Нашъунамои давлати Сомониён

Вориси Исмоил писараш Аҳмад (907-914) ҳанӯз дар айёми ҳукумати падар ба баъзе вазифаҳои баланди давлатӣ мушарраф гардид. Аммо ӯ кифояту коршоямии падарро надошт. Ба ӯ зарур омад, ки ошӯбу фитнаҳои дохилиро сомон бахшад. Аз ҷумла амаки ӯ Исҳоқ ибни Аҳмад, ки ҳокими Самарқанд буд, барои ба даст овардани тахт бар муқобили амири сомонӣ даст ба шӯриш зад. Ин шӯриш пахш гардид ва Исҳоқ ба ҳабс андохта шуд. Тадбири дигари Аҳмад ба даст овардани Систон дар соли 908 ба ҳисоб мерафт. Дарбориёну давлатмардони сомонӣ низ нисбат ба ӯ ба чашми камэътиборӣ назар дӯхтанд. Аз ҷумла ҳокими Гургон Борс ал-Кабир чун аз марги Исмоил огоҳ шуд, ба Бухоро молиёт фиристоданро қатъ кард ва чун аз ҳаракати сипоҳи сомонӣ огоҳ шуд, ба тарафи Бағдод фирор карда, бо додани маблағи зиёд ба халифа паноҳ бурд.
Соли 912 туркҳо бо лашкари зиёде ба қаламрави Сомониён ҳуҷум оварда, даст ба ғорат заданд ва бештар аз 20 ҳазор мардуми муқимиро ба асорат бурданд. Аҳмад ибни Исмоил бо лашкаре қавӣ ин фитнаро дур карда, қисми зиёди асиронро аз туркон кашида мегирад ва теъдоди зиёди турконро низ ба асорат мебарад. Ин пирӯзӣ чунон таъсире дар ҷомеъа дошт, ки худи амири сомониро низ руҳбаланд карда, бар он дошт, ки ӯ халифа тақозо кард, то вилоятҳои Форс ва Кирмонро низ ба ӯ бахшад, аммо халифа танҳо Кирмонро ба ихтиёри Сомониён дод. Ҳуҷуми дигар ба сарзамини Сомониён аз самти кишвари Рус сурат гирифт. Русҳо тавассути баҳри Хазар (Каспӣ) бо 500 киштӣ ба сарзаминҳои Табаристон, Дайлам ва Обискун ҳамла карда, мардуми зиёдеро ба қатл расониданд ва занону кӯдакони зиёдро ба асорат бурданд. Шаҳри Сораи Мозандаронро русҳо ваҳшиёна ба оташ кашиданд. Ҳуҷуми русҳо ба солҳоли 909-910 рост меояд.
Аҳмад нақши руҳониёнро дар дарбор зиёд гардонид ва забони арабӣ ҳам дар аҳди ӯ дубора нуфуз пайдо кард. Тахмин меравад, ки яке аз сабабҳои марги ӯ ҳамин ҳаракати ӯ бошад. Набояд фаромӯш кард, ки Аҳмад ҷойнишини падари бузургвораш Исмоил гардида буд ва табиист, ки мардум ва муаррихони баъдӣ ӯро бо падар муқоиса мекарданд ва ин ба суди Аҳмад набуд. Ғуломони дарбор ба ҷони ӯ қасд карда, вайро ба ҳалокат расониданд. Аз ин рӯ вай бо лақаби амири «шаҳид» маъруф гардид.
Бо кушта шудани Аҳмад дарбори сомонӣ писари ҳаштсолаи ӯ Насри II-ро бар тахт нишониданд. Бо шунидани ин хабар Исҳоқ ибни Аҳмад, ки қаблан даст ба шӯриш зада буд, интихоби кӯдакеро ба амирии Хуросон хилофи ақлу тадбир шуморида, дар Самарқанд исён бардошт. Сипоҳи Насри II дар ду набард Исҳоқро шикаст дода, ӯро дар банд кашид ва ба Бухоро овард, то дар он ҷо даргузашт. Шӯриши дигаре, ки Насри II ва дарбори Сомониёнро музтариб кард солҳои 914-915 бо роҳбарии Ҳусайн ибни Алии Марврудӣ (Марвазӣ) рух дод. Маркази ин шӯриш Нишопур ва Ҳирот ба ҳисоб мерафт. Ин наҳзат решаи иҷтимоӣ дошта, зери шиорҳои доъиёни исмоилӣ амалӣ мегашт ва бо хилофати исмоилии Фотимиён дар иртибот буд. Саркардаи сомониҳо Аҳмад ибни Саҳли Марвазӣ, ки ба навиштаи сарчашмаҳо аз насли Яздигурди III буд, шӯришро фурӯ нишонида, пешвоёни онро дастгир ва ба Бухоро фиристод. Каме баъдтар худи Аҳмад ибни Саҳл, ки аз дарбори сомонӣ ранҷида буд, даст ба шӯриш зад. Ин воқеъа соли 918 рух дод, аммо дарбори Насри II ба он муваффақ гашт, ки ин шӯришро низ пахш созад.
