Сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ)
Омода намудани қисмҳои аскарони сурх барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ва иғвои 2 июл. Тобистони соли 1920 дар назди фармондеҳи фронти Туркистон М.В.Фрунзе масъалаи Бухоро кӯндаланг меистод. Зеро, он лаҳза сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро — вазифаи навбатии Ҳокимияти Шӯравии Русия ба ҳисоб мерафт. Чунин сиёсатро муқобилони тартиботи амирӣ бо он асоснок мекарданд, ки аморати Бухоро дар самти ҷануб такягоҳ ва макони асоситарини қувваҳои зиддишӯравӣ гардидааст. Бо ҳамин сабаб, мувофиқи фармони М.В.Фрунзе, қисмҳои аз муҳорибаҳо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон паи ҳам дар нуқтаҳои асосии аморат ҷойгир карда шуданд.
Амири Бухоро Олимхонро бошад махсусан дар маҳаллаҳои руснишини аморат — Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав ҷойгир намудани қисмҳои аскарони сурх ба воҳима гузошт. Зеро, сарбозон ва навкарони аксаран машқи ҷангӣ надидаи ӯ, ки тахминан ба 13 ҳазор нафар мерасид, ба қисмҳои 70 ҳазор нафараи аскарони сурхи дар майдонҳои ҷангӣ ба хубӣ обутобёфтаи фронти Туркистон муқобил истода наметавонистанд. Бинобар ин тобистони соли 1920 дар муносибати байни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳокимияти Шӯравӣ каме беҳтаршавӣ ба вуҷуд омад. Аниқтараш ҳукумати амирӣ маҷбур шуд, ки нисбат ба Давлати Шӯравӣ муносибаташро беҳтар намояд. Зеро, то ин вақт амир ба қувваҳои зиддишӯравии дохили Русия ва империалистони хориҷӣ боварии калон дошт. Акнун, ҳамаи он умедҳо барбод рафтанд, қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрданд. Давлати Шӯравӣ бошад, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар ҳамфикрони ӯ рӯз аз рӯз пурқувват мегардид. Илова бар ҳамаи ин қисмҳои аскарони сурх аллакай дар хоки Бухоро мавқеъ гирифта буданд!
2 июли соли 1920 аз Бухоро ба сӯи Москва ҳайати намояндагии амир (сафорати фавқулодда) раҳсипор гардиданд. Худи ҳамон рӯз, баробари гусели он ҳайат дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноҳое, ки танҳо ба ҳукумати амирии Бухоро тааллуқ доштанд, аз он ҷумла резидентсияи худи амир, берозигии ҳукумати амирӣ, қисмҳои сурх ҷойгир карда шуданд. Сабаби ин иғво чандон равшан набуд. Гуфтушунидҳои дипломатӣ онро ҳал карда натавонист.
Иғвои 2 июл қуввваҳои зиддишӯравии Бухороро ба ҳаракат даровард. Бо талаби онҳо амир 7 июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он, баҳри муҳофизати дини ислом ва шариат, ҳамаи мусулмонон ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги муқаддас даъват карда мешуд.
Фармондеҳи фронти Туркистон аз фиристодани он ҳайати намояндагии амир рози набуд, воқеоти дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо ба Москва аз будаш зиёдтар ва ба манфиати худ шарҳ дода розигии сарварони ҳарбию ҳизбии Федератсияи Русияро барои оғози ҳуҷум ба Бухоро пурсид.
Дар худи ҳамин моҳ бо ташаббуси Турккомиссия, барои тайёр намудани инқилоби Бухоро Бюрои ҳарбии инқилобӣ ташкил карда шуд. Ба ҳайати он раиси КМ ҲК Бухоро Н. Ҳусаинав, раиси бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев ва дигарон дохил шуданд. 30 июл дар маҷлиси бюро масъалаи дар шакли коалитсионӣ ташкил додани органи олии ҳукумати инқилобии Бухоро — Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ, ҳар кадом дорои 9 нафарӣ аъзо (аз ҷумла 6 нафарӣ аз ҲК Бухоро аз 3 нафари аз ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ) дида шуд. Ба вазифаи раиси Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ коммунист — Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) ва ба раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев тавсия гардиданд. 10 август ин масъаларо бори дигар дар маҷлиси якҷояи Турккомиссия, КМ ҲК Бухоро ва бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дида, маъқул шумориданд.
