Таъсисёбӣ ва пурзӯршавии хонии Қӯқанд

Қувват гирифтани парокандагии феодалӣ дар давлати хонии Аштархониён пеш аз ҳама тангшавии ҳудуди он зоҳир мегардад. Балх ва Бадахшон истиқлолият ба даст медароранд. Фарғона бошад, ҳанӯз дар охирҳои асри XVII ниммустақил шуда, дар ибтидои асри XVIII (соли 1710) дар ин ҷо хонии мустақил арзи ҳастӣ менамояд, ки асосгузораш пешвои қабилаи узбаки минг, бунёдгузори шаҳри Қӯқанд Шоҳрухбий буд. Ташаккули хонии Қӯқанд дар миёна ва нимаи дуюми асри XVIII, дар замони ҳукмронии Эрдонабӣ (1754-1774) ва Норбутта (1774-1800) ба анҷом мерасид. Норбуттаро дар тахти хонӣ писаронаш Олимхон ва Умархон иваз намуданд, ин ду бародарон асосгузори ҳақиқии давлат ва шаҳри Хӯқанд мебошанд.

Дар аҳди Олимхон (1800-1810) аҳамияти сисёсии Қӯқанд дар натиҷаи муттаҳид намудани Фарғона, ҳамроҳ карда шудани Тошканд ва Чимкент афзуд. Хусусан, аз ҷониби Олимхон тобеъ карда шудани шаҳрҳо ва водиҳои Оҳангарон, тамоми вилояти Тошканд, инчунин Сайрам-марказҳои муҳими роҳи корвонгузари ҷониби Русия аҳамияти бузург доштанд. Баъди забти Тошканд иқтидори Олимхон аз қудрати Бухоро кам набуд. Ӯ соли 1805 ба таври расмӣ рутбаи хонро қабул намуд ва кишвари Фарғона хонии Қӯқанд ном гирифт.

Яке аз аввалин тадбирҳои фаъолияти давлатии Умархон (1810-1822) кӯшиши барпо намудани иттифоқ бо амири Бухоро Ҳайдар буд. Лекин ин иттифоқ мустаҳкам шуда наметавонист. Зеро дере нагузашта мубориза барои Ӯротеппа ва Хуҷанд аз нав сар шуд ва солҳои дурудароз ба низои байни ду давлат табдил ёфт. Умархон баҳори соли 1814 ба Туркистон, ки он вақт дар зери ҳокимияти амири Бухоро Ҳайдар буд, лашкар фиристод. Забти Туркистон имконият дод, ки масоҳати паҳновари даштҳои қазоқнишин аз баҳри Арал то Ҳафтрӯд ишғол карда шавад. Он ҷо қалъаҳои Оқмачит (Оқмасҷид-ҳоло шаҳри Қизилӯрда), сипас Авлиёато, (Ҷамбули ҳозира), баъдтар Пишкек ва ғайра сохта шуданд. Ҳамин тариқ, як қисми қабилаҳои қирғизу қазоқ ҳам ба қаламрави хонии Қӯқанд дохил гардиданд.

Пас аз марги Умархон писар ва вориси ӯ Муҳаммадалӣ (Мадалӣ) (1822-1842) тамоми умури хонии Қӯқандро дар дасти худ нигоҳ дошт. Ӯ чандин дафъа ба самти ҷанубу шарқ лашкар кашид. Соли 1834 лашкари Қӯқанд мулкҳои Дарвоз ва Қаротегинро зери даст намуд ва муддате чанд ҳокими Кӯлоб низ ба итоати вай сар даровард. Мадалӣ бо Ӯротеппа ҷанг кард.

Муҳаммадалихон ба мисли амири Бухоро Насрулло, як марди золим ва бераҳме буд. Амири Бухоро Насрулло соли 1842 Қӯқандро забт кард ва Муҳаммадалихонро бо ҳамаи аҳли оилааш, аз ҷумла модараш шоира Макнуна (Нодирабегим)-ро ба қатл расонид. Лекин дар тобистони ҳамон сол (1842) дар натиҷаи шӯриш ҳукумати амир Насрулло дар Қӯқанд сарнагун шуд. Дере нагузашта, Қӯқанд боз истиқлолияти худро соҳиб гардид ва Хуҷанду Тошкандро ҳам дубора ба даст овард (соли 1840 Хуҷанд, соли 1842 Тошканд ба Бухоро гузашта).

