиёди ҷонии ҳар ду тараф, яъне Афғонистон ва Давлати Шӯравӣ гардид, балки боиси хеле коста шудани иқтисодиёти Иттиҳоди Шӯравӣ ва ниҳоят яке аз сабабҳои аз байн рафтани ин Иттифоқ шуд.

Боло гирифтани яккаҳукмронии ҳизби коммунистӣ. Солҳои 50-80- чӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва чӣ дар ҷумҳуриҳои Иттифоқ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, ҳизбҳои коммунистӣ ҳамоно яккаҳукмрон буданд. Ҳизби коммунистии Тоҷикистон қисми таркибии Ҳизби коммунистии Итиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ – КПСС) ба ҳисоб мерафт. Ҳар ҳукме, ки ҲКИШ мекард он барои ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Иттифоқ қонун буд, бинобар ин онро бечунучаро иҷро мекарданд. Ҳарчанд сарварони ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳо интихобӣ буданд, вале на танҳо онҳо, ҳатто масъулони асосии ҷумҳуриҳои Иттифоқ ҳам бо розигии сарвари ҲКИШ (КПСС) интихоб ё худ таъин мегардиданд. Аз ин рӯ дар Иттиҳодӣ Шӯравӣ сарвари ҲКИШ роҳбари асосии мамлакат ҳисоб мешуд.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ то соли 1953 сарварии ҳизб ба ӯҳдаи И.В.Сталин буд, ки вазифаи ӯро дар солҳои охир котиби генералии кумитаи марказии ҲКИШ меномиданд. Вай сарварии ҳизбро аз соли 1922 ба ӯҳда дошт. Аз моҳи майи соли 1941 вазифаи раиси ҳукумат – Шӯрои комиссарони ҳалқи ИҶШС низ ба ӯҳдаи И.В.Сталин гузоштаанд. Ӯ ин вазифаҳоро то вафоташ дар дасти худ нигоҳ дошт. Соли 1953 сарвари ҲКИШ Н.С.Хрушёв гардид. Ӯ кӯшиш кард, ки ба шахспарастии Сталин хотима гузошта, дар мамлакат ҳаёти демократиро инкишоф диҳад. Аммо вай ба ҷои шахспарастии сталинӣ шахспарастии худашро ҷорӣ карданӣ шуд. Ба ғайр аз ин маҳз дар замони ӯ дар мамлакат изофанависӣ ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Дар натиҷа соли 1964 Н.С.Хрушевро барканор намуданд ва Л.И.Брежнев сарвари ҲКИШ гардид. Ҳарчанд ӯ дар солҳои охири умраш, бо сабаби беморӣ тамоман аз ӯҳдаи кор намебаромад, вале то маргаш (соли 1982) ин вазифаро нигоҳ дошт. Маҳз дар охирҳои роҳбарии ӯ дар мамлакат низоми кор суст шуд, коррупсия ва изофанависиҳо хело боло гирифт. Бинобар ҳамин ҳам Ю.В.Андропов дар давоми роҳбарии кӯтоҳмуддати худ (1982-1984) барои мустаҳкам кардани низоми меҳнат чораҳои қатъӣ андешида, ба муқобили коррупсия муборизаи беамонро оғоз кард. Аз ҷумла, барои изофанависӣ, зиёда аз 30 ҳазор масъулон бо «амалиёти пахта» ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Умуман дар замони Ю.В.Андропов дар тамоми мамлакат, дар тамоми соҳаҳо низоми муайян ҷорӣ карда шуд. Аммо баъди марги ӯ, дар замони роҳбарии як солаи (1984-1985) К.У.Черненко, ки бо сабаби беморӣ қариб сарварӣ накардааст, ҳама дастовардҳои замони Ю.В.Андропов барбод дода шуд. Бинобар ин моҳи марти соли 1985 дар ҳолати хело вазнини мамлакат М.С.Горбачёв сарварии ҳизбро ба ӯҳда гирифт, баъд президенти ИҶШС интихоб шуд ва то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ин вазифаро ба ӯҳдаи худ дошт.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари ҳизбро котиби якӯми кумитаи марказии ҳизби коммунистии Тоҷикистон (КМ ҲКТ) меномиданд. Дар ҷумҳурӣ ин ҳизбро солҳои 1946-1956 Бобоҷон Ғафуров, солҳои 1956-1961 – Турсунбой Ӯлҷабоев, солҳои 1961-1982 – Ҷаббор Расулов, солҳои 1982-1985 – Раҳмон Набиев ва солҳои 1985-1991 – Қаҳҳор Маҳкамов сарварӣ намудаанд. Аз роҳбарони номбурдаи ҷумҳурӣ танҳо Т.Ӯлҷабоев, бо сабаби дар ҷумҳурӣ боло гирифтани изофанависӣ, соли 1961 аз вазифа сабукдӯш карда шуда буд.

Бо сабаби он, ки ҳизби коммунистӣ яккаҳукмрон буд, бинобар ин барномаи қабул кардаи он барои тамоми мамлакат ҳамчун қонун ба ҳисоб мерафт. Соли 1961 анҷумани ХХII ҲКИШ барномаи худро оиди сохтани ҷамъияти коммунистӣ қабул намуд. Мувофиқи он мардуми шӯравӣ солҳои 80-уми асри гузашта бояд аллакай дар ҷамъиятии коммунистӣ – коммунизм мезистанд. Бо мақсади қонунӣ гардонидани яккаҳукумронии ҳизби коммунистӣ онро дар конститутсияи (сарқонуни) ИҶШС, ки соли 1977 қабул карда шуд (банди 6-ум) дохил намуданд. Дар асоси ҳамин сарқонуни Иттифоқ Тоҷикистон ҳам соли 1978 сарқонуни худро қабул карда буд. Ҳамаи ин аз хусуси дар мамлакат хело боло гирифтани мақоми ҳизби коммунистӣ далолат медиҳад.


370
Нет комментариев. Ваш будет первым!