Шоҳаншоҳии Сосониён (224-651)

Ташкилёбии шоҳаншоҳии Сосониён. Ардашери Бобакон. Сосониён охирин сулолаи эронии тоисломӣ буда, аз соли 224 то 651-уми мелодӣ, яъне 427 сол дар Шарқи Наздику Миёна ҳукмронӣ кардаанд. Онҳо аз ҳавзаи таърихии Форс бархоста, худро вориси бевоситаи сулолаи Ҳахоманишиҳо муаррифӣ намуда, ба ин васила пайванди ногусастании Эрони қадимро бо Эрони ибтидои асримиёнагӣ ба вуҷуд оварданд. Дар замони Сосониён ваҳдати сиёсии Эрон таъмин гардида, якчанд равандҳои ҷолибе зуҳур карданд, ки онҳо таърихи ин давраро хеле пурҷило менамоянд.
Номи сулола ва давлати Сосониён аз исми ниёии хонадон Сосон, ки мубади оташкада (маъбад)-и Анаҳито (Ноҳид) дар Истахр маҳсуб мешуд, бармеояд. Ба давлат набераи ӯ Ардашери (I) Бобакон, асос гузошт. Ӯ аз нуфузи рӯзафзуни рӯҳониёни зардуштӣ, муқовимати хонадонҳои ҳукуматгари маҳаллӣ, ашрофону заминдорони Форс, инчунин аз сустшавии иқтидори ҳокимияти марказӣ истифода карда, артиши шоҳи Ашкониён Артабони V-ро соли 224 шикаст дода, худи Артабони V-ро кушт. Бо марги ӯ шоҳаншоҳии Ашкониён аз байн рафт ва дар харобаҳои он шаҳаншоҳии Сосониён ташкил ёфт. Ардашери I бо духтари Артабони V издивоҷ намуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳокимияти хешро қонунӣ гардонида, баҳори соли 227 дар маъбади Анаҳито (Ноҳид) дар Истахр маросими тоҷгузорӣ доир кард ва худро «шоҳаншоҳи Эрон» эълон намуд. Ҳамзамон ба мақсади ташкили давлат ва нуфузи қудрат дар ҳудуди шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо ҷаҳду xадал намуда, қисмати шимолии Байнаннаҳрайн, Каппадокия, Сурия, Арманистон, Сакистон ва қисман Хуросонро тасхир карда, то соли 241 саросари сарзамини Эронро ба ҳайати шоҳаншоҳии навташкили Сосониён дохил намуд.
Шоҳаншоҳии Сосониён дар замони Шопури I ва Шопури II. Шопури I (241-272) бо Кушониён ҷангида ҳудуди шоҳаншоҳии Сосониёнро васеъ намуд. Махсусан, чангҳои Шопури I бо римиҳо ҷолиб аст, зеро сиёсати забткоронаи ӯ дар Ғарб боиси ҷангҳои дуру дароз бо империяи Рим гардид. Соли 260 дар яке аз ҷангҳо дар назди Эдесса император Валериан (253-260) бо аҳли оилааш, якчанд нафар сенатору донишмандон ва 70 ҳазор нафар аскарони римӣ ба асорат афтиданд, инчунин ислоҳоти мубад Картирро бо мақсади таҳияву талқини дини расмии зардуштӣ ҷонибдорӣ карда, дар сарзаминҳои тасарруфшуда онро маҷбуран ҷорӣ кард. Шопури I дар маросими тоҷгузорӣ худро «шоҳаншоҳи Эрон ва ан-Эрон», яъне «шоҳаншоҳи Эрон ва ғайри Эрон» эълон кард, подшоҳони пасини Сосонӣ ҳам то ба охир ҳамин унвонро қабул намуданд.
Шоҳаншоҳ Шопури II (309-379) дар натиҷаи ҷангҳои тӯлонӣ солҳои 40-60-уми асри IV ҳокимони музофотҳои марказгурезро зери итоат дароварда, аввал ба арабҳои Баҳрайн зарба зада, амнияти марзҳои ҷанубии давлатро таъмин намуд; дуюм, ба Хуросон ҳамла карда, ҳуҷуми қавми Хиёниёнро боз пас гардонида, бо онҳо иттифоқи ҳарбӣ баст; сеюм, дар ҷангҳо бо империяи Рим ғолиб омада, дар асоси шартномаи соли 363 бисёр вилоятҳои аздастрафтаи Байнаннаҳрайн, аз 3/4 қисми Арманистон ва минтақаҳои назди Кавказро ба Эрон шомил карда, ҳудуди пештараи шоҳаншоҳии Сосониёнро барқарор кард. Дар ин ҷанг, яъне соли 363, дар яке аз муҳорибаҳо императори Рим — Юлиан (361 — 363) аз тарафи нерӯи қӯшунҳои Сосониён кушта мешавад. Ҳамзамон Шопури II охири солҳои 60 — аввали 70-ум муҷаддадан ба Шарқ лашкар кашида, то ба Тирмиз ҳама сарзаминҳоро тасхир карда, давлати Кушониёнро пурра барҳам дод.Соли 387 байни Рим ва Эрон муоҳидаи нав баста мешавад, ки дар натиҷа Арманистони Ғарбӣ ва Гурҷистони Ғарбӣ (Лазика) бо империяи Рим, қисми зиёди Арманистон (Персармения), Гурҷистони Шарқӣ (Картли) ва Албания ба ихтиёри Сосониён гузашт.
