Кӯшишҳои дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ эълон кардани истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон

Ба вуҷуд омадани масъала. Ҳанӯз аз замони сарвари ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ будани Ю.В. Андропов (солҳои 1982 – 1984) масъалаи нисбатан васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳои Иттифоқ ба миён омада буд, ки он барои танзими Иттиҳоди Шӯравӣ аҳамияти махсус дошт. Зеро, усули сохти давлатдорӣ, ки маҳз бо ташаббуси ӯ пешниҳод ва қисман ҷорӣ гардида буд, бояд амалии чунин мақсад якҷоя бо мустаҳкам намудани аппарати марказии иттифоқӣ ва интизоми сахти меҳнатӣ дар тамоми мамлакат сурат мегирифт. Аммо баъди марги вай, дар замони сарвари ҳизб будани К.У.Черненко (солҳои 1984 – 1985), бо сабаби беморию бемадории худаш, якбора тамоми аппарати ҳизбию давлатии мамлакат ба бемории фалаҷ гирифтор шуд.

Ситёсати бозсозии Горбачёв боз масъалаи дар доираи Иттиҳод васеъ намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои иттифоқиро ба миён овард. Яъне, масъала меистад, ки дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ҷумҳуриҳои иттифоқӣ оиди ҳалли бисёр масъалаҳо соҳибистиқлол бошанд. Оиди ин масъала фикру андешаҳои зиёде пешниҳод гардида буд. Ниҳоят, тобистони соли 1990 он ҷумҳуриҳо пайи ҳам дар доираи Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлолияти худро эълон карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб мерафт.

Эъломияи 24 августи соли 1990

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳӯм, Эъломияи истиқлолияти Чумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд. Аз ҷумла дар Эъломия омадааст, ки Шӯрои Олӣ «бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи тоҷик ва давлати миллии он», «бо назардошти ҳуқуқи дахлнопазири ҳар як халқ дар таъини сарнавишти худ», «бо эътирофи он, ки иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳо»-и Шӯравӣ дар ҳайати ИҶШС-и «таҷдидёфта зомини тараққиёти ҳамаҷонибаи онҳо мебошад», бо таъкиди эҳтиром ба шаъну эътибор ва ҳуқуқҳои намояндагони ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистон, «ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон ва иродаи халқи»ҶШС Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистонро ботантана эълон мекунад ва изҳор медорад, ки «давлати демократии ҳуқуқбунёд барпо хоҳад кард». Дар моддаи аввали Эъломия низ таъкид шудааст, ки ҶШС Тоҷикистон «давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад».

Дар Эъломияи муҳимтарин моддаи 4-ум мебошад, ки дар он дараҷаи соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ акс ёфтааст. Аз ҷумла, дар он таъкид гардидааст, ки ҶШС Тоҷикистон «дар ҳудуди худ ҳамаи масъадаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро, ғайр аз масъалаҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС «дода мешавад, мустақилона ҳал мекунад». Вале дар Эъломия акс наёфтааст, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли иттифоқӣ кадом салоҳиятҳои худро ихтиёран ба ӯҳдаи иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузорад. Албатта, аз мазмуни худи эъломия ва ҳуҷҷатҳои дигар маълум мешавад, ки чунин вазифаҳо, ба монанди: мудофиа, бехатарии давлатӣ, авиатсияи шаҳрвандӣ, роҳҳои иттифоқӣ, энергетика ва электронӣ, саноати атомӣ, флоти баҳрӣ, барномаи иттифоқӣ оид ба мудофиа ва космонавтика минбаъд бояд ба ихтиёри Иттиҳоди нави таҷдидёфта гузарад.

Эъломияи қабулгардида инчунин дараҷаи амалии ҳуҷҷатҳои иттифоқиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Аз ҷумла, дар моддаи 5-ум таъкид гардидааст, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалии ҳуҷҷатҳои ИҶШС-ро, ки ба ҳуқуқҳои дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, боз медорад. Моддаи 15-уми эъломия ба муносибат бо давлатҳои хориҷа бахшида шудааст. Чунончӣ, дар ин модда омадааст, ки ҶШС Тоҷикистон «бо давлатҳои хориҷӣ бевосита робита намуда, бо онҳо шартномаҳои иқтисодӣ, маданӣ ва илмию техникӣ мебандад, мубодилаи намояндагони дипломатӣ, консулгарӣ ва тиҷоратиро ба роҳ монда, дар сурати зарурат дар фаъолияти созмонҳои байналхалқӣ ширкат меварзад». Аз ин банд бармеояд, ки ҳуқуқи имзои шартномаҳои сиёсиро ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ ихтиёран ба ӯҳдаи Иттиҳоди таҷдидёфтаи Шӯравӣ мегузоранд. Оиди шаҳрвандӣ бошад, мувофиқи моддаи 9-уми эъломия, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бояд шаҳрванди ИҶШС ҳисоб мешуд.

Албатта минбаъд ҳам ҳар як ҷумҳурии соҳибистиқлоли Иттиҳоди нави таҷдидёфтаи Шӯравӣ ҳуқуқи озодона аз он баромаданро нигоҳ медошт. Инак дар моддаи 7-уми Эъломия омадааст: ҶШС Тоҷикистон «ҳуқуқ дорад мувофиқи тартиботе, ки шартномаи иттифоқӣ муайян мекунад ва мутобиқи қонунҳое, ки дар асоси он тартиб дода мешаванд», аз ҳайати ИҶШС озодона хориҷ гардад.

Ҳамин тавр ҶШС Тоҷикистон, дар асоси Эъломияи 24 августи соли 1990 дар ҳайати Иттиҳоди наве, ки дар назар доштанд, соҳибистиқлолии худро эълон карда, ҳуқуқҳои худро дар доираи ин Иттифоқ муайян карда буд. Аммо худи Иттиҳоди нави таҷдидёфта, ё худ Иттиҳоди озоду баробарҳуқуқи миллатҳои Шӯравӣ, чӣ тавре ки ҳамон лаҳза мехостанд, бунёд нагардид. Бинобар ҳамин ҳам нуқтаҳои асосии он эъломия дар амал татбиқ нашуд. Минбаъд 9 сентябри соли 1991 дар рӯзи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин Эъломия тағйироту иловаҳои зарурӣ дохил карда шуд.


383
Нет комментариев. Ваш будет первым!