Ба Насри II лозим омад, ки исёни бародаронаш Яҳё, Мансур, Иброҳимро, ки байни солҳои 927-929 рух дод, саркӯб намояд. Амир Насри II муддати зиёде барои ором ва мутеъ сохтани ноҳияҳои Гургон, Табаристон ва Рай талаф карда, ба ин манзур аз хазинаи давлат маблағҳои зиёдеро ҳам сарф намуд. Шӯриши дигаре, ки дар замони Насри II рух дод бо роҳбарии Абӯали Илёс яке аз сардорони низомии Сомониён (байни солҳои 933-935) дар Кирмон ба амал омад.
Яке аз ҳодисаҳои муҳими замони Наср ошкор шудани даъвати фирқаи исмоилӣ бо номи ботиниҳо буд. Равиши Сомониён нисбат ба пайравони дину мазҳабҳои дигар хеле бохирадонаву писандида буд. Агарчанде хонадони Сомониён дар ақидаву эътиқод пайрави мазҳаби Абуҳанифа буданд, аммо нисбат ба намояндагони дигар мазҳабҳои исломӣ ва ҳатто ғайриисломӣ бо гузашту таҳаммулпазирӣ бархурд мекарданд. Сомониён дар мазҳаби аҳли суннат, яъне мазҳаби расмии хилофат қарор доштанд, аммо бар хилофи халифаҳои аббосӣ, ки дар бештари давраҳои хилофати худ пайравони дигар мазҳабҳоро таъқиб мекарданд, равиши таҳаммулпазириро пеша мекарданд. Маҳз ҳамин гуна сиёсат сабаб шуд, ки аз гушаву канори ҷаҳони ислом олимону донишмандон рӯ ба Бухорову дигар шаҳрҳои қаламрваи сомонӣ оварданд.
Мазҳаби исмоилӣ дар Ироқ зуҳур карда, сипас ба Шом (Сурия) ва минбаъд ба шимолии Африқо роҳ ёфт. Ин мазҳаб ба равияҳои қарматӣ (дар Ироқ) ва исмоилӣ (дар Шому Африқо) ҷудо гардид. Қарматиён ба тундгароӣ машҳур буда, пас аз ҳуҷум ба Мака ва кандани «ҳаҷар-ул-асвад» дар олами ислом бадном гардиданд. Исмоилиён бошанд, дар соли 909 дар шимоли Африқо дар баробари Аббосиён хилофати Фотимиён (мансуб ба духтари пайғамбар Фотима)-ро таъсис дода, ба таблиғоти мазҳабӣ даст заданд. Мубаллиғони исмоилӣ саъй мекарданд, ки мардумон ва хусусан амиру вазиронро ба байъати халифаи фотимӣ даъват намоянд. Аз ҷумла мубаллиғони ин мазҳаб дар асри X ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон низ сар дароварданд ва дар як муддати кӯтоҳ муваффақиятҳои зиёдеро касб карданд.
Дар Мовароуннаҳр яке аз мубаллиғони номии исмоилӣ Ҳусайн ибни Алии Марврудӣ ба ҳисоб мерафт, ки бо аъёну ашрофи давлати сомонӣ ҳамнишаст буд, вале дар охир ба зиндон афтода, ҳамон ҷо фавтид. Шогирди ӯ Насафӣ дар даъвати мардум ба кеши исмоилӣ то ҷое пешравӣ кард, ки чанде аз атрофиёни амир Наср ҳам ба ин мазҳаб гаравиданд ва ҳатто аз амир барои «бегуноҳ» ҳабс ва қатл кардани устодаш Марврудӣ хунбаҳо ситонида, ба халифаи фотимӣ ирсол дошт. Ҳатто худи амир Наср ҳам саранҷом ба мазҳаби исмоилӣ гаравиш пайдо кард. Ин амали ӯ боиси нигарониву эътирози руҳониён ва лашкариён гардид. Гурӯҳҳои манфиатдор кӯшиши табаддулотро ба роҳ монданд, аммо амир Наср аз ин огоҳӣ ёфта, бо хоҳиши худ аз тахт даст кашид ва ба ҷои ӯ писараш Нӯҳ (943-954) амири Мовароуннаҳру Хуросон гардид.
