Дигаргунсозиҳо дар ҳаёти фарҳангӣ. Маҳви бесаводӣ. Гузаштан ба алифбои лотинӣ

Маориф. Новобаста аз он ки дар ҳудуди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон то соли 1925 ҳам дар соҳаи маориф баъзе чораҳои зарурӣ андешида шуд, вале натиҷааш назаррас набуд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 1925/26 дар мактабҳои шӯравӣ ҳамагӣ 3% толибилмон таҳсил мекарданду халос. Ҳол он ки дар соли 1925 дар ҳудуди Тоҷикистон 1677 адад мактабҳои усули кӯҳна амал мекарданд.

Декабри соли 1926 анҷумани 1 муассисони Шӯроҳои Тоҷикистон, дар қатори дигар ҳуҷҷатҳо чуноне таъкид гардид, эъломияро «Дар бораи ҷорӣ намудани таълими умумии меҳнаткашон» қабул кард. Бо мақсади амалӣ намудани ин эъломия ҳукумати ҷумҳурӣ диққати асосиро ба ташкил намудани мактабҳои нав, таъмини онҳо ба омӯзгорон ва ҷалби ҷавонон ба чунин мактабҳо равона кард. Дар ин роҳ танҳо бо корҳои ташвиқотӣ маҳдуд нашуда, ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар мактабҳои шӯравӣ таҳсил мекарданд, қарзи имтиёзнок медоданд, онҳоро дар муддати як сол аз андози ягонаи кишоварзӣ озод менамуданд ва ғайраҳо. Дар чунин мактабҳо ба фарзандони коргарон ва камбағалон бе пул либос, пойафзол, хӯроки пагоҳирӯзӣ ва нисфирӯзӣ медоданд. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шумораи мактабҳои шӯравӣ ва талабагони онҳо пай дар пай меафзуданд. Чунончӣ, агар соли таҳсили 1924/25 миқдори умумии мактабҳои шӯравӣ 31 адад ва шумораи талабагони онҳо 904 нафарро ташкил дода бошанд, пас соли таҳсили 1928/29 миқдори ин гуна мактабҳо ба 317 адад ва шумораи талабагонашон ба 12325 нафар расид. Вале ин миқдор ҳам нисбат ба мактабҳои кӯҳна хеле кам буданд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки майли падару модарон ҳанӯз ҳам бештар ба мактабҳои усули кӯҳна нигаронида шудааст. Албатта бо чунин ҳолат амалдорони шӯравӣ муросо карда наметавонистанд. Бинобар ин соли 1929 дар ҳудуди ҷумҳурӣ мактабҳои усули кӯҳнаро барҳам доданд. Бо ҷои онҳо мактабҳои шӯравӣ бунёд карданд.

Маҳви бесаводӣ. Барои дар байни мардум барҳам додани бесаводӣ мактабҳои маҳвӣ бесаводӣ аҳамияти махсус доштанд, ки онҳо махсус барои калонсолон ташкил карда мешуданд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 1925-26 миқдори чунин мактабҳо – 63 адад ва шумораи толибилмон – 1496 нафар бошанд, пас дар соли таҳсили 1927-28 миқдори чунин мактабҳо ба 271 адад ва шумораи толибилмони онҳо ба 7400 нафар расиданд. Соли 1928 дар ҷумҳурӣ ҳатто ҷамъияти «Нест бод бесаводӣ» бунёд гардид.

Тайёр намудани кадрҳо. Барои ҳукумати ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон масъалаи тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ, чӣ барои идораҳои маҳаллӣ ва чӣ барои мактабҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафтанд. Бинобар ин, чуноне аллакай таъкид гардид, ҳанӯз 31 декабри соли 1924, бо қарори Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар шаҳри Тошкент Донишкадаи маорифи Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Дар ин донишкада соли 1924 – 130 нафар ва соли 1926 – 171 нафар фиристодагони Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо дар худи ҷумҳурӣ ҳам баъзе чораҳо андешида шуд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 1925 дар Душанбе курси семоҳаи муаллимтайёркунӣ кушода шуд. Августи он сол ин курсро аввалин 25 нафар тоҷикон хатм карданд. Дар як вақт дар Душанбе курсҳои хоҷагидорӣ ҳам фаъолият мекарданд. Тирамоҳи он сол курси семоҳаи муаллимтайёркунӣ ба курси то шашмоҳаи доимамалкунанда табдил дода шуд. Соли 1928 курсҳои муаллиматйёркунӣ, ба ғайр аз Душанбе, боз дар Истаравшан, Ғарм ва Қӯрғонтеппа таъсис ёфтанд. Дар Душанбе инчунин курси муалллимтайёркунии занона ташкил карда шуд. Барои тоҷикони Истаравшан ва Панҷакент дар Самарқанд курси муаллимтайёркунӣ, аз ҷумла занона низ вуҷуд дошт.

