Инкишофи кишоварзӣ дар солҳои 50-80

Солҳои 50-80-уми асри ХХ барои кишоварзони ҷумҳурӣ низ давраи комёбиҳои бузург ба ҳисоб меравад. Зеро, дар ин давр қариб тамоми соҳаҳои кишоварзӣ рӯ ба инкишоф ниҳода буд. Вале ҷумҳурӣ, ки дар доираи Иттифоқ ба яке аз маконҳои асосии ашёи хом – пахта табдил ёфта буд, бинобар ин сараввал ба ҳамин соҳа диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар натиҷа, агар соли 1950 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 288 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда бошанд, пас соли 1980, яъне дар муддати 30 сол он ба зиёди 1 млн. тонна расид, яъне дар ин муддат дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта зиёда аз 3 баробар афзуд. Ҳосилнокии пахта дар ин давр аз 22,9 сентнери соли 1950 то ба 32,8 сентери соли 1980 расид.

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта ва дигар намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ дар он давр бо ду роҳ афзун мегардид. Якум, бо роҳи васеъ намудани майдонҳои кишт, дар натиҷаи аз худ намудани заминҳои нав, ва дуюм, дар натиҷаи истифодаи босамари техника ва нуриҳои минералӣ баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои кишт. Маҳз дар ҳамин давр дар ҷумҳурии камзамини мо қариб 600 ҳазор га. заминҳои обёришаванда, аз ҳисоби ботлоқзорҳою дашту теппаҳо зиёд шуданд. Соли 1985 шумораи тракторҳои колхозу совхозҳои ҷумҳурӣ ба 35 208 адад расид. Ҳамаи хоҷагиҳо бо нархи арзон, аз ҳисоби давлат нуриҳои минералӣ, маводҳои сӯхт ва молиданиро мегирифтанд.

Ба ғайр ҳамаи ин ба ҳавасмандии деҳқонон низ то андозае аҳамият дода мешуд. Масалан, мувофиқи қонун дар бораи кишоварзон, ки соли 1953 дар доираи Иттифоқ қабул гардид, ҳаҷми андоз аз хоҷагиҳои колхозчиён хело кам карда шуд. Аз ҷумла дар ҷумҳурӣ ҳаҷми чунин андозро дар соли 1954 нисбат ба соли 1952 ҷамъ 54% кам карданд, қариб 3,5 млн сӯм қарзи пешинаи колхозҳоро бахшиданд. Дар натиҷа он сол даромади колхозчиёни ҷумҳурӣ қариб 40 млн. сӯм афзуд. Ба ғайр аз ин пешқадамони ин соҳаро давра ба давра бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз менамуданд. Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев ду карат, Миралӣ Маҳмадалиев, Абдуғафор Савмадов, Аскаралӣ Мирзоев ва дигарон бо кордонии худ дар соҳаи пахта ба гирифтани чунин мукофоти баланд сарфароз гардиданд.

Азхудкунии заминҳои нав. Дар давраи номбурда қариб дар тамоми вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаи аз худ намудани заминҳои бекорхобида мушоҳида мегардид. Дар ин самт махсусан дар води Вахш, даштҳои Ёвону Данғара, Обикиику Дилварзин, Фархору Чубек, Ашту ҳамвориҳои ноҳияҳои Панҷакенту Файзобод, водии Рашт ва ғайра корҳои ободонӣ дар ҷӯшу хурӯш буд. Маҳз дар ҳамин давр водии Вахш, ки дар ҷумҳурӣ водии нисбатан серзамин, вале ботлоқзору туғайзор буд, дар натиҷаи меҳнати қаҳрамонона ба водии зархез табдил ёфт. Дар натиҷа ин ҳама азхудкуниҳои замини нав, агар соли 1960 заминҳои корами ҷумҳурӣ 727,4 ҳазор гектарро ташкил кунад, пас он соли 1976 ба 744 ҳазор га. (аз ин 282,1 ҳазор га, ё худ 36,4% майдони кишти пахта) ва соли 1985 ба 802,8 ҳазор га. (аз ин 311,5 ҳазор га. майдонҳои кишти пахта) расид.