Баъди Шопури II шоҳаншоҳии Сосониёнро якчанд подшоҳони сустирода идора карданд, Яздигурди I (389-421) дар эътимод ба нуфузи насрониён то дараҷае иқтидори ҳокимияти марказиро устувор карда, нисбати империяи Рум (Византия) сиёсати мусолиматомезро пеш гирифта, таъсири ашрофону рӯҳониёни зардуштиро то андозае суст намуд, вале тартиботи бераҳмонаи Сосониён дар минтақаҳои назди Кавказ боиси эътирози сахти халқҳои зердаст гардид.
Дар асри V тамоми нерӯи аскарии Сосониён ба ду самт: ба шимолу ғарб ва шарқ равона карда шуд. Сосониён дар шимол барои баргардонидани таҷовузи қабилаҳои бадавӣ, дар ғарб барои пахш кардани қиёмҳои озодихоҳонаи арманҳо ва дар шарқ бошад, аввал бо Хиёниён ва баъд бо Ҳайтолиён мубориза бурданд. Муборизаҳо бо Ҳайтолиён, ки тақрибан як аср давом кард бо шикасти Сосониён ва ба марги шоҳаншоҳ Пирӯз (459-484) анҷом ёфт. Тамоми музофотҳои қисмати шарқи Марв ба ихтиёри Ҳайтолиён гузашт, инчунин Сосониён ӯҳдадор шуданд, ки ба Ҳайтолиён ҳар сол андози калоне диҳанд ва ин тартибот то солҳои 50-уми асри VI давом кард.
Шоҳаншоҳии Сосониён дар замони Хусрави (I) Анӯшервон (531-579) ба авҷи иқтидори худ расид. Хусрави I ҷангҳои пай дар паи мақсаднок карда, ҳатто мулки Яманро дар нимҷазираи Арабистон тасхир намуд, бо туркҳо иттифоқи ҳарбию сиёсӣ баста, солҳои 563-567 давлати Ҳайтолиёнро шикаст дода, қисматҳои ҷанубии Варазрӯд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза, аз ҷумла ҳудуди имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон, вилояти Сурхандарёи Узбекистон ва Туркманистонро ба ҳайати шоҳаншоҳии Сосониён хамроҳ кард. Ӯ як силсила ислоҳот гузаронида, сохтори ҳудудию идорӣ, низоми ҳарбӣ, системаи молиявӣ ва андоз, инчунин вазъи динии ҷомеаи Сосониро ба тартиб оварда, мақоми ҳокимияти марказиро ниҳоят баланд бардошт.
Вале сиёсати пешгирифтаи Ҳурмузди IV (579-590), ки аз таъқиби сахти ашрофони олӣ, рӯҳониёни зардуштӣ ва ба фоидаи аскарони оддӣ мусодира кардани молу мулки онҳо иборат буд, ҷараёни ба ҳаёт татбиқшавии ислоҳоти Хусрави I ва мӯътадилшавии вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Сосониро халалдор сохт. Солҳои 589-590 баъд аз ҷанги Эрон бо туркон, ки бо ғалабаи нерӯи аскарии Сосониён анҷом ёфт, дар Хуросон исёни қудратталабонаи сипаҳсолор Баҳроми Чӯбина сар зад, аъёну ашроф ва рӯҳониён аз мавҷи шӯриш ба ҳарос афтида, Ҳурмузди IV–ро сарнагун сохта, Хусрави (II) Парвиз (591-628)-ро ба тахт нишонданд. Баҳроми Чӯбина ҳам ба пойтахти шоҳаншоҳӣ – Тайсафун (Мадоин) лашкар кашида, ҳокимиятро ғасб намуда, як сол (590-591) ҳукмронӣ кард. Шоҳаншоҳии Сосониён то соли 622 дар сиёсати хориҷии худ, ки сиёсати забткорона ҳам буд, муваффақиятҳои беназир ба даст овард. Махсусан ҷангҳои Сосониён бо империяи Рум (Византия) дар солҳои 604-622 муваффақона гузашта, музаффарияти ҳарбию сиёсии Эронро таъмин намуд, вале солҳои 622-628 бошад, дар муҳорибаҳои ҷангӣ румиҳо пурра дастболо гардиданд. Дар яке аз ҷангҳо шоҳаншоҳ Хусрави II шикаст хӯрда, ногаҳон аз майдони муҳориба фирор кард. Ҷанг ба фоидаи румиҳо анҷом ёфта, аксари музофотҳои ҷанубу ғарбии Эрон ба империяи Рум (Византия) гузашт. Дар натиҷа, Хусрави II аз тахт сарнагун карда шуда, Эронро бӯҳрони амиқи ҳокимият фаро гирифт. Солҳои 628-632, яъне дар муддати чор сол, бештар аз 11 нафар подшоҳ ба тахти шоҳаншоҳии Сосониён нишаст. Ахиран Яздигурди III (632-651) кӯшиш намуд, ки нуфузи қувваҳои марказгурезро суст карда, Эронро аз хавфи парокандагӣ раҳо намояд, вале ҷангҳои дуру дароз ба румиҳо ва иттифоқчиёни онҳо, туркҳо ва хазарҳо, инчунин бархӯрдҳо бо арабҳои бадавӣ, муқовимати табақавию сулолавӣ барои соҳиб шудан ба ҳокимият, зулму ситами иҷтимоию динӣ иқтидори мудофиавию сиёсӣ ва иқтисодии Эронро суст гардонида, шоҳаншоҳии Сосониёнро ба ҳолати нестшавӣ оварда расониданд. Аз ин сабаб, эрониён ҳамлаҳои муташаккилонаи арабҳоро боздошта натавонистанд ва дар натиҷа шоҳаншоҳии Сосониён аз байн рафт.
