Ҳаракати ҷадидия

Ба вуҷудоии ҳаракати ҷадидия. Ҳаракати ҷадидия дар аввал ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, сипас ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии мулки худро ба хубӣ дарк намуда, қафомондагии маънавии мардуми онро эҳсос карда, чун пешгузаштагонашон – маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки: 1) бо роҳи паҳн намудани маърифат (дар асоси ислоҳи усули кӯҳнаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, ташкили мактабҳои усули нав, паҳн намудани адабиёти навину нашри рӯзномаю маҷаллаҳо) аҳволи мардумро беҳтар намоянд; 2) ба ислоҳи тарзи идоракунии мулки худ ноил гардида, барои дар қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ инкишоф ёфтани он шароит муҳайё кунанд; 3) ба барҳам додани ҳар гуна разолатҳои давр – бетартибию ғоратгариҳо ҳангоми ситонидани андозҳо, худсарии амалдорон ва ғайраҳо мушшараф шаванд; 4) бо роҳи ислоҳот динӣ исломро ба талаботи замони нав – инкишофи муносибатҳои молию пулӣ мутобиқ гардонанд; 5) бо роҳи камхарҷ гузаронидани тӯю ҳар гуна маъракаҳо зиндагии мардумро беҳтар намояд ва ғайраҳо.

Пеш аз ҳама бояд таъкид намуд, ки махсусан ҷадидони Бухоро, дар аввал худро “ҷадид” наномидаанд. Ин номро ба онҳо гӯё чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳот гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз тарафи ҷадидон ташкил намудани мактабҳои усусли нав (ё худ усули ҷадидӣ ҳам мегӯянд) сабаб шуда буд.

Калимаи “ҷадид” арабӣ буда, ба форсии тоҷикӣ маънои “нав”, “тоза”-ро дорад ва дар он ягон ифодаи таҳқиркунанда ё худ таҳқиркунӣ дида намешавад. Вале он солҳо, махсусан дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи кӯҳна ҳар каси ба худ аз рӯи ақида муқобилро “ҷадид” гуён таҳқир менамуданд.

Дар асл ҷадидон дар марҳилаи аввал худро “ҷавонон”, “ҷавонфикрон”, “маорифпарварон”, “тараққипарварон”, “ислоҳотпарварон”, “ислоҳотхоҳон”, “навпарастон” ва ғайра меномиданд. Ба ғайр аз ин ҷадидони Бухоро, ба ҷавонтуркони Туркия пайравӣ намуда, худро “ҷавонбухориён”, ҷадидони Хева бошанд, худро “ҷавонхевагиҳо” меномиданд. Дар навбати худ ҷадидон низ муқобилони худро “кӯҳнапарастон”, “қадимиён”, “қадимпарастон”, “тарафдорони усусли кӯҳна” ва ғайра меномиданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷанҷоли тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав дар таърих ба номи “низои байни ҷадидону қадимпарастон” маълум аст ва он ҷанҷол сол аз сол шиддат ёфта, махсусан дар шароити Бухорои амирӣ бештар шакли фоҷеавиро мегирифт.

Марказҳои намоёни ҳаракатҳои ҷадидӣ дар аморати Бухоро – шаҳри Бухорои Кӯҳна (яъне пойтахти аморат); дар кишвари Туркистон – шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Тошкент ва хонигарии Хева – шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафтанд. Зеро, ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, боз ҳамчун маркази илму маърифат, марказҳои асосии зиёиён ҳам буданд.

Манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия. Гуфтан лозим аст, ки ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст. Балки он ба худ заминаҳо, ё худ манбаъҳои маънавии зеринро доро буд:

Манбаи аввал, ин ақидаҳои маорифпарварии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш, фарзандони халқи ӯзбек Зокирҷон Фурқат, Муҳаммад Аминхоҷа Муқимӣ, Завқӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Аз байни онҳо махсусан А.Дониш зиёда шӯҳрат пайдо карда буд. Ақидаҳои маорифпарварии ин марди фозил аллакай дар охири асри XIX на танҳо дар Бухоро, балки берун аз он, аз ҷумла дар Самарқанд низ ҳаводорони зиёди худро пайдо карда буд. Ба ғайр аз ин дар мадрасаҳои Бухоро аз ҳар гӯшаю канорӣ Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Фарғона, Тошкент, Хева ва ғайра низ талабаҳо таҳсил менамуданд, ки қисме аз онҳо бегуфтугӯ аз эҷодиёти А.Дониш воқиф гардидаанд.

