Давлати Ҳайтолиён (асрҳои IV-VI)

Ташкилёбӣ ва пурзӯршавии давлати Ҳайтолиён. Яке аз давлатҳое, ки дар таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама раванди этникии Варазрӯду Хуросон нақши муҳим бозидааст, давлатдории Ҳайтолиён ба ҳисоб меравад. Ба арсаи ҳокимияти сиёсӣ омадани ҳайтолиён ба харитаи геополитикии Хуросону Варазрӯд тағйироти ҷиддӣ даровард.
Ҳайтолиён дар солҳои 80-уми асри IV Бадахшону Тахористони Шарқӣ, солҳои 40-уми асри V Балху Тахористон ва Ғарҷистонро тобеъ намуда, заминаҳои ҳарбию сиёсӣ ташаккули давлати мустақилро фароҳам меоранд. Соли 428 Ҳайтолиён барои тавсеаи ҳудуд ва баланд бардоштани нуфузи ҳарбию сиёсии хеш ба сарзаминҳои хуросонии Сосониён ҳамла меоваранд, ки ин ҷанг бо шикасти онҳо ва бо муқаррар намудани марзҳои сарҳади байни Сосониён ва Ҳайтолиён анҷом меёбад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва Балъамӣ дар тарҷумаи «Таърихи Табарӣ» футуҳоти шарқии шоҳаншоҳ Варахрони V (421-439), ки бо номи ҷанги Баҳроми Гӯр машҳур аст, нақл карда, Ҳайтолиёнро бо истилоҳи «турк» тасвир кардааст.
Яқинан, «турк»-они сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла «Шоҳнома», анахронизми этноними «ҳайтол» аст. Агар «турк»-они сарчашмаҳои хаттиро чун анахронизми вожаи «ҳайтол» қабул кунем, пас маълум мешавад, ки ҳангоми ҷанги Баҳроми Гӯр, қисмати ҷанубии Варазрӯд ба ҳайати иттиҳоди сиёсӣ ва баъд давлати навбунёди Ҳайтолиён дохил мегардид. Ба шаҳодати Фирдавсӣ музаффарияти Баҳроми Гӯр дар ин ҷанг «бузургон, родмардон ва мӯбадони Балху Ғарҷистон, Хатлону Ҷағониён ва Бухороро боҷу хироҷгузорӣ Сосониён мегардонад».
Ҳайтолиён ба Хуросон аз Варазрӯд ҳамла карданд. Ҳокимияти онҳо дар ин ҷо истиқрор ёфта, барои устувор кардани нуфуз ва ташкили давлат кӯшидаанд. Аз рӯи он ки дар манбаъҳо Ҳайтолиён ҳама вақт дар вобастагӣ бо Марву Марваррӯд, Боғдису, Бомиён, Ҳироту Ғарҷистон, Кобулу Зобулистон, Балху Бухоро, Хатлону Бадахшон ва Чағониён тавсиф шудаанд, мо метавонем онҳоро сулола ва қавми ориёӣ, яъне ниёкони тоҷикони имрӯза гӯем. Онҳо мардуми бумии Бадахшону Тахористон мебошанд, яъне онҳо пасмондагони тахориёни эронинажоданд.
Ҷангҳои байни Ҳайтолиёну Сосониён ва оқибатҳои он. Дар ин фосила, яъне аз солҳои 50-уми асри IV то солҳои 40-уми асри V Ҳайтолиён шимолу ғарби Ҳиндустон ва баъзе воҳаҳои Туркистони Шарқиро тобеъ намуда, ба императории абарқудрат асос мегузоранд. Яздигурди П (439-457) дар шимолу шарқи Эрон бо Ҳайтолиён вориди ҷанг гашта буд. Ӯ солҳои 442-449, 450-451, 451-454 се маротиба ба қисматҳои шимолу шарқии шоҳаншоҳӣ барои дафъ намудани таҳдиди қавмҳои бодиянишин лашкар кашида, ду навбат бо Кидориён ҷангида, Хуросонро қисаман тасхир карда, ба муваффақият ҳам ноил шуда, салтанати Кирдориҳоро дар Хуросону Варазрӯд комилан сарнагун намудааст, вале ҳангоми футуҳоти сеюм, ки ба солҳои 452-454 рост меояд, Сосониён аз нерӯи аскарии Ҳайтолиён шикаст хурда, вилоятҳои Висагирду Тирмизро ба онҳо боз мегардонанд.
