Заиф гардидани Хилофати Араб ва пурзӯр шудани нуфузи ашрофони маҳаллӣ

Бо гузаштани дусад сол аз ҳукумати арабҳо қудрати сиёсӣ ва ҳарбии хилофат коҳиш ёфт. Шӯру ошӯбҳои мардумӣ дар гӯшаву канори хилофат иқтидори ҳукумати марказиро суст гардонид. Ҳамчунон аз ин давра сар карда нақши мардумони эронӣ ва турк дар умури сиёсӣ, ҳарбӣ ва фарҳангӣ меафзояд. Умуман хилофати Аббосиён бештар ба мардумони қисмати шарқии хилофат, яъне Эрону Осиёи Миёна такя мекард ва чуноне, ки дидем барои ба қудрат расидани Аббосиён маҳз ҳамин мардум саҳмгузор буданд. Гузашта аз ин дар муқобили ситами халифаҳову амалдорони маҳаллии он низ мардумони Аҷам қад барафрошта, дар ин роҳ ҳазорон нафар қурбон гардиданд. Дастгоҳи марказии хилофат чорае ҷуз ин надид, ки дар идораи қаламрави васеъи хилофат қудратро бо намояндагони ин мардум тақсим намояд. Пас аз Абӯмуслим Афшини истаравшанӣ, Бобак, Мозёри табаристонӣ, ки ҳамагӣ аз сарзаминҳои шарқии хилофат буданд, дар гӯшаву канори хилофат соҳиби қудрат мегарданд.
Бармакиён. Сарнавишти накбатбори Бармакиён дар таърих машҳур буда, ҳикоят аз қудрати як хонадони эронинажод дар дастгоҳи хилофат мебошад. Бармакиён мутасаддиёни маъбади «Навбаҳор» дар шаҳри Балх буда, ҳанӯз дар аҳди Сосониён миёни мардум ва ҳукумати марказӣ чун хонадони маъруфу корозмуда шинохта мешуданд. Намояндагони ин хонадон, ки тоҷикони Балх буданд, нахустин шуда исломро пазируфтанд. Холиди Бармакӣ ҷадди ин хонавода дар аҳди Уммавиён ба шарафи пазириши ислом муяссар мегардад ва аз ҷониби дастгоҳи хилофат ба вазифаҳои масъул ҷалб мегардад.
Дар замони қиёми Абӯмуслим ҳам намояндагони ҷудогонаи Бармакиён ширкат варзида, пас аз қудратёбии Аббосиён ба корҳои идорӣ ҷалб мегарданд. Фарзанди Холиди бармакӣ Яҳё бошад, дар замони халифа Ҳодӣ ба мақоми баланди хилофат расида, аз наздикони ӯ мегардад. Ду фарзанди Яҳё – Ҷаъфар ва Фазл бошанд дар замони Ҳорунаррашид зинаҳои гуногуни давлатдориро паси сар карда, аз наздиктарин ашхоси халифа мегарданд. Тамоми умури мамлакат, аз ҷумла умури молиявиро намояндагони ин хонадон расидагӣ мекарданд ва ҳатто хароҷоти солонаи шахсии халифаро низ вазир Ҷаъфари бармакӣ муайян мекард.
Як муддат ба вазифаи масъули амири Хуросон низ намояндаи Бармакиён таъин мегардад ва нисбат ба дигар намояндагони хилофат барои ободии марзи аҷдодӣ ва осоиши раияти он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳатто дар назари халифа Ҳорунаррашид ҳам гаравишу алоқаи зиёди Бармакиён ба таъриху фарҳанги тоисломии мардуми эронинажод маълум буд. Маҳбубияти Бармакиён миёни тамоми табақаҳои ҷомеъа боло рафта, шоирону олимон ин хонаводаро мадҳу ситоиш мекунанд, ки сабаби рашку ҳасодати дарбориён мегардад. Халифаро хусусан дарбориён арабгаро нисбат ба Бармакиён бадбин мегардонанд, ки саранҷом (соли 803) Ҳорунаррашид фармони қатли Ҷаъфар ва зиндонӣ кардани дигар намояндагони бармакиро содир кард. Бешак сабаби аслии ба чунин сарнавишти фоҷеъабор гирифтор омадани Бармакиён афзудани обрӯву нуфузи онон буда, халифа бим дошт, ки қудрати сиёсии Аббосиёнро аз байн мебаранд.
