Инкишофи энергетика ва саноат дар солҳои 1950 – 1991

Солҳои 1950 – 1991 барои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва саноат мақоми хосеро ишғол менамояд. Зеро, маҳз дар ҳамин давр дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда нерӯгоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла яке аз бузургтарин НБО на танҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ, НБО-и Норак сохта шуд, инчунин зиёда аз 700 корхонаҳои саноатӣ ва сехҳо бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Маҳз дар ҳамин давр дар баробари саноати сабук, махсусан дар соҳаи коркарди пахта ва пилла, саноати хӯрокворӣ ва сохтмон, сохтмони манзил, шаҳрсозӣ, инчунин соҳаҳои гуногуни саноати вазнин, аз ҳама муҳимаш ба вуҷуд омадани соҳаи нави саноат – саноати мошинсозӣ ва электротехника, сохта ба истифода дадони корхонаи бузурги металлургияи ранга – заводи арзии тоҷик ва ғайраҳо хос аст.

Дар давраи нав ҳам иқтисодиёти Тоҷикистон, мисли дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқ, дар асоси нақшаҳои давлатии 5-сола инкишоф меёфт. Дар ин 5-солаҳо нақшаи сохтани нерӯгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва фаъолияти истеҳсолии онҳо акс мегардиданд. Ҳар як корхона маҷбур буд, ки нақшаи давлатиро иҷро намояд. Зеро, аксари корхонаҳои саноатии Иттифоқ, аз ҷумла корхонаҳои саноатии Тоҷикистон низ, вобастаи якдигар буданд. Яъне, аз маҳсулоте, ки як корхонаи саноатӣ истеҳсол мекард, фаъолияти якчанд корхонаҳои дигар вобастагӣ доштанд. Бинобар ҳамин ҳам додугирифти байни корхонаҳо низ мувофиқи ҳамон нақшаиҳои 5-сола ба танзим дароварда мешуд. Бо назардошти ҳамаи ин, ҳукумати Иттифоқ дар баробари тартиб додани нақшаи сохтмонҳо ва истеҳсолот, инчунин аз ҳисоби буҷаи умумии мамлакат маблағгузории онҳоро низ ба нақша мегирифт. Иқтисодиёти мамлакат, ки пеш мерафт, бинобар ин ҳаҷми маблағгузорӣ ҳам давра ба давра зиёд мешуд. Масалан, дар солҳои 5-солаи 5-ӯм (солҳои 1951-1955) ҳаҷми маблағгузорӣ нисбат ба 5 солаи 4-ӯм (солҳои 1946-1950) се маротиба афзуд. Чунин афзоиши ҳаҷми маблағгузории Иттифоқӣ ба давраҳои минбаъда ҳам хос аст.

Дар Тоҷикистон, ба мисли Иттифоқ, аз соли 1950 то соли 1991 ба тарзи умумӣ 8 нақшаи 5-солаи инкишофи хоҷагии мамлакат қабул гардид, ки дар байни онҳо солҳои 1959-1965 нақшаи 7-сола буд. Яъне, бо 3 нақшаи 5 солаи пеш аз ҷангӣ ва 5-солаи азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (5-солаи 4-ӯм, ки солҳои 1946-1950-ро дар бар мегирифт), шумораи умумии нақшаи 5-солаҳои дар мамлакат қабулгардида 12 ададро ташкил менамояд. Иҷроиши ин нақшаҳо иқтисодиёти чӣ ҷумҳурии мо ва чӣ Иттифоқро зина ба зина пеш мебурд.

Новобаста аз нақшаи 5-солаҳо, соли 1966 аз тарафи ҳукумати Иттифоқ нақша-Комплекси минтақавӣ — истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ қабул гардид, ки он барои минбаъда инкишоф ёфтани соҳаҳои энергетика ва саноати ҷумҳурӣ аҳамияти махсус дошт. Ин нақша дар шароити Тоҷикистон тезонидани сохтмони минбаъдаи барқдиҳӣ, махсусан нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва вобаста ба он инкишофи саноати кимиё, металургияи ранга ва ғайраҳоро пешниҳод намуд. Дар ин нақша ба сохтмони НБО Норак диқкати махсус дода мешуд. Зеро, дар асоси барқи истеҳсолнамудаи он заводи арзии Регар (Турсунзода), комбинати электро-кимёвии Ёвон, комбинати маъданҳои кӯҳии Анзоб, заводи нуриҳои азотии Вахш ва дигар корхонаҳои азим бояд фаъолият мекарданд.