Манбаи дигари маънавии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна ин таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳо, ки ҳанӯз пештар, солҳои 80-ӯми асри XIX ташаккул ёфтааст, ба ҳисоб меравад. Марказҳои асосии ҳаракати ҷадидияи тоторҳо Боғчасарои Қрим ва шаҳри Қазон буданд. Аз сабаби он ки дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна тоторҳо низ зиндагӣ мекарданд ва онҳо бо тоторҳои Қрим ва Поволже алоқаи наздик доштанд, бинобар ин ақидаҳои ҷадидияи тоторҳо дар байни тоторҳои осиёимиёнагӣ бо зудӣ паҳн гардид. Дар натиҷа аз ин ақида зиёиёни маҳаллӣ-тоҷикон ва ӯзбекон низ дар канор намонданд.

Манбаи сеюми ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёнаро таъсироти инкишофи муносибатҳои нав — молию пулӣ ташкил медиҳад. Зеро, маълум аст, ки аллакай охирҳои асри XIX ба доираи муносибатҳои капиталистӣ шаҳр ва ноҳияҳои нав ба нав кашида мешуданд ва ҳамин тариқ мавқеи муносибатҳои феодалӣ танг мегардид. Мардум дар муддати кӯтоҳ шоҳиди воқеаҳои наҷиб: ба вуҷуд омадани заводҳои гуногун, сохтани роҳҳои оҳан, пайдо шудани бонкҳо ва ғайра гардиданд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо барои бедорӣ ва тағйир ёфтани афкори зиёиён бетаъсир намемонд.

Манбаи чоруми ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия таъсироти матбуоти даврӣ ва дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна ба вуҷуд омадани мактабҳои русии маҳаллӣ гардид. Дар охири асри XIX ва махсусан ибтидои асри XX ба Осиёи Миёна бештар маҷалла ва рӯзномаҳое, ки дар давлатҳои ҳамсоя ба забонҳои форсӣ, тоторӣ, русӣ ва туркӣ нашр мегардиданд, паҳн шуданд. Он рӯзномаҳо зиёиёнро на танҳо аз воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли ҷанги русу япон, воқеаҳои Болқон, инқилоби якуми рус ва дигар ҳаракатҳои инқилобӣ, балки, дар як вақт бо ихтирооту тараққиёти илму техникаи ҷаҳонӣ, инкишофи тиҷорату саноат дар мамлакатҳои дунё ва ҳамсоя ва ғайраҳо хабардор менамуданд. Мактабҳои русии маҳаллӣ бошад ҷавонони лаёқадмандро ба оғуши худ мегирифт.

Маҳз ҳамин манбаъҳои номбурда асоси ташаккулёбии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна гардиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити кишвари Туркистон. Бояд таъкид намуд, ки ҷадидони Осиёи Миёна дар шароити гуногун амал мекарданд. Аз ҷумла, дар шароити кишвари Туркистон онҳо то андозае озодона фаъолият мегузарониданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба корҳои онҳо (ба ғайр аз солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ) чандон аҳамият намедоданд. Бинобар ин ҷадидони кишвари Туркистон, дар роҳи амалӣ гардонидани мақсадҳои худ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғайр аз муқобилияти тарафдорони усули кӯҳнаи таълим, дигар монеъии ҷиддиро қариб эҳсос намекарданд.

Ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон то замони инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба тарзи ташкилӣ ташаккул наёфта бошад ҳам, вале тарафдорони он шароити кишварро ба инобат гирифта, дар назди худ чунин мақсадҳои муайяне гузошта буданд: дар масъалаи тарбия-ҷавонони маҳаллиро бештар ба илму маърифат, ривоҷ додани корҳои тиҷорату саноат даъват менамуданд. Дар ин соҳа онҳо бегуфтугӯ тарафдори ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав буданд; оиди сабук намудани аҳволи халқи меҳнаткаш-ба тартиб даровардани андозҳо ва сабук намудани онҳо; қатъ гардонидани муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар — ислоҳ намудани усули идоракунии мустамликавӣ, аз ҷумла тағйир додани баъзе бандҳои “Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон”, ки дар асоси онҳо амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба мардуми маҳаллӣ бераҳмӣ зоҳир менамуданд; дар масъалаи ҳуқуқ-баробарҳуқуқии раиягони муқимии кишвар бо раиягони рус, маҳдуд намудани дахолати амалдорони подшоҳӣ дар корҳои идоракунии маҳаллӣ, ки баъзан боиси аз тарафи онҳо поймол намудани урфу одати мардум мегардид ва ғайраҳо.