Иншоотҳои обёрикунанда. Албатта азхудкунии заминҳои нав зарурияти иншоотҳои обёрикунанда: каналу заҳбурҳо, насосҳо, обанборҳо ва ғайраҳоро ба миён овард. Аз ин рӯ бузургтарин иншоотҳои обёрикунандаи ин давр истгоҳи насосии Ҳоҷӣ Боқирғон, Самғар, Лоҳур, Деҳмой, каналҳои Роҳатӣ, Марғидар, обанборҳои Мӯъминобод, Каттасой ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳар кадоми онҳо дар натиҷаи заҳмати зиёд бунёд гардиданд. Аз ҷумла соли 1961 обёрии даштҳои Ёвон ва Обикиик оғоз гардид, ки барои он сохтани низоми обёрии Ёвону Обикиик аҳамияти махсус дошт. Дар солҳои 70-80-ум низ, дар баробари идома додани ин низом, боз низоми обёрии Дилварзин, Фархору Чубек ва ғайраҳо ба сомон расонида шуданд. 4 ноябри соли 1986 оби дарёи Вахш ба даштҳои Данғара омад. Дар ин рӯз, бахшида ба ин воқеа дар деҳаи Оқсу ҷамъомади тантанавии мардуми гирду атроф барпо гардид.

Умуман солҳои 80-ум дар ҷумҳурии мо заминҳое, ки ба воситаи насосҳои обкаш обшор карда мешаванд, ба 236 ҳазор га. расид. Ба қитъаҳои баланди заминҳои обӣ, махсусан доманакӯҳҳо, ба воситаи ин гуна насосҳо об зина ба зина то 7 маротиба боло барорварда мешавад. Бинобар ҳамин ҳам он насосҳо барои қисми кишоварзони ҷумҳурӣ тақдирсоз мебошад. Ҳамаи он насосҳое, ки ба кишоварзон хизмат мерасонанд дар як сол то 2 млрд кв. соат қувваи барқро истифода мебаранд.

Муҳоҷирати дохилӣ. Ободии заминҳои нав азхудшуда аз меҳнати одамон вобаста буд. Зеро, то ин лаҳза дар ин майдонҳои азхудшуда маҳаллаҳои аҳолинишин ё набуданд, ё худ хело камаҳолӣ буданд. Шумораи аҳолӣ чӣ дар водиҳо ва чӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ меафзуд. Аз ин рӯ масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани онҳо ба миён меомад. Иҷроиши ин масъала махсусан дар ноҳияҳои кӯҳӣ душвор буд. Бинобар ҳамин ҳам ҳанӯз солҳои 20-30-юми асри ХХ низ барои иҷроиши ин масъала чорабиниҳои аз ноҳияҳои кӯҳӣ ба водиҳо кӯчонидани мардум дида мешуд. Ҳамин гуна чорабиниҳо дар нимаи дуюми солҳои 40 ва аввали 50-ум низ идома ёфт. Вале минбаъд, дар баробари аз ноҳияҳои кӯҳӣ кӯчонида овардани аҳолӣ, инчунин аз деҳаҳои сераҳолии водиҳо низ қисми мардумро ба заминҳои нав мекӯчониданд. Масалан, дар зарфи солҳои 1953-1960 аз ноҳияҳои вилояти Ленинобод ба ноҳияҳои пахтакор 5069 хоҷагӣ (ё худ 24.077 нафар аҳолӣ), аз ВМКБ – 833 хоҷагӣ (ё худ 4775 нафар аҳолӣ) кӯчонида шуданд. Умуман дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар ин муддат, (ба ғайр аз муҳоҷирати дохилии ноҳияҳои Москваю Фархор) 17218 хоҷагӣ, ё худ 92936 нафар аҳолӣ кӯчонида шудаанд, ки аз онҳо 44473 нафарашон қобили меҳнат буданд. Ё худ, маҳз дар ҳамин давр, яъне солҳои 1957-1959 ба даштҳои Дилварзин 2692 хоҷагӣ аз ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ кӯчонида оварда шуд.