Дар «Шоҳнома» доир ба се «ҷанги шарқӣ»-и шоҳаншоҳ Пирӯзи Сосонӣ (459-484) ба муқобили Ҳайтолиҳо маълумоти қобили мулоҳизае зикр шудааст. Дар тасвири сарчашмаҳо Пирӯз бо мақсади ишғолт Варазрӯд футӯҳот карда, бо сипоҳиёни Сосонӣ дар ҷанги якум шикаст хурда, дар бораи халалдор накардани сарҳади давлатӣ бо Ҳайтолиён аҳднома мебандад. Дар ҷанги дуюм, ки солҳои 479-480 бар хилофи қарордод бо ибтикори Сосониҳо ба вуқӯъ мепайвандад, Пирӯз бо аскаронаш ба дасти Ҳайтолиён ба асирӣ меафтад. Баъд аз додани ғаромату фидяи зиёд, ки ба андозаи 30 хачир дирҳами нуқрагин буд, императори Византия Зенон (474-491) ҷони Пирӯзу сипоҳиёни Сосониро аз асорат бозмехарад, вале шоҳзода Қубод дар асорат мемонад. Ниҳоят, дар ҷанги сеюм, ки соли 484 рӯй додааст, худи Пирӯзу сипоҳиёнаш ба чоҳ афтида, ба ҳалокат мерасанд. Дар натиҷа Эрони Сосонӣ, шаҳри стратегии Марвро аз даст дода, боҷу хироҷгузории давлати Ҳайтолиён мегардад.
Муваффақиятҳои ҷангӣ Ҳайтолиёнро хеле нерӯманд сохт. Акнун ба онҳо танҳо императории Чин дар Шарқ ва Византия дар Ғарб ҳамвазн шуда метавонистанд. Сосониён бошанд, ба бозичаи дасти Ҳайтолиён табдил ёфтанд, акунун шоҳаншоҳи Сосон на ба русумоти суннатӣ, балки бо раъйи онҳо подшоҳ интихоб мешуд. Чунин ҳолат дар салтанати ду навбатаи Қубод (488-496; 499-531), Ҷомосп (496-498) ва пештар бо Билош (484-488) рӯй дода, Сосониён аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ нисбат ба Ҳайтолиён мавқеи васалитет, яъне тобеиятро касб кард. Аз ин истифода карда, Ҳайтолиён аз вилоятҳои Сакистону Ҳилманд, Синду Рухоҷ (Арахозия) Сосониёнро берун кашида, ба Ҳинд ҳуҷум оварда, аз соли 460 то 530 Қандаҳору Синд, Панҷобу Раҷистон, водии Гангу Ҷамна ва қисматҳои ҷануби Ҳиндукушро то Сиёлкот (Сагала) тасхир намуда, салтанати мустақили Ҳайтолиён Ҳиндро барпо карданд. Ҳамзамон то соли 509 ба Қашғару Турфон, Хутану воҳаҳои ғарбии Туркистони Шарқй, навоҳии ҷанубии назди Помир ҳамла оварда, тақрибан 30 мулкият, яъне давлатҷаҳон мустақилро тасхир карданд, ки ин нуфузи ҳарбию сиёсии онҳоро афзун намуд. Тахтгоҳи Ҳайтолиён шаҳри Бомиён, наздкии шаҳри имрӯзаи Қундузи Афғонистон ва пойтахти салтанати Ҳайтолиёни Ҳинд – шаҳри Сиёлкот (Сагала) буд.
Ҳайтолиён ба муддати кӯтоҳ бошад ҳам, ба кӯшишҳои пайвастаи Сосониён, ки мехостанд Хуросону Варазрӯдро пурра ба тасарруфи худ дароранд, хотима гузошта, раванди мустақилонаи инкишофи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ин ду кишвари тоҷикнишинро таъмин намуданд. Ба таъбири Фирдавсӣ, ба ҳайати давлати Ҳайтолиён дар ин давра «Балху Шукнон, Омӯю Зам, Ғарҷистону Хуталон, Тирмизу Висагирд, Чочу Маймурғ, Самарқанду Бухоро то сарҳадоти Чин», дохил мегардид.
