Инкишофи пахтакорӣ ва саноат дар Осиёи Миёна

Шаклҳои заминдорӣ ва андоз. Чуноне дар мавзӯи аввал қайд кардем, яке аз мақсадҳои асосии забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия-ин ба макони ашёи хоми саноати бофандагии буржуазияи рус-пахта табдил додани кишвар ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад ҳукуматдорони подшоҳӣ баробари дар ин сарзамин мустаҳкам намудани мавқеи худ чораҳои заруриро барои инкишофи пахтакорӣ диданд. Зеро то замони забти ин кишвар ҳиссаи пахтаи он дар саноати бофандагии Русия ночиз буд. Масалан, он соли 1862 тахминан 4-7 фоизро ташкил мекарду халос.

Барои амалан ба маркази ашёи хом-пахта табдил додани Осиёи Миёна, ба ҳукумати подшоҳӣ лозим омад, ки дар мадди аввал ақалан дар кишвари Туркистон тарзи истифодаи замин ва ситонидани андозро ба талаботи худ мувофиқ намояд. Бинобар ҳамин ҳам, баробари дар ин кишвар ҷорӣ гардидани тартиботи мустамликавӣ, масъалаи шаклҳои заминдорӣ ва андоз низ диққати ҳукуматдорони подшоҳиро ба худ ҷалб карда буд. Вале бо сабаби ҷиҳатҳои фарқкунандагии ҳолати кишоварзии Осиёи Миёна, махсусан дар ин ҷо мақоми асосиро ишғол намудани заминҳои обӣ ва камҳосил будани заминҳои лалмӣ (яъне нисбат ба губернияҳои сиёҳзамини Русия) онҳоро маҷбур намуд, ки ба масъалаи заминдорӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухорою хонии Қӯқанд то забти Русия ҳиссаи бузурги замин — тахминан 50%-ро заминҳои давлатӣ-амлокӣ ва 25%-ро заминҳои вақфӣ ташкил медоданд. Дар ин заминҳо асосан деҳқонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонӣ ва ташкилотҳои вақфӣ (мадрасаҳо, масҷидҳо ва ғайра) андоз-хироҷ месупориданд. Тахминан 25%-и боқимондаи заминро мулкҳои хури холис (яъне мулкҳои аз андоз озод) ва мулкҳои хириҷӣ ташкил менамуданд. Аз чунин тартиботи заминдорӣ ҳукуматдорони подшоҳӣ қаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Миёна, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии…” ин кишвар заминҳои давлатӣ, яъне амлокӣ ва як ҳиссаи заминҳои вақфӣ чун мулки хусусӣ бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш-деҳқонон, бе пул супорида шуд. Инчунин он ҳиссаи заминҳои мулкие, ки то забтшавӣ аз андоз озод буданд, аз чунин ҳуқуқ маҳрум гардида, ба қатори заминҳои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар асоси таҷрибаи Русия, қисме аз заминҳо ба ихтиёри общинаҳои деҳқонӣ гузаронида шуд.

Дар кишвари Туркистон андози давлатиро бо номи оброк аз заминҳои истифодашавандаи обӣ, аз рӯи даромаднокӣ, ба ҳисоби миёна 10 фоиз, ҳанӯз пеш аз кишт, яъне дар фасли баҳор муайян мекарданд. Аз заминҳои лалмӣ аз ҳар десятина 25 тин рӯёнида мешуд. Барои мардуми кӯчманчӣ, чун андоз, аз ҳар юрта (кибитка) 4 сӯмӣ, барои мулки ғайриманқулаи мардуми шаҳр андози давлатӣ муайян карданд. Ҳамаи ин андозҳо ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар ҳамчун андоз 6978720 сӯм ҷамъ карда бошанд, пас он соли 1917 зиёда аз 33 млн. сӯмро ташкил намудааст.

