Таъсиси Ҳоқонии Ғарбии Турк (солҳои 551-744)

Оғози ба сарзамини Осиёи Марказӣ кӯчидани қабилаҳои туркӣ. Асри VI дар Олтой ва Сибири ҷанубӣ бо номи Ҳоқонии Турк (551-744) иттиҳоди давлатие пайдо шуд, ки баъдтар дар тақдири таърихии халқҳои Варазрӯд нақши муҳим бозид. Ҳарчанд, ки туркҳо дар манбаъҳои хаттӣ бо номҳои гуногун зикр мешаванд, вале онҳо ба ҳамдигар иртиботи қавӣ доранд. Онҳо худро «тюрк» ва суғдиёну форсҳо бошанд, эшонро «турк» мегуфтанд. Соли 551 сарвари иттиҳоди туркҳо Бумин унвони «ҳоқон» яъне ҳоким, ҳукмдорро гирифта, дар Осиёи Марказӣ империяи нав – Ҳоқонати Туркро бо тахтгоҳаш Олтой асос мегузорад. Дар як муддати кӯтоҳ қабилаҳои турк бо ҳам муттаҳид шуда, дар тасхири сарзаминҳо шурӯъ намуда, дар ғарб бо Баҳри Сиёҳ рафта мерасанд. Дар натиҷа дар харитаи геополитикии ҷаҳони ибтидои асримиёнагӣ империяи бениҳоят калони кӯчманчиён пайдо мешавад, ки аз худи Корея то соҳили Баҳри сиёҳ масоҳати азимеро фаро мегирифт. Чин аз сарзаминҳои шимолии хеш маҳрум шуда, амалан вассали (тобеи) туркҳо гардида, ҳар сол ба онҳо ба андозаи сад ҳазор тӯп матои шоҳӣ хироҷ пардохт мекард, империяи муқтадири Византия ва Сосониён аз мавҷи туркон ба ҳарос афтида, ба тавофуқи тарафайн расиданд.
Пурқувват гаштани таъсири Ҳоқонии Турк. То соли 555 туркҳо қисми зиёди воҳаҳои Туркистони Шарқӣ, шаҳрҳои пурсарвати соҳили Сайҳунрӯд ва соҳили баҳри Аралро забт карда, ба Ҳайтолиён рӯ ба рӯ шуданд. Онҳо ҳавзаҳои муҳими стратегии Варазрӯд – Ҳафтрӯду Хоразм, Чочу Кеш ва Нахшабро тасхир намуда, дар иттиҳоди ҳарбӣ ба Сосониён дар солҳои 563-567 давлати Ҳайтолиёнро барҳам дода, ба ҳокимияти сиёсии Варазрӯд соҳиб мешаванд.
Бо заволи давлати Ҳайтолиён на танҳо вазъи ҳарбию сиёсӣ, балки муносибатҳои фарҳангӣ ва таркиби этникии мардуми Варазрӯд тағйир ёфт. Сосониён аз вазъияти мувофиқ истифода карда, сарҳадоти хешро дар шимолу шарқ тавсеа дод ва ҳамзамон аз худи рӯди Ҷайҳун то Сурия (Шом) нозири ҳақиқии шоҳроҳи магистралии «Роҳи бузурги абрешим» гардид. Ба ин васила қисмати калони роҳи магистралӣ таҳти назорат даромада, ташаббусу табодули тиҷорат ба дасти шоҳаншоҳии Сосониён гузашт. Туркҳо бошанд, назорати роҳи корвонгузарро аз Шарқи Дур то сарҳадоти Эрони Сосонӣ ба даст гирифта, тавассути Эрон бо Византия равобити тиҷоратӣ барқарор карданӣ шуданд, ки ин дар навбати худ низову бархӯрдҳои доимии Эрону Ҳоқонии Туркро ба миён овард.
Ҳанӯз аз давраи Кушониён ба воситаи Варазрӯд шоҳроҳи магистралии «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиёи Марказиро бо Рум бо ҳам мепайваст. Ба абрешиме, ки ба Византия ва Рим мерафт, тоҷирони Форс миёнрав буданд. Онҳо аз ин кор фоидаи калон ба даст оварда, роҳ намедоданд, ки Византия бевосита ба фурӯшандагони абрешим тартиботи ҳасана дошта бошад.