10 август Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия низ ҷавобан ба хоҳиши фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе оиди масъалаи Бухоро, ба Шӯрои ҳарбии фронт дастур дод, ки мувофиқи он бо мақсади «муҳофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» метавонистанд дар маҳаллаҳои руснишини аморат ва дар мулкҳои ҳамсарҳади Бухоро қувваҳои зиёди ҳарбиро ҷойгир намоянд.
Баъди ду рӯзи тавсияи Бюрои сиёсии ҲК(б) Русия ва ташкили Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороию Шӯрои Нозирони Халқи Бухоро, яъне 12 август, соати 11.15 фармондеҳи фронти Туркистон М.Ф. Фрунзе иборат аз 14 банд, таҳти рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оиди инқилоби Бухоро»-ро имзо кард. Мувофиқи он қисмҳои асосии ба муқобили сохти амирӣ нигарондашудаи аскрони сурх дар муддати кӯтоҳ аз 12 то 17 август, баробари ҷойгир намудани онҳо дар нуқтаҳои муайяншуда, бояд пурра омодаи ҷанг мегардиданд.
23 августи соли 1920 дар деҳаи Шакарбозор (каме дуртар аз Чорҷӯй) «шӯриш» ба амал омад. Аз эҳтимол дур нест, ки он бо супориши М.В. Фрунзе ташкил гардидааст. Дар он отряди туркманӣ бо сарварии Бешим Сардор иштирок кардаанд. Ҳангоми задухӯрд 36 нафар амалдор ва сарбозони амир ҳалок гаридаанд. «Шӯришгарон» деҳаро ба даст дароварда, дар он ҷо Ҳокимияти Шӯравиро эълон карданд. Вале ба дастгирии он «шӯриш» на дар худи Чорҷӯйи Кӯҳна ва на дар дигар деҳаҳои атрофи он ягон ҷунбише ба вуҷуд наомад. Чунин хомӯшӣ М.В. Фрунзе ва коммунистону ҷавонбухороиёни инқилбчиро водор намуд, ки мардуми Бухоро ҳанӯз барои мубориза ба муқобили тартиботи амирӣ тайёр нестанд.
25 август маркази ҳарбӣ ташкил карда шуд, ки ба он намояндагон: аз Турккомиссия ва бюрои Туркистонии КМ ҲК(б) Русия — В.В. Куйбишев, аз ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов ва аз бюрои марказии ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев дохил шуданд. Ин марказ бояд аз 28 август сар карда ба муқобили амир ва ҳукумати он сарварии «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон»-ро ба ӯҳдаи худ мегирифт. Аммо амалан, дар рафти амалиётҳои ҷангии муқобили сохти амирии Бухоро, ин марказ ҳеҷ коре накард. Зеро худи «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон» ба вуҷуд наомад.
