Ҳаракати зиддишӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Сабабҳои ба амал омадани ҳаракати зиддишӯравӣ. Чуноне дар боби пештара ишора рафт, ҳангоми сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди тартиботи нав, чӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва чӣ Бухорои Шарқӣ мардум аз як тараф ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуд, аз тарафи дигар, ҳангоми амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиқоди динии мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта нашуд. Ин ҳама баръакс халқро аз тартиботи нав ба канор мекашид. Илова ба ҳамаи ин аз вазъият истифода бурда гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла баъзе қисмҳои аскарони сурх бо ғорати молу мулки мардум машғул мешуданд.

Ҳукумати нав кӯшиш мекард, ки ҳар чӣ зудтар ба камбудиҳои ҷойдошта хотима гузошта, оромии мардумро ба даст дарорад. Чорабиниҳои ҳукумати нав, агарчанде зарур буданд, вале чандон натиҷаи дилхоҳ намедоданд. Дар маҳалҳо ҳокимияти нав ҳанӯз пурра барпо нагардида, он ба муқобилияти сахт дучор мешуд. Гӯё дар тамоми мулкҳои ҷумҳурӣ қувваҳои зидди тартиботи нав сабзида мерасиданд. Ҳукумати нав, ки Ҳукумати Шӯравӣ номида мешуд, бинобар ин ҳаракати сабзидаистода ба худ характери зиддишӯравиро дошт. Он оҳиста-оҳиста доираи васъеи мардуми маҳаллиро дар бар гирифт.

Дар ҳудуди ҷумҳурии Бухоро дар давраи аввали ҳаракати зиддишӯравӣ (солҳои 1920-1923) ҷанг асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва гурӯҳҳои зиддишӯравии маҳаллӣ мегузашт. Зеро, дар ин давр мардум дар симои аскарони сурх бештар забткорон ва поймолкунандагони дин ва урфу одати худро дида, баҳри озодии мулк-ватани худ, мудофиаи дин ва урфу одати худ ба мубориза бархеста буданд. Аз ин рӯ ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ набуда, балки бештар ба ҷанги милию озодихоҳӣ шабоҳат дошт. Собиқ амалдору саркардаҳои амирӣ, норозигии мардумро нисбати тартиботи нав ба фоидаи худ истифода бурда, сарварии ин ҳаракатро ба дасти худ гирифта буданд.

Дар қисми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) бо сабабҳои зиёда мавҷуд будани гурӯҳҳои аскарони сурх ва техникаи ҳарбӣ қувваҳои зиддишӯравӣ чандон фаъолона амал карда натавонистанд. Онҳо дар ин мулкҳо чун дастаҳои хурд-хурд амал мекарданд. Аз ҷумла: дар ноҳияи Ғиждувон-бо сарварии мулло Қаҳҳор, дар ноҳияи Шофирком бо сарварии Остон қараулбегӣ, дар ноҳияи Зандане (Пешкӯ) бо сарварии Мурод машкоби қучоқӣ (дар замони амирӣ дар бозор ва тӯйҳо машкобӣ, яъне обкашӣ мекард), дар Лақлақа (Ромитан)-Ҷӯра амин, дар Вобкент- кӯри Ато, дар Галаосиё-Аъзамхӯҷа ва дигарон фаъолият доштанд. Дар байни онҳо танҳо даста, аниқтараш қувваи мулло Қаҳҳор ва баъд Аъзамхӯҷа, ки нисбатан сершумор ва беҳтар мусаллаҳ буданд, ба тартиботи нав хавф доштанд.

Бухорои Шарқӣ бошад ба макони ҳақиқии қувваҳои зиддишӯравӣ табдил ёфта буд. Зеро, шароити кӯҳии ин мулкҳо аз як тараф ҳаракати қисмҳои аскарони сурх, махсусан техникаи ҷангии онҳоро душвор гардонида, аз тарафи дигар он ба қувваҳои зиддишӯравӣ имконияти ҳар лаҳза ба муқобили тартиботи нав мубориза бурдан ва дар вақти зарурӣ паноҳшуданро медод. Баъд аз он ки шӯриши зиддишӯравии ноҳияҳои Шерободу Шӯрчӣ (декабри соли 1920) аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бераҳмона пахш карда шуд, душманони сохти нав боз ҳам шарқтари ҷумҳурӣ-дар водии Ҳисору Кӯлоб, Вахшу Қаротегин ҷамъ омаданд. Илова ба ҳамаи ин дар водиҳои номбурда дастаҳои боқимондаи амирӣ ҳам кам набуданд.