Ҳаракати шуубия. Кӯшишҳои истиқлолталабонаи мардумони ғайриараб, пас аз сад соли пирӯзии арабҳо оғоз гардид. Дар замони лашкаркашиҳои фотеҳон давлати Сосониён, ки ифодагари руҳияи қавмии мардумон буд, ба сабаби ситаму истисмори беҳадди аҳолӣ ин руҳияро дар миёни мардум заъиф гардонид. Аз ин рӯ мардуми қисмати ғарбии Эрон (нисбат ба мардуми Мовароуннаҳру Хуросон) дар баробари ҳуҷуми бегонагон чандон муқовимат нишон надоданд. Аммо бо гузаштани сад сол аз ҳукумату зулми мардумони биёбонӣ ва бартариҷӯиҳои рӯзафзуни арабҳо дар муқобили он ҳаракати фарҳангии шуубия сар зад, ки бештар дар миёни рушанфикрон паҳн гардид. Бо сарозер шудани муҳоҷирони араб ба сарзаминҳои Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр ва зиндагии муштарак муқовимати ду фарҳанг зоҳир гашт.
Арабҳо тамоми муваффақиятҳои ҷомеъаи исломиро ба худ нисбат дода, халқҳои ғайриарабро таҳқир мекарданд. Ин ҳаракат равиши навъан исломии баёни даъво ва хостаҳои мардуми ғайриараб буд. Истилоҳи шуубӣ, бархоста аз як ояи Қуръон аст, ки дар он бартариҷӯии қавмиву нажодӣ маҳкум гашта, порсоиву илму маърифат чун меъёри наздик будан ба Худо эътироф шудааст. Ин ҳаракат бештар дар миёни рушанфикрон паҳн гардида буд. Ҳанӯз дар замони Уммавиён даъвоҳои шуубӣ сар зада, аммо бештар характери пинҳонкориро дошт. Худи дастгоҳи хилофати аббосӣ ҳам, ки нисбат ба арабҳо дида, таваҷҷӯҳи бештар ба маволӣ дошт, барои густариши ин ҳаракат мусоидат намуд. Дар ашъори баъзе аз намояндагони шуубия дар ибтидо баробарии Арабу Аҷам баён меёфт. Дар марҳилаҳои баъдӣ бошад, арабҳову фарҳангу ахлоқи онон сахт накӯҳиш шуда, баръакс забону фарҳанги мардуми эронинажод ва таъриху тамаддуни он ситоиш мегардад. Намояндаи барҷастаи ин ҳаракат Ибни Муқаффаъ, Ҳамиди Бахтакон, Саҳл ибни Мишонӣ, Аълони Шуубӣ, Абӯубайда, Башшор ибни Бурд, Мутаваккилӣ ва ғайра бо сурудани ашъор ва тарҷумаи осори тоислмӣ ба забони арабӣ афкори шуубияро дар миёни мардум паҳн мекарданд. Ин ҳаракат то асри XI давом карда, Фирдавсӣ ва Асадии Тӯсӣ низ намояндагони ин ҷараён маҳсуб мегарданд.
Ин ҳаракат нишонгари огоҳӣ ва ҳамбастагии мардумони эронинажод дар баробари арабҳо буд, ки минбаъд барои даъвоҳои сиёсиву қудратхоҳии сулолаҳои маҳаллӣ низ мусоидат кард.

344
Нет комментариев. Ваш будет первым!