Сарварони ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон: Маҳмуд-хоҷа Беҳбудӣ (1875-1919), Абдуқодир Шакурӣ (Абдуқодир Абдушукуров) (1875-1943), ҳар ду дар Самарқанд, Мунаввар-Қорӣ (Абдурашидов) дар Тошкент ва дигарон буданд. Аз ҷумла М.Беҳбудӣ баробари хатми мадраса ба Қазону Уфа, Мисру Туркия сафар намуда, бо ҳаёти он кишварҳо ба хубӣ шинос шуда, ниҳоят тарафдори шӯълавари ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав гардидааст. Ӯ муҳаррир ва ношири рӯзномаи “Самарқанд” (1913-1914) ва маҷаллаи “Ойина” (1913-1915) буд. Аз ҷумла маҷаллаи “Ойина” бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Ба қалами вай инчунин песаи “Падаркуш” тааллуқ дорад. Мунаввар-Қорӣ Абдурашидов бошад ношир ва муҳаррири рӯзномаи “Хуршед” (с.1906) буд.

Умуман аз тарафи ҷадидони кишвари Туркистон ба ғайр аз маҷаллаю рӯзномаҳои номбурда боз рӯзномаҳои “Тараққӣ” (с.1906), “Шӯҳрат” ва “Туҷор” (с.1907-1908), “Осиё” (с.1913-1915), “Садои Туркистон” (1914-1915), “Садои Фарғона” (1913) ва ғайраҳо нашр мегардиданд. Ҳамаи ин рӯзномаҳо ба забони узбекӣ чоп мешуданд.

Дар шароити кишвари Туркистон ҳам аз ҷумлаи мударрису муллоҳо ва талабагон муқобилони ҳаракати ҷадидия низ кам набуданд. Вале онҳо аз баромади ошкоро ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ метарсиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити аморати Бухоро. Дар шароити аморати Бухоро бошад вазъият барои фаъолияти ҷадидон тамоман дигар буд. Ҳукумати амирӣ аз рӯзҳои аввали ба вуҷудоии ҳаракати ҷадидия тарафдорони онро таъқиб намуда, фаъолияти мактабҳои усули нави онҳоро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз ҷиҳати ташкилӣ танзим ёфтани ҳаракати ҷадидияи Бухороро тезонид. Махсусан, соли 1909 аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877-1934) ва С.Айнӣ (1878-1954) тарафдорони ҳаракати навро ба ғазаб овард ва баръакс онҳоро бо ҳам наздиктар намуд. Тарафдорони мактаби усули нав минбаъд бо ҳам тез-тез вохӯрда, оиди тақдири Бухоро, мардуми он, корҳои мактабу мадрасаҳо сӯҳбатҳо меоростанд. Дар натиҷа солҳои 1909-1910 дар Бухоро ҳаракати ҷадидия ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул ёфт.

С.Айнӣ бо ҳамроҳии дӯсти худ М.А.Мунзим дар маркази ҳаракати ҷадидияи Бухоро, аниқтараш аз ҷумлаи сарварони он буданд. Инак, мувофиқи маълумоти С.Айнӣ, он солҳо ҷадидони бухороӣ дар назди худ, чун мақсаду маром, иҷроиши вазифаҳои зеринро гузоштаанд: дар соҳаи маориф — барҳам додани бесаводӣ ба воситаи кушодани мактабҳои усули нав, ислоҳи таълим дар мадрасаҳо, паҳн намудани адабиёти нав ва матбуоти ҳаррӯза; дар соҳаи ҳимояи манфиати халқ-бо роҳи ташвиқот ба мардум фаҳмонида додани разолатҳои ҳукуматдорони амирӣ, исрофкории амир ва аҳли дарбор, инчунин дар байни мардум барҳам додани исрофкориҳои зиёд ҳангоми тӯй, мотам (маъракаҳои азодорӣ) ва дигар маъракаҳо; дар соҳаи мустаҳкам намудани иттифоқ ва дӯстии мардум -бо роҳи фаҳмондадиҳӣ барҳам додани низоъҳои мазҳабӣ ва ғайраҳо.

