Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917) дар Русия ва натиҷаҳои он барои мардуми ки

Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917) дар Петроград. Иштироки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги якуми ҷаҳон вазъияти иқтисодию сиёсии мамлакатро хело вазнин намуд. Ҷанги тӯлонӣ хоҷагии халқи мамлакатро хароб кард. Беқурбшавии пул, гаронии нархҳо, гуруснагӣ ва зиёдшавии қашшоқии мардум ҳақиқати ҳоли давр гардида буд. Ин ҳолатҳо охири соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инқилобиро ба вуҷуд овард. Ин дафъа, махсусан фаъол будани халқи мазлум зиёда эҳсос мегардид. Нооромӣ на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, балки дар фронтҳо ҳам ба вуҷуд омад. Пешсафи ҳаракати инқилобӣ коргарони пойтахти Русия – шаҳри Петроград (ҳозира Санкт-Петербург) ба ҳисоб мерафтанд.

Дар Русия, дар арафаи инқилоби февралӣ 10 ҳизбҳои сиёсии марказӣ вуҷуд доштанд, ки қариб ҳамаашон дар гӯшаю канори империя, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам фаъолият мекарданд. Аз онҳо 5 ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикӣ: иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо, октябристҳо, прогрессистҳо ва кадетҳо тарафдори нигоҳ доштани мутлақият (қисмашон тарафдори бо баъзе тағйиротҳо дар он), 5 ҳизбҳои боқимонда: трудовикҳо, сотсиалистони халқӣ, эсерҳо, меншевикҳо ва болшевикҳо тарафдори барҳам додани мутлақият буданд. Ба ҷои мутлақият болшевикҳо бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳизбҳои боқимонда бошанд ҷумҳурии буржуазиро мехостанд.

17 феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шаҳри Петроград – заводи Путилов корпартоӣ ба амал омад. 23 феврал (8 март) онҳо аввалин шуда ба маркази шаҳр ба намоиш баромаданд. Ба онҳо коргарони заводҳои дигар низ ҳамроҳ гардиданд. Шиори намоишчиён: “Нон!”, “Нест бод ҷанг!”, “Нест бод мутлақият!” буд. 25-26 феврал дар кӯчаҳои шаҳр задухӯрдҳо бо политсия ба амал омад. Намоиш ба шӯриши яроқнок табдил ёфта ба зудӣ тамоми шаҳрро фаро гирифт. Қисме аз аскарони гарнизони шаҳр ҳам ба тарафи шӯришчиён гузаштанд. 27 феврал шаҳр пурра дар ихтиёри шӯришчиён буд.

Дар байни шӯришгарон нуфузи ҳизбҳои болшевикӣ, меншевикӣ ва эсерӣ зиёд буд ва онҳо дар рафти шӯриш роли роҳбарикунандаро мебозиданд. Меншевикҳо ва эсерҳо муқобили васеъ гардидани амалиётҳои инқилобӣ буданд. Чунин ҳолро сарварони ин ҳизбҳо барои мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва аз ҷиҳати сиёсӣ хатарнок ҳисоб мекарданд. Онҳо интизори ҳар чӣ зудтар аз тахт даст кашидани подшоҳ буданд. Аммо болшевикон бошанд шӯришгаронро ба муборизаҳои боз ҳам шадиди инқилобӣ даъват карда, ҳар чӣ зудтар сарнагун намудани мутлақият ва ба ҷои он бунёди ҳукумати муваққатии инқилобиро мехостанд.

Ҳанӯз дар оғози шӯриш, бо ташаббуси коргарон ва аскарони инқилобӣ кумитаҳо бунёд гардиданд, ки дар рафти инқилоб онҳо ба Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон табдил меёфтанд. Ҳамон шаби 27 феврал ба қасри Тавричи шаҳри Петроград аввалин намояндагони интихобшудаи коргарон ва аскарон ҳозир шуданд. Ташаббусро дар ин Шӯроҳо намояндагони ҳизбҳои меншевикон ва эсерон ба дасти худ гирифтанд.