Дар солҳои 1967-1971 дар миқиёси ҷумҳурӣ 3372 хоҷагиҳои деҳқонӣ, бо аҳолии 20521 нафар ба заминҳои нав азхудкардашуда муҳоҷират карда шуданд. Аз ҷумла онҳоро дар колхозу совхозҳои навбунёди ноҳияҳои Зафаробод, Ёвон, Вахш, Фархор, Колхозобод, Мастчоҳ, Қумсангир ва ғайра ҷойгир намуданд. Муҳоҷиркунӣ солҳои 70-80-ум ҳам идома ёфт. Масалан, солҳои 1976-1980 дар вилояти Ленинобод муҳоҷир намудани 2528 хоҷагӣ, дар вилояти Кӯлоб – 1056 хоҷагӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки асосан иҷро гардид. Минбаъд, дар маъракаи муҳоҷиркунӣ на танҳо кӯчонидан, балки бо ҷойи истиқомат ва қарзи имтиёзноки давлатӣ таъмин намудани онҳо низ ба назар гирифта мешуд.

Техникаи кишоварзӣ. Солҳои 50-60-ум бо техникаи кишоварзӣ таъмин намудани колхозу совхозҳо боз ҳам беҳтар гардид. Аз ҷумла солҳои 1960 -1961 дар майдонҳои пахтазори ҷумҳурӣ 400 адад мошинҳои пахтачин кор мекарданд. Танҳо солҳои 1962-1963 кишоварзони ҷумҳурӣ 5367 адад трактор, 1087 адад камбайнҳои ғалладарав, 8794 адад мошинҳои боркашу пахтачин ва ғайраҳоро гирифтанд. Аввали солҳои 70-ум бошад кишоварзони ҷумҳурӣ, ба тарзи умумӣ, соҳиби 15213 адад трактор, 8084 адад мошинҳои боркаш, 8280 адад плугҳо, 845 адад комбайнҳои ғалладарав, 1281 адад мошинҳои пахтачин ва ғайраҳо буданд. Ниҳояд, чуноне таъкид намудем, соли 1985 адади умумии тракторҳои кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 35,2 ҳазор гардида буд.

Вазъи колхозу совхозҳо. Албатта солҳои 50-80-ум хоҷагиҳои кишоварзонро пурра колхозу совхозҳо дар бар мегирифтанд. Давлат ба онҳо аз ҳар ҷиҳат кӯмак, махсусан кӯмаки молиявӣ, техникӣ, кадрӣ ва ғайраҳоро мерасонид. Чунин кӯмакҳоро совхозҳо, ки ҳамчун хоҷагии давлатӣ ҳисоб мешуданд, бештар медиданд. Аммо давлатро нисбатан хурд будани колхозҳо қаноат намекунад. Масалан, 1 январи соли 1950 адади колхозҳои ҷумҳурӣ ба 2685 расида буд, ки аз онҳо 1168 ададашон колхозҳои пахтакор ба ҳисоб мерафтанд. Ба ҳисоби миёна замини корами онҳо 304 гектарро ташкил медод. Бинобар ин дар нимсолаи дуюми ҳамон сол адади колхозҳо, бо роҳи муттаҳидкунӣ 2,5 баробар кам карда шуд. Охири он сол дар ҷумҳурӣ 1114 колхозҳои нисбатан калон фаъолият мекарданд. Маъракаи муттаҳидкунии колхозҳо минбаъд ҳам идома ёфт. Соли 1958 адади онҳо 434 ва соли 1960 бошад 353 хоҷагиҳои нисбатан калонро ташкил медоданд. Дар соли 1991, яъне оғози гузариш ба иқтисодиёти танзими бозорӣ, дар ҷумҳурии мо 206 адад колхозҳо, 362 адад совхозҳо ва 19 адад межхозҳо фаъолият мекарданд.

Истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ. Дар давраи номбурда дар ҷумҳурии мо пахтакорӣ соҳаи асосии кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Бинобар ин ба ин соҳа беҳтарин заминҳои ҳосилхези обӣ муайян карда шуда буд. Инчунин техника ва нуриҳои минералӣ ҳам сараввал ба ҳамин соҳа равона мегардид. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ чуноне таъкид шуд, истеҳсоли пахта аз як тараф аз ҳисоби зиёд гардидани заминҳои кишт ва аз тарафи дигар, дар натиҷаи баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат зиёд мешуд. Махсусан аз соли 1950 то соли 1980 бештар баландшавии истеҳсоли пахта ба назар мерасид. Чунончӣ, агар соли 1950 288,7 ҳазор тонна пахта истеҳсол шуда бошад, пас соли 1961 – 483,6 ҳазор тонна, соли 1970 – 726,6 ҳазор тонна ва ниҳоят соли 1980 – аз 1 миллион тонна ҳам гузашт. Аммо соли 1981 – 929,4 ҳазор тонна ва соли 1985 – 935,0 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шуд. Умуман солҳои 80-ум дар ин соҳа нисбатан пастравӣ эҳсос карда мешавад. Дар ин давр истеҳсоли пахта ба ҳисоби миёна 900-920 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ҳосилнокӣ ҳам аз ҳар гектар замин 25-30 сентнер буд.

Ғаллакорӣ ҳам барои ҷумҳурӣ соҳаи муҳим ба ҳисоб мерафт. Аммо ба ин соҳа бештар заминҳои камсҳосили обӣ ва талу теппаҳоро муайян карда буданд. Новобаста аз ин дар ин соҳа ҳам, махсусан дар солҳои охир афзоиши маҳсулот эҳсос карда мешавад. Чунончӣ, дар ҷумҳурӣ соли 1965 – 225,8, соли 1975 — 227 ҳаз. тонна, ҳазор тонна, соли 1980 – 245,3 ҳазор тонна, соли 1986 – 246,4 ҳазор тонна, соли 1987 – 358,6 ҳазор тонна соли 1988-382 ҳазор тоннағалла истеҳсол карда шуд.

Бегуфтугӯ чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои муҳимтарини кишоварзон ба ҳисоб меравад. Бинобар ин қариб тамоми колхозу совхозҳо соҳиби чорвои калони шохдор ва бузу гӯсфанд буданд. Дар ҷумҳурӣ аз як тараф ба афзун гардонидани саршумори онҳо аҳамият диҳанд, аз тарафи дигар зоти онҳоро беҳтар менамуданд. Масалан, соли 1963 дар ҷумҳурӣ 8 заводҳо ва 18 хоҷагиҳои зотпарварӣ фаъолият мекарданд. Давра ба давра аз тарафи давлат нархи хариди чорво ва маҳсулоти он зиёд карда шуд. Масалан, аз 1 майи соли 1970 нархи ба давлат аз нақша зиёд фурӯхташавандаи маҳсулоти чорво 50% зиёд карда шуд. Ин ҳама имконият дод, ки пеш аз ҳама саршумори чорво зиёд гардад. Масалан, агар соли 1961 саршумори умумии чорвои калони шохдор 683,1 сарро ташкил кунад, пас соли 1981 он ба 13181 сар расид. Вобаста ба ин маҳсулоти чорво ҳам афзуд. Паррандапарварӣ ҳам инкишоф ёфт.