Ҳангоми ба хоки Афғонистон гурехтани амир Олимхон ӯро тахминан 300 нафар сарбозони содиқаш ҳамраӣ карданд. Ҳамон лаҳза, аз таъқиби аскарони сурх, инчунин аз дигар гузаргоҳҳои дарёи Панҷ ба хоки Афғонистон мардуми бисёр, мувофиқи хотираҳои худи амир “тахминан як лак” (яъне сад ҳазор) нафар гузаштаанд. Амир аз ҷумлаи онҳо тахминан 500 нафар ашрофони бухороиро ҳамроҳи худ гирифта ба сӯи Кобул рафтаасту халос. Гурезагони боқимонда, ки аксар аз ҷумлаи бечорагон, наврасон ва зану мӯйсафедон буданд, дар ноҳияҳои сарҳадии хоки Афғонистон ҳарҷо-ҳарҷо маскан гирифтаанд.

Қисми зиёди сарбозони амирӣ, ки дар хоки ҷумҳурии Бухоро мондаанд, низ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногуни сарҳадӣ бо Афғонистон пинҳон шуда буданд. Онҳо дар аввал аз муқобилияти рӯйрост бо қисмҳои аскарони сурх худдорӣ намуда, барои баромади умумӣ мавқеи қулайро интизорӣ мекарданд.

Мавқеи мардуми маҳаллӣ низ нисбат ба амалиёти аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Зеро, онҳо то ин лаҳза аз моҳияти ҷамъияти коммунистӣ, яъне шӯравӣ огоҳӣ надоштанд. Бинобар ин мардуми ин диёр ҷамъияти навро танҳо аз рӯи рафтори аскарони сурхи отряд тасаввур мекарданд. Аммо рафтори қисмҳои аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Мардум дар рафтори онҳо на ин ки бахшандагони озодӣ, балки таҳқиркунандагони дин ва урфу одатҳои миллӣ, тороҷгарони навбатиро медиданд.

Ҳукумати шӯравии Бухоро, бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, иқрор шуд, ки аз ӯҳдаи ваъдаи худ, яъне бо хӯрокворӣ таъмин намудани отряд баромада наметавонад. Аз ин рӯ ҳукумати нави Бухоро ба аскарони сурхи отряд иҷозат дод, ки ҳангоми амалиёт, аз номи ҳукумат амал карда, аз маҳалҳо барои худ хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти заруриро пайдо кунанд. Дар натиҷа, қисмҳои аскарони сурхи отряд, баъди ба даст даровардани ин ё он маҳали аҳолинишин, рӯйрост ба тороҷи он медаромаданд.

Ин ҳама мардуми маҳаллии Бухори Шарқиро дар ҳолати ногувор гузошта буд. Зеро, то омадани аскарони сурх онҳоро аллакай сарбозони амир ғорат кардаанд. Инак, акнун аскарони сурх ҳам тороҷ менамуданд. Бинобар ин мардуми сарсахт роҳи ягонаи халосиро дар гурехтан дида, дар ҳамон фасли зимистони қаҳратун, дар кӯҳҳо паноҳӣ меҷустанд. Бо ҳамин сабаб бисёре аз деҳаҳое, ки аскарони сурх ба даст медароварданд, асосан холӣ — беодам буданд.

Чуноне таъкид намудем, амалиёти ҷангии отряд дар фасли зимистони кӯҳистон ва аввали баҳори серборишу сард (аз моҳи декабри соли 1920 то моҳи апрели 1921) мегузашт. Дар ин гуна ҳолат, барои аскарон на танҳо либоси гарм ва хӯрока, балки паногоҳ чӣ барои худашон ва чӣ барои аспҳояшон зарур буд. Албатта дар қад-қади роҳи тайкардаи отряд, ки миқдораш дар давраҳои гуногун аз 1,5 то 5 ҳазор нафар аскарони савора мерасиду ба қисмҳо тақсим шуда ҳаракат мекарданд, ягон хел казарма вуҷуд надошт. Аз ин рӯ аскарони сурх гарчанде бештар вақти истироҳати худро дар палаткаҳо гузаронанд, баъзан бинои масҷидҳо, ҳавлиҳои мардумро низ истифода мебурданд. Ҳатто баъзан масҷидҳоро, ки барои мардуми маҳаллӣ ҷои муқаддас ба ҳисоб меравад, муваққатан ба аспхонаи худ табдил додаанд.