Худи ҳамон рӯзи 27 –уми феврал аъзоёни Думмаи давлатии Русия, бо дастгирии ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикӣ, бо мақсади дар пойтахт ҷорӣ намудани тартибот Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд. Ин кумита ҳанӯз мақсади гирифтани ҳукуматро надошт. Вале он ба фронт, ба назди подшоҳ Николаи II, ҳайати намояндагӣ фиристода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтҳо низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа, он рӯз подшоҳ манифестеро имзо намуд, ки мувофиқи он ӯ аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз ҳокимият даст мекашид.

Ҳамин тавр, 27 феврали соли 1917 дар Русия ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият сарнагун гардид. Вале шӯриш дар шаҳри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатиро ба воҳима гузошт. Сарварони кумита маҷбур шуданд, ки бо сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Петроград, яъне роҳбарони ҳизбҳои меншевикон ва эсерҳо музокира намоянд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо сарварони меншевикон ва эсерҳо, аз номи Шӯроҳо розигӣ доданд, ки аз тарафи Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ барои идоракунии мамлакат Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шавад. Вале худи сарварони меншевикон ва эсерҳо барои бевосита дар чунин ҳукумат иштирок намудан розӣ нашуданд.

2 марти соли 1917 дар асоси шартномаи байни Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ ва сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г. Е. Лвов, Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ ҳам маълум аст. Бо ҳамин дар Русия инқилоби навбатӣ, яъне инқилоби дуюми буржуазию демократӣ бо ғалаба анҷом ёфт. Он мутлақиятро, ки ҳамчун нишонаи ҷамъияти феодалӣ ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ – Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шӯришгарон дар симои Шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақат аз рӯи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони Шӯроҳо бошанд, яъне меншевикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб – инқилоби буржуазию демократӣ аст, бинобар ин ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ, ки чун ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобчиён – коргарон ва аскарон ҳанӯз обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Русия то воқеаҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Барҳам додани тартиботи подшоҳӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон. Шӯроҳо ва иттифоқҳо. Чун дар маркази империяи Русия–шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне намояндагии ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд. 1 марти соли 1917 хабари ғалабаи инқилоби февралӣ дар Петроград то ба Тошкент омада расид. Аммо бо тавсияи генерал-губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ин хабарро аз мардум пинҳон нигоҳ доштанд. Танҳо 3-уми март, бо омада расидани рӯзномаҳо, ки аз ғалабаи инқилоб ва сарнагун кардани мутлақият хабар медоданд, мардум аз ҳақиқат воқиф гардид. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо барпо гардиданд, ки дар онҳо Шӯроҳои намояндагии соҳаҳои гуногун интихоб карда шудаанд.

Ҳанӯз 2 март дар Тошкент, бо ташаббуси коргарони устохонаи асосии роҳи оҳани Осиёимиёнагӣ, гирдиҳамоии серодаме ҷамъ омад. Дар он ҳозирон якдилона Шӯрои намояндагии коргаронро дар ҳайати 12 нафар интихоб намуданд. 3 март Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент аз ҳисоби ҳайати намояндагии заводҳо, корхонаҳо ва гурӯҳҳои сотсиал — демократӣ ташкил карда шуд. Дар он, чун дар дигар шӯроҳои минбаъдаи Осиёимиёнагӣ, аксариятро меншевикон ва эсерон (тахминан аз се ду ҳиссаро) ташкил мекарданд. Танҳо аз се як ҳиссаи боқимонда болшевикон буданд. Сарвари Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент меншевик И. И. Белков интихоб гардид.

2 ва 3 март дар қисмҳои гуногуни гарнизони ҳарбии шаҳри Тошкент ҷамъомадҳо барпо гардида, дар онҳо аскарон кумитаҳои худро интихоб намуданд. 5 март аз ҳисоби намояндагии интихобшудагон Шӯрои намояндагии аскарони Тошкент ташкил ёфт.

Моҳи марти соли 1917, дар баробари Тошкент боз дар дигар шаҳрҳои калонтарини кишвари Туркистон – Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва ғайраҳо, инчунин дар кони нефти САНТО, кони ангишти Кизил-кия, аз маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон) Шӯроҳо ба вуҷуд омаданд. Охири моҳи марти соли 1917 Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент бо Шӯрои намояндагии аскарон муттаҳид гардид ва минбаъд чунин муттаҳидшавӣ дар тамоми кишвари Туркистон ба амал омад.