Сохтори идории шоҳаншоҳии Сосониён ба зиндагии муназзами табақавии эрониён иртибот дошт. Эрониён аз замонҳои қадим ба се табақаи суннатии иҷтимоӣ: рӯҳониён, сипоҳиён ва кишоварзон тақсим мешуданд. Дар замони Сосониён бо назардошти рушди иқтисод, ин табақабандӣ вусъат ёфта, ба он боз табақаи иҷтимоии «дабирон» илова гардид, ки он котибону ходимони дарбор, ашрофону мансабдорони давлатӣ, табибону олимон ва ромишгаронро дар бар мегирифт.
Ҳар яке аз ин табақаҳо дар навбати худ ба зертабақа ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ҷудо гардида, сарвари доимии хешро ҳам дошт. Сарварии ташкилоти марказӣ, яъне мақомоти олии иҷроияи шоҳаншоҳиро вузург — фрамодор, яъне сарвазир ба ӯҳда дошт. Ӯ баъд аз шоҳаншоҳ симои дуюми давлатӣ маҳсуб шуда, амалан зимоми қудратро дар даст дошт. Вузург-фрамодор дар набудани шоҳаншоҳ иҷрокунандаи вазифаи ӯ буд. Дар давлати Сосониён низоми навшаклгирифтаи девонсолорӣ амал мекард. Пас аз вузург-фрамодор дар сохтори ҳокимият шахси сеюм сарвари рӯҳониён, яъне мубадон мубад буд. Ҳалли масъалаҳои мушкилоти динӣ, идораи мазҳабӣ, ҷараёнҳои сиёсию динӣ, вазъи оташкадаҳо, маърифатнокии мардум, вазъи додгустарӣ, ҷорӣ намудани адолат дар кишвар бар ӯҳдаи ӯ буд. Теъдоди сершумори рӯҳониён ба умури рӯзгордории мардум дахолат намуда, зиндагии ҳамарӯзаи онҳоро назорат мекарданд.
Иқтисоди шоҳаншоҳии Сосониён бештар ба кишоварзӣ ва бозаргонӣ асос ёфта буд. Дар ин давра, ки худ ба айёми ташаккули муносибатҳои феодалӣ рост меояд, халқҳои эронӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муваффақиятҳои беназире ба даст оварданд.
Аз миёнаҳои асри III сар карда, дар Эроншаҳр раванди тақсимшавии фонди замин вусъат ёфт. Заминҳои подшоҳ, хонадони шоҳаншоҳӣ, ки баъдтар қисмати азими давлатро фаро гирифт, аз ҳисоби забт намудани амволу заминҳои намояндагони сулолаи Ашкониён ва дигар хонадонҳои ҳукуматгари эронӣ, ки бо Сосониён дар мухолифат буданд, хеле афзуд.
Дар ихтиёри ҷамоаҳо як қисми замин, чорво моликияти умумӣ бошад ҳам, замин асосан ба хонаводаҳои алоҳида, ки мустақилона хоҷагидорӣ мекарданд, тааллуқ дошт. Дар асрҳои VI-VII табақаи нави заминдорон — деҳқонони озод пайдо шуданд, ки аъзоёни оддии ҷамоаро истисмор мекарданд. Ҷараёни озодшавии ғуломон, барзгарони озодгаштаи аъзоёни ҷамоа шаклгирии заминдорони хурду миёна авҷ гирифт. Барзгарон баробари андози сершумор ва андоз аз замин ӯҳдадориҳои зиёдеро иҷро мекарданд.