Дар аморати Бухоро, баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштани он, оид ба шаклҳои заминдорӣ ва андоз тағйироте ба вуҷуд наомад. Дар ин ҷо мисли пештара замин ба шаклҳои: амлокӣ (ё худ давлатӣ, ки ба он заминҳои бо ном амирӣ ҳам дохил мешаванд), вақфӣ, мулкҳои хури холис ва хироҷӣ тақсим мешуданд. Мисли пештара (тахминан 75%-ро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ ташкил менамуданд. Аз заминҳои амлокӣ ва хироҷӣ андоз бо номи хироҷ бояд 10 фоизи ҳосил, яъне баъди ҷамъ намудани ҳосил, ба фоидаи хазинаи амир, аз заминҳои вақфӣ ҳамин миқдор андоз ба фоидаи мадрасаю масҷидҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас ситонида мешуд.

Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи ҳукумати амирии Бухоро закот ба ҳисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молҳои тиҷоратӣ ва пули нақд ситонида мешуд.

Аминона ҳам яке аз андозҳои асосии замони амирӣ ба ҳисоб мерафт. Ин намуди андозро аз ҳамаи молҳои барои фурӯхтан муайяншуда меситониданд. Дар байни молҳое, ки ба фурӯш бароварда мешуд, ҷои намоёнро пахта, ғалла, пӯсти қарокӯлӣ, пашм, чорво, мева, матоҳои гуногун ва ғайраҳо ташкил менамуданд.

Ба ғайр аз андозҳои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз даҳҳо намудҳои гуногуни андоз вуҷуд доштанд. Амалдорони замони амирӣ барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз ҳавасманд буданд. Зеро, бо чунин тадбир онҳо аз як тараф ба амир ва наздикони ӯ кордонии худро нишон диҳанд, аз тарафи дигар як ҳиссаи андози ғункардаро аз они худ мекарданд, ки ин гуна ҳолат ҳатто баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳиро ба ташвиш гузоштааст.

Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ барои оромии дохилии аморати Бухоро низ манфиатдор буданд. Зеро, ҳангоми ба вуқӯъ омадани хурӯҷҳои халқӣ амир барои имдод бегуфтугӯ ба онҳо муроҷиат мекард. Бинобар ҳамин ҳам амалдорони рус борҳо дар назди ҳукумати амирӣ масъалаи ба тартиб даровардани тарзи ситонидани андоз, бартараф намудани он бетартибиҳо, махсусан худсарии ҳокимон (бекҳо) ва мутасаддиёни андозро гузоштаанд. Чунончӣ, боре гумоштаи давлати Русия А.Сомов дар вақти сӯҳбат бо амир Олимхон ҳамин таклифро гузоштааст. Вале амир дар ҷавоб гуфтааст: «Ман худам дар аҳди падари марҳумам беки Каршӣ будам… Агар ба даромад кардани бекҳо роҳ надиҳам, дар он вақт ба онҳо маош додан лозим меояд ки ин тамоман як дигаргунии калон мешавад, вале дар мамлакати мо ба ин одат накардаанд». Минбаъд, агарчанде аз тарафи ҳукумати амирӣ барои қисми амалдорон маош таъин карда шуда бошад ҳам, вале худсариҳои онҳо ҳамон, мисли пештара давом кардааст.

Ҳамин тарз, баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна ҳукуматдорони подшоҳӣ танҳо дар шароити кишвари Туркистон то андозае тарзи истифодаи замин ва рӯёнидани андозро ба тартиби муайян даровардаанду халос.

Оғози кишти пахтаи навъи америкоӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ба манбаи ашёи хом – пахта табдил ёфтани он. Дар нимаи дуюми асри ХIХ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи пахтакории Осиёт Миёна ин иваз намудани пахтаи навъи маҳаллӣ — ғӯза бо навъи пешқадами ҷаҳонӣ-америкоӣ буд. Зеро, ғӯза бо сабаби кӯтоҳнах буданаш талаботи рӯзафзуни саноатчиёни Русияро қонеъ гардонида наметавонист. Аз ҳамин сабаб дар сарзамини Осиёи Миёна бо ташаббуси ширкатҳои марказии Русия кишти пахтаи навъи америкоӣ оғоз ёфт.

