Давлати Ғуриён (1147-1215)

Ташаккул ва нашъунамои давлат. Қаламрави Ғуриён кишвари кӯҳистонии саргаҳи Ҳарирудро меномиданд, ки аз Ҳирот то Бомиён ва ҳудуди Кобулу Ғазна тӯл мекашид. Дар ин сарзамин ва ҳатто ноҳияҳои ҳамҳудуди он аз қадимулайём тоҷикон мезистанд. Ғуриён сулолаи тоҷиктабори Шинасбониён ё Оли Шинасбро мегӯянд, ки дар таъриху тамаддуни мо ҷойгоҳи муносиб доранд. Ин хонадон бинобар ахбори сарчашмаҳо аз замони қиёми Абумуслим (747-750) бар ин мулк ҳукумат доштанд. Намояндагони ин сулола бо итоати расмӣ аз Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Ғазнавиён ҳукумати хешро тавонистанд, ки нигоҳ доранд. Мардуми Ғур бо диловариву размҷӯӣ машҳур буданд, вале аз сабаби ҷангҳои ҳамешагии дохилӣ наметавонистанд, ки истиқлолияти пурраро ба даст оранд. Дар ибтидои асри XI муносибатҳои иҷтимоии Ғур ҳанӯз дар ҳолати ибтидоӣ вуҷуд дошта, ғуломдорӣ низ мавҷуд буд ва аз ин сарзамин ба ҷойҳои дигар ғуломонро мебурданд. Ислом ҳам дар ин сарзамин хеле дер ва ба кундӣ ҷорӣ шуда, ҳатто дар миёнаи асри XI ҳанӯз баъзе қабилаҳо исломро напазируфта буданд. Вижагии дигари Ғур мавҷуд будани мулкҳои гуногун дар он ва зиддияти малику шоҳчаҳои бо ҳам зид ба ҳисоб мерафт.

Маҳмуди Ғазнавӣ кӯшишҳои ҷиддӣ намуд, ки ин мулкро пурра ба ихтиёри худ дароварад, аммо ин чиз ба ӯ муяссар нагардид ва итоати Ғуриён низ расмияте беш набуд.

Асосгузори сулолаи Ғуриён Сайфиддин Сурӣ дар яке аз минтақаҳои кишвар бо номи Остия пойтахти Ғурро таъсис дод. Қутбиддин бародари ӯ бошад, қалъае бо номи Фирӯзкӯҳ таъсис дода, пойтахтро ба ин ҷой овард. Дар нимаи дуюми асри XI Ғуриён аз Ғазнавиён фармон, баранд ҳам, ҳудудҳои мулки худро васеъ намуданд.

Рақобати Ғуриёну Ғазнавиён. Дар зери итоати расмии Ғазнавиён ва гоҳе ҳам Салҷуқиён Ғуриён тавонистанд, қудрати худро ҳифз намоянд. Баҳромшоҳи Газнавӣ дар соли 1147 амири Ғуриён Қутбиддинро бо макру фиреб ба дарбор даъват карда, ба қатл расонид ва ин амал ба тирагии муносибати ду силсила ва ҷангҳои тӯлонии онҳо овард. Соли 1149 бошад Ғазнавиён Сайфиддин Суриро ба қатл расониданд. Пас аз ин дар давоми беш аз чил сол ҷангҳои хонаводагии Ғуриёну Ғазнавиён давом меёбад.

Нимаи дуввуми асри XII давраи болоравии Ғур дониста мешавад. Султон Сайфиддин ба қасди Қутбиддин алайҳи Ғазнавиён лашкар кашида, лашкари ӯро торумор кард. Пас аз фирори Баҳромшоҳи Ғазнавӣ аз Ғазнин ин шаҳрро маркази ҳукумати худ гардонид. Аммо Баҳрошоҳ ба Ҳиндустон ақибнишинӣ карда, артиши худро мусаллаҳ намуд ва дубора Ғазнинро ба даст оварда, Сайфиддини Ғуриро соли 1149 пас аз таҳқиру хорӣ ба қатл расонид. Ин ҳодиса оташи низоъи ду хонадонро фурӯзонтар гардонид.

