Мактабҳои усули нав ва рӯзномаи “Бухорои Шариф”

Фарқияти мактабҳои усули кӯҳна ва нав. Чуноне таъкид намудем, ҳанӯз дар охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими усули кӯҳна, яъне усули ҳамонвақтаи таълим дар мактабу мадрасаҳо тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён ҳатто яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро маҳз дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Зеро, фанҳое, ки дар мактабҳои усули кӯҳна асрҳо боз таълим дода мешуд, танҳо бо як мақсад-ҳар чӣ васеътар омӯзондани асосҳои дини ислом нигаронида мешуду халос. Аз ин рӯ дар чунин мактабҳо талабагон, қариб ним сол, танҳо ҳарфҳои арабиро меомӯхтанд. Баъд ба омӯзиши “Ҳафтяк” (порчаҳо аз “Қуръон”), аз он пас ба хондани “Чор Китоб” шурӯъ менамуданд. Ин ҳама қариб се солро дар бар мегирифт. Пас талабагон ба машқи навиштан оғоз мекарданд. Яъне, дар мактабҳои усули кӯҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо қариб омӯзонда намешуд. Баъзан, бо ташаббуси худи муаллимони мактаб-домуллоҳо, дар баъзеи мактабҳои кӯҳна фанҳои ғайридинӣ низ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуд. Вале миқдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд. Бинобар ҳамин ҳам аксари талабагон баъди хатми мактабҳои усули кӯҳна аз навиштан бехабар мемонданд.Чунин ҳолат яке аз хусусиятҳои хоси замони гузашта ва мутобиқи ҳамон давр буд.

Замони нав – замони инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ба донандагони илмҳои дунявӣ зиёда муштоқ буд. Чунин талабот зарурияти бунёди мактабҳои усули навро ба миён овард. Зеро, дар мактабҳои усули нав талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва аз худ намудани заруриёти динӣ, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва дигар хел фанҳои дунёвиро низ ба тариқи васеъ ва ҳатмӣ меомӯхтанд. Ба ғайр аз ин дар мактабҳои усули нав барои ба талабагон дар як вақт пайдо намудани малакаи хондану навиштан диққати махсус медоданд. Омӯхтани илмҳои дунёвӣ бошад диққати талабагонро бештар ба олами ҳастӣ ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ бедор намудани онҳо роли мусбатро мебозид. Таълим дар аксари мактабҳои усули нав чор сола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошкент шашсола буда, ҳамаи онҳо чун мактабҳои ибтидоӣ ҳисоб мешуданд.

Ташкили мактабҳои усули нав. Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳаллӣ кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки ҳар чӣ зудтар оиди тақдири халқи худ чораҳои амалие андешанд. Ҳамин ҳолат баъзе саноатчиёни маҳаллиро, ки худ низ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иқтисодии масъала мураккабӣ мекард. Вале барои саноатчиёни маҳаллӣ, ки сол аз сол соҳиби даромади зиёд мегардиданд, ин қисми масъала зуд ҳалшаванда буд. Ҳамин тарз, бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, соли 1898 дар Қӯқанд, бо ташаббуси мулло Салоҳиддин, соли 1899 дар Андиҷон бо ташаббуси мулло Шамсиддин ва дар Тошкент бо ташаббуси қорӣ Манон, мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ӯзбекӣ ташкил ёфтанд.

Нахустин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ ба маорифпарвари номии самарқандӣ-Абдуқодир Шакурӣ тааллуқ дорад. Бо ташаббуси ӯ соли 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд чунин мактаби аввалин кушода шуд. Баъдтар вай дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва соли 1903 дар гузари Қӯшҳавз, дар ҳавлии Муҳаммадраҳимбой низ ҳамин гуна мактабҳои усули навро бунёд намудааст. С.Айнӣ соли 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А.Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо мактаби А.Шакурӣ сар карда, мегӯяд ӯ “фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард.”

А.Шакурӣ баробари фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин барои мактабаш дастурҳои зарурӣ-махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форси тоҷикии мактабҳои усули нав-“Роҳбари савод”, китобҳои қироати адабӣ бо номи “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”, “Зубдат-ул-ашъор” тааллуқ дорад.

Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо падару модарони талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.

Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабҳо дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ-собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабҳои усули нав амал мекарданд.

Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи пирмастӣ (соли 1900) мансуб аст. Вале мактаби ӯ ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, худ аз худ бо зудӣ баста шуд. Баъд аз мулло Ҷӯрабой, солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амирӣ эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабҳои усули ҷадидия ягон монеъгиро эҳсос намекарданд. Онҳо ба тоторони Русия пайравӣ намуда, минбаъд ҳам, барои фарзандони худ бо усули нав мактабҳои шахсӣ ташкил доданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онҳо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳо ба тариқи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.

Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва С.Айнӣ дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии худи Мунзим, барои бухороиён аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар хонанда буд. С.Айнӣ ва М.А.Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. М.А.Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи “мактаби Мунзим” маълум аст.

Дар мактаби ташкилдодаи М.А.Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ, моҳи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тарти-ул-Қуръон”-ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.

Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси М.А. Мунзим, махсус барои калонсолони бухороӣ, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод.

Дар натиҷа дар Бухоро обрӯ ва эътибори мактаби усули нави М.А.Мунзим ва С.Айнӣ зиёда паҳн гардид, ки ин ҳолат муқобилони онро ором намегузошт. Бинобар ин М.А.Мунзим ва С.Айнӣ хавфи пӯшонидани мактаби худро ҳис намуда, бо мақсади ақалан ба умум нишон додани натиҷаи кори худ, 7 сентябри соли 1909 як маҷлиси имтиҳонот оростаанд. Дар он қариб 100 нафар даъватшудагон аз ҳисоби падарон, рӯҳониён, шаҳриён ва ғайра ҳузур доштанд. Ҳозирон, гарчанде дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд. Вале қисме аз бухороиён, яъне онҳое, ки бештар муштоқи саводнокӣ буданд, ба манъи ҳукуматдорони амирӣ нигоҳ накарда, баъди ин воқеа ҳам дар мактабҳои тоторӣ таҳсилро давом доданд.

Ҷамъияти “Тарбияи атфол”. Муборизаи шадиди байни тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав, пеш аз ҳама тарафдорон, яъне ҷадидонро водор намуд, ки дар баробари махфӣ нигоҳ доштани фаъолияти худ, боз ҳам муттаҳидтар шаванд. Бо ҳамин мақсад онҳо 1 декабри соли 1910 ҷамъияти пинҳонии худро бо номи “Тарбияи атфол” бунёд намуданд. Таъсискунандагони ин ҷамъият М.А.Мунзим, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷон Махдум Ҳамдӣ (Абдусаидов), мударрис ҳоҷӣ Рофеъ ва Мукамаллиддин Махдуми Бурҳонзода буданд. Умуман аз 28 нафар аъзоёни ин ҷамъият 14 нафар мулло ва муллозода буда, се нафарашон аз қабили мударрисон ба ҳисоб мерафтанд.

Ҷамъияти “Тарбияи атфол” аввалин ташкилоти ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин ҷамъият ба тарзи махфӣ фаъолият намуда, мувофиқи мақсаду мароми дар боло ифодашудаи ислоҳотхоҳон, яъне ҷадидон амал мекард. Ташкил намудани мактабҳои усули нав ва барои таҳсил ба Туркия, ба шаҳрҳои Русия: Оренбург, Қазон, Уфа ва Қрим фиристодани талабагони бухороӣ аз корҳои намоёнтарини ҷамъияти номбурда ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои минбаъд ҳам дар маркази диққати ҷамъияти “Тарбияи атфол” масъалаи мактабҳои усули нав буд. Чунин мактабҳо бо роҳҳои гуногун, бештар ба тариқи махфӣ, бо ташаббуси шахсони касбу кори гуногун (асосан зиёиён, баъд қисман тоҷирон) ташкил карда мешуд. Масалан, дар солҳои 1912-1913 мактабҳои усули нав ба ғайр аз шаҳри Бухорои Кӯҳна боз дар Шаҳрисабз, Қароқӯл, Қаршӣ, Ғиждувон ва дигар ҷойҳо низ вуҷуд доштанд. Соли 1914 шумораи мактабҳои усули нав танҳо дар шаҳри Бухоро ба 45 адад расидааст.

Агар иртиҷопарастони аморат дар симои қозикалон Бурҳониддин ба худ сарвар ва пушту паноҳе дошта бошанд, ислоҳотхоҳон дар симои муфтӣ Муҳаммад Икром ибни Абдусалом, ки ба номи мулло Икромча (1847-1925) машҳур буд, ҳамфикр доштанд. Домулло Икром дар Бухоро яке аз мударрисони равшанфикр ва олими номии охири асри XIX ва аввали асри XX буд. Ӯ тарафдори шӯълавари мактабҳои усули нав ва яке аз ташаббускорони ислоҳи усули таълим дар мадраса гардид.

