Ҳуҷуми Искандари Макдуни ба Осиё

Ҷангҳои Искандар дар Осиёи Хурд ва Эрон. Дар давраи ҳукмронии шоҳи Македония Филиппи II (с.359-336 п.м.) пурзӯршавии ин вилоят, ки дар шимоли Юнон ҷойгир буд, ба амал меояд. Сокинони Македония юнонинажод буданд. Филиппи II артиши хуб мусаллаҳшуда ва машқдидаро ташкил карда, аввал Македонияро муттаҳид месозад ва баъди ин с.338 п.м. афинагиҳо ва иттифоқчиёни онҳоро шикаст дода, Юнонро ба давлати худ ҳамроҳ мекунад.
Доираҳои ҳукмрони Юнон кайҳо боз орзӯи ба Эрон ҳуҷум карданро доштанд. Ин орзӯи онҳоро Филиппи II амалӣ кард. Ӯ соли 336 п.м. бо лашкари муттаҳидаи македониҳо ва юнониён аз гулугоҳи Дарданел гузашта, ба Осиёи Хурд, ки ҷузъи давлати Ҳахоманишиён буд, ҳуҷум мекунад. Аммо ҳанӯз дар оғози ин ҳуҷум Филиппи II дар натиҷаи як сӯиқасд кушта мешавад. Баъди ин писари 20 солаи ӯ Искандар (336-323 п.м.) ба тахт менишинад. Ӯ иқдоми падарашро идома дода, баъди тайёрии ҳамаҷониба с. 334 п.м. бо 5 ҳазор ҷанговари савора ва 30 ҳазор пиёдагард ба Осиёи Хурд ҳуҷум менамояд.
Юнониҳо дар ду муҳорибаи асосӣ – с. 334 дар назди дарёи Граник ва с. 333 дар назди ш. Иса эрониёнро шикаст доданд. Баъди ин Искандар ба пойтахти Ҳахоманишиён ш. Персепол ҳуҷум накарда, аввал Шом, Фаластин, Финикия ва Мисрро ишғол менамояд. Сабаби ин амалиёти ҳарбии ӯ маълум нест. Аз Миср ӯ бо лашкараш ба қафо баргашта, аз Шом ба шимоли Байнаннаҳрайн ворид мешавад ва ба ҷануб ба тарафи Бобул ҳаракат мекунад. Дорои III лашкари калонеро гирд оварда, ба муқобили юнониён мебарояд. Дар ин лашкар дар баробари форсҳо, модҳо, бохтариҳо, суғдиҳо ва сакоиҳо мавқеъи муҳимро ишғол мекарданд. Муҳорибаи ҳалкунанда 1 октябри с. 331 дар шимоли Байнаннаҳрайн, дар назди деҳаи Гавгамел ба амал омад. Дар ин муҳорибаи хунин гоҳ юнониён ва гоҳ эрониён пеш мерафтанд. Аммо Дорои III аз пешравии юнониён дар баъзе аз қитъаҳои ҷабҳа ба ҳарос афтода, буздилона майдони муҳорибаро тарк кард. Хабари аз майдони ҷанг гурехтани шоҳ сафҳои лашкари эрониёнро вайрон карда, рӯҳияи ҷангии онҳоро шикаст ва онҳо бетартибона қафонишини карда, ба шикаст дучор шуданд. Баъди ин Искандар анқариб бе мамонияти ҷиддӣ шаҳрҳои Бобул, Шуш, Пасаргад ва пойтахти империяи Ҳахоманишиён Персеполро ишғол намуд ва онро оташ зада, вайрону валангор кард. Дорои III ба Ҳангматана, аз онҷо ба Роғ (Рай) ва аз онҷо ба Марв гурехт. Искандар беист аз пайи ӯ ҳаракат мекард. Аз беҷуръатии Дорои III сарлашкарон норозӣ шуда, бар зидди ӯ шӯриш бардошта ӯро ба қатл расонданд ва сатрапи Бохтар Бессро, ки хеши ӯ буд, шаҳаншоҳ эълон карданд. Бесс бар хилофи ваъдаҳояш натавонист ба юнониён муқобилияти ҷиддӣ нишон диҳад. Искандар Гургонро бо душвори ишғол намуд, шоҳи Порт бе ҷанг ба ӯ таслим шуд. Баъди ин ӯ Арея, Дрангиана, Гедросия ва Арахосияро (Кобул) ишғол намуд. Баъди ин ӯ ба Бохтар ҳуҷум кард. Бесс, ки дар ихтиёраш 7 ҳазор ҷанговари савора дошт, тарсончакӣ ва кутоҳандешӣ зоҳир карда, бо юнониён ба ҷанг надаромад ва роҳи гурезро пеш гирифта, ҳамроҳи сарлашкарон Оксиарт ва Спитамен ба он тарафи Амударё гузашт. Ҷанговарони бохтарӣ ҳамроҳи ӯ нарафта, ба хонаҳояшон баргаштанд. Искандар муқобилияти ҷиддӣ надида Бохтарро ишғол кард ва Бессро таъқибкунон бо лашкараш ба соҳили Амударё омад. Сарлашкарон Бесси бе лашкар мондаро ба бефаъолиятӣ ва тарсончакӣ айбдор карда, ба ҳабс гирифтанд ва ба Искандар супориданд.
Ҳуҷуми Искандар ба Осиёи Миёна. Искандар с. 329 дар наздикии Келиф аз Амударё гузашта, ба Суғд ворид шуд. Муҳорибаи якум бо суғдиён дар Навтак ба амал омад. Худи ҳамон сол Искандар пойтахти Суғд ш. Самарқандро ишғол карда, деҳаҳои атрофи онро оташ зада, харобу валангор намуд. Баъди ин Искандар ҳудуди Истаравшанро забт карда, ба соҳили Сирдарё мебарояд. Сакоиҳои он тарафи Сирдарё қосид фиристода, бо Искндар сулҳ мебанданд. Дар ҳамин вақт дар панҷ шаҳри ҳудуди Истаравшан шӯриши калони халқӣ бар зидди юнониёни истилогар сар мезанад. Маркази шӯришгарон ш. Киропол буд. Шӯришгарон пойгоҳҳои низомии юнониёнро нест карда, дар қалъаҳо истеҳком мегиранд. Искандар тамоми лашкари азими худро барои пахш кардани ин шӯриш равона мекунад. Шӯришгарон муқовимати сахт нишон доданд. Юнониён бо мушкилот ва талафоти зиёд шӯришро пахш намуданд. Аз 30 ҳазор шӯришгар 22 ҳазори он қаҳрамонона ҳалок шуданд.
Искандар дар соҳили Сирдарё дар ҳудуди ш. Хуҷанд шаҳреро бунёд намуда, ҷанговарони худро дар он ҷойгир кард. Баъди ин ӯ ба он тарафи дарё гузашта, саккоиҳоро шикаст дод. Зимистони с. 329-328-ро Искандар дар Бохтар гузаронд.

597
Нет комментариев. Ваш будет первым!