Тангаҳои Сосонӣ аз тиллову нуқра ва мису биринҷӣ сикка зада шуда, хариду фурӯши маҳсулот, умуман муомилот бештар ба сиккаҳои нуқрагин сурат мегирифт. Воҳиди асосии пулии шоҳаншоҳӣ дирҳам ном дошт. Як дирҳам ба 3, 36 ё 4 грамм нуқра баробар буд. Тангаҳои мисину биринҷӣ ҳам бештар гардиш мекарданд, вале онҳо вазни муайян надоштанд. Дар ин давра рушди тиҷорат, барот, яъне векселҳоро ба миён оварда, фаъолияти бонкдориро дар Эрони Сосонӣ ташаккул доданд.
Тиҷорати дохилӣ дар тамоми шаҳру вилоят, минтақа ва рустоҳои шоҳаншоҳӣ, тиҷорати хориҷӣ бошад, дар масири шоҳроҳи умумии «Роҳи бузурги абрешим», ки кишварҳои Шарқро бо Ғарб мепайваст, сурат мегирифт. Худи Эроншаҳр ҳам васлгару ҳамгункунандаи тамаддуни Шарқ бо Ғарб буд.
Тиҷорати байналмилалӣ ҳамоно аҳамияти калон дошта, аксаран таввасути «Роҳи бузурги абрешим» сурат мегирифт. Дар рушди тиҷорат мавқеи ҷуғрофии Эрони Сосонӣ нақши азим дошт. Аксари ҷангҳои Сосониён бо давлатҳои Кушону Ҳайтолиён ва Ҳоқонии ғарбии турк барои вусъат бахшидани нуфуз ва комилан соҳиб шудан ба «Роҳи бузурги абрешим» буд. Равобити тиҷоратӣ тавассути «Роҳи шоҳаншоҳӣ», ки аз соҳилҳои ҷанубу шарқии Баҳри Миёназамину Баҳри Сурх аз сарзаминҳои Финикия, Либия, шаҳри Вустати Миср, Байтулмуқаддас, Сурия ва Тасвини Бобулистон то ҳавзаи Нисибин мерасид, сурат мегирифт. Аз Нисибин як роҳи калон кад-қади соҳили рости рeди Даҷла то Ктесифон, аз он ҷо ба сӯи Ҳамадон, Рай, Нишопур, Марв, Омул, Бухоро, Самарқанд, Уструшана, Чоч, Тироз, Балосағун, Суйёб ва бо соҳили ҷанубии Иссиқкӯл ба Чин пайваст мешуд. Дар фосилаи роҳҳои транзитӣ аз як тараф, шаҳру рустоҳои саноатӣ, аз тарафи дигар, бозорҳои зиёде пайдо шуданд, ки колоҳову маснуоти бисёре аз кишварҳои гуногун ба ҳамин бозорҳо интиқол мегардид
Шаҳрсозӣ. Тавриҷи тадриҷии муносибатҳои феодалӣ ба ташаккулли маданияти шаҳрсозӣ ва шаҳрдорӣ дар Эроншаҳр заминаи мусоид фароҳам овард. Шаҳрҳои замони Сосониён аксаран дар хавзаҳои истилошуда ва дар масири шоҳроҳи магистралии «Роҳи бузурги абрешим» бино шуда, маъмулан маркази маъмурӣ, макони ҳунармандию тиҷорат ва табодули фарҳангӣ маҳсуб меёфтанд.
Бузургтарин шаҳрҳое, ки Сосониён таъмиру эҳё ва бунёд намудаанд, Ктесифон, яъне маҷмӯи Беҳ-Ардашер, Ардашер-Хурра, Бишопур, Апаршаҳр, Доробгирд, Антокия, Истахр, Пирӯзгирд, Ром-Ардашер, Ҳурмуздгирд, Марв мебошад. Шумораи ин шаҳрҳо зиёда аз 250 адад аст, ки онҳо бешак аз маданияти баланди шаҳрсозӣ ва шаҳрдории Сосониён шаҳодат медиҳад.
Тамаддуни Сосонӣ. Чунон ки зикр ёфт, ҷомеаи Сосонӣ як навъ омезиши ду ҷамъияти пешина- Ашконӣ ва Ҳахоманишӣ буд. Системаи давлатдорӣ, қудрати бузурги шоҳаншоҳ, нақши дин, мураккабии дастгоҳи давлатӣ ва вобастагӣ ба анъанаҳои дерини мардумӣ, замони шоҳони Ҳахоманиширо нисбат ба зимомдорони ҳукумати Ашконӣ бештар ба ёд меовард. Дар дин ва фарҳанги давраи Ашконӣ таъсири зиёди давраи эллинӣ мушоҳида мешуд. Истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, ба вуҷуд омадани мубодилаи васеи кишоварзон, шаҳрсозӣ ва ғайра, ки дар давраи Ашкониён оғоз шуда буд, дар давраи Сосониён ба авҷи камолот расид. Яктопарастӣ дар саросари сарзамини Варазрӯду Хуросон ва Эрон интишор ёфт.