Алоуддини Ғурӣ (1149-1161) соли 1150 дар набарди хунин бар лашкари Ғазнин ғолиб омада, ин шаҳри таърихиву бошукӯҳро, ки беш аз сад сол аз маъмуртарин шаҳрҳои ҷаҳони ислом маҳсуб мегашт, ба оташ кашид. Ҳатто устухонҳои бисёре аз султонҳои ғазнавиро аз гӯр берун кашида сӯзонид. Алоуддин пас аз ин воқеъа бо лақаби «Ҷаҳонсӯз» маъруф гардид. Дар замони Алуддин ба ғайр аз Ғур салтанати ин хонадон ба музофотҳои дигаре аз қабили Бомиён, Тахористон, Ғарчистон, Довар, Буст, Ҳироту атрофи он ҷорӣ буд. Ин подшоҳро асосгузори давлати мустақили Ғуриён номидан мумкин аст.

Болоравии Ғуриён. Султон Санҷари Салҷуқӣ (1118-1157), ки бузургтарин ҳукмрони он рӯз буд, аз пешрафту тавсеъаи қаламрави Ғуриён ба ҳарос афтода, бар муқобили он лашкар мекашад. Дар ин муҳориба гурӯҳе аз туркон, ки дар лашкари Ғур буданд, хиёнат карда, ба ҷониби Санҷар гузаштанд ва ин разолат натиҷаи ҷангро низ ба суди Салҷуқиён гардонида, Алоуддинро асир сохт. Аммо пас аз гуфтушунид, қарор бар ин шуд, ки Алоуддин аз банд раҳоӣ ёфта, ғуриҳо дар муборизаи Санҷар бо ғузҳо бо ӯ ҳампаймон гарданд. Соли 1072 онҳо баъд аз тобеъ намудани Бомиён ва қисме аз Тахористон ғуриҳо Ғазнаро аз дасти оғузҳо бозпас гирифтанд.

Дар аҳди ҳукмронии ҳамзамони бародарон Ғиёсиддин (1163-1202) ва Муизуддин (1174-1206) давлати Ғуриён ба авҷи шукуфоӣ ва азамати худ расид. Пас аз чанд кӯшиши бебарор саранҷом соли 1187 ғуриҳо Лоҳурро тасарруф карда, ба ҳукумати Ғазнавиён дар шимолии Ҳиндустон хотима бахшиданд ва охирин султони ғазнавӣ Хусравмаликро асир гирифта, ба Фирӯзкӯҳ фиристоданд. Балх, Нишопур ва аксари заминҳои салҷуқиҳо низ аз тарафи Ғуриён забт гардид. Дар як муддати начандон тӯлонӣ шаҳрҳои Гардез (1174), Ҳирот (1175), Мултон (1175), Фушанҷ (1177), Лоҳур (1181), Марв (1192), Деҳлӣ (1192) аз тарафи Ғуриён тасарруф гардида, ба қаламрави онон пайваст шуд. Халифаи аббосӣ маҷбур шуд, ки қудрати ин хонадонро ба расмият бишносад. Хоразмшоҳиён низ, ки бештари мулкҳои салҷуқиҳоро соҳиб гашта буданд, дар баробари Ғуриён оҷиз монда, ҳатто Муҳаммади Хорзмшоҳ ба султони Ғур пешниҳод кард, ки розӣ ҳаст, то модари қудратмандаш Турконхотунро ба султони Ғур Ғиёсиддин ба занӣ диҳад. Дар охири умри Ғиёсиддин ҳудуди давлати Ғуриён шимолии Ҳиндустон, тамоми Хуросон ва қисме аз Мовароуннаҳрро фаро мегирифт. Ҳудуди давлат то ба ҳадде расида буд, ки аз се марказ Фирӯзкӯҳ, Ғазнин ва Бомиён идора мешуд.

Соли 1210 дар мавзеъи Солураи Форёб миёни Ғуриён ва Хоразмшоҳиён набарди хунин рух дода, ба ғалабаи Ғуриён ва фирори лашкари Хоразм анҷом ёфт. Пас аз марги бародарон Муизуддин (1206) ва Ғиёсиддин (1206) офтоби толеъи ин хонадон рӯ ба завол ниҳод ва зиддиятҳои дохиливу ҳуҷуми хоразмшоҳиён (соли 1215) боиси аз байн рафтани давлати Ғуриён гардид.

Ғуриён низ дар умури давлатдорӣ мисли Сомониён умури кишварро ба воситаи девонҳо танзим мебахшиданд. Шумораи девонҳои Ғуриён 7 адад буд. Сарвари худро ғуршоҳ ва ё султон меномиданд. Зиддиятҳои дохилӣ ва мубориза барои қудрат миёни хонадони ҳукуматгари ғурӣ барои тамоми давраҳои таърихии он хос мебошад. Ғуриён низ дар таърихи давлатдории тоҷикон нақши муҳиме аз худ ба мерос гузоштаанд.

423
Нет комментариев. Ваш будет первым!