Минбаъд ба ҳаракати ҷадидияи Бухоро, дар қатори зиёиён, инчунин намояндагони тоҷирони маҳаллӣ, ба монанди миллионери номӣ Муҳиддин Мансуров ва писари ӯ Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1934), ки аз ҷумлаи маърифатпарварон буданд, дохил гардиданд. Дар натиҷа ба мақсаду мароми маърифатпарваронаи ҷадидони Бухоро боз иловаҳо дохил шуданд. Аз ҷумла: дар соҳаи тиҷорат-дар тамоми сарзамини аморат муҳайё намудани имконият барои инкишофи тиҷорат ва бартараф намудани ҳаргуна монеаҳои мавҷуда, дар Бухоро барпо намудани биржа, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайраҳо; дар соҳаи моликият— на танҳо таъмин намудани дахлнопазирии моликият, балки дар асоси қонун муҳофизат намудани он аз ҳар гуна ниятҳои бадқасдонаи амиру амалдорон, ба тартиб даровардани тақсимоти об ва ғайраҳо илова шудаанд.

Ин ҳама вазифаҳое буданд, ки дар асоси онҳо ҷадидони Бухоро бояд дар аморат фаъолият мекарданд. Дар ҳақиқат ҳам ҳалли чунин мақсаду маром дар шароити онвақтаи Бухорои амирӣ як инқилобе менамуд. Зеро, аксари онҳое ки дар сари қудрати ҳукуматдории амирӣ буданд, ё худ ба он нуфузи зиёд доштанд, ҳанӯз ҳам аз пешрафтҳои ҷаҳон хулосаҳои зарурӣ набароварда буданд ва мехостанд, ки Бухороро мисли пештара, бе ягно тағйирот нигоҳ доранд. Масалан, ҳанӯз аввалҳои асри XX як гурӯҳ муллоҳои иртиҷопарасти бухороӣ ҳатто дар чароғи керосинӣ нишонаи инқилобро дида, барои истифодаи он дар масҷидҳо сахт муқобил баромадаанд. Ё худ яке аз шахсони бонуфузтарини Бухоро Ғиёз махдуми аълам барои дар Бухоро кушодани намоишгоҳи кино ва сангфарш намудани кӯчаҳо сахт муқобил баромада буд. Ин муқобилиятҳо танҳо бо дахолати кормандони агентии сиёсии Русия бартараф карда шуданд.

Дар шароити хонигарии Хева бошад, ҷадидон имконияти озодона амал карданро доштанд. Зеро, режими хонӣ, ки дар ин ҷо нисбатан заиф буд, ба ҷадидон муқобилияти сахт нишон надод. Баръакс, баъзе намояндагони ҷадидон дар ҳукумати хонӣ нуфузи зиёд доштанд. Мавқеи муқобилони ҷадидон низ дар ин мулк нисбатан суст буд.Мақсаду мароми ҷадидони Хева бошад ба мақсаду мароми ҷадидони кишвари Туркистон ва махсусан Бухоро хело мувофиқат мекард. Вале корҳои амалан иҷро кардаи ҷадидони Хева нисбатан назаррас набуд.

Ҷадидон ҳақиқатан ҳам давомдиҳандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онҳоро низ маорифпарварон номидан хато нест. Вале ин ҳаракатро нисбат ба моарифпарварони асри XIX “як қадам ба қафо” гуфтан хатост. Баръакс, ҳаракати ҷадидия нисбат ба маорифпарварии гузашта як қадам ба пеш аст. Зеро, маорифпарварони аввал норасоиҳои замонро дар асарҳо, сӯҳбатҳо, шеъру сурудҳои худ сахт танқид карда, худ барои амалии онҳо чандон корҳои назаррасе накардаанд. Ҷадидон бошанд, дар давраи аввал аксаран фаъолияти худро бо кори амалӣ-ташкили мактабҳои усули нав, нашри рӯзномаҳо, ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ва ғайра сар карданд.