Дар натиҷаи таъсири мутақобила ва мубодилаи фарҳангии халқҳо, афкору ақидаҳои зиёди адабию ахлоқӣ ва фалсафӣ пайдо шуданд. Дар ин вақт зардуштия бо динҳои яҳудӣ, буддоӣ, масеҳӣ бархӯрд намуда, аз як тараф, рукнҳои асосии илоҳиёти худро такмил дод в-аз тарафи дигар, шароити худро ба тартибу низоми нави ҷамъиятӣ мутобиқ намуд.
Дар фосилаи чор асри салтанати Сосониён китоби муқаддаси зардуштиён — «Авесто» чанд маротиба таҳриру тадвин шудааст. Бо дархости шоҳаншоҳ Хусрави I Анӯшервон барои мустаҳкам намудани дини давлатӣ як қатор чорабиниҳои амалӣ андешида шуд. Бо амри ӯ мураттаб кардани китоби муқаддаси зардуштӣ оғоз ёфта, ҳар нуктае, ки барои ғояи ваҳдатовари динии замони Сосонӣ мувофиқат намекард, ихтисор карда шуд ва ба ҷои он масъалаҳои тозаи марбут ба аҳкому ахлоқи динӣ ҳамроҳ гардиданд. Ҳамин масъаларо дар назар дошта, таърихнависи асримиёнагӣ- Масъудӣ насиҳати Ардашери Бобаконро ба писараш Шопур чунин овардааст: «Бидон, ки дину имон ва подшоҳӣ ҳарду бародаранд ва бидуни якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дин асосии давлат аст ва давлат онро ҳимоя мекунад». «Авесто»-и давраи Сосонӣ аз 348 фасл ва 21 наск, яъне китоб иборат буд.
Монӣ ва ойини ӯ. Дар замони Сосониён паёмбар Монӣ зуҳур карду дини монавияро ба вуҷуд овард. Шопури I ба мисли Ардашери I дар танзими сохтори ҳудудию идорӣ, мураттаб намудани идораи қӯшун ва баланд бардоштани нуфузи сиёсии ҳокимияти марказии Сосониён ба рӯҳониёни зардуштӣ эътимод намуда, кӯшиш кард, ки дар сиёсати динӣ ҳам баъзе тағйирот дарорад. Ба ин мақсад ӯ аввал фаъолияти паёмбар Мониро дар тарғиби дини нави монавия дар Эрон дастгирӣ намуд, вале баъдтар онро манъ кард
Монавия, чун таълимоти динӣ, ки дар худ унсурҳои зардуштия ва масеҳиятро пайваст мекард, аслан дар замони салтанати Шопури I (241-272) дар Эроншаҳр пайдо шуд. Пайравони монавия батезӣ дар Варазрӯду Хуросон, умуман Шарқи Наздик пайдо шуда, ба афкори иҷтимоию динӣ ва фарҳангии мардум таъсир расонданд. Аз рӯи таълимоти Монӣ, дар олам аз азал ду қувваи ба ҳам зид – нуру зулмот, хайру шар вуҷуд дорад. Дар олами нур- худою фариштаҳо, дар олами зулмот- деву иблисҳо ҳукмронӣ мекунанд. Рӯҳ- самараи нур, мабдаи некӣ, ҷисм (модда) – самараи зулмот, мабдаи бадӣ аст, аз ин рӯ, рӯҳ асири ҷисм мебошад. Монӣ зуҳду тақво ва беникоҳиро тарғиб намуда, фиреб, дуздӣ, сарватмандӣ ва моликияти хусусиро маҳкум мекард. Таълимоти Монӣ як навъ эътирози иҷтимоӣ буд, вале Монӣ оммаи халқро на ба муборизаи фаъол, балки ба гӯшанишинӣ даъват мекард.
Монӣ, бино ба ривоятҳо, соли 216 таваллуд шуда, соли 277 дар асари азобу шиканҷаҳо бо фармони шоҳаншоҳ Баҳроми II (276-293) кушта шуд, вале оини монавия дар инкишофи ҷомеаи суннатӣ, муносибатҳои анъанавӣ ва афкори иҷтимоию адабии Эроншаҳр таъсири калон гузошт.
Яке аз рӯҳониёне, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани дини зардуштӣ дар замони Сосониён ниҳоят нақши муҳим дорад, Картир аст. Ӯ зиёда аз 40 сол вазифаи олии диниро дар давраи шаш подшоҳи Сосонӣ — Ардашери I, Шопури I, Ҳурмузи I (272-273), Баҳроми I (273-276), Баҳроми II (276-293) ва Нарсӣ (293-302) ба ӯҳда дошт. Сабаби асосии соҳиби обрӯву эътибор шудани Картир пирӯзии ӯ дар мубориза ба муқобили Монӣ ва пайравони ӯ, инчунин бартараф намудани нуфузи рӯзафзуни буддоия дар қисми шарқӣ ва масеҳият дар қисми ғарбии Эроншаҳр буд. Картир монавияро нисбат ба зардуштия як равияи бидъатомез эълон карда, бо дигар ҷараёнҳои ихтилофомез муборизаи беамон бурд ва дар ин соҳа ба пирӯзӣ ноил шуд.
