Корнамоии меҳнаткашони шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар солҳои ҷанг

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 102 ҳазор коргарон, колхозчиён ва намояндагони зиёиёни ҷумҳурӣ барои корнамоияшон дар оқибгоҳ бо ордену медалҳои давлатӣ мукофотонида шудаанд. Ин худ гувоҳи он аст, ки корнамоии мардуми меҳнатӣ дар ақибгоҳ аз қаҳрамонии ҷнговарон дар фронтҳои чангӣ монданӣ надоштааст.

Корнамоии коргарони корхонаҳои саноатӣ. Дар замони ҷанг низоми корхонаҳои саноатӣ ба низоми майдонҳои ҷангӣ шабоҳат дошт. Дар корхонаҳои саноатӣ фақат меҳнат дар ҷушу хурӯш буд. Коргарони чунин корхонаҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебурданд, то ин ки нақшаи ба зиммаашон гузошташуда амалӣ гардад ва дар амалии он ба фронти ҷангӣ сафарбаршавии ҳамкоронашон таъсири манфӣ нагузорад. Бо ҳамин мақсад дар бештари корхонаҳо мардҳои ба фронт сафарбаршударо фавран занҳо, ҷавонон ва ҳатто мӯйсафедон иваз менамуданд. Яъне, муттасадиён дар шароити ба амал омада, намегузоштанд, ки ягон станок ё худ сех, бо сабаби набудани коргар бозмонад.

Ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, дар солҳои ҷанг дар ҷумҳурӣ 20 адад корхонаҳои нав ва сехҳо ба кор дароварда шуданд. Аз ҷумла заводҳои сементбарорӣ, собунпазӣ, таъмири автомобилҳо, электромеханикӣ, фабрикаи ресандагӣ ва комбинати бофандагӣ, ин хама дар шаҳри Сталинобод, заводҳои равғанкашӣ дар Регар (Турсунзода) ва Шаҳритус, заводи консеравабарорӣ дар шаҳри Ленинобод ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Дар солҳои ҷанг вақти корӣ дар корхонаҳои саноатӣ 10 – 11 соат давом мекард. Ҳангоми нарасидани коргар, ин мӯҳлат боз ҳам давомноктар мешуд. Албатта на дар ҳамаи корхонаҳо шароити кор мувофиқи талабот буд. Аммо коргарон ба ин масъала чандон ахамият намедиҳанд. Зеро, медонистанд, ки замони ҷанг аст.

Чун тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҳам масъалаи бо маводҳои хӯрокворӣ таъмин намудани мардум, махсусан коргарон, яке аз масъалаҳои мураккабтарин ба ҳисоб мерафт. Бо максади ба танзим даровардани ин масъала дар тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо ҳам низоми карточка ҷорӣ карда шуд. Мувофиқи ин низом, корхонаҳо ба коргарони худ, дар баробари музди меҳнат, боз карточка медоданд ва маҳз дар асоси ҳамин кароточка онҳо аз мағозаҳо маҳсулоти барои худ зарурӣ, махсусан хӯроквориро, бо нархи арзони давлатӣ харида метавонистанд. Бе карточка, ягон мағоза ҳақ надошт, ки ба касе ягон намуди хӯроквориро фурӯшад. Вагарна, ин гуна фурӯшанда ба ҷазои сахти замони ҷанг гирифтор мешуд. Дар бозорҳо нархи маҳсулотҳои хӯрокворӣ озод буд. Барои харидани он ягон хел карточка зарур набуд. Аммо нархи маҳсулотҳо дар бозор нисбат ба нархи давлатӣ, ки танҳо ба воситаи мағозаҳои давлатӣ фурӯхта мешуданд, хеле гарон буданд ва он нархҳо барои аксари мардум дастнорас ба ҳисоб мерафтанд.

Корнамоии кишоварзон. Дар замони ҷанг вазифаи кишоварзони ҷумҳурӣ, ин: 1) бо маҳсулоти стратегӣ – пахта ва пилла таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ ва 2) афзун гардонидани истеҳсоли ғаллаю маҳсулоти чорво ба ҳисоб мерафт. Душвории иҷроиши ин масъала на танҳо дар нарасидани қувваи кории мардҳо, ки ба фронти ҷангӣ сафарбар гардидаанд, балки дар нокифоягии техникаи кишоварзӣ низ буд.