18 сентябри соли 1926 дар бораи таъсиси техникуми омӯзгории Тоҷикистон қарор қабул гардид. Ноябри соли 1927 техникуми омӯзгории занона низ таъсис ёфт. Дар соли таҳсили 1928/29 дар ҷумҳурӣ се техникуми омӯзгорӣ фаъолият мекарданд, ки дар онҳо 360 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд.

Бегуфтугӯ, ҷумҳурии мо дар он солҳои душвор дар масъалаи тайёр намудани кадрҳо ҳам кӯмаки ҷумҳуриҳои иттифоқиро медид. Танҳо солҳои 1927/1928 барои таҳсил, берун аз ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба шаҳрҳои Москва, Ленинград ва ғайра 486 нафар ҷавонон фиристода шуданд. Инчунин, аз Федератсияи Русия, махсусан аз вилоятҳои Бухоро, Самарқанд ва ғайра кадрҳои зиёд ба ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон ба кор омаданд.

Матбуот ва нашри китобҳо. Барои бунёд ва мустаҳкам намдуни тартиботи нав матбуот зарур буд. Аз 15 марти соли 1925 дар Душанбе рӯзномаи «Иди тоҷик» нашр гардид. Баъди чанде ин рӯзнома номи «Бедории тоҷик», аз 8 октябри соли 1928 номи «Тоҷикистони сурх» — ро гирифт. Аз соли 1925 газетаи русии «Советский Таджикистан», аз соли 1926 маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор», маҷаллаи ҳаҷвии «Ширинкор», аз августи соли 1927 маҷаллаи «Роҳбари дониш» нашр шуданд.

Барои нашри китобҳо, махсусан китобҳои дарсӣ, 7 октябри соли 1925 бунёд гардидани Нашриёти давлатии Тоҷикистон аҳамияти махсус дошт. Дар он аз ҷумлаи аввалинҳо китоби алифбо бо номи «Баҳори дониш», хрестоматия бо номи «Калиди дониш» ва ғайраҳо нашр гардиданд.

Корҳои фарҳангию равшаннамоӣ. Дар баробари нашри рӯзномаю маҷалла ва китобҳо, барои бунёди китобхонаю чойхонаҳои сурх низ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Соли 1927 дар ҳудуди ҷумҳурии мухторӣ 11 китобхона, 32 клубу чойхонаҳои сурх ва 9 нуқтаҳои кинонамоишдиҳӣ амал мекарданд. Аз октябри соли 1928 дар Душанбе аввалин бор шунавонидани радио оғоз гардид.

Илм. Аввали соли 1925 дар соҳаи аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани ҷумҳурӣ қадами нахустин гузошта шуд. 9 январ дар Тошканд «Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронинажоди берун аз он» ташкил ёфт. Ба ҳайати он олимони номии ҳамон давр А.А. Знаменский, Н.Л. Корженевский, А.А. Семёнов, М.С. Андреев ва дигарон дохил буданд. Аз тарафи онҳо очеркҳои илмӣ оид ба таърих ва мардумшиносии тоҷикон, дар бораи ҳаёти набототу ҳайвонот, иқлим, роҳҳо, иқтисодиёт ва ғайра нашр гардиданд. Феврали соли 1926 дар Тошкент Бюрои иқтисодии Осиёмиёнагӣ оид ба Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифааш омӯхтани қувваҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. Соли 1927 аз тарафи олимони Донишгоҳи давлатии Осиёимиёнагӣ эъзомияи ботаникӣ ба Помир – Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд. Соли 1928 дар ин ҷо эъзомияи Помир бо сарварии Д.И. Щербаков ва эъзомияи умумии (комплексии) Тоҷикистонии АИ ИҶШС (СССР) бо сарварии А.Е. Ферсман фаъолият намуданд Соли 1928 бо сарварии академик Е.Н. Павловский эъзомияи паразитарии Осиёимиёнагӣ ташкил карда шуд, ки онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ бемориҳои зиёди сиряткунандаро омӯхтанд. Дар асоси пешниҳоди онҳо дар Душанбе нуқтаи муайянкунӣ ва табобати бемории табларза кушода шуд.