Ба ҷадидон тамғаи исломпарастӣ (панисломизм)-ро часпонда сиёҳ намудан низ хатост. Зеро, чуноне таъкид намудем фаъолони ин ҳаракат аксаран аҳли савод, муллою муллозодаҳо, мударрисҳо ва талабагони мадрасаҳо, яъне қариб ҳама аз аҳли ислом буданд. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ аз доираи ислом берун шуда наметавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин ҳам набуд. Аз аҳли ғайримусулмон-яҳудиёни маҳаллӣ аксаран хайрхоҳон буданду халос. Бинобар ин ҷадидон, аз доираи шариати дини ислом набаромада, бо роҳи ислоҳот мулки худ ва мардуми онро аз ҳолати бенавоию қашшоқӣ бароварда, ба қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон расонидан мехостанд.

Зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастӣ дар байни ҷадидон. Маълум аст, ки дар охири асри XIX ва аввали асри XX, дар баъзаи идеологияи миллатчиёни турк — туркизм, ақида ва ё худ равияи дигар-туркпарастӣ (пантуркизм), бо марказ дар Туркия, ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиқи таълимоти туркпарастон як қатор миллатҳои ҷаҳон, ба монанди – юнониҳо, форсҳо, арабҳо аллакай хароб шудаанд ва онҳо гӯё оянда надоранд; қисми дигари миллатҳо, аз ҷумла халқҳои Аврупо гӯё ба интиҳо мерасанд; танҳо қисми сеюми миллатҳо, ки ба онҳо танҳо туркҳоро нисбат медоданд, гӯё инкишоф меёбанд ва ояндаи дунё насиби онҳост. Аз ин рӯ онҳо “ягонагии миллӣ ва давлатии” ҳамаи халқҳои туркзабонро тарғиб мекарданд. Роҳи асосии амалӣ гардидани мақсадашонро дар ягонагии забони туркӣ дида, барои ба туркӣ гардонидани забонҳои ғайритуркӣ шурӯъ намуданд. Дар ҳудуди давлати Туркия, он забонҳоро, ки туркӣ намуданашон ғайриимкон буд, барои ҷисман нест кардани он халқҳо шурӯъ намуданд. Бинобар ҳамин ҳам, солҳои 1915-1916 дар ҳудуди ин давлат ташкил намудани қатли умумии халқи арман бе сабаб набуд.

Туркапарастӣ дар ҳудуди империяи Русия байни миллатчиёни тотори Қриму Поволже махсусан ҳамовозии зиёд пайдо кард. Зеро, онҳо дар ин равия воситаи ягонаи ҷудоӣ аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки қисми тарҷумонҳо ва ҳатто амалдорони хурди давлати Русия, ки бо корҳои Осиёи Миёна машғул буданд, низ аз ҷумлаи тоторҳо буда, баъзеи онҳо дар қатори ҷадидони тотор, ҳамин равияро дастгирӣ мекарданд.

Дар натиҷа ҷавонони осиёимиёнагие, ки ба Туркия ва ё ба Қриму Поволже сафар кардаанд, ё худ аз тарафи ҷадидон барои таҳсил фиристода шудаанд, бо зудӣ ба таъсири ҳамин равия меафтоданд. Минбаъд онҳо чун шахсони барои забони худ бегона, тағибгарони равияи туркпарастӣ ба воя мерасиданд ва амал мекарданд.

Дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мавҷудияти на танҳо тоҷиконро, балки ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар халқҳои туркзабонро низ тамоман ба эътобор намегирифтанд. Тоҷиконро “туркҳои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда” ҳисоб мекарданд. Бинобар ин, онҳо мегуфтанд: “тоҷикҳо бояд ба асли худ-туркҳо табдил дода шаванд”.

Оиди муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Миёна ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки ҳаракати ҷадидӣ ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми даври фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи аввали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ нисбатан хело кам буд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рӯзномаро ба забони форсии тоҷикӣ ташкил намудаанд. Вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол аз сол меафзуд. Зеро, худи ҷадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷӯҳи зиёде пайдо карда буданд.

Дар натиҷа қисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тоҷик, ки дар равия ё худ ҳаракати ҷадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастӣ заҳролуд шуда, минбаъд худро турк ҳисоб намуда, нисбат ба миллат ва забони худ хиёнатҳои зиёде кардаанд, ки оиди ин масъалаҳо дар фаслҳои зарурӣ хоҳем истод.


593
Нет комментариев. Ваш будет первым!