Ё худ аскарони сурх аксаран (эҳтимол қариб ҳама) тамоку мекашиданд. Онҳо то андозае захираи тамоку (махорка) доштанд. Вале дар шароити кӯҳистон, барои печонидани тамоку дарёб намудани қоғаз хеле мушкил буд. Бинобар ин, ҳар боре, ки аскарони сурх ба ҳавлиҳои мардум ё худ ба масҷидҳо медаромаданд, китобҳои он ҷо мавҷударо, аз ҷумла Қуръони Шариф ва ё худ дигар намуд китобҳои зарурии дини исломро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ истифода мебурданд. Мувофиқи маълумотҳо, баъзе аз аскарони сурх, баъди ғалаба дар маҳаллаҳои ба дастовардаашон, дар баробари ғоратгарӣ, инчунин ба таҷовузкорӣ ҳам машғул шудаанд.

Ин ҳама фоҷеаҳо дар пеши назари мардум ба амал меомаданд. Дар натиҷа мардуми маҳаллӣ, ки чуноне аллакай қайд намудем, аксаран оиди ҷамъияти нав тасаввуроте надоштанд, бо мушоҳидаи чунин ҳодисаҳои нангин танҳо таҳқири дин ва урфу одати худро дида, ба гуруснагию бараҳнагӣ нигоҳ накарда, маҳз барои ҳимояи дин ва урфу одати худ ба муқобили аскарони сурх ва тартиботи барпо намудаи онҳо, ба мубориза бархестанд. Яъне, бунёдкунандагони ҷамъияти нав ҳангоми амалиёти худ чунин нозукиҳоро ба эътибор нагирифтаанд. Амирпарастон бошанд ин гуна ҳолатро ба фоидаи худ истифода карданд. Дузду ғоратгарон вазъиятро истифода бурда мардумро бераҳмона тороҷ мекарданд. Дар натиҷа дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҷамъияти нав ҳанӯз пойдор нагардида, онро ҳаракати нав-зиддишӯравӣ фаро гирифта буд.

Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ. Сабабҳои дар боло ифодашуда, бо якҷоягии душвориҳои зиндагӣ ва ташвиқотҳои зиддишӯравӣ охири апрел ва аввали моҳи майи соли 1921 мардуми зиёди Кӯлобу Балҷувонро ба муборизаи муқобили тартиботи нав бархезонид. Дар натиҷа ҳаракати зиддишӯравӣ бо зудӣ дар худи ин моҳҳо қариб тамоми сарзамини ин мулкҳоро фаро гирифт. Ба ин қувваҳо яке аз собиқ амалдор ва саркардаи номии амирӣ Иброҳимбек сарварӣ мекард. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, ҳамон лаҳза дар атрофи Иброҳимбек аллакай тақрибан 10 ҳазор нафар мардум ҷамъ омадаанд. Ин қувваи бузург ба Иброҳимбек имконият дод, ки дар бисёре аз маҳалҳои (мулкҳои) номбурда ҳокимияти шӯравиро барҳам дода, тартиботи кӯҳнаи амириро аз нав барқарор намояд.

Инак, дар нимаи дуюми баҳори он сол қувваҳои дар атрофи Иброҳимбек ҷамъ гардида, аллакай барои мавҷудияти Ҳокимити Шӯравӣ хавфноктарин қувва на танҳо дар мулкҳои Кӯлоб, балки қариб барои тамоми Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Барои пахш намудани ҳаракати зиддишӯравии ин мулкҳо қисмҳои асосии аскарони сурхи дар тамоми мулкҳои Бухорои Шарқӣ буда, аз он ҷумла дар водии Қаротегин маскангирифта, сафарбар карда шуданд. Вале ҳамин, ки аскарони сурх дар самти Кӯлобу Балҷувон (нимаи дуюми моҳи май) амалиёти ҷангиро сар карда, баъзе гурӯҳҳои Иброҳимбекро шикаст доданд, қисмҳои ҷудогонаи он ба водии Қаротегин ва Ҳисор гузаштанд. Дар натиҷа охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол водии Қаротегинро низ ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт, ки ба он Фузайл Махсум, Эшони Султон ва дигарон сарварӣ мекарданд.

