Ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон
Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ. Дар миёнаи соли 1918 дар сарзамини ҶМШС Туркистон тартиботи шӯравӣ ҳанӯз пурра барпо нагардида ба муқобилияти сахт дучор шуд. Онҳое, ки аз ин тартибот, махсусан сиёсати дар амал ҷорӣ кардаистодаи ҳомиёни он норозӣ буданд, ба мубориза бархестанд. Дар маҳалҳо қариб ҳамаи онҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Дар байнашон намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ-диндорон, тоҷирону саноатчиён (яъне намояндагони буржуазияи миллӣ), зиёиён, деҳқонон, косибону ҳунармандон ва ҳатто коргарон низ буданд. Дар шаҳру шаҳракҳо ва маҳаллаҳои руснишин ба ин ҳаракат дар қатори намояндагони мардуми маҳаллӣ инчунин намояндагони русҳо ва русзабонҳо ҳам иштирок намуданд. Дар байни онҳо, инчунин афсару аскарони собиқи рус, ё худ русзабон (аз Русия, дар натиҷаи таъқиби аскарони сурх гурехта) низ амал мекарданд.
Пас ин ҳаракате, ки дар ҳақиқат ҳаракати зиддишӯравӣ буд ва маҳз ба муқобили тартиботи нав-Шӯравӣ нигоронида шудааст, чӣ тавр бояд номид? То ба имрӯз дар адабиёти таърихӣ онро «ҳаракати босмачигарӣ» мегуфтанд, ки аз ҳақиқат хеле дур аст ва амалан ин баҳо таҳқирест нисбати мардуми таҳҷоӣ. Дар таркиби ин ҳаракат босмачиёни ҳақиқӣ, ки маънои «ғоратгар»-ро дорад, низ буданд. Барои онҳо ҳиссиёти динию урфу одати миллӣ муқаддас набуд. Онҳо аз вазъи мураккаби ба амаломада ба хубӣ истифода бурда, бештар ба ғорат намудани молу мулки мардум машғул буданд. Аммо на ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар чунин мавқеъ меистоданд. Баъзе муаллифон ин ҳаракатро «ҷанги шаҳрвандӣ», дигарон «ҳаракати муҷоҳиддин» меноманд. Ба ин баҳоҳо то андозае розӣ шудан мумкин аст. Вале ҳангоми қабули баҳои «ҷанги шаҳрвандӣ» боз душвории дигаре ба миён меояд. Масалан, аз тарафи муаллифони зиёд қабул гардидааст, ки «солҳои 1918-1920, ё худ бо андешаи баъзе дигарон то соли 1921 дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ «ҷанги гражданӣ», яъне «ҷанги шаҳрвандӣ» давом кардааст. Пас, солҳои минбаъда чӣ? Ҳол он, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон ҳаракати зиддишӯравӣ то солҳои 30-юм давом кардааст. Ба ғайр аз ин солҳои 1918-1920 (21) низ ҷанг асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва мардуми маҳаллӣ буд. Дар ин солҳо мардуми маҳаллие, ки баҳри ҳимояи тартиботи нав бархестаанд, албатта буданд, вале онҳо хело камшумор ба ҳисоб мерафтанд. Бинобар ин онҳо дар ҳаракати умумӣ нуфузе надоштанд. Пас ҷанги шаҳрвандӣ номидани ин ҳаракат душвор аст. Зеро, ҷанги шаҳрвандӣ – ин ҷангест дар дохили як мамлакат, дар байни шаҳрвандони он. Бо ин ҳама сабабҳо «ҳаракати зиддишӯравӣ» номидани он ҳаракат ҳақиқати ҳоли ҳамон давраро пурра ифода менамояд.