Аввалин кӯшишҳои дар ҳудуди Осиёи Миёна паҳн намудани пахтаи навъи америкоӣ (солҳои 1859-1860 ва 1874) натиҷаи манфӣ доданд. Он танҳо 1882 натиҷаи дилоҳ дод.

Солҳои 80-90-уми асри ХIХ намояндагони рафоқату ширкатҳои номии русиягие, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна нуфуз пайдо карда буданд, ба деҳқонон пунбаи пахтаи навъи америкоиро бе пул тақсим карда дода, бо мақсади ҳавасмандӣ, барои онҳое, ки зиёда пахтаи аълосифати ин навъро супоридаанд, ҳатто мукофотҳои пулӣ муайян мекарданд.

Албатта рафоқату ширкатҳои марказӣ аз ҳаридани пахтаи маҳаллӣ-ғӯза низ даст накашидаанд. Вале онҳо кӯшиш мекарданд, ки деҳқонон ҳар чӣ зиёдтар маҳз пахтаи навъи америкоӣ коранд. Барои ин онҳо деҳқонони пахтакори кишварро маҷбур не, балки ҳавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи америкоӣ низ нисбат ба ғӯза баландтар буд.

Маҳз бо ташаббуси ҳамон рафоқату ширкатҳои русиягӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна баъзе таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, махсусан америкоӣ оҳиста-оҳиста ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар кишвар ба воситаи сеялка ба кишти қатораи пахта оғоз намуда, баъзе ҳоҷагиҳо ҳангоми шудгори замин аз плугҳо низ истифода бурдаанд.

Бо мақсади дар шароити ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна мутобиқ кунонидани пахтаи навъи америкоӣ, майдонҳои таҷрибавии пахтакорӣ ҷорӣ карда шуд. Чунин майдонҳои таҷрибавӣ соли 1897 дар наздикии Ашқобод, соли 1900 дар Дилварзин ва соли 1901 дар наздикии Андиҷон ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа пахтаи навъи америкоӣ бо зудӣ дар шароити ноҳияҳои гуногуни кишвар мутобиқ кунонида шуд.

Аммо он солҳо ба ҳоҷагии қишлоқи кишвар сар даровардани баъзе намудҳои техникаи нав нигоҳ накарда, пахтакорӣ ҳанӯз ҳам бештар ба техникаи кӯҳна асос меёфт. Зеро, аз як тараф аксарияти ҳоҷагиҳои деҳқонӣ, ки миёнаҳол буданд, бинобар ин онҳо қобилияти ҳаридани техникаи навро надоштанд ва аз тарафи дигар дар шароити кишвар муқобилони ҷорӣ намудани техникаи нави кишоварзӣ, аз ҷумлаи мутасаддиёни болоии ҳукумати подшоҳӣ кам набуданд. Чунончӣ, 23 сентябри соли 1907 дар яке аз ҷамъомадҳои Кумитаи Биржагии Қӯқанд, бо иштироки раиси Кумитаи пахтаи Русия, собиқ вазири савдо ва саноати Русия В.И. Темирязов, ҳатто қарор карда шуд, ки ҳосилнокии замини пахтаи бо меҳнати дастӣ асос ёфта, нисбат ба коркарди мошинӣ хеле баланд ва самаранок аст. Аз ин сабаб таъкид шуд, ки «дар шароити деҳқонони яккадасти кишвар бо мошин иваз кардани меҳнати дастӣ беасос мебошад».

Умуман чорабиниҳои гуногуни дар соҳаи пахтакорӣ пешгирифта (пеш аз ҳама ҳавасманд намудани деҳқонон) имконият доданд, ки дар Осиёи Миёна пахтакорӣ инкишоф ёбад, ҳосилнокии он нисбат ба солҳои пешин зиёд гардад ва истеҳсоли пахта хело афзояд.

