Инкишофи илму фарҳанг дар замони Сомониён

Бешубҳа яке аз сабабҳои некном гаштани хонадони сомонӣ дар таърих ба хотири нақши муҳим гузоштани ин сулола дар таъриху тамаддуни халқҳои Шарқ ба ҳисоб мерафт. Хидмати бузурги Сомониён ин буд, ки амирони ин сулола бо раванди бедориву растохези фарҳангии мардуми тоҷик ҳамнаво гашта, нагузоштанд, ки забону суннатҳои дерини ин марзу бум ба боди фаромӯшӣ супорида шавад. Нахустин иқдом дар ин ҷода аҳамият додан ба забони форсии тоҷикӣ буд. Дар даргоҳу девони Сомониён забони форси тоҷикӣ ба забонги давлатӣ мубаддал гардид. Рақиби Сомониён дар Эрони Марказӣ ва Ғарбӣ сулолаи Бувайҳиён ҳарчанд бисёре аз одобу русуми тоисломии Эронро зинда карда, худро ҳам на амир балки шоҳаншоҳ меномиданд, бештар ба забони арабӣ аҳамият медоданд.
Бо ишорати амири сомонӣ шоироне чун Рӯдакӣ бо забони форсӣ шеър иншо карда, бо супориши бевоситаи онон осори мӯътабаре чун «Таърихи табарӣ»-ии Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва «Савод-ул-аъзам»-и Абулқосим Ҳакими Самарқандиро бо забони форсии тоҷикӣ тарҷума карданд. Дар Бухоро китобхонаи машҳури «Савонеҳ-ул-ҳикмат» фаъолият мекард, ки нодиртарин асарҳо дар он ҷамъоварӣ шуда буданд.
Сомониён бо тақлид ба дарбори Бағдод шоиронро ба дарбор ҷамъ карда, муҷиби густариши адабиёти форсии тоҷикӣ гардиданд. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941) асосгузори адабиёти классикии тоҷик дар аҳди Насри II ба авҷи иззату эҳтиром расида, барои тамоми шоирони минбаъдаи адабиёти мо чун намунаи тақлид хидмат кард. Ӯ дар тамоми намудҳои шеърӣ қувва озмуда, қасида, рубоӣ, ғазал сурудааст. Мазмуни ашъори ӯро асосан панду андарз, ғояҳои инсонпарварӣ, ҷавонмардӣ ташкил медиҳанд. Ӯ на танҳо шоир балки ҳофиз ва навозандаи забардаст буд. Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён, махсусан Насри II ба мартабаи баланд расида, дар сафарҳои Марв, Нишопур, Сарахс, Ҳирот ва ғайра амирро ҳамроҳӣ кардааст. Доир ба шӯҳрати уву таъсири каломаш ёдовар шудани достони маъруфи сурудани шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» ва ба Бухоро баргардонидани амири сомонӣ кофист.

Изображение
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Рӯдакӣ мувофиқи навиштаи сарчашмаҳо шоири пуркор буда, сад дафтар шеър ё як миллиону сесад ҳазор байт сурудааст, ки қисми ками он то ба рӯзгори мо омада расидааст. Ӯ асари «Калила ва Димна»-ро бо забони форсии тоҷикӣ ба назм кашид, ки то рӯзҳои мо танҳо байтҳои ҷудогонаи ӯ бар ҷой мондаанд. Рӯдакӣ асосгузори қасида дар адабиёти форсу тоҷик аст ва қасидаҳои «Модари май», «Даврони офтоб», «Шикоят аз пирӣ» аз ҳунари волои шоирии ин устоди бузург гувоҳӣ медиҳанд.
Ҳанӯз дар асрҳои гузашта ба ҳунари нотакрори шоирии Рӯдакӣ пай бурда, гузаштагон ӯро ҳамчун «устод» ёдовар шуда, ҳаққи «падари шеъри форсӣ» будани Рӯдакиро таъкид кардаанд. Зеро ӯ дар тамоми намудҳои шеърӣ қувва озмуда, онро поягузорӣ кардааст. Мардуми тоҷик бо ному осори Рӯдакӣ ифтихор менамояд. Дар Тоҷикистон соли 1958 1100 — солагӣ ва соли 2008, 1150 — солагии ин ҳакими бузург ва шоири тавонро бо шукӯҳу тантанаи фаровон таҷлил намуданд.