25 август, соати 13.00 бо имзои фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва аъзои Шӯрои ҳарбии фронт В.В. Куйбишев, таҳти рақами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани кӯмак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро» бароварда шуд, ки он аз ҷиҳати моҳият нақшаи асосии сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро буда, дар қатори дастури рақами 3504 (аз 12 август) аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар он таъкид мегардид, ки тамоми отрядҳо ва қисмҳо бояд то шаби 28 августи соли ҷорӣ тайёрии ҳарбиро ба итмом расонида, гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ шаби аз 28 — ба 29 август ҳаракати фаъолонаро сар кунанд. Аз отряди Чорҷӯйӣ бояд қисмҳои Кулмуҳаммадовро ба Чорҷӯйи Кӯҳна фиристада, онро аз соати 4-и саҳарии 29 август дер намонда, бо имдоди шӯриши мардуми яроқнок ишғол намоянд. Баробари гирифтани Чорҷӯйи Кӯҳна гурӯҳи Когонӣ бояд ҳуҷумро барои ишғоли Бухорои Кӯҳна сар мекард ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр ин ҳуҷҷати муҳим аз он шаҳодат медиҳад, ки фармондеҳи фронти Туркистон пешакӣ, ҳанӯз 25 август мӯҳлати оғози амалиёти ҷангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро пурра ба ӯҳдаи худ гирифта буд. Ба воситаи бомбапартоӣ вайрон намудани шаҳри бостонии Бухоро ҳам амри тасадуфӣ набуда, балки нақшаи пешакӣ ба ҳисоб мерафт.
Аҷибаш он аст, ки баъди 3 соату 40 дақиқаи имзои ин дастур, ки бо он фармондеҳони қисмҳои алоҳидаи фронт барои гузаронидани амалиёти ҷангӣ аллакай вазифадор карда шуда буданд, яъне соати 16.40 фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ба сарфармондеҳи олии Федератсияи Русия маърӯзаро «Дар бораи шиддат гирифтани вазъият дар Туркистон» фиристод. Дар он ӯ вазъи Бухороро тасвир намуда, аз ҷумла қайд намудааст, ки «имконияти ҳалли масъала аллакай аз даст рафтааст. Ҳангоми кашолкории минбаъда, дар вазъи умумии носолим, хатари ба вуҷуд омадани мураккабиҳои фавқулодда мешавад».
Инак, 27 август, дер бошад ҳам М.В. Фрунзе барои сар кардани ҳуҷум ба муқобили ҳукумати амирии Бухоро розигии сарфармондеҳи олии Федератсияи Русияро низ гирифт. Зеро, аз баҳори соли 1919 сар карда сарфармондеҳи олӣ ба сарварони аскарони сурх барои дахолат ба масъалаи Бухоро розигӣ намедод. Акнун бошад, фармондеҳи фронти Туркистон — М.В. Фрунзе аз сарфармондеҳи олӣ чунин ҷавоб гирифт: «Ба муқобили қӯшунҳои Бухоро мувофиқи вазъият амал кунед».
28 август бо фармони таъҷилии штаби фронти Туркистон барои гузаронидани «Амалиёти Бухоро» се гурӯҳи асосӣ ташкил карда шуд, ки ба онҳо бевосита худи М.В. Фрунзе сарварӣ мекард. Ин амалиёт ҳам бо забти Чорҷӯйи Кӯҳна оғз мегардад.
Забти Чорҷӯйи Кӯҳна ва Қарокӯл. Дар сурати дуруст истифода бурдани қувваи дар ихтиёри Кулмуҳаммадов буда, танҳо он барои сарнагун намудани ҳокимияти бекии Чорҷӯй кифоягӣ мекард. Зеро, дар қалъаи Чорҷӯйи Кӯҳна, дар ихтиёри бек ҳамагӣ то 260 нафар аскарони мусаллаҳ бо 2 тӯп будаанду халос. Вале ҳалли масъалаи Чорҷӯй ранги дигар гирифт. Отрядҳои мусаллаҳи маҳаллӣ, ки таҷрибаи шабона ҷангиданро надоштанд, бинобар ин ихтиёран дар наздикии ин қалъа субҳро интизорӣ мекашиданд. Чунин ҳолат сарварони гурӯҳи Чорҷӯйиро ба ташвиш гузошт. Онҳо сарбозони мактаби бригадаи русии дар Чорҷӯйи Нав бударо ба амалиёт дароварданд.