Дар натиҷа агар дар саноати бофандагии Русия ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна соли 1890 тақрибан 30 фоиз ва хориҷӣ 70 фоиз бошад, пас соли 1914 ҳиссаи пахтаи ватанӣ, яъне осиёимиёнагӣ, (ба марказ кашонидани он соли 1915 ҳам идома ёфт) тақрибан ба 70 фоиз расиду ҳиссаи пахтаи хориҷӣ то ба 30 фоиз фаромад. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон Осиёи Миёна ба манбаи асосии ашёи хом-пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфтааст.

Бояд ба инобат гирифт, ки ҳанӯз дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади дар сарзамини Осиёи Миёна инкишоф додани пахтакорӣ, ӯҳдадор шуда буд, ки мардуми ин кишварро бо ғаллаи арзони дигар губернияҳои Русия, махсусан аз ғаллаи ноҳияҳои Сибир таъмин намояд. Чунин «ӯҳдадорӣ» то солҳои аввали ҷанги якуми чаҳон ба хубӣ иҷро шуд. Вале минбаъд, махсусан солҳои 1916-1917, он ӯҳдадорӣ бо сабабҳои гуногун иҷро нагардид ва боиси гаронии нархи ғалла дар кишвар ва хеле паст рафтани сатҳи зиндагии мардум шуд.

Консессияҳои замин. Афзудани талабот нисбат ба пахта дар навбати худ зиёд намудани майдони кишти ин зироат ва мантиқан зиёд намудани ҳароҷотро ба миён гузошта буд. Бинобар ҳамин ҳам соли 1907 Шӯрои генерал-губернатории Туркистон барои ба корчаллонҳои алоҳида, маҳз барои кишти пахта чун консессия додани қитъаҳои замини давлатӣ қарор қабул кард. Ин қарор агарчанде танҳо ба сарзамини кишвари Туркистон дахл дошт, вале он барои ба ҳамин иқдом кашидани тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла сарзамини аморати Бухорою хонии Хева низ роҳ кушод.

Дар натиҷа, дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна корчаллонҳо (бештар аз ҳисоби амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, гумоштагони бонкҳо, сармоядорон, муҳандисон ва ғайра), дар асоси қарори боло, гӯё, бо мақсади инкишофи пахтакорӣ, қитъаҳои калони заминро ба ихтиёри худ дароварданд. Аз ҷумла соли 1913 агенти бонки Русию Осиёгӣ Стовба аз ҳукумати амирии Бухоро 10,9 хазор гектар замини бекигарии Қубодиёнро ба консессия гирифт. Дар худи ҳамон сол княз Андронников бо ҳамроҳии Шарапов зиёда аз 27 ҳазор гектар заминро аз даштҳои Қаршӣ чун консессия аз ҳукумати амирӣ ба ихтиёр дароварданд. Ё худ ҳанӯз 23 феврали соли 1912 дар байни ҳукумати амирии Бухоро ва муҳандиси ҳарбӣ А.Г.Ананев шартномае имзо гардида буд, ки мувофиқи он амир ба Ананев 78 ҳазор гектар замини водии Шерободро чун консессия дод. Бо мақсади азхуд намудани замини пешкашшуда 30 марти соли 1914 бо ташаббуси А.Г.Ананев ва намояндаи бонки Тиҷоратию саноатии русӣ ҷамъияти саҳомии «Шеробод», бо сармояи 18 млн. сӯм ташкил карда шуд. Соли 1916 ҷамъият барои азхудкунии водӣ корҳои васеъро оғоз намуд. Вале соли 1917 бо ғалабаи Инқилоби Октябр ҳамаи нақшаи бунёдкунандагони ҷамъият барбод рафт.

Ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани шаклҳои гуногуни саноат дар Осиёи Миёна (заводҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ). Барои Осиёи Миёна солҳои 80-90-и асри Х1Х асосан солҳои бавуҷудоӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ба ҳисоб меравад. Зеро, мувофиқи баъзе маълумотҳо то соли 1880 дар кишвари Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи саноатӣ вуҷуд доштаасту халос. Аз он ҷумла: 1 заводи пахтатозакунӣ, 2 заводи пӯст, 1 заводи собунпазӣ, 1 матбаа, 4 заводи вино, 1 заводи пивопазӣ, 5 заводи спирттозакунӣ, 1 корхонаи пиллахушккунӣ, 1 заводи биринҷтозакунӣ ва ғайра амал мекардаанд.

Дар ин давр гумоштагони рафоқатҳою ширкатҳои марказӣ пахтаи аз Осиёи Миёна ҳаридаашонро ба шаҳрҳои марказӣ, аз он ҷумла Москва ва атрофи он фиристода, дар ҳамон ҷо онро аз пунбааш (пундонааш) тоза мекарданд, ки ин барояшон хело гаронӣ мекард. Бинобар ин минбаъд, яъне аз солҳои 80-уми асри Х1Х бо ташаббуси он ширкатҳо дар маҳалҳои гуногуни пахтакорӣ (бештар дар назди деҳаҳо) заводҳои пахтатозакунӣ сохта шуданд. Дар аввал барои ҳаракати он заводҳо қувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онҳоро ба қувваи механикӣ иваз карданд.

Заводҳои пахтатозакунӣ ба соҳибонашон даромади зиёди бедардимиён медоданд. Зеро, онҳо пахтаро аз деҳқонон бо нархи нисбатан арзон ҳарида, онро дар заводи худ тоза намуда (яъне нахашро аз пунбааш ҷудо намуда), нахашро бо нархи дучанд ба корҳонаҳои бофандагӣ мефурӯхтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам шумораи заводҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Миёна аз аввали солҳои 80-ӯми асри ХIХ сар карда бо суръати тез меафзуд ва дар соли 1914 то ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фақат дар кишвари Туркистон (аз ҷумла танҳо дар вилояти Фарғона — 240 завод), дар аморати Бухоро — 29 завод ва дар хонии Хева — 11 завод чой гирифта буд.

Сохтмони заводҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома ёфт. Аз он ҷумла соли 1916 дар Саройи Камар (шаҳрчаи Панҷи ҳозира) ягона дар Бухорои Шарқӣ заводи пахтатозакунӣ сохта шуд, ки он то баркароршавии Ҳукумати Шӯравӣ фаъолият мекард. Он завод ба Ширкати Бухорои Шарқӣ тааллуқ дошт.

Дар аввал пунбаро (ё худ пундонаро) аз пахта (ё худ ғӯза) ҷудо карда, онро бештар ба ҷои сузишворӣ истифода мебурданд. Яъне қисми бузурги пунба-ҳамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо мақсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равған аз аввали солҳои 90-и асри Х1Х, боз бо ташаббуси ширкатҳо ва тоҷирон заводҳои равғанкашӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо соли 1914 ба 29 адад расид.

Мувофиқи ашёи хоми кишвар инчунин заводҳои дигар, ба монанди: заводҳои ордкашӣ, винокашӣ, пивопазӣ, собунпазӣ, коркарди чӯб, коркарди пӯст; фабрикаҳои тамокӯ, гӯгирдбарорӣ; корхонаи шоҳибофӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи инкишофи шаклҳои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон соли 1914 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта аксарияти кулли онҳо корхонаҳои хурд буданд. Миқдори зиёди заводу фабрикаҳои нав низ дар вилояти Фарғона ҷой гирифта буданд. Бо инкишофи корхонаҳои саноатӣ Қӯқанд, Намангон, Андиҷон (дар вилояти Фарғона), Самарқанд, Хуҷанд (дар вилояти Самарқанд), Тошкент (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва дигарҳо ба марказҳои саноатӣ (ба маънои давраи аввалааш) табдил ёфтаанд.

395
Нет комментариев. Ваш будет первым!