Шикастани тартиботи ҳукумати подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон, на аз барҳам додани ҳукумати марказӣ, чун дар худи империяи Русия, балки аз ташкил намудани ҳукуматҳои маҳалӣ оғоз ёфт. Ҳанӯз 6 марти соли 1917 дар Тошкент, бо ташаббуси Думмаи шаҳрӣ маҷлиси ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барпо гардид ва дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иҷроияи муваққатиро интихоб намуданд, ки он идоракунии шаҳрро ба ихтиёри худ гирифт. Ба он намояндагони сармоядорон, зиёиён, амалдорон ва ғайра, аз ҷумла панҷ нафар намояндагони Шӯроҳои коргарӣ дохил шуданд. Дар Самарқанд Кумитаи иҷроияи бехатарии ҷамъиятӣ ташкил карда шуд, ки дар он амалдорон, адвокатҳо, афсарон (офитсерон), бойҳои маҳаллӣ, меншевикҳо, эсерҳо ва ғайра дохил шуданд.

Тағйиротҳое, ки дар соҳаи идоракунӣ дар маркази генерал-губернаторӣ ва вилоятҳо ба амал омаданд, ба марказҳои уездҳо низ таъсири худро расониданд. 21 марти соли 1917 дар Хуҷанд, бо талаби Шӯрои шаҳрӣ сарвари уезд Арсишевский аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармҳоро аз шаҳр бароварданд. Бо қарори Шӯро муҳофизати шаҳрро аскарони гарнизони шаҳрӣ ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Минбаъд бо ташкил додани милитсия муҳофизати шаҳр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ гузашт, ки он бо кӯмаки Шӯрои шаҳрии Хуҷанд бунёд гардид. Кумиҷроияи Хуҷанд аз 36 нафар аъзо иборат буд, ки ба ҳайати он аъзоёни Шӯро низ дохил шуданд. Ба он дар қатори амалдорони подшоҳӣ, инчунин намояндагони сармоядорон ҳам буданд.

Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ҳанӯз дар сари қудрат буд. Ӯ ваъзиятро ба инобат гирифта худро намояндаи Ҳукумати Муваққатӣ эълон кард. Вай аз амалдорони вилоятию уездӣ ва волостӣ талаб намуд, ки қарорҳои ҳукумати навро бе ягон мамоният амалӣ гардонанд. Вале сарварони Шӯроҳо ба садоқати худи Куропаткин нисбат ба режими нав шубҳа доштанд. 28 марти соли 1917 дар маҷлиси муттаҳидаи Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарон, дар қатори дигар масъалаҳо фаъолияти генерал-губернатор низ муҳокима гардид. Махсусан қарори ӯ оиди мусаллаҳ намудани мардуми русзабон, ки аввали ҳамон моҳ баҳри муҳофизати мансаби худ аз хуруҷи мардуми маҳаллӣ бароварда буд, ҳамчун амалиёти иғвогарона маҳкум гардид. Он маҷлис чунин қарорро бекор намуда, фармуд, ки аслиҳаи тақсимшуда ҳарчи зудтар баргардонида шавад.

30 марти соли 1917 дар маҷлиси васеи Шӯроҳои муттаҳидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошкент, масъалаи аз вазифа озод намудани генерал-губернатор Куропаткинро муҳокима намуданд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Ҳукумати Муваққатӣ Куропаткин бо ёрдамчиаш – генерал Ерофеев ва сардори штаби округ – генерал Сиверс ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд. Ин қарор 31 март амалӣ гардид. Худи он рӯз ба вазифаи сарварии қувваҳои ҳарбии округ коменданти шаҳр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7 апрели соли 1917, мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатӣ иборат аз 9 нафар Кумитаи Туркистонӣ, бо сарварии кадет Шепкин ташкил ёфт. Ин кумита бояд қарорҳои Ҳукумати Муваққатиро дар тамоми Осиёи Миёна (аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ) амалӣ мекард.