Шаҳри Чорҷйи Кӯҳна баъди тирпаррониҳои кӯтоҳмуддат фатҳ гардид, бек ва амалдорони масъули ӯ асир афтоданд. Дар байни ғаниматҳо аслиҳаи зиёд ҳам буд. Ҳангоми фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ба онҳо як қисми ками аскарони бек муқобилият нишон дода, қисми дигар ба ҳар тараф гурехтаанд.
Дар Чорҷӯйи Кӯҳна Кумитаи муваққатии инқилобӣ ташкил ёфт ва ҳокимият дар сарзамини бекигарӣ ба ихтиёри он гузашт. Сарвари он кӯмита коммунист Бешим Сардор таъин гардид. Абдураҳим Юсупов ва Ҳасан Алиев аъзоёни кӯмита ба ҳисоб мерафтанд. Кӯмитаи инқилобӣ ба мардуми Бухоро бо муроҷиатнома баромад кард, ки ба сафҳои аскарони сурх ҳамроҳ шаванд ва исён бардоранд. Вале дар асл ба муқобили тартиботи амирӣ дар ягон гӯшаи сарзамини Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳанӯз ҳам шӯриши ҳақиқии мардумӣ ба вуқӯъ наомада буд.
То 1 сентябр аз тарафи қисмҳои аскарони сурх Қарокӯл, Бурдалик, Норазм, Хатирчӣ, Зиёуддин, Кармина, Китоб, Шаҳрисабз, Ғузар, Қаршӣ ва ғайра забт карда шуд.
Забти шаҳри Бухорои Кӯҳна. Мувофиқи дастури рақами 3667-и фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе, забти шаҳри Бухорои Кӯҳна пурра ба ӯҳдаи гурӯҳи Когонӣ гузошта шуда буд. Гурӯҳ баробари гирифтани хабари аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани Чорҷӯйи Кӯҳна, соати 500-и саҳарии 29 август ҳуҷумро ба сӯи шаҳри Бухорои Кӯҳна ва қароргоҳи тобистонаи амир Ситораи Моҳи Хоса сар кард. Дар худи ҳамон рӯз аскарони сурх деҳаҳои дар байни шаҳрҳои Бухорои Кӯҳна ва Бухорои Нав (Когон) ҷойгирбуда, аз он ҷумла деҳаҳои Работи Қозӣ, Арбоб Раҷаббой, Сафедмӯй ва ғайраро ба даст дароварда, ба шаҳри Бухорои Кӯҳна омада расиданд. Ба муқобили шаҳр, аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи ҳарбии муайяншуда, аз он ҷумла ёздаҳ адад аэропланҳои бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва ғайра истифода гардиданд.
Аллакай дар рӯзи аввали ҷанг ба яке аз қисмҳои аскарони сурх муяссар гардид, ки сарбозони амирро думболагир намуда, ҳатто ба шаҳр дохил шаванд. Аммо дар даромадгоҳи Бухорои Кӯҳна онҳо ба муқобилияти сахт дучор шуда, маҷбур шуданд, ки қафо гарданд. Амалиёти ҷангӣ асосан дар самти дарвозаи Қаршигии Бухорои Кӯҳна мегузашт. Роҳ ба сӯи Бухорои Нав (Когон) низ ба воситаи ҳамин дарвоза буд. Инчунин дар наздикии ҳамин дарвоза истгоҳ ва нуқтаи охирини роҳи оҳани Бухорои Нав — Бухорои Кӯҳна воқеъ гардидааст.
Дар амалиётҳои аввалаи ҷангӣ барои забти Бухорои Кӯҳна, мувофиқи дастури фармондеҳи фронт, полки Шарқии мусулмонӣ дар нуқтаи асосӣ, яъне дар самти дарвозаи Қаршигӣ меҷангид. Зеро, ин полк, ки асосан аз тоторҳою бошқирдҳо иборат буд, дар ҳайати худ ихтиёриёни осиёимиёнагиро (агарчанде хело камшумор буданд, аз он ҷумла тоҷикону ӯзбекҳои бухороиро низ) дошт, барои дар миқёси байналхалқӣ рӯпӯш намудани амалиёти қисмҳои асосии аскарони сурх зарур буд. Вале ин полк ба ҳуҷуми аскарони пиёда ва савораи амирӣ тоб наоварда, зуд қафо гашт. Баъд аз ин полки номбурда аз мавқеи асосии ҷангӣ ба қисми эҳтиётӣ гузаронида шуд. Бинобар ин дар забти Бухорои Кӯҳна ҳам амалиёти ҷангӣ асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ гузашт.