Инкишофи соҳаи энергетика

Маҳз дар ҳамин давр Тоҷикистон дар соҳаи энергетика муваффақиятҳои бузург ба даст даровард. Зеро, қариб тамоми марказҳои имрӯза барқистеҳсолкунанда, махсусан нерӯгоҳҳои барқии обии ҷумҳурӣ дар ҳамин давр бунёд гардиданд. Ба ин самт ҳанӯз бо сохтмони НБО Варзоб-1 (бо иқтидори 7200 кВт, 31 декабри соли 1936 ба истифода дода шуд), НБО Варзоб-2 (бо иқтидори 14 ҳазор кВт, соли 1948 ба истифода додашуд), ибтидо гузошта шуда буд. Соли 1952 НБО Варзоб-3 (бо иқтидори 3,46 ҳазор кВт) ба кор даромад. Бо ҳамин сохтмони силсилаистгоҳхои барқии дарёи Варзоб, ки дар нақша буд, ба итмом расид.

Солҳои 50-ӯми асри XX дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд. Дар ин давр сохтмони чунин нерӯгоҳҳо дар ду самт: шимол – дарёи Сир ва ҷануб – дарёи Вахш оғоз гардид. Зарурияти дар ҷумҳуриҳои Иттифоқии Осиёи Миёна зиёд намудани истеҳсоли пахта масъалаи дар дарёи Сир бунёди обанбори Қайроқумро ба вуҷуд овард ва он дар навбати худ сохтмони НБО Қайроқумро тезонид. Ба сохтмони ин нерӯгоҳ, ки аз 6 агрегати иқтидори ҳар кадом 21 ҳаз. кВт, ҷамъ 126 ҳаз. кВт иборат буд, 11 июни соли 1951 шурӯъ карда, 14 декабри соли 1957 ба итмом расониданд. Бо сабаби он, ки дар сохтмони ин нерӯгоҳ намояндагони халқу миллатҳои гуногун ва корхонаҳои зиёди Иттифоқ ҳисса гузоштаанд, бинобар ин НБО Қайроқум номи «Дӯстии халқҳо»-ро гирифт. Ба шарофати обанбори ин нерӯгоҳ, ки номи «Баҳри тоҷик»-ро сарфароз шуд, минбаъд 350 ҳазор га. заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон обшор гардиданд.

Дар миёнаи солҳои 50-ум сохтмони авалин НБО дар дарёи Вахш-Шаршар тезонида шуд ва он соли 1958 бо иқтидори 30 ҳаз. кВт соат ба кор даромад. Баъди он дар дарёи Вахш сохтмони ду НБО-и дигар – Сарбанд ва Марказӣ суръат гирифт. Соли 1963 НБО Сарбанд, бо иқтидори 210ҳаз. кВт ва соли 1964 НБО Марказӣ, бо иқтидори 18 ҳаз. кВт ба истифода дода шуданд. Албатта бузургтарин НБО дар дарёи Вахш НБО Норак ба ҳисоб меравад.

НБО Норак

Макони сохтмони НБО Норак ҳанӯз солҳои 1930-1933 омӯхта шуд. Аз аввал солҳои 60-ум барои сохтмони ин нерӯгоҳ аз буҷаи Иттифоқ маблағи зарурӣ ҷудо гардид ва сохтмони он низ соли 1961 шурӯъ гардид. 26 марти соли 1966 аввалин маротиба, бо роҳи тарконидани кӯҳ, маҷрои дарёи Вахш, дар нуқтае, ки бо номи «Пули Сангин» машҳур буд, баста шуд. 5-майи соли 1967 бевосита ба сохтмони сарбанди ин нерӯгоҳ, ки мувофиқи нақша аз 300 метр баландӣ иборат буд, шурӯъ карданд. Дар ин нерӯгоҳ ҳам намояндагони зиёда аз 40 миллату халқӯиятҳо ва корхонаҳои гуногуни Иттифоқ иштирок намуданд.