Чуноне аз боби пешина маълум гардид, дар ҳудуди кишвари Туркистон, барои бунёди тартиботи шӯравӣ танҳо дар Тошкент, Қӯқанд, то андозае дар Ӯротеппа, Самарқанд, аз маҳалҳо — Қистакӯз, Мастчоҳ ва ғайра қувваи зӯрӣ-ҳарбӣ истифода гардидааст. Дар боқимонда маҳалҳо тартиботи шӯравӣ асосан ба тарзи осоишта, бе истифодаи қувваи зӯрӣ, барпо карда шуд. Пас чаро як ҳиссаи мардум бо зудӣ аз ин тартибот рӯ гардонида, ба муқобили он ба мубориза бархестанд? Барои ин, бо андешаи мо, сабабҳои зерин асос шуданд:
- Эътироф накардани дин ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ. Чуноне маълум аст, яке аз аввалин корҳои амалие, ки бунёдкорони тартиботи нав дар пеши назари мардум анҷом доданд, ин нобуд кардани китобҳои муқаддаси динӣ, бастан (расмӣ набошад ҳам), ё худ хароб кардани масҷиду мадрасаҳо, ба азобу шиканҷа кашидани руҳониён ва ғайраҳо. Аз ҷумла, ҳомиёни тартиботи нав дар Марғелон, дар пеши чашми мардум Қуръони Шарифро сӯхтанд, масҷиди ҷомеи Андиҷонро ба казармаи қисмҳои аскарони сурх табдил доданд ва охирин дар ин ҷойи барои мардум муқаддас ҳаргуна корҳои бемаъниро ба ҷо овардаанд;
- Дар аввал маҳдуд ва баъд тамоман манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҷамъиятҳои ғайриболшевикӣ. Маълум аст, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон, аниқтараш дар шаҳрҳои асосии он қариб тамоми ҳизбҳои бузурги Русия ташкилот ё худ намояндаи худро доштанд. Махсусан ҳизби эсерҳо ва ҷамъияти «Шӯрои исломия» аз ҳамаи ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо сернуфузтар ба ҳисоб мерафтанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳизби болшевикӣ ҳамаи онҳоро ба муқобили худ гузошт;
- Маҳв намудани ҳаракати мухториятчиён. Чӣ тарве аллакай таъкид кардем маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд» қариб тамоми тарафдорони онҳоро, ки дар ҳудуди кишвар хеле бисёр буданд, ба майдони муборизаи муқобили сиёсати болшевикӣ бархезонд;
- Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллӣ кунонидани бонкҳо, ҷорӣ намудани сиёсати развёрсткаи озуқавӣ (яъне аз аҳолӣ кашида гирифтани ғалла ва дигар намуди хӯрокворӣ, пахта ва ғайра). Дар чунин ҳолат соҳибони мулк бо сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ розӣ нашуда, барои муқобилият вақти мусоидро интизор буданд;
- Амалиётҳои ношоистаи баъзе аз ашхосе, ки дар замони нав, дар марказ ва дар маҳалҳо ба сари қудрат омада буданд. Дар байни амалдорони нав ашхосе буданд, ки аз мансаб истифода бурда, ба манфиати шахсии худ, ба мол ва номуси мардум даст мезаданд, таҳқир менамуданд ва ҳатто шахси дилхоҳашонро нест мекарданд;
- Ҳангоми ташкил додани аввалин органҳои марказӣ ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми маҳаллӣ ва ташкил додани чунин ҳокимият танҳо аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо. Ин гуна сиёсатро намояндагони зиёиёни маҳаллӣ ҳамчун ҷорӣ гардидани сиёсати нави мустамликавӣ ва таҳқири миллати худ меҳисобиданд.
Албатта ба сабабҳои дар боло нишон додашуда, инчунин таъсири ҳаракати зиддишӯравии худи Русия, ташвиқоту амалиётҳои мамлакатҳои беруна илова шуда метавонанд. Хулоса, ҳамаи ин сабабҳо қисми бузурги мардуми кишвари Туркистон, аз он ҷумла мардуми сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолиро ба майдони ҳарб кашида буд.
Ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ. Аввалин баромади зиддишӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд 4 феврали соли 1918 дар деҳаи Қистакӯз ба амал омад. Вале нимаи дуюми он сол ҳаракати зиддишӯравӣ на танҳо қариб тамоми ҳудуди уезди Хуҷандро, балки бисёр ноҳияҳои Фарғона, Сирдарё, Ҳафтруд ва Самарқандро низ фаро гирифт. Моҳи декабр ҶМШС Туркистон дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд.
Шаби аз 18 ба 19 январи соли 1919 дар худи шаҳри Тошкент бо сарварии комиссари ҳарбии ҷумҳурии Туркистон К.П.Осипов ба муқобили тартиботи болшевикии кишвар исёне ба амал омад, ки дар натиҷаи он бисёре аз коркунони ҳизбию шӯравӣ, аз ҷумла 14 нафар комиссарони туркистонӣ (онҳо бо даъвати худи К.Осипов барои ҷамъомад ҳозир шуда буданд) қурбон шуданд. Фаъолони ин исён аъзоёни «Ташкилоти ҳарбии Туркистон», ки аз тарафи гвардиячиёни сафед бунёд карда шуда буд, ба ҳисоб мерафтанд. Ин воқеа муқобилони тартиботи шӯравии кишварро хеле рӯҳбаланд намуд.
22 январи соли 1919 Оренбург боз ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Ин ба Ҳукумати Шӯравӣ имконият дод, ки ба Туркистони шӯравӣ иловагӣ аскар ва лавозимоти ҳарбӣ фиристад. Дар натиҷа ба муқобили К.Осипов қувваи зиёд гузошта шуд. К.Осипов ҳатто шаҳри Тошкентро пурра ба даст гирифта натавонист ва шикаст хӯрда ба сӯи Мастчоҳ, баъд, тобистони он сол ба Бухоро гурехт.
Аз охири соли 1918 дар ноҳияҳои гуногуни водии Фарғона, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ отрядҳои зиддишӯравӣ бо сарварии Эргаш, Мадаминбек, Кӯри Шермат, Раҳмонқул, Исломбек, Амонқул, Маҳмадсолеҳ ва дигарон амал мекарданд. Дар байни қувваҳои зидишӯравӣ сернуфузтарин қувваҳои Мадаминбек ба ҳисоб мерафт. Ӯ, ки худро «Сарфармондеҳи армияи сафеди мусулмонии Туркистон» эълон карда буд, тавонист дар атрофи худ отрядҳои зиёди хурд-хурди зиддишӯравиро муттаҳид намояд. Дар натиҷа қариб тамоми водии Фарғона ба зери нуфузи вай гузашт.
Моҳи апрели соли 1919 бо мақсади ба танзим даровардани мубориза ба муқобили ҳаракатҳои зиддишӯравӣ дар Тошкент Шӯрои Ҳарбии инқилобии ҶМШС Туркистон ташкил ёфт. Тобистони он сол, баъди дар фронти Шарқии Русияи Шӯравӣ маҳв намудани қувваҳои бузургтарини зиддишӯравии Колчак, ба кишвари Туркистон қувваҳои иловагӣ-қисмҳои аскарони сурх ва масолеҳи зиёди ҳарбӣ фиристода шуд. 11 августи он сол аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи фронти Шарқӣ, ки ба кишвари Туркистон фиристода шуданд, фронти Туркистонӣ, бо сарварии М.В. Фрунзе ташкил гардид. Ба ихтиёри он инчунин тамоми қисмҳои аскарони сурх, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон амал мекарданд, гузашт. Вазифаи асосии фронти нав — дар тамоми ҳудуди Осиёи Миёна, пеш аз ҳама дар кишвари Туркистон пурра маҳв намудани қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Баробари ташкил додани фронти Туркистонӣ, аскарони он ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳуҷум гузоштанд. Дар натиҷа «пробкаи оренбургӣ» абадан барҳам дода шуд. Ин имконият дод, ки ҳукумати Русияи Шӯравӣ ба вазъи кишвари Туркистон диққати ҷиддӣ диҳад. Бо ташаббуси он 8 октябри соли 1919, бо мақсади мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ барои кӯмак расонидан ба болшевикони ин кишвар Комиссияи Туркистони (Турккомиссия) ташкил дода шуд. Минбаъд, августи соли 1920 барои зиёдтар намудани нуфузи болшевикӣ ва роҳбарияти ҳизбӣ Бюрои Туркистонии (Туркбюрои) ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия ташкил карда шуд.