Ташкил намудани Шӯроҳо дар кишвари Туркистон минбаъд ҳам, дар шаклҳои гуногун давом дошт. Мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатии Русия аз 5 майи соли 1917, танҳо охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол зиёда аз 100 ҳазор нафар коргарони соли 1916 аз кишвари Туркистон ба корҳои ақибгоҳи фронт маҷбуран фиристодашуда, ба манзилашон баргаштанд. Бо ташаббуси онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, ҳамчун ташкилоти интихобии онҳо-Шӯрои намояндагии мардикорон ташкил ёфт. Аз ҷумла, 25 май дар майдони бозори Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд ҷамъомади мардикорони шаҳр ва атрофи он барпо гардид. Дар он Шӯрои намояндагии мардикорони шаҳр интихоб шуд. Ба ҳайати садорати он Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд.

Дар шаҳрҳои ҷудогонаи кишвари Туркистон боз “Иттифоқҳо” –и гуногун ба вуҷуд омада, амал мекарданд. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи марти соли 1917 дар Самарқанд “Клуби исломия” ба вуҷуд омад. Яке аз ташкилкунандагони он М. Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо 15 апрели ҳамон сол, ихтилофҳои дохилӣ боиси қатъ гардидани фаъолияти он кумита гардид. Дар арафаи ин воқеа қисми фаъоли он (ба он қисм М. Беҳбудӣ низ ҳамроҳ буд) ташкилоти коргарони мусулмонро бунёд намуданд, ки баъдтар номи “Иттифоқ” –ро гирифт. 16 апрели соли 1917 онҳо органи чопии худ – рӯзномаи “Ҳуррият” –ро бароварданд. Дар нашри он М. Беҳбудӣ, А. Фитрат (аз 25 июли соли 1917 муҳаррири калони он) мавқеи асосиро бозидаанд. Дар саҳифаҳои рӯзнома бештар ақидаҳои маорифпарварӣ, махсусан аҳамияти мактабҳои усули нав чоп мешуд. Моҳи марти соли 1917 дар Хуҷанд бо роҳбарии Е. А. Иванитский “Иттифоқи коргарони рус” ба вуҷуд омад ва он коргарони русу русзабони шаҳрро, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанду Драгомирово, заводҳои пахта ва равғани уезд кор мекарданд, муттаҳид кард.

Моҳҳои май-июли соли 1917 дар Тошкент, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон” ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани мехнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо роли калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин иттифоқҳо бо Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.

Дар баробари Шӯроҳо ва Иттифоқҳои номбурда, дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон, аз рӯи касбҳо Иттифоқҳои ба соҳаи худашон хос: Иттифоқи коргарони бинокори мусулмон, Иттифоқи оҳангарон, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи косибон, Иттифоқи коргарон, Иттифоқи савдогарони хурд ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд.

Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо. Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия яке аз ташкилотҳои сернуфуз ба ҳисоб мерафт. Он 9 марти соли 1917 дар шаҳри Тошкент ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварқорӣ Абдурашидов буд, ки ӯ дар марҳилаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Бо ҳамроҳии вай боз намояндагони зиёиён: Мустафо Чокаев (хатмкунандаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳидқорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Мӯъминбоев, Аҳмадхон (Аҳмадбек) Темирбеков ва дигарон аз ҷумлаи ташкилкунандагони Шӯрои исломия буданд. Худи ҳамон моҳ шӯъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шудаанд. Ба Шӯрои исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи нав ташкилшудаистодаи миллӣ, рӯҳониёни мусулмон, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.

Шӯрои исломия дар ҳайати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост, тарафдори нисбат ба замин нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд. Ҷадидони кишвари Туркистон баробари ташкил ёфтани Шӯрои исломия фаъолияти худро ба он пайваст намуданд.

16-23 апрели соли 1917 дар Тошкент анҷумани аввалини Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шӯъбаҳои Шӯро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию маданӣ, чун кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати Муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон дар ҳайати М. К. Абдурашидов, М. Чокаев, М Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайати сарварони Шӯрои исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст даровардани сарварии шӯро мушоҳида мешуд. Махсусан намояндагони рӯҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд. Зеро, онҳо мехостанд, ки шӯро танҳо дар асоси талабҳои Қуръони Шариф ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти шӯроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки шӯро бояд аз рӯи нақшаи онҳо амал кунад. Аммо аксарияти аъзоёни Шӯрои исломия Қуръони Шариф ва шариатро муқаддас ҳисоб кунанд ҳам, вале кори Шӯроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони рӯҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайати Шӯрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустакили худро бо номи Шӯрои уламо бунёд карданд.