30 август амалиёти ҷангӣ барои қисмҳои аскарони сурх чандон муваффақиятнок набуд. Баръакс, сарбозони амирӣ аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногаҳон баромада, ба қисмҳои алоҳидаи аскарони сурх зарбаи қатъӣ заданд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз гурӯҳи Когонии аскарони сурх 25 нафарро талаф доданд. Инчунин аз онҳо 30 нафар ярадор ва 60 нафар бедарак шуданд. Амалиёти ҷангии ин рӯзро М.В. Фрунзе таҳлил намуда эътироф кардааст, ки маҳз «парвози аэропланҳои фарсудашудаи мо, ки саворагони муқобилро ба гурехтан маҷбур намуд, отрядро аз маҳвшавӣ наҷот дод».
Амалиёти ҷангии 31 август ҳам бештар характери мавзеӣ (позитсионӣ) дошт. Қисмҳои аскарони сурх асосан техника-тӯпҳо ва аэропланҳоро истифода бурданд. Вале матонати муҳофизони шаҳри қадим сарварони аскарони сурхро ба ҳайрат гузошта буд. Зеро онҳо аз сӯхтор ва вайрониҳои шаҳр наҳаросида, бо қурбониҳои зиёд на танҳо истодагарӣ карданд, балки мавқеи қулайро пайдо намуда, ба ҳуҷум низ гузаштанд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз миқдори захмиён ва ҳалокшудагони қисмҳои аскарони сурх ба 138 нафар расид.
Бояд таъкид намуд, ки ҷангҳои серӯзаи муҳосиравии назди шаҳри Бухорои Кӯҳна ва чӣ амалиётҳои ҷангии Чорҷӯйи Кӯҳна, Кармина, Зиёуддин, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, ва дигар нуқтаҳо асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ мегузаштанд. Баъзан, дар баъзе нуқтаҳо ҳукуматдорони амирӣ аз ҳисоби мардум дастаҳои фидоиён ташкил карда бошанд ҳам, вале бо сабаби нарасидани аслиҳа он дастаҳо амал карда натавонистанд. Инчунин аскарони сурх низ аз мардуми маҳаллӣ (ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ) ягон хел дастгириро эҳсос накарданд. Ин ҳама амалиётҳои ҷангӣ барои мардум гӯё бефарқ буд. Аниқтараш онҳо аз бештари нуқтаҳои ҷангӣ гурехта, ба ҷое пинҳон шуданро афзалтар мешумориданд.
Вале барои мардуми шаҳри Бухорои Кӯҳна чунин имконияти гурехтан ҳам набуд. Зеро шаҳри қадима бо девори баландиаш 10 метра ва ғафсиаш 5 метра пурра иҳота карда шуда буд. Роҳҳои ба шаҳр даромадан ва баромадан танҳо ба воситаи 11 дарвозаи шаҳр амалӣ мегардид. Дар рӯзҳои муҳосира бошад тамоми дарвозаҳо маҳкам буданд. Аз ин рӯ мардуми шаҳр гӯё ҷои гурез надошт. Онҳо ба тақдир тан дода, ё дар хонаҳои худ менишастанд, ё дар масҷидҳо гӯё «паноҳӣ» мебурданд. Дар натиҷа чунин «паноҳиёфтагон» бо осонӣ ҳадафи тири тӯп ва таркиши бомбаҳо мешуданд.
