Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро. Таъсиси генерал-губернатории Тур

Кӯшишҳои ҷиддии ҳукумати Русия барои забти Осиёи Миёна аз охири солҳои 30 то миёнаи солҳои 50-уми асри XIX. Зимистони соли 1839 Русия бо мақсади «танбеҳ» додани хонии Хева бар зидди он амалиёти ҳарбӣ сар кард. Ба қӯшуни 4 ҳазораи русҳо губернатори Оренбург В.А. Перовский сарварӣ намуд. Вале ин ҳуҷуми ҳарбӣ барор нагирифт. Сарбозони рус ба хунукии 30 дараҷаи биёбони Мангишлоқ тоб наоварда, ақибнишинӣ намуданд. Бо ҳамин иғвои ҳарбӣ, ки бо номи «ҳуҷуми Хевагӣ» шӯҳрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт.

Ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40 ва аввали 50-уми ҳамон аср ҳуҷуми ҳарбиро ба муқобили Осиёи Миёна нисбатан аз доираи васеъ сар каданӣ шуд. Дар он вақт аскарони рус барои ҳуҷум ба ин кишвар асосан дар ду самт: ҷануб (аз Оренбург) ва ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) омодагӣ медиданд.

Аз самти Оренбург қӯшунҳои рус соли 1847 ба соҳилҳои баҳри Арал расида, дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд. Дар натиҷа самти ҳарбии Оренбург то соҳили баҳри Арал давом дода шуд. Соли 1852 отряди 469 нафараи қӯшунҳои рус, аз самти Оренбург, ба қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи ҳозира), ки мулки хонигарии Қӯқанд буд, ҳуҷум карданд ва 72 нафарро талаф дода, қафо гаштанд. Соли 1853 губернатори Оренбург В.А. Перовский бо отряди 2- ҳазорнафара ба муқобили Оқмачит бори дуюм ҳуҷум кард. Он лаҳза Оқмачитро, ки нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 250 нафар сарбозони Қӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Муҳосираи қалъа 22 рӯз давом кард. 28 июли соли 1853 қалъа аз тарафи қӯшунҳои рус забт карда шуд. Аз муҳофизони он танҳо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онҳо ҳам захмӣ буданд.

Қалъаи Оқмачит баъди забт аз тарафи қӯшунҳои рус ба қалъаи ҳарбии Перовский табдил дода шуд. Ба ғайр аз ин онҳо бо зудӣ дар соҳилҳои дарёи Сир панҷ истеҳкоми нави ҳарбӣ бунёд карданд. Дар натиҷа хати ҳарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуҷуд омад, ки он ҳамчун идомаи хати ҳарбии Оренбург ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи хони Қӯқанд бошад, минбаъд борҳо кӯшиши баргардонидани ин истеҳком карда шуд. Вале ҳамаи онҳо бебарор анҷомиданд.

Солҳои1850-1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) ҳаракат карда, водии Залийро гирифтанд ва соли 1854 ба шаҳри Верный (Алма Атои ҳозира) асос гузоштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верный хати дигари нави ҳарбӣ ба вуҷуд омад.

Вале минбаъд, бо сабабҳои авҷ гирифтани «бӯҳрони Шарқ», ки боиси саршавии ҷанги Қрим гардид, амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миёна аз тарафи ҳарбиёни Русия дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд.

Оғози ҳуҷуми васеи забткоронаи қӯшунҳои рус дар ҳудуди Осиёи Миёна. Инак, аввали солҳои 60-уми асри Х1Х бо сабабҳои дар боло ишорашуда, қӯшунҳои Русия барои идомаи амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миёна, аз сари нав омода гардиданд. Қӯшунҳои самти Сибирӣ ба ҳуҷум гузашта, моҳи августи соли 1860 қалъаи Токмак ва 4 сентябр қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира), соли 1861 Чулек ва Янги Қурғонро забт карданд. Соли 1861 губернатори нави Оренбург А.П. Безак таклиф ва лоиҳаи бо ҳам пайвастани хати ҳарбии дарёи Сир (Сирдарё) ва Сибириро пешниҳод кард, ки мувофиқи он шаҳрҳои Туркистон ва Тошкент бояд забт карда мешуд. Губернатори Сибири Ғарбӣ А.О. Дюгамел таклифи забти пурраи водии Чуйро гузошт. Вале ин таклифҳо аз тарафи мутасаддиёни молиявӣ дастгирӣ надид. Аз ҳамин сабаб ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар ду губернаторони номбурда иҷозат дод, ки яке, яъне А.П. Безак ба самти Туркистон ва дигаре — А.П. Дюгамел ба самти Пишпек ва Авлиё Ота (Чамбули ҳозира), фақат гуё корҳои тадқиқотиро давом диҳанд. Ин пешниҳод барои амалдорони ҳарбӣ баҳри оғози амалиёти ҷангӣ кифоя буд.