Ба Шӯрои уламо намояндагони рӯҳониён, заминдорони калон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардоштанӣ ва асосҳои шариатро пурра ҷорӣ кардани буданд, дохил гардиданд. 17-20 сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошкент ба анҷумани худ ҷамъ омаданд. Дар он қарор карда шуд, ки шӯъбаҳои шӯроро дар ҳама шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.

Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо оиди тақдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд. Яъне иттифоқан онҳо мухторияти маданию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд.

Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ. Ғалабаи инқилоби февралӣ дар аввал ба фаъолияти ҳизбҳои худи Русия такони ҷиддӣ дод. Махсусан он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун кардани мутлақият буданд, ба мисли болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо, аз натиҷаи инқилоб асосан қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менамуданд. Аз ҷумла болшевикон дар шароити худи Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В. И. Ленин, барои ба тарзи осоишта ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ тайёрӣ медиданд. Ин мақсад дар тезисҳои апрелии (соли 1917) В. И. Ленин ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ пешниҳод гардид. Дар асоси он болшевикон бояд тамоми чораҳоро барои ҳарчӣ тезтар ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият медиданд.

Маҳз ҳамин гуна вазифа болшевиконро минбаъд аз ҳамкорӣ бо меншевикон боз ҳам ҷудо кард. Зеро, чуноне дар боло қайд кардем, меншевикон якҷоя бо эсерон дар Шӯроҳои марказии Русия аксариятро ташкил карда, ба фоидаи буржуазия, аз гирифтани ҳокимият даст кашиданд. Акнун чӣ болшевикон ва чӣ меншевикон аз фаъолияти пинҳонкорӣ ба амалиёти рӯйрост гузашта, дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Аммо дар шаҳрҳои марказии Русия ҳар кадоми онҳо бо роҳҳои гуногун кор мебурданд. Дар шароити кишвари Туркистон ҳам дар арафа ва рӯзҳои инқилоби февралӣ болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотҳои ягонаи сотсиал-демократӣ, албатта пинҳонӣ, амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон дар ин ҷо бо зудӣ ба амал наомад. Ба ғайр аз ин чӣ болшевикон ва чӣ меншивикони кишвар чандон мақсади ҷудогона амал карданро ҳам надоштаанд. Махсусан меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштаанд.

Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокомиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон чӣ дар марказ ва чӣ дар канор, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон, боз ҳам чуқуртар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, бо ҳизбҳои буржуазӣ наздик шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон, мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернасионалист ҳам мегӯянд), бо болшевикон нисбатан наздик шуданд.

Ҳизби эсерҳо бошад дар кишвари Туркистон, баъди сотсиал-демократҳо, аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт. Он солҳои 1907-1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди инқилоби февралии соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла дар кишвари Туркистон, аз сари нав оғоз намуд ва то июл-августи он сол бо меншевикон якҷоя амал кард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар Шӯроҳо аксариятро ташкил медоданд.

Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бисёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Қӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд ва ғайра нуфузи эсерони чап бештар назаррас буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро ба зери танқид мегирифтанд, созишкории ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост бошанд, баръакс сиёсати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.

Аз ҳизбҳои сернуфузи буржуазию помешикии марказӣ-ҳизби кадетҳо ба ҳисоб мерафт, ки он дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна аз солҳои 1905-1907 амал мекард. Ин ҳизб дар кишвари Туркистон гузаронидани ягон хел тағйироти ҷиддиро намехост. Зеро, кадетҳо тарафдори бетағйир нигоҳ доштани сарҳади ҳамонвақтаи империяи Русия буданд. Дар маҳалҳо, аз ҷумла ташкилоти қӯқандии ин ҳизб, танҳо баъзе гузаштҳои маданӣ, аз ҷумла оиди истифодаи озодонаи забонҳоро пешниҳод мекард. Ин гуна мавқеи кадетҳо дар байни зиёиён ва намояндагони буржуазияи миллӣ, ки тарафдори мухторияти кишвар буданд, ҳамовозӣ пайдо накард.


450
Нет комментариев. Ваш будет первым!