Бо мақсади инкишоф додани кишоварзӣ нуқтаҳои зиёди таҷрибавӣ бунёд карда шуданд. Аз ҷумла, соли 1929 нуқтаи таҷрибавии Пажуҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии Умумииттифоқӣ оид ба пахта ташкил карда шуд, ки он ба кашфи навъҳои нави пахта, махсусан навъи маҳиннах машғул буд.

Адабиёт. Дар нимаи дуюми солҳои 20- уми асри ХХ чунин адибон, ба монанди С.Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, М. Раҳмиӣ ва дигарон бо асарҳои худ машҳур гардидаанд. Махсусан, соли 1926 аз тарафи С. Айнӣ нашр гардидани «Намунаи адабиёти тоҷик» аҳамияти бузурги сиёсӣ дошт. Зеро, С. Айнӣ бо ин асари худ соҳиби адабиёт ва фарҳанги қадима будани тоҷиконро исбот намуда, ба душманони миллати тоҷик, махсусан туркпарастону узбекпарастон зарбаи қатъӣ зад. Ба ғайр аз ин соли 1927 повести «Одина», соли 1928 романи «Дохунда» — и С. Айнӣ нашр гардид. Соли 1926 маҷмӯаи шеърҳои А. Лоҳутӣ бо номи «Адабиёти сурх» баромад. Маҳз дар ҳамин давр аввалин асарҳои адибони ҷавон Ч. Икромӣ («Ширин»), А. Деҳотӣ («Ҳамидаи бадбахт») ва ғайра нашр гардиданд.

Санъат. Дар давраи мухторият мувофиқи талаби замон жанрҳои гуногуни санъат ташаккул меёфт. Соли 1928 дар Душанбе мактаби мусиқӣ, соли 1929 дар Хуҷанд техникуми мусиқӣ ташкил ёфт. Маҳфил ва театрҳои гуногун фаъолият мекарданд. 7 ноябри соли 1929 дар Душанбе бо намоиши идона театри давлатии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Аввалин директор ва режесёри он Ҳомид Маҳмудов буд. Октябри соли 1929 аввалин киножурнал намоиш дода шуд, ки он аз хусусӣ ба Душанбе омадани аввалин поезд нақл мекард.

Гузаштан ба алифбои лотинӣ. Гузаштан ба алифбои лотинӣ ин хоҳиши тоҷикон, ё худ ақалан таклифи ягон нафар роҳбари тоҷикистонӣ набуд. Балки ин нақшаи роҳбарияти ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, баъд Умумииттифоқӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро, мувофиқи ақидаи тарафдорони инқилоби пай дар пай (пермаментӣ), баъди инқилоби Октябр бояд дар тамоми ҷаҳон инқилоби сотсиалистӣ ғалаба мекард ва он гоҳ алифбои умумӣ – ҷаҳонӣ гӯё зарур мешавад. Ба хулоса омада буданд, ки чунин алифбо бояд алифбои лотинӣ шавад. Мувофиқи нақша бояд Федератсияи Русия ҳам ба ин ҳуруф мегузашт. Бинобар ин роҳбарияти ҳизбӣ ва ҳукумати иттифоқӣ, ба роҳбарияти ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон супориш дода буданд, ки дар қатори ҷумҳуриҳои туркзабони Иттифоқ ин нақшаро амалӣ намоянд.

Моҳи январи соли 1927 дар Самарқанд Кумитаи истилоҳоти алифбои тоҷикӣ таъсис ёфт ва соли 1928 дар ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон гузаштан ба ҳуруфи лотинӣ оғоз гардид. Аллакай соли 1930 нақшаи гузариш ба алифбои лотинӣ пурра иҷро гардид. Яъне, дар ин сол тамоми ҳуҷҷатҳои коргузорӣ ва мактабҳо ба ҳуруфи лотинӣ гузаронида шуданд.


368
Нет комментариев. Ваш будет первым!