Дар ҷумҳурӣ ба истеҳсоли пилла низ диққати махсус дода мешуд. Бо мақсади пеш бурдани ин соҳа солҳои 1951-1975 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 35 млн. адад ниҳолҳои тут сабзонида шуд. Маҳз чунин чорабинӣ имконият дод, ки агар соли 1960 дар ҷумҳурӣ 2121 тонна пила истеҳсол карда бошанд, пас он соли 1985 ба 4464 тонна расид.

Дар ин давр дар миқёси ҷумҳурӣ боғу токзорҳои нав ба вуҷуд омаданд. Дар ин ҷода хоҷагиҳои Шаҳринав, Марғидар, Фахробод, Чубек ва ғайраҳо шӯҳрат пайдо карда буданд. Ноҳияҳои водии Рашт, Файзобод, Мастчоҳи Кӯҳӣ дар картошкапарварӣ мақоми хосаро ишғол намуданд. Дар ҷумҳурӣ солҳои 1971-1975 ба ҳисоби миёна ҳар сол 101 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шуда буд. Соли 1982 бошад истеҳсоли он 162,2 ҳазор тоннаро ташкил дод. Маҳз дар ҳамин давр лимӯпарварӣ хеле инкишоф ёфт ва лимӯи Тоҷикистон шӯҳрати зиёд пайдо карда буд. Танҳо хоҷагии лимӯпарварии ба номи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Вахш соли 1976 – 4,4 млн. дона лимӯ ба фурӯш баровард, ки он 47% — истеҳсоли ҷумҳуриявии ин маҳсулотро ташкил медод. Соли 1980 дар ҷумҳурӣ қариб 1,3 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол карда шуд. Геранпарварӣ низ ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёфта буд. Ин маҳсулот танҳо дар 5 колхозу совхозҳои ноҳияҳои Турсунзода ва Қумсангир истеҳсол мегардид ва он 60%-и маҳсулоти герани Иттифоқро ташкил медод. Равғани эфири геран дар саноати хӯрокворӣ, доруворӣ ва атриёт ба тарзи васеъ истифода мегардид. Дар бисёр ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ тамокупарварӣ низ инкишоф ёфта буд.

Мушкилотҳои иҷтимоии деҳот. Дар шароити ҷумҳурии мо қисми асосии аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ ва бештари онҳо бо кишоварзӣ машғул мебошанд. Суръати афзоиши аҳолӣ хело баланд аст. Аммо майдонҳои кишт, ки маҳдуд буд, бинобар ин ҳамон солҳо ҳам як қисми аҳолии деҳот дар асл бекор буданд. Масалан, солҳои 50-ум яке аз хоҷагиҳои пахтакори води Вахш, барои коркарди 100га. замин 20 нафар колхозчӣ дошт. Солҳои 80-ум бошад сафи колхозчиёни ҳамин хоҷагӣ зиёда аз 100 нафар шуд. Илова ба ин техникаи кишоварзӣ ҳам зиёд гардид. Албатта, чунин вазъият ба даромаднокии хоҷагӣ таъсири манфӣ расонид. Корхонаҳои саноатӣ дар деҳот набуд. Онҳо асосан дар шаҳру шаҳракҳо ҷой гирифта буданд. Умуман ҷойгиршавии корхонаҳои саноатӣ нисбатан бештар дар Душанбе, пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон дида мешуд. Ин ҳама аз хусуси нобаробарии сатҳи инкишофи минтақаҳои мухталифи мамлакат шаҳодат медод. Чунин вазъият, ниҳоят охири солҳои 80 ва аввали 90-ум сабабгори эътирозҳои ошкорои мардум гардида буд.

Азхудкунии заминхои нав, Иншоотхои обёрикунанда, Мухочирати дохили, Техникаи кишоварзи, Истехсоли махсулотхои кишоварзи, Галлакори дар солхои 50-80, чорводори, Мушкилотхои ичтимоии дехот, дар солхои 1950-1980.

443
Нет комментариев. Ваш будет первым!