Ҳангоми муҳосираи шаҳри Бухорои Кӯҳна, махсусан рӯзҳои 30-31 август, аскарони сурх ба воситаи тӯпҳои дурзан, ки дар майдони назди дарвозаи Қаршӣ ҷойгир карда шуда буданд, маркази шаҳрро тирборон кардаанд. Аэропланҳо низ ҳар лаҳза ба шаҳр парвоз намуда, баробари бомбапартоӣ, лётчикҳои онҳо оиди нуқтаҳои зарурӣ, ки бояд ба нишон гирифта мешуд, ба тӯпчиён хабар медоданд. Инчунин, аз ҳамон майдон (назди тӯпҳо) ҳар лаҳза аэростати ҳавоиро боло бароварда, аз он ба воситаи дурбин нуқтаҳои заруриро ба нишон мегирифтанд. Дар дигар нуқтаҳои шаҳр бошад, ҳатто дар бозорчаи назди ин дарвоза, осори ҷанг чандон намоён набуд. Дар ин бора шоҳид ва иштирокчии фаъоли муҳосираи шаҳр, комиссари аскарони сурх Н.Д. Ратников чунин маълумот медиҳад: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Қаршӣ ба амалиётҳои ҷангӣ нигоҳ накарда тиҷорат дар авҷ буд. Ман мушоҳида накардам, ки ягон дӯконе маҳкам бошад, ё худ савдо накунад…. Тамоми маҳсулотҳои заруриро дар савдо гузоштаанд. Махсусан фаровонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонаҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ва аскарони сурх серодам буданд. Онҳо дар катҳо нишаста чойи кабӯд менӯшиданд ва чилим мекашиданд». Шоҳид, боз лаҳзаҳои амалиёти ҷангии муҳосираи шаҳрро ба хотир оварда, таъкид мекунад, ки сарбозони амир баъзан аз теппаи девори баланд камон гирифта ба сӯи аскарони сурх тир мепаррониданд. Аммо, бо сабаби дурзан набудан ва кӯҳнагии камонҳояшон тирҳои онҳо то ба аскарони сурх намерасид. Тири аскарони сурх бошад, бемалол ба нишон мерасид.
Шаби аз 31 август ба 1 сентябр тамоми қисмҳои аскарони сурхро барои ҳуҷуми қатъи омода намуданд. Ба баталиони инҷенерии Туркистонӣ фармон дода шуд, ки шабона аз наздикии дарвозаи Қаршӣ девори шаҳрро тарконда, барои аскарони сурх гузаргоҳ тайёр кунанд. Саҳарии 1 сентябрь, соати 530 дақиқа таркише ва дар девори шаҳр гузаргоҳе ба амал омад. Он барои ҳуҷуми умумии тамоми қисмҳои аскарони сурх чун сигнали асосӣ хизмат намуд. Бо тамоми тӯпҳо шаҳрро ба зери оташ гирифтанд. Аэропланҳо ба бомбапартоии навбатӣ шурӯъ карданд.
Вале маълум гардид, ки барои дар рӯзи 1 сентябр пурзӯр намудани ҳуҷум аз тарафи аскарони сурх ягон зарурияте набудааст. Зеро, шаби аз 31 август ба 1 сентябр амир Олимхон, бо наздикони худ ва тахминан ҳазор нафар посбонон, аз дарвозаи Самарқандӣ, ки аз тарафи полки 4-уми савораи аскарони сурх муҳофизат карда мешуд, баромада, шаҳрро тарк намудааст. Аз ин хусус сарварони аскарони сурх аллакай хабардор буданд. Аммо, ба вазъияти нави бавуқӯъомада нигоҳ накарда, онҳо нисбат ба рӯзҳои аввала шаҳрро зиёдтар ба зери тири тӯбҳо гирифтаанд ва бомбаборон намудаанд. Дар ин рӯз зиёда Арки Бухоро бомбаборон карда шуд.