Минбаъд қӯшунҳои барои забти Осиёи Миёна равоншуда аз самти Шарқ, бо сарварии генерал Веревкин ва аз самти Ғарб бо сарварии генерал М.Г. Черняев ҳаракат карда, бо ҳам наздик мешуданд. Моҳи майи соли 1864 аз тарафи Веревкин Авлиё Ота, 12 июн қалъаи Туркистон, 21 сентябр аз тарафи Черняев Чимкент ишғол карда шуд. Ҳар ду колонаи ҳарбӣ дар Чимкент амалан бо ҳам пайвастанд. Дар натиҷа соли 1864 барои фатҳи Тошкент, ки мулки хонигарии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт, қӯшунҳои зиёди подшоҳӣ ҷамъ шуданд.

Забти Тошкент. Диққати Черняевро махсусан Тошкент ба худ ҷалб карда буд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказии Русия ба вай ҳуқуқи забти ҷангии Тошкентро надодаанд. Яъне онҳо умед мекарданд, ки ин шаҳр ихтиёран ба ҳайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи қӯшунҳои Бухоро забт намудани Тошкент ба вуҷуд ояд, он гоҳ ӯ ба сӯи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳамон вақт амири Бухоро — Музаффархон на Тошкент, балки Қӯқандро таҳдид мекард. Ин воқеа барои Черняев кифоя буд, ки ихтиёран ба сӯи Тошкент ҳуҷум кунад. 1 октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошкент аввалин бор ҳуҷум карда, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорӣ ҳукуматдорони подшоҳиро водор сохт, ки барои фатҳи Тошкент ҷиддитар омода гарданд.

29 апрели соли 1865 Черняев ба сӯи Тошкент бори дуюм ҳуҷум кард. Ӯ дар аввал дамбаи дарёи Чирчиқро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро беоб гузошт. Ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Фақат шаби аз 14 ба 15 июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки ба шаҳр дарояд. Дар натиҷа ҷангҳои сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят, 17 июн Тошкент аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома имзо гардид.

Моҳи сентябр губернатори Оренбург ҳангоми дар Тошкент буданаш ин шаҳрро, бо мақсади аз нуфузи Қӯқанду Бухоро озод нигоҳ доштан, мулки мустақил эълон кард. Вале он вақт ҷангҳои байни Бухорою Қӯқанд (яъне бо муқобилони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуҷанд ба сӯи шаҳри Қӯқанд ҳаракат кард. Инчунин ӯ аз сарварони қӯшунҳои рус талаб кард, ки Тошкентро ба ихтиёри ӯ супорида, худ аз шаҳр баромада раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба инобат нагирифта, моҳи октябри соли 1865 ба тарзи расмӣ ба ҳайати Русия дохил шудани Тошкентро эълон кард.

Нахустин муҳорибаҳои байни Русия ва Бухоро. Барои амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои рус дар пеши роҳи он истеҳкоми нисбатан мустаҳкам — Ҷиззах меистод, ки мулки Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ин қалъаро ду қатор деворҳои баланд ва канали пуроб иҳота мекард. Муҳофизони қалъа хеле зиёд буданд. Ба ғайр аз ҷиззахиён, сарбозони истаравшанӣ, бо сарварии ҳокими худ-Аллаёр девонбегӣ; зоминӣ, бо сарварии ҳокими он-Ҷянхоҷа туқсабо; сарбозони бухороӣ бо сарварии қӯшбегӣ Яъқуббек дар мудофиаи ин қалъа ҳузур доштанд. Сарварии умумии мудофиаи қалъаи Ҷиззахро Яъқуббек ба ӯҳда дошт. Аммо вазъият дар маркази аморати Бухоро-шаҳри Бухоро ҳам мураккаб буд. Хабари аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани Тошкент, мардумро ба ҳаракат даровард. Баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷонашро кардаанд. Аз ҳамин сабаб, ӯ маҷбур шуд, ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад.