Бо вуҷуди ҳамаи нооромиҳо замони аморати Насри II беҳтарин давраи Сомониён ё ба таъбири дигар «асри тиллоии» ин хонадон ба ҳисоб меравад. Лақаби ӯ амири «саъид» буд. Барои оромиву суббот ва тараққии давлати сомонӣ дар аҳди Насри II нақши вазири ӯ Абӯабдуллоҳ Ҷайҳонӣ (914-921) хеле калон буд. Ӯро барои хидматҳояш дар дарбори сомонӣ бо лақаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Маҳз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад. Абулфазли Балъамӣ (921-937) дигар аз вазирони Наср ба ҳисоб мерафт ва дар аҳди вазорати ӯ дарбори Сомониён ба маркази ҷамъомади олимону шоирон гардид. Абулфазли Балъамӣ ҳомиву пуштибони Рӯдакӣ дар дарбор буд. Ӯ пас аз фурӯ нишондани ошубҳои зиддидавлатӣ дар масъалаҳои сиёсиву фарҳангӣ чораандешӣ кард, ки аз ҷумлаи он тарҷумаи «Калила ва Димна» аз арабӣ ба форсии дарӣ буд. Аҳли дарбор Балъамиро бо унвонҳои «Балъамии кабир», «Мир Абулфазл», «Шайхи ҷалил» ва ғайра хитоб мекарданд. Саввумин вазири Насри II Абӯалии Ҷайҳонӣ (938-941) ба ҳисоб меравад, ки аз хонаводаи маъруфи Балъамиҳо бархоста буд.
Нӯҳ салтанати худро бо ҷазо додани исмоилиён оғоз кард. Аз ҷумла Насафӣ ва бисёре аз ҳамкешони ӯ ба қатл маҳкум шуданд. Дар оғози аморати Нӯҳ (соли 944) ҳамчунин исёне Хоразмро фаро гирифт, ки аз сӯи туркҳои ҳудуди Туркистон ҳимоят мегашт, вале дарбори сомонӣ ба он муваффақ шуд, ки ин ошӯбро бо роҳи осоишта фурӯ нишонад. Нӯҳ нисбат ба гузаштагон ба умури лашкар аҳамияти бештар дод, ки ин сабаби зиёд гаштани молиёт ва норозигии мардум шуд. Тадбири дигари Нӯҳ он буд, ки нақши руҳониёни иртиҷоиро боло бурд ва ин ду унсур (лашкариён ва руҳониёни иртиҷоӣ) сабабгори заволи тадриҷии Сомониён шуданд.
Дар аҳди писари Нӯҳ муносибати Бухоро бо Бағдод тира гардид, зеро давлати Бувайҳиён (Оли Бӯя), ки дар солҳои 30- уми асри X дар қисми Эрони Марказӣ бунёд гардида буд, соли 945 Бағдодро ишғол карда, халифаро ба бозичаи дасти худ табдил доданд. Сомониён бошанд, халифаи Бувайҳиён гузоштаро ба расмият нашинохтанд ва ҳамоно ба номи халифаи барканор шуда (ва ҳатто вафот карда) хутба мехонданд. Ҳодисаи муҳими дигар дар замони Нӯҳ саркашиҳои доимии Абӯалии Чағонӣ ва ҷангҳои дохилӣ буд. Бувайҳиён тавассути халифаи дастнишондодаи худ хонадони Чағониёнро алайҳи Сомониён мешӯрониданд. Дигар саркардаҳои низомӣ ва дарбориёни аз дарбори Бухоро ранҷида ё дур гаштаро низ Бувайҳиён пуштибонӣ мекарданд. Афзудани харҷи артиш даргоҳи Нӯҳро бар он дошт, ки ҳаҷми молиёти солонаро дучанд кунад ва ҳатто пешакӣ онро аз мардумон талаб кунад. Ин ситаму тааддӣ боиси сар задани нооромиҳои дигар гардид. Амак ва бародарони Нӯҳ Абӯҷаъфар Муҳаммад ва Абу Муҳаммад Аҳмад аз норозигиҳо истифода карда, даст ба шӯриш заданд, вале шикаст хӯрда, ба зиндон андохта шуданд ва ба чашмонашон мил кашида шуд.

386
Нет комментариев. Ваш будет первым!