Аз аввали соли 1920 вазъи ҳарбии ҳомиёни тартиботи нави кишвари Туркистон нисбатан беҳтар гардид. Аҳволи қувваҳои зиддишӯравӣ бошад, баръакс вазнин шуд. Охирин, бо сабаби дар ҳудуди кишвар хеле зиёд гирд овардани қисмҳои аскарони сурх, дигар имконияти муттаҳидшавиро аз даст дода буданд. Бинобар ин онҳо бештар ба отрядҳои хурд-хурд тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногун амал мекарданд. Аз ин рӯ аскарони сурх дар амалиёти ҷангии худ дигар қариб бо қувваҳои нисбатан бузурги муттаҳидаи зиддишӯравӣ дучор намеомаданд.
Дар чунин шароит баъзе сарварони ҳизбию шӯравӣ ва махсусан ҳарбии кишвар на танҳо сиёсати ба мардум фаҳмондадиҳӣ, балки сиёсати зӯроварӣ, барои тарсонидани чашми мардум чораҳои ҳабсу қатлро пеш гирифтанд. Махсусан отрядҳои ҷазодиҳии сегона (тройка), ки дар маҳалҳо ташкил дода мешуд, дар ин ҷода бераҳмиҳои зиёде зоҳир намудаанд. Аз тарафи онҳо асосноку беасос каси бисёре қатл карда шудааст. Баъзан, бо мақсади ғаразнок, ё худ рӯпӯш намудани нобарории амалиёти худ, шахсони тамоман бегуноҳро ҷамъ намуда, қатл мекарданд, ё худ деҳаеро ба хок яксон менамуданд.
Соли 1920 вазъияти кишвари Туркистон нисбат ба соли 1919, ба фоидаи тартиботи шӯравӣ хеле тағйир ёфт. Моҳи феврали соли 1920 аскарони сурх тамоми ҳудуди Моварои Каспиро ба даст дароварда, дар ин ҷо тартиботи шӯравиро аз нав барқарор намуданд. Моҳҳои март-апрел бошад аскарони сурх ба қувваҳои зиддишӯравии Ҳафтруд шикасти сахт доданд. Дар натиҷа фронтҳои Моварои Каспӣ ва Ҳафтруд барҳам дода шуд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ як қисми аҳолии маҳаллӣ оҳиста-оҳиста ба сохти нав майл карда, барои барқарории он ҷонбозиҳо намуданд. Аз ҳисоби онҳо соли 1919 дар ҳудуди уездҳо отрядҳои ихтиёриёни халқӣ ташкил ёфтанд. Ба чунин отрядҳо, фаъолони ҳаракати шӯравӣ: Ҳайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков, Аҳмадбек Мавлонбеков, Шариф Раҷабов, Абдуқодир Раҳимбоев, Раҳимбердӣ Эгамбердиев ва дигарон сарварӣ намудаанд. Маҳз дар натиҷаи ба ҳимояи тартиботи шӯравӣ бархестани як ҳиссаи мардуми маҳаллӣ, дар чунин маҳаллаҳо ҳаракати зиддишӯравӣ ба худ характери ҷанги шаҳрвандиро гирифт. Ҳамин ҳолат махсусан солҳои 1919-1921 ҳувайдо буд. Вале отрядҳои ихтиёрии халқӣ дар он солҳо қувваи ҳалкунанда ба ҳисоб намерафтанд. Қувваи асосие, ки баҳри тартиботи шӯравӣ меҷангид ҳанӯз ҳам қисмҳои аскарони сурх буданд.