Дар Бухоро ба ҷанг омодагии амир ҳанӯз давом дошт. Вале охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев, ки иборат аз 14 ротаи пиёдагард ва 600 нафар казакҳои рус, бо 16 адад тӯпҳо буданд, ба Ҷиззах расиданд. Дар натиҷа, дар Ҷиззах ва атрофи он муҳорибаи сахттарини байни ҳимоятгарони қалъа ва қӯшунҳои Черняев ба амал омад. Каси бисёре кушта ва захмӣ гардиданд. Дар ин муҳориба махсусан муҳофизони қалъа бо сарварии Ҷянхоҷа тӯқсабо мардонагӣ нишон доданд. Онҳо аз қалъа баромада, дар майдон бо сарбозони рус сахт ҷангидаанд. Чунин ҳолат генерал Черняевро ба гурехтан маҷбур намуд ва ҳангоми гурехтан ӯро то 8-10 ҳазор нафар муҳофизони қалъа таъқиб кардаанд. Дар натиҷа ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, аниқтараш – ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухороиёнро хеле рӯҳбаланд кард. Амир Музаффархон низ бо мақсади идомаи ғалаба, бо қувваи зиёд ба Ҷиззах ҳозир шуда, дар Сассиқкӯл ном маконе (соҳили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба ӯҳдаи худ гирифт. Вале вай ба ҷои сарварӣ ва назорати омодагии амалиёти ҷангӣ дар ҳамон лаҳза ҳам бо базму шатранҷбозӣ банд буду, на танҳо ба ғалабааш боварии комил дошт, балки ҳатто чуноне Аҳмади Дониш мегӯяд, дар фикри мусодираи хазинаи дар Петербург доштаи ҳукумати Русия ва роҳҳои минбаъда истифодаи «асирони» ҳарбии рус буд.

Баъди шикастхӯрӣ дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Миёна даъват карда шуд ва ба ҷояш генерал Д.И. Романовский таъин гардид. Аз ин рӯ, минбаъд ӯ қӯшунҳои русро дар ҷангҳои муқобили сарбозони амири Бухоро ва хони Қӯқанд сарварӣ мекард. Вай нисбат ба амири Бухоро ба ҷанги навбатӣ аз ҳар ҷиҳат омода буд. 8 майи соли 1866 дар Майдаюлғун, ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои русу бухороӣ ҷангҳои шадиде ба вуқӯъ омад ва он бо ғалабаи русҳою мағлубияти бухороиён анҷом ёфт. Амалан ин ҷанги нахустини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ба ҳисоб меравад. Амир Музаффархон бо наздикон ва посбонони худ аз майдони ҷанг ба сӯи Самарқанд гурехт.

А.Дониш манзараи шикастхӯрии сарбозони амир ва гурехтани худи Музаффархонро чунин тасвир намудааст: Сарбозони амир агарчанде худро «ғозиёни ислом» меномиданд, вале ҳанӯз пеш аз оғози ҷанг «ҳама мунтазири фирор буданд» ва бо шунидани овози тӯпҳои Русия «якбора фирори барқвор ихтиёр карданд». Вақте ба ҷаноби амир хабар оварданд, ки «аскар бевафои карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои аспи қантарӣ ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт ки аммома бар сар кунад ё ҷома бипӯшад. Ҳамчунон аз сари шатранҷ бархеста болои зин (бар) нишаст ва асп меронд»[1].

Забти Хуҷанд ва Ӯротепа. Барои қӯшунҳои рус, баъди ғалаба дар муҳорибаи Майдаюлғун, ё худ Эрҷор роҳ ба сӯи Хуҷанд кушода буд. Шаби аз 19 ба 20 майи соли 1866 онҳо ба шаҳри Хуҷанд наздик шуда, аз 18 тӯп ва 8 мортир (тӯпи кӯтоҳмил) шаҳрро тирборон карданд. Саҳарии 21 май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт. Вале аз сабаби муқобилияти сахти муҳофизони шаҳр, аскарони рус ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми он — тоҷикон, балки атрофи он, дар қатори тоҷикон ӯзбекҳо низ мардонагӣ нишон доданд. Аскарони бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз ба зери тӯппаронии мунтазам гирифтанд. 24 май қӯшунҳои рус ба шаҳри валангоргардида соҳиб шуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд фақат ҳалокшудагон ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи забткорон бошад ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шуду халос . 28 май Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид.

Баъди муҳорибаи Майдаюлғун Эрҷор ва забти Хуҷанду Нов
сарфармондеҳи қӯшунҳои рус умед дошт, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад. Аммо чунин умеди онҳо хом баромад. Музаффархон ба ҷангҳои нав омодагӣ медид. Ҳарбиёни рус аз ин воқиф гардида, тирамоҳи ҳамон сол амалиёти забткоронаи худро идома доданд. 1 октябр аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2 октябр шаҳр аз тарафи забткорон ишғол карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд.

Забти Ҷизах. 11 октябри соли 1866 аз тарафи қӯшунҳои рус муҳосираи нави Ҷиззах оғоз ёфт. Ба онҳо дар ин муҳориба генерал-адъютант Н.А. Крижановский сарварӣ мекард. Ҷиззах он лаҳза аз ҳар ҷиҳат ба истеҳкоми мустаҳкам табдил ёфта буд.

