Сохтори идории Сомониён
Яке аз корҳои писандидаи Исмоил бунёди давлати мутамарказ ва тавассути низоми идории қавӣ нигоҳ доштани ин давлат дар аҳди ворисонаш буд. Табиист, ки Сомониён низоми идории худро аз сифр шурӯъ накарданд ва аз таҷрибаи давлатдории пешиниён баҳра бурданд. Аммо бештари хонадонҳои минбаъдаи ҳукуматгар, ки ин усули давлатдориро қабул кардаанд, онро бо номи Сомониён бастаанд. Сарвари давлатро Сомониён амир меномиданд. Ҳарчанде ки халифаи аббосӣ ин унвонро ба ҳокимони Хуросон мебахшид ва амирони сомонӣ худро коргузори халифа медонистанд, аммо унвонбахшии халифа аз замони Саффориён ба баъд ҷуз як расмияте беш набуд. Халифаҳо танҳо воқеъияти ба амал омадаро ба инобат гирифта, ба ин ё он қудратталабе, ки тавассути шамшер сарзаминеро фатҳ карда буд, тавассути маншур унвон мебахшиданд. Маншури халифа дар ҳалли баҳсҳои ба амал омада, тақрибан ҳеҷ чизро ҳаллу фасл намекард ва тарафдорони ин ё он ҷоҳталабро низ каму зиёд намекард.
Агарчанде Сомониён дар чашми халифаи Бағдод танҳо омилони халифа ё ҷамъоварандагони молиёт бошанд ҳам, онҳо дар қаламрави худ аз мустақилияти комил бархурдор буданд. Барои идораи мулк Сомониён низоми сиёсиро ба даргоҳ ва девон тақсим карда буданд. Сарвари даргоҳро ҳоҷиби бузург меномиданд, ки то расидан ба ин мартаба ӯро мебоист, ки даҳҳо сол хидмат намояд. Даргоҳ кормандони дигар ҳам дошт, ки аз ҷумлаи он амири ҳарас (нигаҳбон), надим, вакил ва ғайра буданд.
Барои низоми мулк девонҳо, ки тақрибан нақши вазоратҳои имрӯзиро иҷро мекарданд, нақши муҳим доштанд. Миқдори девонҳо дар аҳди Сомониён ба 10 адад мерасид. Муҳимтарини онҳо девони вазорат буд, ки сарварии онро вазир бар уҳда дошт. Ӯро «хоҷаи бузург» меномиданд. Вазири машҳури салҷуқиён Низомулмулк, ки усули идории Сомониёнро ситоиш мекунад, тавсия менамояд, ки мансаби вазирӣ меросӣ гардад. Дар аҳди Сомониён ин чизро мушоҳида кардан мумкин аст ва намояндагони се хонадони мӯътабар (Балъамӣ, Ҷайҳонӣ, Утбӣ) вазифаи вазоратро бар душ доштанд. Яке аз хавфноктарин вазифаҳо дар системаи идории асримиёнагӣ ҳамин шуғли вазорат ба ҳисоб мерафт. Бештари вазирон аз ҷониби амирон ба қатл расонида мешуданд ё ба зиндон андохта мешуданд, зеро вазирон одатан ашхоси донишманду корозмуда ва соҳибкифоят буданд ва аз лиҳози донишу таҷриба аз амирон пешӣ мегирифтанд. Подшоҳон тоби чунин рақобатеро надоштанд ва бо баҳонаҳои гуногун вазиронро нобуд месохтанд
Девони дигар истифо ном дошт, ки масъули онро муставфӣ меномиданд. Ин девон масъалаҳои молиявӣ, аз ҷумла ҷамъоварии молиётро расидагӣ мекард. Девоне, ки масъули навиштани мукотибот ва барқарории муносибатҳои дипломатӣ буд, бо номи девони расоил ё иншо маъруф буд. Сарвари ин девонро хоҷаи амид меномиданд. Барои таҷҳизи артиш ва додани маоши кормандон девони лашкар маъмур буд, ки сарвари онро соҳиб-уш-шурот меномиданд. Барои иртиботи гӯшаву канори империяи азим хадамоти почта амал мекард, ки онро девони барид маъмур буд. Барои назорат аз болои кормандони давлатӣ ва таъмини амнияти давлат девони ишроф (маънояш назораткунанда) амал мекард, ки кормандони онро мушриф меномиданд. Девони зиё, ки кормандони онро вакил мегуфтанд, вазифадор буд, ки масъалаҳои марбут ба заминҳои хонадони ҳукуматгарро нигаҳбонӣ кунад. Барои назорат бурдан аз болои рафтору ахлоқи мардум ва риояи зоҳири шариъат девони ҳасба амал мекард, ки кормандони онро мӯҳтасиб мегуфтанд. Девони вақф ба нигаҳбонӣ, ҳисобу китоби замину дигар биноҳову иншооти хайрия расидагӣ мекард. Девони қозӣ бошад нақши суду додгоҳи имрӯзаро иҷро мекард. Дар музофотҳои кишвар низ ин девонҳо шӯъбаву коргузорони худро доштанд. Бисёре аз кормандони музофотҳоро низ амир худ мустақиман таъин мекард ва аризаи аз кор рафтан низ ба унвони амир навишта мешуд. Рӯҳониён дар назди амирону девонҳо ҷойгоҳи муносиб доштанд. Рӯҳонии бузургро дар ибтидо «устод», сипас «шайхулислом» ва баъзан «донишманд» мегуфтанд. Руҳониён дар тамоми давраи давлатдории Сомониён ҷойгоҳи муҳим доштанд.
Сомониён барои дар тобеъияти худ нигоҳ доштани мулкҳои гуногун сулолаҳои маҳаллиро дар сари кор нигоҳ иедоштанд. Аз ҷумла намояндагони сулолаи Абудовудиён дар Балх, Баниҷуриён дар Хатлон, Саффориён дар Систон, Фариғуниён дар Гузгонон, Оли Мӯҳтоҷ дар Чағониён, Маъмуниён дар Хоразм зери ҳокимияти Сомониён ба ҳукмронии худ идома доданд. Хусусан ҳокимони Хоразм, Чағониён ва Исфиҷоб қудрати зиёд доштанд. Баъзе аз ин вилоятҳо ба Бухоро хироҷ неву танҳо ҳадя мефиристоданд ва бо хондани хутба ба номи амири сомонӣ кифоя мекарданд.