Тоҷикону узбакони шаҳрӣ бо қипчоқҳо ҳамкорӣ карда, амакбачаи Олимхон Шералихонро (1842-1845) ба тахт нишонданд ва диёрро аз манғитиёни ситамгар озод карданд. Дар муддати якчанд сол ошӯбҳои дохилӣ Хӯқандро фаро гирифтанд.

Дар солҳои 50-60-уми асри XIX ҷангҳои Бухорову Хӯқанд ба як ҳодисаи маъмул мубаддал гардид. Ин зиддиятҳо кори артиши мусаллаҳи русро дар амри тасарруфи Осиёи Миёна осон намуд.

Ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ. Ҷангҳои дохилии хониҳои минтақа ба ҳаёти мардум таъсири манфии худро расонид. Танҳо як Ӯротеппа дар давоми шаст сол беш аз панҷоҳ маротиба мавриди тохту тоз қарор гирифт. Падидаи дигари ин аср ҳамоно ҳар чӣ бештар кӯчида омадани қабилаҳои узбактабори манғит, барлос, лақай ва ғайра буд. Дар ибтидои асри XIX тақрибан 40 % аҳолии минтақаро кӯчиён ташкил медоданд. Тадриҷан ба ҳаёти муқимӣ гузаштани қабилаҳои узбакзабон раванди якҷоя зиндагӣ кардани тоҷику узбакро ба миён овард, ки раванди ассимилятсия ё омезиш ёфтани тоҷиконро ба бор овард, ки падидаи номатлуб ва зиёновар барои тоҷикон буд.

Дар системаи обёрӣ кам дигаргунӣ ба миён омад, ки сабаби он боз ҳамон ҷангҳои харобиовар буд. Маҳсулоти аслии кишти аҳолии аморати Бухоро ва хонигари Қӯқанд гандум, пахта, маҳсулоти полизӣ, маҳсулот барои чорво ва ғайра буд. Олоти хоҷагидории аҳолӣ аз давраҳои асримиёнагии барвақта кам фарқ мекард, ки ин ҳам боиси кундӣ дар пешрафти хоҷагии деҳот ба ҳисоб мерафт. Намуди маъмули заминдорӣ танхоҳ яъне барои хидматҳои ҷудогона инъом кардани қитъаи замин ба шумор мерафт. Соҳибони танхоҳ аз ҳисоби ҷамъоварии андоз ба хазинаи давлат ҳам миқдори маблағеро ворид мекарданд.

Пас аз амир Шоҳмурод бо сабаби густариш ёфтани таассуб саҳми заминҳои вақф низ афзуд, ки аз ҳисоби даромади он ашхоси ҷудогона зиндагӣ мекарданд. Афзудани ҳосил мутаносибан миқдори андозро боло мебурд, яъне дар ин давра кишоварзон аз зиёд гаштани ҳосил қариб ки шодӣ намекарданд. Падидаи дигари ҳаёти иқтисодӣ аз ҷониби давлатҳои минтақа ҷорӣ кардани анвоъи андозҳои ғайримусулмонӣ, ба расми қабилаҳои туркӣ буд. Аз ҷумла ба ғайр андозҳои маъмулии закот, ушр, андозҳои иловагии «амонпулӣ», «чӯбпулӣ», «тагиҷой», «никоҳона», «танобона», «миробона», «алафпулӣ», «қӯшпулӣ», ҷорӣ гардида, рӯзгори мардумро боз душвортар мегардонид. Инчунин човодорӣ, ки бештар ба қабилаҳои узбак хос буд, сабаби худсарона поймол кардани заминҳои киштии мардум (хусусан тоҷикон, ки ба сабаби дур мондан аз умури идориву сиёсӣ бепаноҳу бекас буданд) мегашт.

Ҳунармандон бештар дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд ва аҳолии деҳоту кӯҳистонҳои тоҷик бо роҳи табодули молу маҳсули кишоварзӣ ин ниёзи худро бартараф мекарданд. Бофандагӣ ва ресандагӣ аз муҳимтарин касбу ҳунари ин давра ба ҳисоб мерафтанд. Дукондорӣ ва савдо ба шаҳрҳои бузург хос буда, дар деҳот дар гардиш миқдори ночиз пули нақдӣ мавҷуд буду бас. Бозорҳои бузурги минтақа дар Бухоро, Самарқанд, Ӯӯқанд, Тошканд, Ҳисор амал мекарданд.


461
Нет комментариев. Ваш будет первым!