Илова ба ду қабат девори аввала, боз девори сеюм сохта шуд. Барои мустаҳкам намудани қалъа дар муддати ҳашт моҳ ҳазорҳо нафар мардуми тоҷику ӯзбек кор кардаанд. Ҳангоми ҷангҳо бошад шумораи муҳофизони қалъаи Ҷиззах 10 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам барои забти ин қалъа 7 рӯз ҷангҳои шадид давом кард. Муҳофизон низ, ки асосан тоҷикону ӯзбекон буданд, матонату далерӣ нишон доданд. Вале дар рафти ҷангҳои шадид қӯшунҳои рус пеши роҳи обро баста, бо ин муҳофизонро аз таъминоти об маҳрум намуданд. Чунин амал муҳофизонро дар ҳолати мураккабтарин гузошт. Ниҳоят, 18 октябр қалъаи вайрона, бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр, насиби аскарони рус гардид. Баъди мағлубияти Ҷиззах дар муҳорибаи Янгиқӯрғон ҳам ғалаба таслими қӯшунҳои рус шуд.

Қӯшунҳои рус баъди забти Ҷиззах ва Янгиқӯрғон аз идомаи амалиёти ҷангӣ муваққатан худдорӣ намуда, ба муҳорибаҳои минбаъда омадагӣ медиданд. Ҳукумати подшоҳӣ бошад, дар ин муддат масъалаҳои идоракунии мулкҳои забтшударо ҳал намуд.

Ташкил намудани генерал-губернатории Туркистон. Аввали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои аз хонигарии Қӯқанд ишғолкардаи қӯшунҳои рус вилояти Туркистон, дар ҳайати генерал-губернатории Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъин гардид.

Соли1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиётҳои ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Миёна гӯё ҷамъбаст намуданд. Дар ин сол бо марказ дар Тошкент генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшунҳои русро дарбар мегирифт. Ҳамон лаҳза генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё – бо марказ дар Тошкент ва Ҳафтруд — бо марказ дар Верный иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил шуданд[2]. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва микдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишғоли қӯшунҳои рус меафзуд.

Баробари бунёди генерал-губернаторӣ инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П. Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Александри II дар асоси «Ярлиқи заррин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиқи он ӯ мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраҳоро ҳал менамуд. Яъне Кауфман, дар асоси он ҳуҷҷат минбаъд имконият дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд.

Кауфман ба хубӣ эҳсос намуд, ки хони Қӯқанд-Худоёрхон дигар мадори ҷанг карданро надорад, аммо амири Бухоро — Музаффархон бошад ҳанӯз ҳам тавоност. Ӯ боварии комил дошт, ки Бухорою Қӯқанд дигар муташаккилона ба муқобили қӯшунҳои рус баромада наметавонанд. Зеро, бо ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах амиру хон аз роҳи мӯросилаи байниякдигарӣ маҳрум гардидаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиқро имзо кард. Мувофиқи он аз ихтиёри хон ҳуқуқи мустақилӣ гирифта шуд, тоҷирони рус дар сарзамини хонигарӣ озодона амал карданро ба даст дароварданд. Яъне, мувофиқи ин шартнома хонигарии Қӯқанд тобеи Русия гардид.

Ҳамин тавр дар сарзамине, ки аз тарафи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ забт гардида буд генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Агарчанде вилоятҳои он номҳои ба ҳақиқати ҳол мувофиқро гирифтанд, яъне: сараввал Сирдарё, Ҳафтруд, минбаъд Самарқанд, Фарғона ва ҳатто Моварои Каспӣ (Закаспий), вале “Туркистон” ном гирифтани ин кишвари бузург ҳақиқати ҳолро ифода намекард. Аввалан, мулкҳое, ки ба ҳайати генерал-губернаторӣ дохил гардид, ба ғайр аз як ҳиссаи сарзамини вилояти Ҳафтруд, боқӣ ба Туркистони таърихӣ ҳеҷ алоқа надоштанд. Сониян, дар ҳудуде, ки соли 1867 генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод, аз ҷиҳати шумора он қадар бартарии зиёд надоштанд. Яъне ба андешаи мо, номгузории нодурусти кишвар, ин натиҷаи дар доираи ҳукуматдорону ҳарбиёни олимақоми Русияи ҳамонвақта мавҷуд будани каҷфаҳмӣ, аниқтараш надонистани мардуми кишвар ва ҳайати таърихи ин диёр мебошад.


[1] Дониш А.М. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манѓития – Душанбе, 1992. С.30-32[2] Соли 1875 тақсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон гузаронида шуд, ки мувофиқи он уезди Хуљанд (ба он Нов ва Ўротепа низ дохил мешуд) ба њайати вилояти Самарќанд дохил гардид.
385
Нет комментариев. Ваш будет первым!