Аз аввали соли 1920 дар водии Фарғона қисмҳои асосии аскарони сурх ба муқобили қисмҳои Эргаш ва Мадаминбек, ки ҳанӯз ҳам хеле сершумор буданд, нигаронида шуданд. Дар натиҷаи муборизаҳои пай дар пай 13 январ деҳаи Бечкир, ки такягоҳи асосии Эргаш ба ҳисоб мерафт, ба ихтиёри аскарони сурх гузошт. Моҳи март бошад Мадаминбек низ шикаст хӯрд ва қисмҳои боқимондаи ӯ ба воситаи Ӯротеппа ба сӯи Мастчоҳ ақиб нишастанд.
Баъди шикаст додани қувваҳои Эргаш ва Мадаминбек, охири соли 1920 ва аввали соли 1921 қисмҳои асосии аскарони сурхи дар водии Фарғона буда ба муқобили қувваҳои Холбӯтта ва Раҳмонқулбек сафарбар карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳои шадид қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрда, ба ҳар сӯ пароканда гардиданд.
Маҳв намудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар Мастчоҳ. 30 ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ агарчанде дар натиҷаи сулҳи тарафҳо тартиботи шӯравӣ ба тарзи осоишта аз нав барқарор ёфта буд, вале баробари аз ҳудуди ин ноҳия дур шудани қисмҳои аскарони сурх, аввали моҳи декабр Султонбек худро бек ва Мастчоҳро бекигарии мустақил эълон кард. Дар натиҷа дар Мастчоҳ Ҳокимияти Шӯравӣ боз барҳам хӯрд.
Сарварони шӯравӣ ин дафъа ҳам масъаларо бо сарварони нави Мастчоҳ ба тарзи осоишта ҳал карданӣ шуданд. 12 июли соли 1920 дар деҳаи Похути волости Фалғар байни Ҳокимияти Шӯравӣ ва бекигарии Мастчоҳ сулҳ имзо гардид. Вале тирамоҳи он сол вазъият аллакай тағйир ёфт. Ба ин мулк Саид Аҳмадхоҷа — писари эшони Авлиёхоҷа, ки дар тамоми ҳудуди уезд шӯҳрат дошт ва аз соли 1919 раиси комиҷроияи волости Бокса-Исфонаи уезди Хӯҷанд буду ҳатто ба ҳайати ҳизби болшевикӣ ҳам шомил буд, омада худро бек эълон кард ва сулҳи бо Ҳокимияти Шӯравӣ вуҷуддоштаро бекор намуд. Вай мехост, ки дар тамоми болооби Зарафшон ҳокимияти худро барқарор намояд.
Саид Аҳмадхоҷа аз Ҳокимияти Шӯравӣ талаб кард, ки мустақилияти давлати ӯро эътироф кунад. Ба ин талаб Шӯроҳо розӣ нашуданд. Ба ҳамин сабаб гуфтушуниди тарафайн натиҷаи дилхоҳ надод. Ниҳоят Ҳокимияти Шӯравӣ ба муқобили бекигарии Мастчоҳ қувваро истифода бурд. Моҳи марти соли 1923 барои маҳви бекигарии Мастчоҳ аз тарафи Ҳокимияти Шӯроҳо, бо сарварии Ҷӯра Зокиров ва Аҳмадбек Мавлонбеков Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ташкил карда шуд. Дар худи ҳамон моҳ қисмҳои аскарони сурх ба хоки Мастчоҳ бори аввал қадам гузоштанд. 2 апрели ҳамон сол онҳо маркази «бекигарии Мастчоҳ»-деҳаи Оббурдонро ишғол карданд. Бо ҳамин дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳам пурра тартиботи шӯравӣ аз сари нав барқарор гардид. Худи Саид Аҳмадхоҷа боз ба уезди Хуҷанд гурехта паноҳӣ ёфт. 4 январи соли 1924 ӯ баъди нокомиҳои зиёд ба Ҳокимияти Шӯравӣ таслим шуд.