Рӯзномаи “Бухорои Шариф”. Дигар кори ба чашм намоёне, ки ҷадидони Бухоро карданд, ин нашри рӯзномаҳо буд. Маҳз ба ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” — аз 11 марти соли 1912 нашр гардид. Ин рӯзнома дар матбааи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик-тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва шоир, сайёҳ, ҳаким, публисисти бухороӣ Мирзо Сироҷи (Сироҷиддин) Ҳаким (1877 — 1914) чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.

Рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони содда аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш қайд карда мешуд ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оиди ин масъала чоп мешуданд.

Маҳз ҳамин рӯзномаи “Бухорои Шариф” аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л.Н.Толстой (таҳти сарлавҳаи “Осори Гроф Толстой” 12 асари ӯро чоп кардааст), “Ҳикояҳои чинӣ”-и адиби фаронса Анри д. Рине “Данко” ва “Кампир Изергил”-и А.М.Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.

Рӯзномаи “Бухорои Шариф” то 2-уми январи соли 1913, ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва бо иғвои муқобилони ислоҳот, аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд. Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморат мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 (ҳамагӣ 49 шумора) рӯзномаи “Тӯрон”-ро низ ба забони ӯзбекӣ нашр намуданд.

Таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX. Яке аз хусусиятҳои хоси таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии тоҷик дар замони мустамликавӣ он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр дар навбати худ нависанда ё шоир ва қисмашон аз ҷумлаи маорифпарварон буданд. Бегуфтугӯ дар тамоми ин соҳаҳо дар қатори аввал Аҳмади Дониш меистад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, асари барҷастаи ӯ “Наводир-ул-вақоеъ” пеш аз ҳама асари барҷастаи адабӣ мебошад ва маҳорати баланди нависандагии маорифпарварро нишон медиҳад.

Албатта афкори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ба эҷодиёти таърихнигорон низ бе таъсир намонд. Аз ин рӯ яке аз фарқиятҳои таърихнигории ин давр аз замонҳои гузашта дар он аст, ки маҳз дар ҳамин давр асарҳои танқидии таърихӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин соҳа асарҳои навиштаи Аҳмади Дониш ва Мирзо Абдулазими Сомӣ махсусан мақоми муҳимеро ишғол мекунанд.

Рисолаи таърихии А.Дониш аз ҷумлаи асарҳои охирини ӯ мебошад, ки тақрибан дар ду-се соли охири умраш ба тарзи махфӣ навишта, аммо ба охир расонида натавонистааст. А. Дониш ба ин рисолааш ҳатто ном нагузошта бошад ҳам, вале бо номи шартии “Рисолаи таърихӣ” машҳур гардид. Дар он муаллифи асар таърихи хонадони манғитияро таҳлил намуда, махсусан ба замони ҳукмронии амир Музаффар диққати ҷиддӣ додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам ин давр аз нуқтаи назари танқидӣ, ҳаҷвнигорона, нисбатан батафсил тасвир шудааст. Дар асар аз ҳаёти ҳаррӯзаи халқи оддӣ бисёр лаҳзаҳои муҳими таъсирбахш ҷой дорад.

А.Дониш дар хотимаи “Рисолаи таърихӣ” ба хулосае меояд, ки ин салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, бинобар ин бояд сарнагун шавад. Ин асар имрӯз бо номи “Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития” дастраси ҳаводорони эҷодиёти ӯ гардидааст.

Мирзо Абдулазими Сомӣ (Бӯстонӣ) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи “Таърихи салтанати манғития” мебошад. Ӯ ҳамчун А.Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбор буд. Агар А.Дониш хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулаҳадхон давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбии амирон онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Вай шоҳиди ҷанги байни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд.

Сомӣ дар айёми пирӣ аз дарбор ронда шуд. Ӯ дар охири умр бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи “Миръот-ул-хаёл” (ривоятҳои аҷиб аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш), “Санъати маҳзун”, “Тӯҳфаи шоҳӣ” мебошад.

Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) дар шаҳри Бухоро дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дуньё омадааст. Шариф номи ӯст, махдум калимаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, садр унвони илмии динист, ки баъд аз ӯроқ ва судур саввӯмин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Падари Садри Зиё-Абдушукури Оят аз косибони Бухоро буда, овони ҷавонӣ бо касби падару бобоёнаш-чармгарӣ ва шустагарӣ (шуста сафед кардани карбосу суфи хоми дағали зардчатоб) машғул шудааст. Садри Зиё баъди хатми мадраса дар мадрасаҳои Бухоро аз соли 1893 ба фаъолияти қозигӣ оғоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ӯ дар Ҷондор, туманҳои Зандане (Пешкӯ), Вобкент, Ғиждувон, бекигариҳои Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз қозигӣ кардааст. Вай хеле кӯтоҳ, аз 25 март то 8 апрели соли 1917, яъне 15 рӯз қозикалони Бухоро шудааст.

Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: “Наводири Зиёия”, “Рӯзнома”, “Тазкират-ул-Хаттодин”, “Таърихи амирони манғития”, “Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро” ва ғайраҳо мебошанд.

Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, баҳра гирифтаанд. С.Айнӣ, М.А. Мунзим ва дигарон иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳои маҳфили адабии хонаи Садри Зиё буданд.

Бояд ба инобат гирифт, ки эҳтимол дар натиҷаи таъсири ҳамин маҳфил, бо ташаббуси С. Айнӣ ва М.А. Мунзим, аз ҷумлаи толибилмони мадрасаҳои Бухоро, маҳфили дӯстдорони илми таърих бунёд гардида буд.

Дилшиди Барно (1800-1907)-шоира, маорифпарвар ва таърихнигор ба ҳисоб меравад. Шоира дар Ӯротеппа ба дунё омадааст. Хони Қӯқанд Умархон ҳангоми забти Ӯротеппа (солҳои 1810-1822) Дилшодро бо ҳамроҳии асирон ба Қӯқанд мебарад. Чанде нагузашта Дилшод аз дарбор гурехта, дар хонаи Тошмахдум ном шахс паноҳ меёбад ва баъд зани ӯ шуда, то охири умр дар Қӯқанд мемонад. Шоира дар шеърҳояш беадолатиҳои замонаро сахт мазаммат кардааст. Вай дар Қӯқанд мактабдори номӣ буд ва мувофиқи баъзе маълумотҳо 891 нафар духтаронро саводнок намудааст. Яке аз асарҳои Дилшод “Таърихи муҳоҷирон” мебошад. Ӯ дар ин асар тороҷгарӣ ва кушокушиҳои Умархон, баъзе воқеаҳои аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт намудани Осиёи Миёна, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонро инъикос кардааст.

Абдулқодирхоҷа Савдо (1823-1873)-шоир, маорифпарвар ва таърихнигор дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили мадраса намудааст.Ҳангоми таҳсил дар баробари донишҳои расмии мадраса илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро низ омӯхтааст. Қобилияти ӯро ба инобат гирифта, вайро ба дарбор ба кор даъват карданд. Дар натиҷа Савдо бо супориши ҳукумат ба гӯшаю канори аморат сафарҳо карда, бо бечорагии мардум аз наздик ошно гардид. Шоир дар бисёр шеърҳояш, махсусан шеърҳои ҳаҷвиаш ба худ тахаллуси “Бепул”-ро қабул намудааст. Мероси бадеии Савдо ҳанӯз ҳам пароканда аст ва то имрӯз қисме аз онҳо дастраси хонандагон гардидаасту халос. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихӣ мебошад.

Муҳаммад Шамсиддин Махдуми Шоҳин (1857-1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарвари нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, аз хурдсолӣ (11-12 солагӣ ) ба шеъру адаб шавқи зиёд дошт. Вай тақрибан соли 1885 таҳсили мадрасаро ба итмом расонида мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоир бо А.Дониш ва эҷодиёти ӯ аз наздик шинос буд. Шоҳин нисбат ба разолатҳои замона нафрати зиёд дошт. Мехост аз дарбор равад. Аммо амир Абдулаҳадхон ӯро аз рикоби худ қасдан дур намекард. Ниҳоят, вай ҳангоми яке аз сафарҳои амир, дар Қаршӣ вафот кард. Шоир аз худ девони ашъор-маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун”, маснавии нотамоми “Тӯҳфаи дӯстон” ва асари “Бадоеъ-ус-саноеъ”-ро мерос гузоштааст. Аз ҷумла “Тӯҳфаи дӯстон” асари ахлоқӣ буда, дар “Бадоеъ-ус-саноеъ” афкори маорифпарварии А. Донишро инкишоф дода, тартиботи амирӣ, кирдорҳои разилонаи мансабдоронро сахт мазаммат кардааст.