Чун дар саноат, дар соҳаи кишоварзӣ ҳам қувваи асосии кориро занҳо, муйсафедон ва ҷавонон ташкил медоданд. Вақти корӣ соати муайян надошт. Дар ин соҳа ҳам қисми корҳои душворро занҳо ба ӯҳдаи худ гирифта буданд. Аз ҷумлаи занҳо ронандаи трактор, мошин, сарвари звено, бригадир ва ғайраҳо ба воя расида буданд. Дар деҳот ҳам гуруснагию бараҳнагӣ эҳсос карда мешуд. На ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ба аъзоёнашон карточка медоданд. Зеро, ба ивази карточка мол ё маҳсулот намерасид. Аммо аксари кулли кишоварзон, ба ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда, барои фронт зарурияти маҳсулоти худро эҳсос намуда, садоқатмандона меҳнат мекарданд.

Пешравии кишоварзӣ ва афзун гардонидани маҳсулоти он бештар аз низоми обёрӣ вобастагӣ дошт. Бо ҳамин мақсад кӯшиш мекарданд, ки каналу заҳбурҳои мавҷударо мувофиқи талабот нигоҳ доранд. Дар чумҳурӣ сохтмони Канали калони Ҳисор, ки ҳанӯз соли 1938 оғоз гардида буд, соли 1942 ба итмом расониданд.

Аммо бо сабаби нарасидани техника ва қувваи кории мардҳо низоми обёрии ҷумҳурӣ сол аз сол хароб мегардид. Қисме аз каналу заҳбурҳо гӯр шуда, насосҳои обкаш аз кор мебаромаданд. Сатҳи оби зери заминӣ боло мешуд. Дар натиҷа, махсусан заминҳое, ки барои кишти пахта муайян шуда буданд, аз кор мебаромаданд. Ин ҳама ба ҳосилнокии меҳнат таъсири манфӣ мерасонид.

Тоҷикистон соли 1941 нақшаи давлатии истеҳсоли пахтаро иҷро кард. Дар ин сол истеҳсоли он ба 181,8 ҳаз. тонна расид. Аммо аз соли 1942 сар карда истеҳсоли он сол аз сол кам мешуд. Масалан, соли 1942 ҳамагӣ 121,7 ҳазор тонна, ё худ 70% — и нақшаи давлатӣ; соли 1943 ҳамагӣ 58,3 ҳазор тонна, ё худ 51% — и нақша пахта истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли ғалла бошад, баръакс зиёд мешуд. Барои кишти он на танҳо аз заминҳои обӣ, балки аз заминҳои лалмӣ, талу теппаҳо низ васеъ истифода мебурданд. Дар натиҷа, дар чумҳурӣ, дар солҳои ҷанг миқдори заминҳои корам 16,4 ҳазор га. зиёд шуд, ки аксари онҳо барои кишти ғалла ва дигар маҳсулотҳои ғаллагӣ пешбинӣ шуда буданд. Ин ҳама имконият дод, ки ҷумҳурӣ соли 1943 бори аввал мардумашро ба ғаллаи худӣ пурра таъмин намуда, як миқдори он – 65 ҳазор пудро ҳатто ба ихтиёри фронти ҷангӣ фиристад. Барои инкишофи чорводорӣ низ диққати махсус додо мешуд.