Изображение

Маҳз ҳангоми сохтмони ҳамин нерӯгоҳ яке аз шаклҳои мусобиқа – «эстафетаи коргарӣ» ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиқи он ҳамаи корхонаҳои ба сохтмони ин нерӯгоҳ алоқаманди Иттифоқ барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани нақша ӯҳдадор шуда буданд. Дар натиҷа 14 ноябри соли 1972 агрегати аввал ва 20 сентябри соли 1979 агрегати охирин – 9-ӯми ин нерӯгоҳ ба кор дароварда шуд. Иқтидори ҳар як агрегати он 300 ҳаз. кВт буда, ҷамъ 2700 ҳаз кВт ва иқтидори солонааш қариб 11 миллиард кВт соатро ташкил менамояд. Обанбори ин нерӯгоҳ, ки низ номи «Баҳри Норак»-ро дорад, имконият медиҳад, қариб 1 млн. га заминҳои бекорхобидаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон обшор карда шавад.

Инкишофи минбаъдаи истеҳсоли барқ

Дар даврае, ки сохтмони НБО Норак оғоз гардида буд, дар Бадахшон низ сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Хоруғ сар шуд. Ин нерӯгоҳ низ соли 1970 бо иқтидори 8,7 ҳаз. кВт соат ба кор даромад.

Баъди пурра ба истифода додани НБО Норак тамоми қувва барои сохтмони нерӯгоҳи дигари барқии обӣ дар дарёи Вахш – Боёғозӣ гузошта шуд. Ба сохтмони ин нерӯгоҳ 8 декабри соли 1979 шурӯъ карданд. Маҳз таҷрибаи сохтмони НБО Норак имконият дод, ки НБО Бойғозӣ дар муддати хеле кӯтоҳ сохта, ба истифода дода шавад. 21 январи соли 1985 агрегати якум ва июни соли 1986 агрегати охирин – чаҳоруми он ба истифода дода шуд. Иқтидори ҳар агрегати ин нерӯгоҳ зиёда аз 40 ҳаз. кВт, ҷамъ қариб 600 ҳаз.кВт буда, иқтидори солонааш зиёда аз 2,5 млрд кВт соатро ташкил менамояд.

Ба ғайр аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар солҳои 50-60-ӯм дар ҷумҳурӣ ду адад марказҳои бузурги гармидиҳӣ дар Душанбе ва Ёвон сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла маркази гармию барқдиҳии (ТЭЦ) Душанбе, ки ба сохтмонаш соли 1957 шурӯъ карда буданд, соли 1968, бо иқтидори 198 ҳаз. кВт соат пурра ба истифода дода шуд. Дар муддати солҳои 1966-1971 Маркази гармию барқдиҳии Ёвон, бо иқтидори 120 ҳаз. кВт соат ба кор даромад.

Дар ҳамин давр дар ҳудуди Тоҷикистон аввалин хатҳои баландшиддати барқӣ кашида шуд. Аз ҷумла, сентябри соли 1962 хати аввали Зардолу-Норак, охири он сол хати НБО Сарбанд – Душанбе кашида, ба истифода дода шуд. Соли 1976 сохтмони хати 500 куВт НБО Норак – Регар ва июни соли 1982 хати дигари 500 кВт Регар – Ғузар ба итмом расид.

Ин ҳама далелҳо гувоҳи он мебошад, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли барқ хело афзудааст. Чунончӣ, агар соли 1950 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 169,5 млн кВт соат қуваи барқ истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 1960 – 1.288,4 млн. кВт ва соли 1985 бошад он ба 15.710,1 млн кВт соат расид. Яъне, дар муддати 35 сол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли барқ қариб 100 маротиба зиёд гардидааст. Ин рақамҳо дар замини Шӯравӣ боз ҳам бештар мегардид, ба шарте Роғун сохта, ба истифода дода мешуд.

Оғози сохтмони НБО Роғун

27 сентябри соли 1976 ба тарзи расмӣ ба сохтмони бузургтарин дар дарёи Вахш НБО Роғун шурӯъ карданд, ки мувофиқи нақшаи ҳамонвақта он аз 6 агрегати иқтидори ҳар кадом 600 ҳаз. кВт иборат буда, ҷамъ 3,6 млн кВт соатро ташкил медод. Баландии сарбанд 335 метр муайян шуда буд, ки ин баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Соли 1980 ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи сохтмони ин нерӯгоҳро пурра тасдиқ намуд ва он бояд пурра аз ҳисоби буҷаи Иттифоқ сохта мешуд. 6 декабри соли 1987 бори дуюм маҷрои дарёи Вахш баста шуд ва ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳ шурӯъ карданд. Аввали солҳои 90-уми асри XX мувофиқи нақша бояд ду агрегати авали ин нерӯгоҳ ба кор медаромад. Аммо аллакай охири солҳои 80-ум, бо сабаби боло гирифтани муқобилияти дохилӣ, гӯё баҳри муҳофизати «қабри аҷдодон», суръати сохтмон хело суст гардид. Аввали солҳои 90-ум баландии сарбанд ба 40 метр расиду халос. Бо ҳамин корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ қатъ гардид. Зеро, аз як тараф Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам дода шуд ва аз тарафи дигар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Шаби аз 7 ба 8-уми майи соли 1993 дар натиҷаи омадани сели зиёд он сарбанди 40-метра ҳам хароб гардида, аз байн рафт.