Фоусек ном лётчик, ки дар бомбаборон кардани Бухорои Кӯҳна фаъолона иштирок намудааст, дар хотираҳояш ҳамон лаҳзаҳоро бо завқ ба ёд оварда, чунин қайд менамояд: «Дар назди мо вазифаи бомбаборон кардани қасри амирро гузошта буданд». Барои ин «тамоми қувваи ҳавоӣ, ки то ин вақт мислаш дар фронти Туркистон дида нашудааст, истифода гардид… Мо Бухороро бомбаборон кардем. Мо аморати кӯҳнаро вайрон кардем. Ситораи Моҳи Хосаро ҳам бомбаборон кардем. Ҳар ҷое, ки аз он ҷо бӯи амир меомад, бомбаборон кардем».
Умуман, аз 29 август то 2 сентябр ёздаҳ адад аэропланҳо барои забти Бухорои Кӯҳна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд варақаҳои ташвиқотӣ партофтаанд.
2 сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Ҳамин тавр муҳосираи панҷрӯзаи Бухорои Кӯҳна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи ҳамон рӯз сарвари фронти Туркистон М.В.Фрунзе, аз Самарқанд ба Москва, бо мазмуни зайл бирқия (телеграмма) фиристод: «Қалъаи Бухорои Кӯҳна бо ҷидду ҷаҳди якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо имрӯз бо штурм гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «ҷидду ҷаҳди» қисмҳои сурхи Бухоро дида нашуд. Зеро, дар амал чунин қисмҳо набуд. Яъне амалиёт, чуноне аллакай қайд намудем, асосан аз тарафи аскарони сурх иҷро гардид.
Шаҳри Бухорои Кӯҳна баъди забтшавӣ ба назар хело воҳимаангез менамуд. Ин шаҳр аз замони забткории муғулҳо чунин сӯхтору вайронӣ ва рехтани хуни одамиро надида буд. Алангаи сӯхтори шаҳр 20 рӯз давом кардааст. Дар натиҷа 34 гузар, зиёда аз ҳазор хонаҳо сӯхта вайрон шудаанд. Дар худи Арк тахминан 100 хона сӯхта валонгор шудааст. Арки Бухоро маҳз аз бомбаҳои партофташуда хело хароб гардида буд. Меҳмонхонаи Раҳимхонии Арк, ки чун ҷои қабулгоҳи амирон, яке аз биноҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Дар гузарҳо ва ҳавлиҳои харобгардида мурдаҳои зиёди чандрӯза воҳиманокии шаҳрро дучанд менамуданд. 2-3 сентябр шаҳриён барои гӯронидани қурбоншудагон сафарбар карда шуданд. Аксари онҳо дар натиҷаи таркиши тири тӯпҳои аскарони сурх ва таркиши бомбаҳо ҳалок гардидаанд. Дар байни фавтидагон инчунин шахсоне низ буданд, ки онҳо нисбати тартиботи иртиҷоии амирӣ нафрат доштанду дар ҳабсхонаҳои он буданд ва дар рӯзҳои муҳосираи шаҳр аз тарафи ҷаллодони амир қатл карда шуданд. Дар шаҳри Бухорои Кӯҳна илова ба ҳамаи фоҷеаҳо тороҷгарӣ низ хело авҷ гирифта буд. Аз молу мулки мардум то хазинаи амир, ҳатто либосу аслиҳаҳои аз амир боқӣ монда, ҳама ба тороҷ кашида шуд. Дар ин амалиёт баъзе қисмҳои аскарони сурх, ки ба шаҳр дохил шуданд, махсусан фаъол буданд. Ин ҳама то ба М.В. Фрунзе низ маълум гардид. Бинобар ин ӯ 5 сентябр супориш дод, ки тамоми аскарони сурх ва шахсони мансабдор бояд тилло, нуқра ва дигар боигариҳои дар сарзамини аморати Бухоро гирифтаашонро ба намояндаи шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистон Василев супоранд. Дар натиҷа қариб тамоми боигарии хазинаи амир Олимхон, ки дар таҳхонаҳои Арки Бухорои Кӯҳна буд, ба ихтиёри аскарони сурх ғанимат афтод.
