Ба аморати Бухоро ҳамроҳ кардани Бухорои Шарқӣ

Ҳуҷуми аввали амир Музаффархон ба водии Ҳисор. Чуноне дар боло аллакай ишора намудем, дар сарзамини аморат мулкҳое ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида, ба ҳукумати амирӣ сар намефароварданд. Мулки Қӯрғонтеппа бошад, он лаҳза макони кашмакашӣ гардида, тобеи гоҳ хони Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони манғитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкҳо, аз ҷумла ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб барҳо ҳуҷум карда, хуни зиёде резондаанд.

Амир Музаффархонро ба муқобили қӯшунҳои рус бемуваффақият анҷом ёфтани амалиётҳои ҷангии соли 1866 ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷои мулкҳои аз даст додаашро (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайраро) зуд аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Бо ҳамин сабаб охири ҳамон сол ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагӣ дошт. Зеро, ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз — Ҳакимбек (падари Бобобек) ва Китоб — Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале онҳо дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ — қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус, муваққатӣ бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур ҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба амир Музаффархон изҳори итоат намуданд. Аммо амир ба садоқати ин ҳокимон боварӣ надошт ва нисбаташон дар дили худ оташи интиқомҷӯиро аланга медоду, нияти бо ҳар роҳ маъзул намуданашонро дошт. Лекин амир барои чунин нияти худ ҳанӯз ҷуръат намекард. Ба ҳар ҳол ин дафъа садоқати рӯякии ин ҳокимонро истифода бурданӣ шуд.

Инак, амир Музаффархон охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Қаршӣ ва Шаҳрисабзро ба такягоҳи қӯшунҳои худ табдил дода, ба сӯи водии Ҳисор ҳуҷум кард. Вай ба душвории роҳҳои кӯҳӣ нигоҳ накарда, ҳатто тӯпҳоро низ ҳамроҳи худ гирифт. Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир, ба муқобили ӯ, дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав, бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдулкарим додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омада буданд. Дар байни онҳо ҳиссаи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои умумии зиддиамирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим додхоҳ ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон ҳам, ки баромадаш аз қабилаи катағони Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ, бо қӯшунҳои худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.

Аз ҷиҳати лавозимоти ҳарбӣ то чӣ андоза қафомонда будани тарафҳоро тасвири зерини амалиёти ҷангӣ, ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров акс ёфтааст, равшан нишон медиҳад: «Тӯпхонаи ҳарду тараф ҳам хеле заиф буд. Ҳисориҳо ҳамагӣ 4 тӯп (2 тӯпи чӯянӣ ва ду тӯпи мисӣ) доштанд, дар онҳо аслиҳаи оташфишони ҳозиразамон ба миқдори кофӣ набуд. Бинобар ин дастаҳо аксар вақт ба ҷангҳои тан ба тан мегузаштанд. Қӯшуни Бухоро дар натиҷаи ҳарбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоқсой) ҳисориҳоро ақиб нишонда, дар қалъаи Деҳнав ба муҳосира гирифт ва сипас шабохун зада, қалъаро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шурӯъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд».

Мувофиқи баъзе маълумотҳо муҳосираи қалъаи Деҳнав, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи онро ба хок яксон намуданд.

Сарбозони амир, баъди мағлубияти қувваҳои муттаҳидаи зиддиамирӣ дар Деҳнав, ба самти Шарқ, ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаратоғ, Файзобод ва ғайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим додхоҳ бошад ба назди иттифоқчии худ ҳокими Кӯлобу Балҷувон-Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, бо ин мансаб ва ҷони худро нигоҳ дошт. Дар натиҷа Абдулкарим додхоҳ, бо ҳукми амир, бо ҳамроҳии 20 нафар ҳаммаслаконаш дар Дарбанд қатл карда шуд. Чӣ тавре С. Айнӣ қайд кардааст, амир Музаффархон Абдулкаримро бо тамоми авлодаш асир карда «нахустин авлодашро то атфоли чордаҳсола дар пеши назараш кушта» пас аз он худи ӯро қатл намуд.

Амир Музаффархон баъди ин ғалабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро, чуноне таъкид шуд, бо сабаби дар назди ӯ сари таслим фаровардани Сарахон, ба сӯи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашӣ накарда, дар итоати вай боқӣ хоҳанд монд.

Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амир Музаффархон ба водии Ҳисор. Таслим намудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш. Чуноне ишора шуд, солҳои1868-1870 барои амир Музаффархон, давраи хеле душвор буд. Аз ҷумла, танҳо соли 1868 соли шикастхӯрӣ аз қӯшунҳои рус дар муҳорибаҳои Чӯпонато ва Зирабулоқ, аз даст рафтани Самарқанд, имзои шартномаи барояш вознин бо Русия, ниҳоят исёни писараш — Абдумаликтӯра ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра як қатор ҳокимон аз итоати амир саркашӣ намуда буданд. Аз ҷумла ҳокими Кӯлобу Балҷувон — Сарахон, аз ӯ рӯ гардонда, майл ба исёнгарон карда буд. Ҳокими нави Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол кард.