Инкишофи саноат

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мисли тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, баъди бо муваффақият анҷом ёфтани давраи (панҷсолаи) азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ, барои бунёд ва пешравии шаклҳои гуногуни саноат шароитҳои зарурӣ муҳайё гардид. Ин имконият дод, ки дар ҷумҳурӣ аллакай дар солҳои 50-ум як қатор корхонаҳои азим, ба монанди: комбинати хонасозии оҳану бетонӣ, заводи сементбарорӣ, фабрикаи мебелбарорӣ, ҳама дар шаҳри Душанбе (то 11 ноябри соли 1961 Сталинобод номида мешуд), заводҳои равғанкашӣ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Конибодом ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шаванд.

Суръати сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 60-ум боз ҳам баландтар гардид. Танҳо дар солҳои 7-сола (солҳои 1959-1965) дар ҷумҳурӣ 125 адад корхонаҳои саноатӣ ва сехҳо сохта, ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла: заводи таъмири экскваторҳо, навбати якум ва дуюми комбинати хонасозӣ, навбати нави заводи сементбарорӣ (дар натиҷа заводи сементбарорӣ ба заводи сементу шифербарорӣ табдил дода шуд), навбати аввали комбинати равған, ҳама дар шаҳри Душанбе; комбинати қолинбарорӣ дар шаҳри Қайроқум; заводи хонасозии панелӣ ва фабрикаи мебелбарорӣ дар шаҳри Ленинобод; заводи азотии Вахш, роҳи оҳани камбари Қурғонтеппа – Кӯлоб ва ғайраҳо сохта шуданд.

Маҳз дар солҳои 7-сола дар Тоҷикистон соҳаи нави саноат — саноати мошинсозӣ ва электротехникӣ ба вуҷуд омад. Ба ин бунёди аввалин заводи мошинсозӣ, ба монанди заводи «Тоҷиктекстилмаш», барои истеҳсоли станокҳои бофандагӣ, заводи «Тоҷиккабел», барои истеҳсоли кабелҳои гуногунҳаҷм, заводи «Торгмаш», барои истеҳсоли плиткаҳои барқӣ ва газӣ, ҳама дар шаҳри Душанбе; заводи электротехникӣ дар Исфара; заводи трансформаторбарории шаҳри Қӯрғонтеппа ва ғайраҳо далел шуда метавонанд. Соли 1965 дар шаҳри Душанбе заводи яхдонбарорӣ ба кор даромад, ки он дар Иттифоқ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб мерафт.

Комплекси минтақаввӣ барои инкишофи ҷумҳурии мо суръати тоза бахшид. Соли 1967 аввалин корхонаи бузурги кимиёвӣ – заводи азотии Вахш ба кор дароварда шуд. Дар натиҷа, минбаъд дар ҷумҳурӣ соҳаи саноати кимиёвӣ, ки ҳанӯз охири солҳои 30-юми асри ХХ оғоз гардида буд (корхонаи маъдании Консой), инкишоф ёфт. Комбинати маъданҳои кӯҳии Анзоб, заводи нуриҳои азотии Вахш (1963-1967), заводи гидроизолии Ҳисор низ то соли 1970 ба кор дароварда шуданд. Дар солҳои 70-ум комбинати электрокимиёвии Ёвон, навбати дуюми комбинати қолинбофии Қайроқум ва ғайраҳо сохта шуданд.