Мирзоҳайит Саҳбо (тақр.1850-1918) шоири лирик буд. Вай дар тумани Вобкенти наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулаҳадхон ба хизмати дарбор ҷалб гардида, унвони “тӯқсабо” ва “бий”-ро гирифта буд. Вале ӯ нисбат ба кирдорҳои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. Вай шоири ҳақиқатҷӯй ва ҳақиқатгӯй буд, оиди нуқсонҳои аморат бепарда сухан мекард, ки ин ҷиҳатҳоро аз шеърҳои лирикиаш ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Амир, бо мақсади аз марказ дур намудан, ӯро ба мулки дурдаст ҳоким таъин мекунад. Вале Саҳбо аз ин вазифа даст кашида, ба Бухоро бармегардад ва гӯшанишиниро ихтиёр мекунад. Соли 1915 барои рӯзномахонӣ ҳатто ҷазо дидааст. Баъди намоиши апрелии соли 1917-и Бухоро, амир Саҳборо ба вазифаи ҳокимӣ ба Қубодиён фиристод. Пас ӯро соли 1918 дар он ҷо, бо дасти одамони худ, ба тарзи ваҳшиёна қатл намуд.

Тошхӯҷа Асирӣ (1864-1915) шоир ва маорифпарвар мебошад. Вай дар Хуҷанди бостонӣ ба дунё омада, бо касби сангиосиёбтарошӣ камбағалона зиндагӣ ба сар мебурд. Ба ақидаи Асирӣ вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст. Бинобар ин ӯ тарғиботчии фаъоли илму дониш ба ҳисоб меравад. Ба андешаи вай мардуми гумроҳро бо роҳи маърифатнокӣ аз ҷаҳолат баровардан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ӯ тарафдори ашаддии ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо, дар мактабҳо ҷорӣ намудани таълими илмҳои дунявӣ буд.

Муҳамадсидиқи Ҳайрат (1878-1902) гарчанде ҳамагӣ 25 сол умр дидааст, вале чун устоди ғазал шӯҳрат пайдо карда буд. Камбағалӣ ва ятимӣ аз хурдсолиаш ба ҳаёти ӯ нақши вазнини худро гузоштааст. Аз 15-16 солагӣ вай ба таҳсили мадраса оғоз намуда, ба ҳайати адибони давр дохил шуд. Дар ғазалу қасидаҳои шоир разолатҳои замона сахт танқид карда мешавад. Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст.

Нақибхон Туғрал (1865-1919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ғазал ба ҳисоб меравад. Ӯ дар деҳаи Зосуни бекигарии Фалғар, дар оилаи давлатманде (аз авлодони Хоҷа Аҳрори Валии Самарқандӣ) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Баъди таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул шудааст. Бо тӯҳмати ақсулинқилобӣ ӯро ба қатл расонидаанд. Вай дар ғазал пайрави Бедил буда, дар онҳо дар баробари сурудани ишқ, инчунин бехирадии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоҳои чаласаводу рӯҳониёни иртиҷопарастро тасвир намудааст.

Дар аввали асри XX дар Бухоро С. Айнӣ ва М. А. Мунзим ҳам на танҳо ҳамчун маорифпарвар, балки дар олами адабиёт аллакай қадамҳои ҷиддӣ гузошта буданд. Дар шеърҳои онҳо, ки аз ақидаҳои маорифпарварӣ саршор буд, меҳрубоние нисбат ба халқи мазлум, нафрат ба истисморгарон дида мешавад. Ҳамдардӣ нисбат ба мардум, нафрат нисбат ба истисморгарон мағзи эҷодиёти шоири инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро (1889-1929) ташкил менамоянд, ки шеърҳои худро бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст.

Зиёиёни тоҷик, махсусан зиёиёни водии Фарғона, аз эҷодиёти шоирон ва маорифпарварони номии ӯзбек — Муҳаммадхоҷаи Муқимӣ (1850-1903), Зокирхоҷаи Фурқат (1858-1909) ва дигарон низ аз наздик шинос буданд. Дар эҷодиёти онҳо дӯстию рафоқат, адлу инсоф тараннум карда мешуд.

Умуман вазъи илму адаби ин давр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арбобони он нисбат ба давраҳои гузашта боз ҳам ҷиддитар ва бештар ба мардум ва талабҳои онҳо наздик шудаанд. Аксари ин арбобон дар асарҳо ва шеърҳои худ нисбат ба бетартибиҳои давр оштинопазир буда, ислоҳи онро талаб мекарданд.


488
Нет комментариев. Ваш будет первым!