Чуноне таъкид намудем, ба назорати қатъии аскарони сурх нигоҳ накарда, амир Олимхон барои аз шаҳри Бухорои Кӯҳна баромада гурехтан мушарраф гардид. Вай ба қасри тобистонаи худ — Ситораи Моҳи Хоса омада, 1 сентябр, ба воситаи Вобкент, роҳи Ғиждувонро пеш гирифта, шабро дар Ғиждувон, дар хонаи Абдулло-бойбача ном яке аз махсусони худ гузаронидааст. Саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябр, вай Ғиждувонро тарк намуда, аз байни деҳаҳои Соктаре ва Ғиштӣ дарёи Зарафшонро гузашта, ба сӯи Бухорои Шарқӣ рафтааст. Дар худи ин рӯз Вобкент, Пирмаст, Ғиждувон ва Қизилтеппа ҳам ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Дар ин нуқтаҳо низ бо ташаббуси аскарони сурх кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуд ва онҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз нуқтаҳои номбурда, танҳо дар наздикии Ғиждувон (байни Ғиждувон ва Қизилтеппа) каме муҳорибаи байни аскарони сурх ва сарбозони амирӣ ба амал омаду халос. Нуқтаҳои боқимонда бемуҳориба ба ихтиёри аскарони сурх гузаштанд. Инчунин барои ба дигар нуқтаҳои муҳими аҳолинишин, аз ҷумла ба маркази туманҳои Рометан, Зандане, Шофирком, Варзанзе ва ғайра ҳаракат намудани қисмҳои аскарони сурх зарурият намонд. Зеро, дар ин нуқтаҳо сарбозони амирӣ набуданд. Аз ин рӯ, минбаъд, дар маҳалҳои номбурда, ба тарзи осоишта кумитаҳои инқилобиро бунёд намуда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо супоридаанд. Аз ҷумла чунин кумитаҳои инқилобӣ 11 сентябр дар Шофирком, 29 сентябр дар Зиндане ба вуҷуд омадаанд.
Ҳамин тавр то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт.
Баъди аз тарафи аскарони сурх забт намудани шаҳри Бухорои Кӯҳна ба ин ҷо аз Бухорои Нав (Когон) ҳукумати ҳанӯз пештар ташкил додашудаи Бухоро, бо сарварии Ф. Хоҷаев кӯчида омад. Ӯ дар ҳамин лаҳза на танҳо вазифаи раиси Шӯрои Нозирони Халқии Бухороро иҷро мекард (ин вазифа ҳанӯз пештар насиби ӯ гардида буд), балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инқилобӣ, ё худ Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ ба ӯҳда дошт. Зеро Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ), ки пештар ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, дар рӯзҳои муҳосираи шаҳри Бухорои Кӯҳна барои ба муқобили ин шаҳри кӯҳна истифода бурдани тӯпҳои дурзан ва бомбаборон намудани он розигӣ надодааст. Бинобар ин ӯро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ муваққатан ба ӯҳдаи Ф. Хоҷаев гузоштанд.
Баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Кӯҳна, Кумитаи Инқилоби Умумибухороӣ манифесте бароварда, Бухороро Ҷумҳурии Шӯравӣ эълон намуд. Вале вазъият дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ҳамоно мураккаб буд. Дуздию ғоратгарӣ ва сӯхтору кушокушӣ ҳанӯз идома дошт. Бо мақсади бартараф намудани ҳамаи ин оқибатҳои манфӣ, ҳанӯз 4 сентябри соли 1920 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ҳолати фақулоддаро ҷорӣ карда, Комиссияи фавқулодда (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани бехатарии шаҳриён инчунин иборат аз се ҳазор нафар милитсияи халқӣ ташкил карда шуд.