Ҳаракати зиддишӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон. Аллакай тобистони соли 1919 вазъият дар Кӯҳистони Бадахшон боз мураккаб гардид. Зеро вазъи ноороми водиҳои Фарғонаю Олой ва махсусан ноҳияи Ӯш барои пурқувват шудани қувваҳои зиддишӯравии Кӯҳистони Бадахшон низ имкониятҳои мувофиқ ба вуҷуд овард. Дар Помири Ғарбӣ ба чунин қувваҳо роҳбари сектаи исмоилиҳо — Муҳаммадалишо, эшони Шоҳдара — Саид Маҳмудшо ва эшони Поршнев — Саид Юсуфалишо сарварӣ мекарданд. Бевақтии шаби 23 июли соли 1919 дар Хоруғ А.А.Холмаков ва наздикони ӯ аз тарафи мадёрҳои сафед, ки аз Афғонистон гузашта буданд, кушта шуданд. Баъди ин фоҷеа, 24 июл иҷроиши вазифаи сарвари сиёсии Кӯҳистони Бадахшон ба ӯҳдаи П.Воловик гузошта шуд.
Моҳи октябри соли 1919 отряди зиддишӯравии Н. Монстров, ки дар Ҷалолобод амал мекард, бо Мадаминбек иттифоқ баста, Ӯшро ба даст даровард. Роҳ аз водии Фарғона ба сӯи Кӯҳистони Бадахшон баста шуд. 24 октябри он сол дар деҳаи Гулҷӣ, ки маҳалли асосӣ дар роҳи Ӯш-Хоруғ ба ҳисоб меравад, Монстров ва Мадаминбек «Ҳукумати Муваққатии Туркистон»-ро бо сарварии Мадаминбек ташкил доданд. Охири моҳи декабр дар Помири Ғарбӣ низ тартиботи шӯравӣ барҳам хӯрд.
Аввали соли 1920 нуқтаҳои асосии стратегӣ дар роҳи Ӯш-Хоруғ, аз он ҷумла деҳаи Гулҷӣ, аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда шуд. Ин воқеа дар Кӯҳистони Бадахшон тарафдорони шӯравиро рӯҳбаланд намуд. Бо сарварии Х.Кирмоншоев отряди гвардиячиёни сурх ташкил карда шуд, ки ба он А.Наврӯзбеков, Т.Бердаков, С.Абдуллоев, Э.Элчибеков, Б.Мирзобеков ва Воловик дохил мешуданд.
Моҳи апрели соли 1920 сарвари отряди зиддишӯравии Хоруғ полковник Тимофеев нокифоягии қувваи худро эҳсос намуда, бо наздиконаш ба Ҳиндустон гурехт. Баъди ин воқеа сардори милитсияи Хоруғ Ҳақназар, ба руҳониёни маҳаллӣ такя намуда, ҳокимиятро гирифт. Вале руҳониёни Помири Ғарбӣ, бо ташаббуси Абдулғиёсхон ба беки Дарвоз бо мактуб муроҷиат карданд, ки мулки онҳоро низ ба ҳайати мулкҳои идоракунии амири Бухоро ҳамроҳ кунанд. Дар натиҷа моҳи майи ҳамон сол отряди бухороии дар мулки Дарвоз буда, ба Хоруғ дохил шуданд ва Кӯҳистони Бадахшон мулки амири Бухоро эълон гардид. Акнун дар Хоруғ намояндаи амир-бек менишаст. Дар маҳалҳо тартиботи амириро аз нав барқарор карданд.