Маздакия — бузургтарин неҳзати иҷтимоии замони Сосониён аст, ки хусусияти возеҳи динӣ дошт. Неҳзати Маздак охири асри V сар зада, то соли 529 давом кард. Дар аввал Маздакия ҳамчун фирқаи монавия пайдо шуда, ғояҳои демократии ин таълимотро инкишоф дод. Мисли зардуштия ва монавия таълимоти маздакия ҳам робитаи азалии ду мабдаи қадим,- хайру шарро ба асос мегирифт. Мувофиқи таълимоти иҷтимоии Маздак ҳама одамон баробар офарида шудаанд, аз ин сабаб тақсими нобаробари давлату сарват, инчунин бисёрзании табақаҳои ашроф ва безании табақаҳои поёнии ҷомеа беадолатии маҳз аст. Сабаби мухолифат: кину адоват, нобаробарии одамон дар ҷамъият мебошад. Бинобар ин бояд нобаробарӣ ва кину адоват аз байн бардошта, баробари иҷтимоӣ барқарор гардад. Барои ба амал баровардани он дар ҷамъият тамоми сарватҳои моддӣ бояд ҷамъиятӣ бошад, то ин ки ҳама аъзоёни ҷамъият имконияти истифодаи баробари онҳоро пайдо кунанд. Мувофиқи таълимоти Маздак, сарватмандон зӯран, хилофи адолат сарвати оламро аз худ кардаанд, дар сурате ки бенавоён низ баробари онҳо ба сарвати моддӣ ҳуқуқ доранд. Баҳри тантанаи баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ моликияти сарватмандонро тороҷ ва байни омма аз рӯи адлу инсоф тақсим кардан зарур аст. Моликият ҳам бояд мисли обу оташ ва чарогоҳҳо дастраси умум бошад.
Дар аввал бо назардошти вазъи вазнини моливию хоҷагӣ шоҳаншоҳ Қубод низ исёнгаронро ҷонибдорӣ карда, ба таъсири Маздак афтид. Аз ин аҳли дарбору мансабдорони давлатӣ, рӯҳониёни воломақоми зардуштӣ ба изтироб омада, Қубод (496)-ро аз тахт сарнагун карда, бародараш Ҷамосп (496-498)-ро ба тахти шоҳаншоҳӣ нишонданд, вале ҳаракат қатъ нагардида, баръакс дар тамоми Эроншаҳр реша давонд. Қубод бо ёрии нерӯи аскарии Ҳайтолиён муҷаддадан ба тахти шоҳаншоҳӣ нишаст, вале ин навбат байни маздакиён ва ӯ мухолифати назарӣ ба амал омад, бо розигии ӯ ва бо пофишории рӯҳониёни зардуштӣ дар фосилаи солҳои 528-529 шоҳзода Хусрави Анушервон пайравони Маздакро гурӯҳ-гурӯҳ ба муколама бархонда, ба қатл расонид. Ғояҳои Маздак ба афкори иҷтимоию сиёсии Эроншаҳр таъсири калон расонд, зеро он ба таври воқеӣ хусусияти прогрессивӣ дошт. Неҳзат раванди ба табақаҳо ҷудошавии аҳолиро тезонида, ба суръати инкишофи муносибатҳои феодалӣ вусъат бахшид.
Ҳамин тавр, Эрони Сосонӣ дар эҷоди дини расмии давлатӣ ба бархӯрдҳои шадиди иҷтимоию мазҳабӣ рӯ ба рӯ гардида, зина ба зина ҳам иттиҳоди сиёсӣ ва ҳам ваҳдати диниро ба даст овард.
Фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа. Замони Сосониён давраи шукуфоӣ ва симои хосаи миллӣ пайдо кардани фарҳанги Варазруду Хуросон аст. Тадриҷан тарвиҷ ёфтани ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ, дигаргун шудани афкору ҷаҳоншиносии мардум, инкишофи дин ва неҳзатҳои динӣ, муколамаю мубодилаи байниҳамдигарии халқҳо дар дохили шоҳаншоҳӣ ва қад-қади «Роҳи бузурги абрешим», инчунин бархӯрди ҳасанаи тамаддуни Риму Ҳинд, Варазрӯд ва Эрон боиси рушди фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаи Сосонӣ гардиданд ва ҳама ҷабҳаҳои фарҳанг: маорифу маърифат, илму адабиёт, санъати меъморию мусаввирӣ, кандакорию ороишӣ, шарҳрсозӣ ва мусиқӣ вусъат ёфта, рӯҳияи созанда касб карданд.