Инак, амир Музаффархон соли 1870, баъди он ки қӯшунҳои рус шӯриши Абдумаликтӯраро пахш намуда, Китобу Шаҳрисабзро тобеи ӯ намуданд, боз ба сӯи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи вай қушбегӣ Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбӣ сарбозони амир сараввал дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар ин сарзамин 15 рӯз ҷанг давом кардааст. Шумораи танҳо қатлшудагон ба 5 ҳазор нафар расида, водӣ ба харобозор табдил ёфтааст. Аз ҷумла яке аз он манзараҳои ваҳшоният бо нигоҳи Абдуқодир Муҳиддинов чунин сурат гирифтааст: «Амир Музаффар баъд аз ғалабаи Ҳисор аз занону кӯдакон ҳар қадар асире, ки ба даст афтода бошад, бераҳмона дар ҳавзе андохта, дар болои онҳо об монда, тақрибан ду ҳазор зан ва тифли бегуноҳро бо ин ҷабру зулм ҳалок намудааст”.

Бедодгариҳои амир Музаффархон дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лаҳза дар зери итоати ӯ водии Вахш-мулкҳои Қурғонтеппаю Қубодиён низ буд. Амир худи ҳамон соли 1870 ба муқобили Сарахон, ба сӯи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек фиристод. Сарахон бошад боварии комил дошт, ки барои муқобилият қуввааш кифоягӣ намекунад ва ҳангоми мағлубият саломат нахоҳад монд. Бинобар ин ӯ аз муқобилиятнишондиҳӣ даст кашида, барои халосии ҷони худ ба мулки Афғонистон гурехт. Дар натиҷа Яъқуббек бе ягон муҳориба мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард.

Забти Қаротегину Дарвоз. Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкҳо низ аз ниммустақилҳо буда, баъзан боиси кашма-кашии байни аморати Бухоро ва хонигарии Қӯқанд ҳам мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон, писари бародари калонии амир Музаффархон — Муқимхон, буд. Ӯ тарафдори мустақилии Қаротегин ба ҳисоб мерафт. Амир соли 1876 Раҳимхонро ба Бухоро даъват карда, каме дертар ба ҷои ӯ амакбачаи худи Раҳимхон — Саидхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиқ ва тарафдори тобеияти Қаротегин аз Бухоро буд. Вале мардуми Қаротегин омадани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Раҳимхонро талабиданд.

Саркашии мардуми Қаротегин боиси воҳима ва ташвиши амир Музаффархон гардид. Губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал Скобелев чунин вазъияти ӯро пай бурда, ба сӯи Қаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзомия охирҳои моҳи июл ва аввали августи соли 1876 ба роҳ баромад. Мақсади ин чорабинӣ дар маҳалҳои роҳи Помир, махсусан ба мардуми Қаротегин нишон додани иқтидори ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар ҳайатии эъзомия, ба мисли эъзомияи Искандаркӯл, бо мақсади рӯпӯш намудани ниятҳои дар боло зикршуда, дар қатори ҳарбиён инчунин донишмандони ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва нуҷум: Л.Ф. Костенко, В.Ф. Ошанин, А.Р. Бонедорф ва дигарон дохил буданд.

Амир Музаффархон аз чунин амалиёти саркардагони ҳарбии рус рӯҳбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Қаротегин боз ҳам қатъитар амал кард. Ӯ соли 1877 Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, худи ҳамон сол риштаи ҳаёти Раҳимхонро канд ва ба Қаротегин чун ҳоким Худойназар оталиқро фиристод. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд.

Баъди ҳалли тақдири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷроиши он ба ӯҳдаи беки Қаротегин Худойназар гузошта шуда буд. Ӯ соли 1877 ба сӯи Дарвоз бори аввал (иборат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хӯрд. Худойназари маккор бо фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро, гуё барои мулоқот бо амир Музаффархон, ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худойназар ғазаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилияти сахт нишон дода, қӯшунҳои якунимҳазорнафараашро торумор карданд.

Амир Музаффархон аз бемуваффақиятии ҷангҳо дар Дарвоз хавфи оғози шӯришро дар дигар мулкҳои тобеияташ пай бурда, зуд қувваи зиёдеро ба муқобили он фиристод. Ба ин қувваҳо боз Худойназар сарварӣ мекард. Онҳо баҳори соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархона ва баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.

Ҳамин тавр дар муддати солҳои1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардиданд. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бекигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт. Аз ҷумла дар Балҷувон Саидниёзи киикчӣ, дар Кӯлоб Наҷмиддинхоҷа, дар Қаротегин Худойназар ва ғайраҳо бек-ҳоким таъин шуда буданд. Вале бо сабаби аз маркази аморат-шаҳри Бухорои Кӯҳна хеле дур будан ва аз ин рӯ мушкилии идоракунии ин диёр, амир ба яке аз ҳокимони бунуфузи он ҳуқуқи васеъи назораткунӣ ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марҳамати амир беки Ҳисор Яъқуббек қушбегӣ сарфароз гардид.

Бояд эътироф намуд, ки дар натиҷаи ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани мулкҳои пароканда ва ниммустакили Бухорои Шарқӣ, ин диёр низ дар қатори тамоми сарзамини аморат, оҳиста-оҳиста ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуд.

512
Нет комментариев. Ваш будет первым!