26 июн, вақте ки бек ва дигар намояндагони амири Бухоро дар зиёфати сарвари (шои) Роштқалъа Саид Маҳмудшо буданд, тарафдорони шӯравӣ, бо сарварии Азизбек Наврӯзбеков (ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар), дар аввал кӯпруки дарёи Ғундро, ки роҳи Роштқалъаро бо Хоруғи Боло мепайваст, вайрон карданд. Онҳо 27 июн қалъаи Хоруғро ба даст дароварда, тамоми аслиҳаро аз худ намуданд. 28 июн бек ва дигар тарафдорони ӯ аз воқеаи Хоруғ хабардор гашта, аз Роштқалъа омаданд ва бо душвориҳои зиёд аз дарёи Ғунд гузашта, аз исёнгарон талаби супоридани қалъаро карданд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Рӯзи 29 июн дар байни тарафдорони шӯравӣ ва бек задухӯрд ба амал омад, ки бо ғалабаи шӯравиҳо анҷом ёфт. Бек асир афтид ва ӯро ба Қалъаи Ҳумб фиристоданд. Ҳокимият дар Кӯҳистони Бадахшон ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ бо сарварии П. Воловик гузашт.
Ҳамин тавр, 29 июни соли 1920, ҳамчун рӯзи дар Помири Ғарбӣ аз нав ташкил ёфтани Ҳокимияти Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Баъди Хоруғ, бо зудӣ тартиботи шӯравӣ дар Вахон ва Ишкошим низ аз нав барқарор гардид. Сентябри соли 1921 бо омада расидани отряди нави сарҳадӣ дар Помири Шарқӣ низ тартиботи шӯравиро аз нав барқарор намуданд.
Дар ин гӯшаи кӯҳӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт. Моҳи сентябри соли 1921 бо ташаббуси ҳокимияти шӯравии Туркистон, бо мақсади дар тамоми маҳалҳои Кӯҳистони Бадахшон барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Сегонаи ҳарбию сиёсӣ оид ба Помир ташкил карда шуд. Ба он аз Помири Ғарбӣ — Шириншоҳ Шоҳтемур, аз Помири Шарқӣ — Ҳусенбоев ва аз отряди сарҳадӣ — М.М. Дяконов (вай инчунин намояндаи КИМ ҶМШС Туркистон ба ҳисоб мерафт) дохил буданд. Ин сегона 19 сентябр баҳри дар тамоми маҳаллаҳои Кӯҳистони Бадахшон ташкил додани кумитаи инқилобӣ қарор қабул кард.
Умуман ҳаракати зиддишӯравӣ, ки сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшонро дар қатори дигар ноҳияҳои кишвари Туркистон фаро гирифта буд, на танҳо боиси харобиҳои хоҷагии халқ, балки он боиси талафотҳои зиёди ҷонӣ низ гардидааст. Махсусан солҳои 1918-1921 ба муқобили қисмҳои мунтаззами аскарони сурхи казакии мусаллаҳи дар майдонҳои ҷанг обутобёфта, тӯдаи зиёди мардуми машқи ҷангӣ надида ва бадмусаллаҳгардида меҷангид. Бинобар ҳамин ҳам агар талафоти ҷонии тамоми Федератсияи Русия (бо ҳамроҳи кишвари Туркистон) дар замони авҷи ҷангӣ гражданӣ, яъне солҳои 1918—1920 ба 800 ҳазор нафар расад, пас талафоти ҷонии танҳо кишвари Туркистон, бо якҷоягии маъюбон 200 ҳазор нафарро ташкил кардааст.
Дар солҳои болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ, аз ноҳияҳое, ки амалиёти ҷангӣ зиёда ба амал омадааст, мардуми зиёде ватани худро тарк карданд. Аз ҷумла дар он солҳои душвор миқдори мардуми вилояти Фарғона аз се як ҳисса кам шудаанд.