Як қатор шаҳрҳои замони Сосониён – Антокия, Беҳ — Ардашер, Рухо, Нисибин, Ҳаррон, Эдесса, Аҳвоз, Марв, Истахр ва албатта, тахтгоҳи шоҳаншоҳӣ — Ктесифон марказҳои бузурги илму фарҳанг маҳсуб мешуданд. Шоҳаншоҳони Сосонӣ аз кишварҳои тасхиршуда ҳунармандону табибон ва донишмандони маъруфро ҳамроҳ гирифта оварда, дар ин шаҳрҳо фавқузикр ҷой медоданд. Донишмандони румиву юнонӣ, суриёниву ҳиндӣ, дар муҳиту ҳавзаҳои илмию фарҳангии Эроншаҳр нуфузи беандоза бузург доштанд. Дар шаҳри Аҳвоз бо фармони Шопури II аввалин мактаби олӣ-Фарҳангистони Гунди Шопур кушода шуда буд, ки он баъдтар ба Донишгоҳи бузурги тиббӣ табдил ёфт. Дар он донишмандону табибон ва дорусозони эронӣ бо ҳамкории пайваста бо олимони суриёнӣ, румиву юнонӣ ва ҳиндӣ корҳои таълимию илмӣ ва пизишкӣ мебурданд. Ҳатто баъзе қисмҳои «Авесто», ки аз тиббу табобат баҳс мекард, бо дастурҳои мундариҷаи пизишкӣ доштаи Буқрот ҳамгун карда шуд. Вазири Сосониён Бузургмеҳр аз забони ҳиндӣ китоби «Калила ва Димна»-ро ба паҳлавӣ баргардон намуд. Дар асрҳои V-VI донишҳои тиббӣ, ҷуғрофӣ, риёзӣ ва ахтаршиносии эрониён хеле тарвиҷ ёфт.
Ду зинаи мактаб-дабистон, яъне мактаби ибтидоӣ, таълимгоҳи оташкадаҳо ва дабиристон, яъне мактаби олӣ амал мекарданд, ки намунаи беҳтарини мактаби олӣ ҳамоно фарҳангистони Гунди Шопур буд. Дар дабистонҳо наврасон аз 7 то 15-солагӣ таҳсил карда, аз русумоти ҳарбӣ: аспсаворӣ, камонкашӣ, тирандозӣ, шамшерзанӣ, аз фанҳои амалӣ: ҷуғрофия, риёзиёт, навиштану хондан, русумоти давлатдорӣ, ҷаҳонгардиву бозургонӣ ва аз дарси одобу ибодати динӣ таълим мегирифтанд.
Дар рушди маънавиёти ҷомеа одату ҷашнҳои суннатӣ: Сада, Наврӯз ва Меҳргон, ки мувофиқи тақвими эронӣ баргузор мешуданд, нақши муассир доштанд. Ҷашнҳои мазкур рӯзгори ҳамешагӣ, фалсафаи ҳаёт, афкору ҷаҳонбинӣ, ҷаҳоншиносӣ ва хислатҳои равонии ҷомеаи сосониро таҷассум карда, ҳар яке дар мавсимҳои дигаргуншавии табиат, ки бо зиндагии созандаи кишоварзон иртибот дорад, ҷашн гирифта мешуд. Наврӯз- рӯзи нав, яъне фарорасии соли нав, ки дар рӯзи якуми моҳи фарвардин, (мутобиқ ба 21-22-уми март); Меҳргон- мавсими ҷамъоварии ҳосил, ки дар рӯзҳои 16-21-уми Меҳрмоҳ, (мутобиқ ба рӯзҳои 23-уми сентябр – 25-уми октябр) ва ниҳоят, Сада мавсими омодагӣ ба кишту кор, ки дар рӯзи даҳуми Баҳманмоҳ, (мутобиқ ба 30-31-уми январ) доир шуда, бо хусусиятҳои аз ҳамфарқкунанда, бо суруру нишот ва шодмонӣ ҷашн гирифта мешуд.
Дар зиндагии ҳамарӯзаи қавмҳои эронӣ, мусиқӣ мақоми махсус дошт. Дар ҷашну маросимҳо тӯю сӯгвориҳо ромишгарону оҳангсозон ва ҳофизон сурудҳо мехонданд. Асосгузори мактаби мусиқии форсу тоҷик – Борбади Марвазӣ (585–630), ки соли 1989 аҳли Тоҷикистон 1400-солагии зодрӯзашро ҷашн гирифтанд, дар дарбори Хусрави Парвиз зиндагию эҷод кардааст. Борбад ба ҳар рӯзи моҳ як мақоме меофарид, аз ин рӯ ба ӯ офаридани 365 лаҳн, яъне оҳанг — таронаро нисбат медиҳанд. Мактаби мусиқии Сосонӣ ба ғайр аз Борбад боз номҳои мутрибону қавволони дигар: Бомшод, Гесӯи Навогар, Накисои Чангӣ, Саркаб, Саркаш, Ромтин ва Фитна, ҳамзамон асбоби олотҳои мусиқӣ – тор, уд, чанг, арғун, карнай, даф, бук, қӯшнай, най, ғижжак, камонча, танбӯр, дутор, доира, нақора, таблак ва ғайраро медонад.
