Ташаккулёбии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна


Дар асрҳои IY-YIII муносибатҳои феодалӣ дар Варазрӯд, яъне Осиёи Миёнаи имрӯза тадриҷан ташаккул ёфтанд. Минбаъд заминдорони калон (феадалҳо) ва деҳқонон синфҳои асосии ҷамъият ба ҳисоб мерафтанд. Деҳқонон акнун аз ғуломони собиқ фарқи куллӣ доштанд. Онҳо акнун соҳиби парчаи замин ба ҳисоб мерафтанд.
Таърихи иҷтимоию сиёсии ин давраи Осиёи Миёна аз таърихи Эрони Сосонӣ фарқ мекунад. Агар дар Эрон феодализм дар шароити марказиятноку нерӯманд шудани шоҳаншоҳии Сосониён ва тавсеа ёфтани иттиҳоди сиёсию миллии халқияти эронӣ ташаккул ёфта бошад, дар Варазрӯд ин раванд дар ҳолати парокандагии сиёсӣ, тез-тез иваз шудани салтанатҳои ҳукмрон, бархӯрду омезиш ёфтани халқияти муқимӣ бо қавмҳои кӯчӣ ва дар фазои чандандешии динӣ ҷараён гирифтааст. Табиист, ки ин ҳолат ба ниҳодҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсир расонида, боиси зуд-зуд тағйир ёфтани авзои ҳарбию сиёсӣ гардида, дар дарку фаҳмиши равандҳои таърихи номуназзамиҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Таърихи иҷтимоию сиёсии ин давраро мураттабу комилан саҳеҳ баён кардан мушкил аст. Зеро дар шарҳу баёни рӯйдоду падидаҳои таърихӣ аз тафсири матни манбаъҳои хаттӣ ва пажӯҳишгоҳи бунёдии илмӣ, фарзияву тахминҳои муҳаққиқон зиёд аст.
Тадриҷан ташаккул ёфтани муносибатҳои феодалӣ, суст гардидани иқтидори ҳарбию сиёсии давлати Ҳайтолиён ва Ҳоқонии Ғарбии Турк боиси аз ҳам дур шудан ва ба парокандагии сиёсӣ гирифтор шудани Варазрӯд гардид. Дар натиҷа дар асрҳои V-VIII дар ин ҷо тақрибан 15 мулкият – давлатҳои хурди феодалӣ ба вуҷуд омаданд, ки аксари онҳо дар гирду атрофи шаҳру навоҳии калон зуҳур карда буданд. Дар мулк – давлатҳои нисбатан калони ин давра намояндагони хонадонҳои ҳукуматгари маҳаллӣ ба тарзи суннатӣ бо унвони махсус ҳукмронӣ мекарданд. Масалан, дар Суғду Фарғона-ихшид, Тахористон-ябғу, Хоразм-хоразмшоҳ, Чочу Илок-будун ва деҳқон Устурушана-афшин, Чағониён-чағонхудот, Хуросон-марзбон ва ғайра.
Ҳарчанд ин давлатҳои хурди феодалӣ аз лиҳози сиёсӣ аввал ба Ҳайтолиён ва баъд ба Ҳоқонии Ғарбии Турк тобеъ доштанд ҳам, вале ҳам эфталитҳо ва ҳам туркҳо аксаран ба корҳои идорию молиявии онҳо дахолат намекарданд. Зеро ин мулк-давлатҳо ба ҳокимияти марказӣ боҷу хироҷ ва дар ҳолатҳои зарурӣ аскари ҷангӣ супорида, аз ҷиҳоби иқтисодӣ то дараҷае истиқлолияти худро ҳифз мекарданд.

458
Нет комментариев. Ваш будет первым!