Вазъи маориф ва илму фарҳанг. Замони душвори ҷанг вазъи таълимро низ мураккб гардонда буд. Зиёда аз 5 ҳазор нафар омӯзгорон ба фронт сафарбар гардида, қисме аз биноҳои мактабҳо ба госпитали ҳарбӣ табдил ёфта буданд. Бинобар ин дар баъзе мактабҳо машғулият дар се бахш ташкил карда мешуд. Дар мактабҳо нарасидани омӯзгор, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ воқеаи муқаррарӣ ба ҳисоб мерафт. Аз баъзе мактабҳо хонандагони синфҳои болоӣ ё ба фронт, ё ба истеҳсолот сафарбар шуда буданд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, масъалаи маориф ҳама вақт дар мадди назари ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Масалан, ноябри соли 1942, вакте, ки ҳам дар фронти чангӣ ва ҳам дар ақибгоҳ вазъият хеле мураккаб буд, бо қарори ҳукумати чумҳурӣ ҳаққи таълим аз талабаҳои синфҳои 8 – 10 уми синфҳои тоҷикӣ ва ӯзбекии мактабҳои миёна, хонандагони таълимгоҳҳои миёнаи махсус ва донишҷӯёни макотиби олӣ бекор карда шуд. Минбаъд, бо мақсади ҳавасманд намудан, барои таҳсили хубу аъло, ба донишҷӯёни қобилиятнок стипендия медоданд. Моҳи ноябри соли 1942 ба шаҳри Сталинобод 150 ҳазор нусха китоб, аксар китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ, ки дар арафаи оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Ленинград нашр гардида буд, омада расид. Он китобҳо аз шаҳри дар муҳосира будаи Ленинград, ба воситаи ягона роҳи баромад – кӯли Ладога, ки онро «роҳи ҳаёт» менамоянд, бароварда шуда буд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар он солҳои душвори ҷанг ҳам кӯшиш менамуд, ки то андозае ҷавонони синни мактабхон аз таълим берун намонанд. Бинобар ин миқдори мактабҳо дар ҷумҳурӣ кам нагардид. Агар дар соли таҳсили 1940/1941 дар чумҳурӣ 2628 адад мактабҳо фаъолият карда бошанд, пас соли таҳисли 1945/1946 адади онҳо ба 2881 мактаб расид. Шумораи талабагон бошад, солҳои 1940/1941 – 303,5 ҳазор нафар ва солҳои 1945/1946 – 239,8 ҳазор нафарро ташкил доданд.

Дар чумҳурӣ, дар солҳои ҷанг фаъолияти мактабҳои олӣ ҳам қатъ нагардид. Он солҳо шумораи умумии онҳо 6 адад буд. Аз чумла 2 адад донишкадаҳои омӯзгорӣ, 2 адад донишкадаҳои муаллимтайёркунӣ ва донишкадаҳои тиббию кишоварзӣ ба ҳисоб мерафтанд. Инчунин, як муддат дар шаҳри Сталинобод донишкадаи технологии саноати консервабарории Одесса ва донишкадаи кишоварзии Варошиловград, ки муваққатан кӯчонида оварда шуда буданд, фаъолият намуданд. Бо мақсади ҳар чӣ бештар аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ тайёр намудани омӯзгорон, соли 1943 донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Ленинобод ба донишкадаи занона, омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Ленинобод, Конибодом ва Хоруғ ба омӯзишгоҳҳои омӯзгории занона табдил дода шуданд. Соли 1943 аввалин бор донишкадаи тиббии Сталинобод ба номи Абӯ Алӣ ибни Синоро 25 нафар духтурони оянда хатм намуданд. Қисми зиёди онҳо фавран ба фронти ҷангӣ сафарбар гардиданд.

Базаи Тоҷикистонии Академияи Илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои ҷанг аллакай ба маркази ҳақиқии илм табдил ёфта буд. Ба он олими машҳури Шӯравӣ, академик Е.Н. Павловский сарварӣ мекард. Фаъолияти тадқиқотҳои ин маркази илмӣ ба ду самт: 1) пайдо намудани захира ё манбаъҳои нави ашёи хоми саноатӣ ва 2) кӯмак расонидан дар баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнати соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ нигаронида шуда буд.

Ҷомеашиносони ҷумҳурӣ фаъолияти худро барои баланд бардоштани руҳияи ватанпарварии махсусан ҷавонон нигаронида буданд. Аз ҷумла китоби Б. Ғафуров ва Н. Прохоров, ки соли 1944 бо номи «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ», бо забони русӣ нашр гардид, ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст.

Адабони тоҷик ҳам дар солҳои чанг на танҳо асарҳои баландмазмуни ватанпарварӣ офариданд, балки як қисми онҳо, ба монанди Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Василий Кириллов, Ҳаким Карим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфулло Бузургзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва дигарон ба фронти ҷангӣ сафарбар гардидаанд. Аз онҳо Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, Ҳ. Карим ва Л. Бузургзода дар майдони ҷанг ҳалок шуданд. С. Айнӣ оташи ғазаби худро нисбат ба душман дар шеърҳои «Суруди зафар», «Қиссаи ҷанг ва зафар», мақолаҳои публисистии «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод» ва ғайраҳо баён кардааст. А. Лоҳутӣ бо шеърҳои «Шамшери душман бишканем», «Ба шаҳри Ленин», «Ба халқи муборизи Украина», «Бародари рус» ва ғайраҳо дар дили хонанда нисбат ба душман нафрат пайдо намуда, онҳоро ба мубориза, барои ғалаба ҳидоят мекунанд. Шеъру достонҳои ватандӯстонаи М. Турсунзода, аз ҷумла «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ғалабаи Таня», «Писари Ватан» ва ғайраҳо вирди забон гардида буданд.