Шоирони дигари ҳамасри Рӯдакӣ Шаҳиди Балхӣ, Муродӣ ва дигарон низ пайрави аз сабки устод Рӯдакӣ кардаанд, ки бо номи «сабки хуросонӣ» машҳур аст. Робиаи Балхӣ аз нахустин шоираҳои адабиёти форсу тоҷик аст, ки ашъори баландмазмуни ишқӣ сурудааст. Ӯ бо забони арабӣ ҳам шеър мегуфт. Шоир ва донишманди тоҷик Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар асари худ дар бораи Робия мефармояд: «агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон бихандидӣ. Ба назми арабӣ қодир, дар шеъри форсӣ бағоят моҳир буд».
Дақиқӣ (ваф.977) бошад, камар барои сурудани «Шоҳнома» баст, вале бо кушта шудани ӯ ин кор нотамом монд ва ин рисолати ӯро Абулқосим Фирдавсӣ (934-1020) анҷом дод. Ин шоири бузургвор сӣ сол ранҷ кашида, дар 60 ҳазор байт «Шоҳнома»-и безаволро суруд. Ӯ дар симои Рустами баҳодур ва қаҳрамонони мусбат достони муборизаҳои фидокоронаи аҷдодони тоҷикро ба риштаи тасвир мекашад. Фирдавсӣ пеш аз ҳама ватанпараст буд ва мехост, ки ҳамнажодонаш дар шароити ноороми давр муттаҳид гарданд, аз ин рӯ рӯҳияи эрониёну турониён дар тасвири Фирдавсӣ ҳамеша ватанхоҳонаву қаҳрамонона аст. Ӯ ба ғайр аз корнамоиҳои Рустам, симои ҷовидонаи шоҳони некноми ориёӣ Фаридун, Кайхусрав ва Хусрави Анӯшервонро тасвир карда, шоҳони кӯтоҳандешаву ситампешаро низ мазаммат менамояд. Дар саросари «Шоҳнома» Фирдавсӣ чун муаллими ахлоқ мардумонро ба некию некӯкорӣ даъват кардааст.
Ҳамзамон бо пешрафту шукуфоии назм илму фанн низ дар аҳди Сомониён хеле тарақкӣ кард. Забони илм забони арабӣ буд. Яке аз шохаҳои илм, ки инсон ҳамеша ба он ниёзманд аст, илми тибб мебошад. Илми тибби замони Сомониён бо ному кори Закариёи Розӣ (865-925) алоқаманд аст. Аз ӯ осори зиёди илмӣ бар ҷой мондааст, ки намунаи он «Китоб-ул-асрор», «Ат-тибб-ур-руҳонӣ», «Ат-тиб-ул-фуқаро» «Ал-қонун-ал-мансурӣ» ва ғайра мебошанд. Ин табиби ҳозиқ яке аз амирони сомониро низ табобат кардааст.
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) низ зодаву парвардаи замон ва муҳити сомонист. Ӯ дар овони ҷавонӣ яке аз амирони сомониро табобат карда, ба подоши табобат иҷозат мегирад, ки аз китобхонаи маъруфи Сомониён «Савонеҳ-ул-ҳикмат» истифода барад. Пас аз барҳамхӯрии давлати Сомониён Сино нахуст ба Хоразм ва сипас ба Эрон паноҳанда шуда, то поёни умр ба табобат, таълифи китоб ва муддате ба корҳои сиёсӣ, аз ҷумла вазорати Шамсуддавла, ҳокими Ҳамадон машғул мегардад. Аз ин ҳакими номвар ва донишманди мумтоз осори бузурге чун «Ал-қонун фи-т-тиб», «Китоб-уш-шифо» боқӣ мондааст. Ӯ асари безаволи худ «Донишнома»-ро ба забони модарияш, яъне форси тоҷикӣ таълиф кардааст.
Илми таърихи тоҷик низ дар замони Сомониён бунёд гузошта шуд. Бештари осори ин давра бо забони илми он рӯзгор — арабӣ таълиф мегашт. Намунаи бузурги асари таърихии ин давра асари Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ «Таърих-ар-русул-вал-мулук» ё «Таърихи Табарӣ» мебошад. Ин асар ба таърихи умумиҷаҳонӣ бахшида шудааст ва яке аз муҳимтарин осори таърихии мардумони эронинажод мебошад. Бо ҳиммати амири сомонӣ Мансур ибни Нӯҳ донишманди фозил ва сиёсатмадори барҷаста Абӯалии Балъамӣ ин асарро соли 963 аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.
