Ба итмом расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оқибатҳои он

Баъди он ки қӯшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шӯравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) рӯхбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи шаҳри Берлин – пойтахти Олмони фашистӣ бошад, ки аз 16 апрел то 2 майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи охири на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз тарафи иттифоқчиён – Англия ва ИМА 6 июни соли 1944, аз Нормандия (Шимоли Франсия) кушодани фронти дуюм ба муқобили фашистони Олмон ва пайравони он, маҳви фашистонро наздик намуд. 30 апрели соли 1945 қӯшунҳои Шӯравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қӯшунҳои Шӯравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шӯравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд.

Ҳамин тавр ҶБВ, ки халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба муқобили Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш мебурданд, бо ғалаба анҷом ёфт. Дар ин ғалаба ҳиссаи иттифоқи зиддигитлерӣ ҳам буд. Аммо вазнинии ин ҷанг ба дӯши халқҳои шӯравӣ равона гирдид. Маҳз иттифоқи мустаҳками ин халқҳо, ягонагии фронти ҷангию ақибгоҳ, маҳорати кордонии сарварони ҳарбию давлатии Иттифоқ ва ғайраҳо сабабҳои асосии ғалаба аз болои фашистони Олмон ва иттифоқчиёни он ба ҳисоб меравад.

Вале Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз бо давлати Япония дар ҳолати ҷанг буд. Дар солҳои ҷанги 2 – юми ҷаҳон, амалиёти ҷангӣ аз 7 декабри соли 1941 сар карда, бештар дар уқёнуси Ором, асосан дар байни қӯшунҳои япону америкоӣ мегузашт. Зеро, маҳз ҳамон рӯз Япония ба муқобили ИМА ҷанг эълон карда буд. 8 майи соли 1945 Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам ба муқобили Япония ҷанг эълон кард. 6 август дар шаҳри Херосима ва 9 август дар шаҳри Нагасаки Япония, аз тарафи ИМА ду бомбаи атомӣ партофта шуд. Ин дар таърих аввалин истифодаи бомбаи атомӣ ба муқобили инсоният ба ҳисоб меравад. Албатта ин фоҷеа харобӣ ва қурбониҳои хеле зиёдро овард ва ҳанӯз ҳам оқибатҳои нангини ин аслиҳаи қатли омро халқи япон эҳсос мекунад.

2 сентябри соли 1945 Япония дар Линкорни америкоии «Миссурӣ» низ ба акти беҷунучаро таслимшавӣ имзо гузошт. Ҳамин тавр ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба итмом расид.

Ҷанги 2 –юми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 50 – 55 млн. нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн. нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шӯравӣ 20 – 30 млн нафарро ташкил медод. Аз ҷумла, аз фиристодагони Тоҷикистон 90.579 нафарашон аз майдонҳои ҷанг тамоман бар нагаштанд.

Дар ҳудуди тамоми 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлати Олмон, харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният, буд ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ҳам ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.


335
Нет комментариев. Ваш будет первым!