Ба душвориҳои замони ҷанг нигоҳ накарда, 17 феврали соли 1942 сохтмони бинои театри опреа ва балети ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Сталинобод ба итмом расид. Ин театр дар қатори театри драммавии ба номи А. Лоҳутӣ намошномаҳоеро ба саҳна гузоштанд, ки онҳо дар дили бинанда ҳиссиёти ватанпарвариро афзун менамуданд.

Моҳи июли соли 1943 аз ҳисоби ҳунармандони тоҷикистонӣ «Театри фронтии ҶШС Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Ин театр, ҳангоми ду моҳи дар фронти ҷангӣ буданаш, ба ҷанговарон 250 консерт намоиш дод.

Тирамоҳи соли 1941 ба Сталинобод киностудияи кудаконаи иттифоқӣ «Союздетфильм» кӯчонида оварда ва он бо киностудияи Сталинобод якҷоя карда шуд. Бо ташаббуси студияҳои якҷоя кинофилмҳои «Фарзанди Тоҷикистон», «Сурудҳои тоҷикӣ барои фронт», киножурнали «Тоҷикистони Шӯравӣ» ва ғайраҳо офарида шуданд.

Дар солҳои ҷанг, дар ҷумҳурӣ дар баробарӣ 3 рӯзномаҳои марказии ҷумҳуриявӣ – «Тоҷикистони сурх», «Коммунист Таджикистана» ва «Қизил Тожикистон», боз 64 номгӯи рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ нашр мегардиданд.

Кӯмак ба фронти ҷангӣ. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гарчанде дар ақибгоҳ, нисбат ба фронти чангӣ вазъият беҳ набуд, дар бисёр ноҳияҳо гуруснагӣ, бараҳнагӣ ва ҳатто қаҳтӣ мушоҳида карда мешуд, вале мардум новобаста аз ҳамаи ин мушкилиҳо, ба ғайр аз меҳнати зарбдорона, боз аз рӯи имконият, ба фронти ҷангӣ кӯмаки шахсии худро мерасониданд.

Аз 30 июни соли 1941 сар карда тамоми мамлакатро, аз ҷумла ҳудуди Тоҷикистонро, ҳам ҳаракат барои бунёди фонди мудофиа фаро гирифт. Чунин фондҳо аз тарафи ташкилоту ҷамъиятҳои гуногун, шахсони алоҳида ташкил карда мешуданд. Бо ташаббуси ин фондҳо тирамоҳи он сол маъракаи барои аскарони сурх ҷамъ намудани либосҳои гарм авҷ гирифт. Мардуми ҷумҳурӣ ба воситаи ҳамин гуна фондҳо аз ҳисоби худ ба фронт, дар баробари либосҳои гарм, боз меваҳои хушк, маҳсулоти ғаллагӣ ва ғайраро ҷамъ намуда, мефиристоданд. Баъзеҳо пасандозҳо, ҷавоҳироти худ ва ғайраро барои фронт, бо нияти ғалаба мебахшиданд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон ба фонди мудофиа ва фронти ҷангӣ 151 вагон ҳар гуна тӯҳфаҳо, зиёда аз 65 ҳазор пуд ғалла, зиёда аз 204 млн. сӯм пули нақд фиристодаанд. Аз ҷумла, ҳиссаи меҳнаткашони ҷумҳурӣ аввали соли 1943 барои сохтани калонаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 85 млн. сӯмро ташкил намудааст. Аз ин миқдор 6 млн. сӯмашро ҷавонони ҷумҳурӣ бо ташаббуси худ ҷамъ намудаанд. Умуман дар солҳои ҷанг алоқаи ақибгоҳ аз фронти ҷангӣ канда набуд.


303
Нет комментариев. Ваш будет первым!