Салтанати Кидориён ва Хиёниён. Таърихи охири асри III-IV-и Варазрӯду Хуросон, аз як тараф, ба бархӯрдҳои Сосониёну Кушониён ва аз тарафи дигар ба пайдоишу истиқрор ва завол ёфтани салтанати Кидориёну Хиёниён вобастагӣ дорад. Аз маълумоти парокандаи сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаҳои Кидориёну Хиёниён ба қавмҳои кӯчии эронӣ мансуб буда, ба якдигар ҳамгуну ҳамнажоданд ва дар фосилаи охири асрҳои III-IV дар харобаҳои давлати Кушон ҳукмронӣ кардаанд. Хронологияи воқеияти сиёсӣ, сарҳад ва ҳудуди ҷуғрофии қаламрави салтанати Кидориёну Хиёиён чандон муайян нест. Маълум аст, ки дар давраҳои афзудани нуфузи ҳарбию сиёсии Сосониён дар Хуросону Варазрӯд, яъне дар охири асри Ш дар харобаҳои императории Кушон, дар шимолу ҷануби Ҳиндукуш Кидориён пайдо шуда, бо сарварии пешвояшон Кидоро ва пайравонаш Пиру ва Варахрон қисман дар Хуросон, аз ҷумла музофотҳои Бохтар (Балх)-у паҳнои Ҳиндукӯш то рӯди Ҷайҳун, салтанат рондаанд. Кидориёнро дар таърих Кушониёни кӯчак ҳам меноманд. Салтанати онҳо дар нимаи дуюми асри IV аввали қарни V истиқрор меёбад. Сосониён маҷбур мешаванд, ки барои пурра соҳиб шудан ба Хуросону Варазрӯд бо Кидориҳо чандин бор ҷанг кунанд. Солҳои 412-437, 456, 464 байни Кидориён ва Эрон ҷангҳои тӯлонӣ рӯй дода, Сосониён нуфузи ҳарбию сиёсӣ ва идории хешро дар Кобулу Зобулистон Бохтару Сакистон қисман аз даст дода, ба онҳо сулҳ мебандад. Мувофиқи муоҳидаи ба тасвиб расида, тарафайн ӯҳдадор мешаванд, ки дар сурати ба сарзамини яке аз онҳо пайдо шудани таҳдиди бегона, якҷоя амалиёти озодибахши ҷангӣ мебаранд. Дар асоси ин моҳида Кидориҳо Сосониёнро чандин бор дар ҷангҳои зидди императории Рим ёрӣ додаанд. Вале Сосониён баъд аз музафариятҳо аз болои римиён, дар замони Шопури П (309-379) муҷаддан ба Шарқ то ба Тирмиз ҳамла оварда, нахуст императории Кушонро комилан барҳам медиҳанд, дуюм ба мавқеи Кидориёну Хиёниҳо зарбаи сахт мезананд. Раванди ба Ҳид ҳиҷрату ҳамла овардани Кидоиён аз соли 324 оғоз шуда, то соли 477 давом мекунад. Дар ин фосила Кидориён қисматҳои шимолу ғарбии Ҳиндро тасхир карда, соли 477 аз Гандхара ба Чин ҳайати сафорат мефиристонанд.
Хиёниён асосан бошандагони воҳаҳои Сайҳунруд ва соҳилҳои Баҳри Арал буда, дар миёнаҳои асри Ш-IV дар қисматҳои шимолии рӯди Ҷайҳун ба якин дар канораҳои ҳавзаҳои Амударё то Сирдарё зиёда аз 120 сол салтанат рондаанд. Ба акидаи таърихнависи арман Фаветос Бузанд солҳои 356-358, 369-370, 374-377 ҳини футуҳоти шарқӣ шоҳаншоҳ Шопури П ду маротиба ба сари «Кушониён, ки тахтгоҳи эшон шаҳри Балх буд», лашкар кашид ва ҳар ду навбат»… нерӯи аскарии Кушониён лашкари форсҳоро нагунсар ва аксарияти ҷанговарони онҳоро аз дами теғ гузаронидаанд». Инчунин таърихнависи суриёни Амиан Мартеелин хабар медиҳад, ки Шопури П зимистони соли 357-358-ро дар мубориза ба муқобили «Хиёниҳои размхоҳ», ки аз «халқҳои дурдаст» буданд, гузаронид. Аз ин бармеояд, ки ҳам Хиёниҳо ва ҳам Кидориён барои ҳукумати Сосониёг салтанатҳои хатаровар буданд. Муҳаққиқон Хиёниёну Ҳайтолиёнро ирқан ҳамчун ҳамзабону ҳамдин ва то андозае ба ҳам махлут шуморида, равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва этникии ин давраро ба салтанати якҷояи «Хиёниёну Ҳайтолиён» нисбат медиҳанд.

648
Нет комментариев. Ваш будет первым!