Сафармуҳаммад Айюбӣ
20-декабри соли 1945 дар шаҳри Кӯлоб таввалуд ёфта, дар ҳамон ҷой, соли 1976, Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст. Баъдан мухбири рӯзномаву оҷонсиҳои Бо роҳи Ленинӣ, Хатлон, ТоҷикТА, ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), Сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВТ (1993-1995), сардори раёсати Фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008), аз соли 2008 бознишаста ва машғули фаъолияти эҷодӣ будааст. Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Садои Шарқ, Помир, Маориф ва маданият, Тоҷикистони Советӣ, Адабиёт ва санъат ва дигар расонаҳои хабарию адабӯ мунташир гардидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои Гули гандум (1980), Роҳи сафар (1984), Шохаи барқ (1986), Фалаки роғӣ (1990), достонҳои Хоҳиши дарё (1990), Мунзим (1990), Вафои Зарробӣ (2001), Маснавии мирӣ (2001), Шаҳриёрнома (2002) ва ғайра мебошад. Бештар аз 200-драммаи манзум офаридааст, ки аз он ҷумла Фишор (1984)-у Заволи Чамбули Мастон (1997) дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда соҳиби ҷоизаи олии фестивал-Гран-при гардонида шудаанд, ҳамчунин асарҳои манзуми драмавии ӯ Хатои охирини Афлотун (1990), Алии Сонӣ (1994), Меъроҷи Шоҳин (1995), Айюби Собир дар шаҳри бесуннат(1996), Амир Балъамӣ (1997), ғолиби машварат озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон гардиданд.Ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р.Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200-шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995), Шоири халқии Тоҷикистон(1999), Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000), Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон Ноҳид (1994). Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст. 22-феврали соли 2011 аз олам даргузашт. Ҷанозаи устод Сафармуҳаммад Айюбӣ бо иштироки садҳо нафар мухлисонаш баргузор гардида пайкари поки устодро дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлуи адибон ва қаҳрамонони хизматнишондодаи Тоҷикистон ба хок супурданд. Дере нагузашта дар шаҳри Душанбе кучаеро ва дар шаҳри Кӯлоб мактаберо ба номи устод Сафармуҳаммад Айюбӣ гузоштанд.
ПАНДИ ДЕРИН
Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
Шавқу шури навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
Кудаконашро агар н-омухт одобе падар,
Оқибат ноодамии кӯдаконаш мекушад.
Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
То ки қад боло кунад по монд дар болои дуст,
Бевафоро дар ҷудоӣ душманонаш мекушад.
Шоире гуфто сухан аз синаи бедарду ғам,
Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.