Таърихшиноси дигар Абубакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар (Наршахӣ) мебошад, ки ӯ то мансаби сармуншии дарбори Сомониён расида буд. Вай солҳои 943 – 944 асари худ «Таърихи Бухоро»-ро бо забони арабӣ навишт, ки он бо номи «Таърихи Наршахӣ» низ маълум аст. Асар ба амир Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ бахшида шудааст. Баъдтар асарро бо забони форси тоҷикӣ тарҷума намуданд.
Аз дигар намояндагони илму адаби асри X метавон аз Абӯҷаъфар Муҳаммад ал-Хоразмӣ (780-850) риёзидону мунаҷҷими шаҳир ёдовар шуд. Ӯ ҷадвалҳоеро тартиб додааст, ки то кунун аҳамияти илмии худро аз даст надодаанд ва барои олимони минбаъда асоси корӣ гаштаанд. Абӯнасри Форобӣ (873-950) файласуфи машҳур тарбиятёфтаи мактаби Бухоро беш аз 160 асар таълиф кардааст. Осори машҳури вай «Китоб фи ақл-ил кабир», «Китоб фи ақл-ил сағир», «Китоб-ул бурҳон», «Уюн-ул-масоил» ба ҳисоб мераванд. Бештари асарҳои ӯ ба фалсафаву мантиқ бахшида шудаанд.
Илми ҷуғрофия дар замони Сомониён ба дараҷаи баланди худ расид ва ҳатто дар давраҳои минбаъда ҳам дигар ба он шукӯҳу азамат нарасид. Бузургтарин намояндагони ҷуғрофияи ин давра Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, Абӯисҳоқи Истахрӣ, Ибни Хурдодбеҳ мебошанд, ки ҳар кадом осори пурарзиши ҷуғрофӣ таълиф намудаанд. Нахустин асари ҷуғрофӣ бо забони форси тоҷикӣ ҳам дар аҳди сомониву бо дастури амири сомонӣ Мансур ибни Нӯҳ офарида шудааст. Ин асар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал машриқи илал мағриб» аст. Муаллифи асар номаълум мебошад. Ин китоби арзишманд перомуни иқлим, обу хок, сарватҳои зеризаминии Хуросону Мовароуннаҳр маълумоти нодир медиҳад. Забони асар равону сода буда, арзиши баланди таърихӣ ҳам дорад.
Аҳди Сомониён замоне буд, ки ислом дар тамоми Хуросону Мовароуннаҳр ҷорӣ гардид. Сомониён барои аз дини арабҳои истилогар ба ойини мардумӣ табдил додани ислом хидмат кардаанд. То аҳди ҳукумати хонадони сомонӣ бештари тоҷикон ҳанӯз бар ойини зардуштӣ буданд, вале Сомониён ба мардуми тоҷик ин воқеъиятро талқин намуданд, ки ин дин хоси араб нест ва мардум ҳам сирати некӯи намояндагони ин хонадонро писандида, худро ба оғуши ислом партофтанд. Ислом истеъдоду нубуғи фитрии тоҷиконро ба самти фарҳангофаринӣ моил гардонид, яъне тоҷикон ба ислом хидмат карданд ва ислом низ ба тоҷикон хидмати арзанда намуд. Барои нашъу намои улуми динӣ ҳам Сомониён бистари муносиб муҳайё гардониданд. Яке аз чеҳраҳои бузурги ҷаҳони ислом Муҳаммад Абӯабдуллоҳ ибни Абӯлҳасан Исмоил ибни Иброҳим машҳур ба Имом Бухорӣ (810-870) мебошад. Номи ӯ қатори бузургтарин олимону муҳаддисони ҷаҳони ислом қарор дорад. Ба қалами ӯ асарҳои «Таърих-ул кабир», «Ал-адаб-ул муфрад», «Таърих-ус сағир», ва ғайра тааллуқ дорад. Аммо шӯҳрати ҷаҳонии ӯ пас аз таълифи асари арзишманди «Ал-ҷомеъу-саҳеҳ» пайдо гардид. Ин асар дар миёни мусулмонон пас аз Қуръон маъруфтарин китоб ба шумор меравад.
Донишманди дигаре, ки аз муҳити Осиёи Миёна ва фазои фарҳангии асри сомонӣ бархоста, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, Имом Тирмизӣ мебошад. Китоби ӯ низ миёни ҳафт китоби ҳадисӣ дар ҷаҳони ислом пазируфта шудааст.

311
Нет комментариев. Ваш будет первым!