Дар ин давр саноати коркарди пахта низ инкишоф ёфт. То оғози солҳои 60-ум дар ҷумҳурӣ шумораи заводҳои пахтатозакунӣ ба 15 адад расида буд. Дар солҳои 60-70-ум боз 4 адад чунин заводҳо дар Ленинобод, ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ), Октябр (ноҳияи Вахш) ва Бӯстон сохта шуданд. Заводҳои амалкунандаи пахтатозакунӣ бо таҷҳизотҳои нав таҷҳизонида шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1986 шумораи умумии корхонаҳои соҳаи саноати сабук ба 124 адад расид. Аз ҷумла корхонаҳои соҳаи саноати хӯрокворӣ, ки соли 1970 ҳамагӣ 75 адад буд, то соли 1986 боз 13 адад зиёд шуда, ба 88 адад расид. Маҳз дар ҳамин давр дар шаҳри Душанбе фабрикаи қаннодии «Ширин» сохта, ба истифода дода шуд.

Умуман дар муддати 25 сол (солҳои 1960-1985) дар Тоҷикистон зиёда аз 570 адад корхонаҳои саноатӣ ва сехҳо сохта ба истифода дода шудаанд. Дар натиҷаи чунин муваффақиятҳо ҷумҳурии мо аз ҷумҳурии аграрию саноатӣ ба ҷумҳурии саноатию аграрӣ табдил ёфт. Барои Тоҷикистон миёнаи солҳои 80-уми асри ХХ, яъне то амалии бозсозии Гарбачёв, нуқтаи баландтарини инкишофи саноат ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои 50-80-уми асри ХХ дар ҷумҳурӣ ба маасъалаи роҳсозӣ низ диққати ҷиддӣ доданд. Дар ҳамин давр тамоми роҳхои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҳатто ноҳиявию маҳаллӣ дошта таъмир ва асфалтпӯш карда шуданд. Роҳҳои нав, кӯпрукҳои зиёд сохта шуданд. Аз ҷумла, сохтани кӯпрукҳои замонавӣ аз болои дарёҳои Душанбе (ҳар се кӯпруке, ки имрӯза вуҷуд доранд), Сир, Вахш ва ғайра ба ин мисол шуда метавонанд. Дар муддати солҳои 1975-1982 роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон сохта шуд, ки он барои бо роҳи умумииттифоқӣ пайваст намудани иқтисодиёти води Вахш аҳамияти махсус дошт.

Заводи арзии тоҷик (ТАЛКО)

Заводи арзии тоҷик, дар баробари НБО Норак бузургтарин корхонаи саноатии сохташудаи Комплекси минтақавӣ истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Ба сохтмони ин завод соли 1965 шурӯъ карда буданд. Аввалин корпуси электролизии ин завод моҳи марти соли 1975 ба кор дароварда шуд. Охири соли 1977 дар завод яке аз калонтарин сехҳои истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар ин давр боз чор корпуси электролизии дигар ба кор даромад. Маҳсулоти завод аллакай аз соли 1977 ба чунин мамлакатҳои ҷаҳон, ба монанди Англия, Чехословакия, Венгрия, Руминия, Олмон ва ғайра фиристода шуд. Иқтидори солонаи завод 517 ҳазор тонна арзиз муайян шуда буд. Дар замони Шӯравӣ барои завод нуқтаи баландатирини истеҳсолот соли 1989 ба ҳисоб меравад. Завод бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ таҷҳизонида шудааст ва яке аз корхонаҳои бузургтарини истеҳсоли арзиз дар миқиёми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Он дар ҳудуди Осиёи Миёна ягона чунин завод мебошад. Шумораи кормандони он зиёда аз 12,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Шаҳрсозӣ

Дар солҳои 50-80-уми асри ХХ шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бо биноҳои нави замонавӣ симои худро хело беҳтар намуданд. Аз ҷумла, дар ҳамин давр дар шаҳри Душанбе, дар баробари маҳаллаҳои зиёди аҳолинишин, боз биноҳои Донишгоҳи миллӣ (бо ду корпуси шаҳраки донишҷӯён), бинои Донишгоҳи аграрӣ, чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат», «Истаравшан», бинои «Кохи Ваҳдат», бинои «Кохи Борбад», биноҳои асосии истгоҳи роҳи оҳан, фурудгоҳ ва ғайраҳо сохта шуданд.

Соли 1955 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ҳаракати тролейбусҳо оғоз гардид. Маҳз дар ҳамин давр чунин нуқтаҳои аҳолинишин, ба монанди Турсунзода, Норак, Қайроқум ва ғайраҳо ба шаҳракҳои саноатӣ табдил ёфтанд.


816
Нет комментариев. Ваш будет первым!