Суғдиён дар навбати худ манфиатдор буданд, ки ба воситаи роҳи тиҷортӣ, ки тавассути Эрон мегузашт, бевосита ба Византия тиҷорат кунанд. Бо ташаббуси сугдиён барои ба воситаи Эрон барқарор кардани тиҷорат ба Эрон сафорат фиристода шуд, аммо кори ин сафорат барор нагирифт.
Дар рафти гуфтушунид байни Ҳоқони Турк ва Византия, соли 568 ба муқобили Эрони Сосонӣ муоҳидаи ҳарбӣ баста шуд. Худи ҳамон сол ҳамроҳи сафорати Ҳоқони Турк сафорати ҷавобии императори Византия ба роҳбарии Земарх ба Варазрӯд омад. Сафорати Византияро Ҳоқон дар қароргоҳи хеш – Тиёншон қабул намуд. Ин сафоратҳо ба иттифоқи ҳарбию сиёсии Византия ва Туркҳо ибтидо гузошта, минбаъд боз чандин ҳайати сафоратҳо ба Византия фиристода шуданд.
Соли 581 ҳайтолиёни Тахористон бар зидди Туркҳо шӯриш бардоштанд. Ҳамзамон Туркҳо вазъияти дар қаламрави Сосониён ба амаломадаро истифода бурдани шуда хостанд, давлати буферии байни онҳо ва Эрон будаи Ҳайтолиёнро ба мулки худ ҳамроҳ кунанд. Ин давлат, ки дар Тахористон вуҷуд дошт, охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри VI тақрибан мустақил шуда буд.
Соли 589 нерӯи аскарии туркҳо бо сардории Совашоҳ ба мулкҳои хуросонии Сосониён зада даромаданд. Лашкари Туркҳо аз рӯди Чайҳун гузашта, Тахористонро қисман ишғол карда, ба ғарб рафта, то ба Ҳирот Балх ва Бодғис расиданд. Дар муҳорибае, ки Баҳроми Чӯбина бо дастаи худ ба қароргоҳи лашкари туркҳо даромада, лашкари шоҳи Турконро ба хок яксон кард. Туркҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд.
Ҳоқонати Турк аз сабаби давлати хеле калони номутамарказ буданаш соли 603 амалан ба ду давлати мустақил – Ҳоқонии Шарқии Турк ва Ҳоқони Ғарбии Турк тақсим шуда, Варазрӯд Ҷунгария ва як қисми Туркистони Шарқӣ ба ҳайати Ҳоқонии Ғарбии Турк дохил шуд. Ҳоқон Туншаху (618-630) соли 618 ислоҳоти идорӣ гузаронида, ба тамоми ҳокимон унвони ябғу дод. Барои назорат дар назди ҳокимони маҳаллӣ намояндаи вижаи худро таъин кард. Ҳоқон ба қувваи ҳарбии худ такя карда, бисёр ҳокимони воҳаҳои марказии Варазрӯдро ба худ тобеъ намуд. Дар баробари зӯрӣ бо роҳҳои дигар низ Ҳоқон қудрати худро аз болои ҳокимон ҷорӣ кард. Масалан, ҳокими тавоно, ихшиди Самарқандро ба худ домод карда, ҳукмронии сиёсии худро дар ин ҷо таъмин кард.
Муборизаҳои дохилӣ рафта-рафта Ҳоқонии Туркро хароб гардонданд. Қабилаҳои турк ба воҳаҳои Варазрӯд сар дароварда, қисман муқимӣ гаштанд, қисми дигарашон бошад, тарзи пештараи ҳаёти чорводориро дар воҳаҳои кӯҳистон давом доданд. Як қисми туркҳо дар шаҳрҳо сокин гаштанд. Дар ин давра дар аксари вилоятҳо волиёни турк ё худ туркнажод ҳукмронӣ мекарданд.
Туркҳо ба Варазрӯд сар дароварда, ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодии халқҳои маскуни ин сарзамин таъсир расонданд. Чунон, ки таъкид шуд, Ҳоқонии Турк бо вуҷуди масоҳати беандоза калон доштанаш давлати марказиятноки неруманд набуд. Асоси онро иттифоқи ҳарбии туркӣ, ки аз халқиятҳои зердасти муқимӣ, сатҳи зиндагӣ ва фарҳангиашон хеле паст буд, ташкил медод. Номувозинатии сатҳи зиндагӣ, фарҳангу маънавиёт, ҷангҳои пай дар пай Ҳоқони Туркро суст карда, Варазрӯдро ба парокандагии сиёсӣ оварда расонд.

629
Нет комментариев. Ваш будет первым!