Сустшавӣ ва аз байн рафтани давлати Ҳайтолиён. Сосониён ба василаи ислоҳоти гуногунҷабҳаи Хусрави 1 Анушервон (531-579) ба таҳаввулоти азими ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодӣ расид, Ҳайтолиён бошанд, дар натиҷаи муборизаҳои озодихоҳонаи ҳиндувон аз аксар сарзаминҳои худ дар шимолу ғарбии Ҳиндустон маҳрум шуданд. Дар чунин вазъияти тақдирсоз, солҳои асри VI Ҳайтолиён ба ду душмани абадқудрат Сосониён ва Ҳоқонии Турк рӯ ба рӯ шуданд. Сосониён аз солҳои 40-уми асри VI сар карда, аз пардохти хироҷ ба Ҳайтолиён раҳо ёфта буданд. Ҳоконии Турк баъзе сарзаминҳои Варазрӯдро то Чоч тасхир намуда буд. Инчунин Ҳоқонии Турк нахуст бо мақсади зарба задан ба аварҳои Кавкази Шимолӣ бо Эрону Византия равобити ҳасана пайдо карда, ба тазйиқу таҳдиди Ҳайтолиён шурӯъ менамоянд. Чағониён ва Кобулу Зобулистонро аз Ҳайтолиён боз пас мегиранд.
Хусрави Анӯшервон бо Ҳоқонии Турк аҳднома баста, иттиҳоди ҳарбию сиёсиро, ки амалан ба нест кардани давлати Ҳайтолиён нигаронида шуда буд, созмон медиҳад. Подшоҳи Ҳайтолиён Ғотифар аз мақсади ҳадафноки иттифоқчиён хабардор шуда, иқтидори мудофиавии давлатро ҷоннок намуда, ба ҷамъ кардани сипоҳ шурӯъ мекунад.
Дар ин фосила Ғотифар аз шаҳру воҳаҳои дар «Шоҳнома» зикр шуда, сипоҳ ҷамъ оварда, бо лашкари муназзаме дар атрофи Бухоро камин мегирад. Ниҳоят, ҷанги тақдирсози Ҳайтолиёну «иттиҳоди Сосониёну Туркон» дар атрофи Бухоро ба вукӯъ пайваст, зеро

Бухоро пур аз гурзу кӯпол буд,
Ки лашкаргаҳи шоҳи Ҳайтол буд.
Бишуд Ғотифар бо сипоҳе чу кӯҳ,
Зи ҳайтал гирд овардӣ гурӯҳ.
Ба ҷанг андаромад зи ҳар сӯ сипоҳ,
Зи тангӣ бубастанд бар бод роҳ.

Инак, дар муҳорибаи нобаробари ҳаштрӯза, ки Фирдавсӣ мушаххасан нақл кардааст, Ҳайтолиён аз нерӯи аскарии «иттиҳоди Сосонӣ ӯ Туркон», шикаст мехӯрданд. Бо ҳамин давлати Ҳайтолиён ҳудуди солҳои 563-567 расман аз байн меравад.
Ҳудуди давлати Ҳайтолиён дар байни қудратҳои ғолиб тақсим карда шуд. Ҷанубтарин навоҳии Варазрӯд, аз ҷумла ҳудудҳои имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистон ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён ва воҳаҳои шимоли Варазрӯд то Баҳри Хазар дар ихтиёри Ҳоқонии Турк монд, вале салтанати Ҳайтолиён комилан аз байн нарафт.
Ҳайтолиён аз лиҳози сиёсӣ халқиятҳои гуногунро дар як империя ба ҳам муттаҳид карда, нахустин давлати феодалиро созмон доданд. Гарчанде ин давлат аз лиҳози сиёсӣ монанди империяи Кушониён он қадар пуриқтидор набошад ҳам, вале аз ҷиҳати тавсеаи ҳудуд хеле калон буд. Ва он зиёда аз якуним аср авзои ҳарбию сиёсӣ ва иҷтимоии минтақаро мӯътадил нигоҳ дошта, барои тадриҷан инкишоф ёфтани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, табодули фарҳангӣ ва вусъат гирифтани раванди шаклгирии халқи воҳиди тоҷик заминаи мусоидеро фароҳам овард.

549
Нет комментариев. Ваш будет первым!