Охири моҳи май ва аввали июни соли 1921 дар водии Қаротегин, Вахон ва Дарвоз тартиботи шӯравӣ барҳам дода шуд ва тартиботи амириро аз сари нав барқарор намуданд.

Иброҳимбек, баъди шикастхӯрӣ дар самти Кӯлобу Балҷувон, дастаҳои худро асосан аз ҳисоби лақайҳо зиёд намуда, барои ба по хезонидани боқимонда мардуми лақай ва мардуми водии Ҳисор кӯшид. Дар ноҳияҳои Кӯлобу Балҷувон бошад қувваҳои зиддишӯравӣ минбаъд бештар дар атрофи Давлатманбий ҷамъ омаданд.

Нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ ва оқибатҳои истифода нашудани он. Аввали моҳи августи соли 1921 бо ташаббуси намояндаи фавқулоддаи ҶХШБухоро дар Бухорои Шарқӣ Ато Хоҷаев (Атохоҷа Пӯлодхоҷаев) нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ карда шуд. Ӯ бо баъзе сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ гуфтушунид намуда, онҳоро розӣ намуд, ки ба манфиати тартиботи нав кор кунанд. 12 августи соли 1921 Ато Хоҷаев аз ҷумла бо Давлатманбий шартнома имзо кард, ки мувофиқи он: Ато Хоҷаев барои аз хоки Бухорои Шарқӣ баровардани қисмҳои аскарони сурх ва барҳам додани шӯъбаҳои махсуси дар назди он қисмҳо буда розигӣ дод; Давлатманбий бошад, дар сурати иҷро гардидани шарти боло, ваъда дод, ки тамоми гурӯҳаш аслиҳаи худро ба намояндагони ҳокимияти нав месупоранд.

Ато Хоҷаев бо чунин мазмун шартномаро бо Эшони Султон ҳам имзо карда буд. Аз сарварони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ танҳо Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон аз ҳар гуна музокира бо намояндагони тартиботи нав даст кашиданд.

Бо тавсияи Ато Хоҷаев Давлатманбий сарвари кумитаи инқилобии Балҷувон, Эшони Султон сарвари Кумитаи инқилобии Ғарм таъин гардиданд. Инчунин бо розигии Ато Хоҷаев, 12 нафар фаъолони маҳаллиро, ки ба аскарони сурх хизмат расонидаанд, ба ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ супориданд. Зеро, ин талаби дигари тарафи муқобил буд. Зиддишӯравичиён 6 нафари он фаъолонро дар вақти идомаи гуфтушуниди тарафайн қатл карданд.

Вале натиҷаи кори Ато Хоҷаев дар роҳи мусолиҳаи миллӣ ба баъзе сарварони онвақтаи ҷумҳурии Бухоро ва махсусан ба намояндаи Федератсияи Русия дар Бухоро В.В. Куйбишев маъқул нашуд. Бинобар ин Ато Хоҷаевро фавран аз Бухорои Шарқӣ даъват намуданд ва ҳуҷҷатҳои имзонамудаи ӯро ба эътибор нагирифтанд. Аз ин рӯ Давлатманбий ва Эшони Султон мисли пештара ба қувваҳои ҷудогонаи зиддишӯравӣ сарварӣ намуда, дар қатори Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом доданд. Бо ҳамин яке аз аввалин имкониятҳои қулайи пешгирӣ намудани авҷи ҳаракати зидишӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ аз байн рафт. Дар натиҷа ин ҳаракат аз сари нав қувват гирифт.

Иғвои Анварпошо. Ҳолати вазнини ҷумҳурии Бухоро ва ноиттифоқии ҳайати ҳукумати он; вазъи ноороми Бухорои Шарқӣ; дар байни мардум ҳанӯз эътибори зиёд надоштани тартиботи нав; баръакс пурқувват шуда истодани дастаҳои гуногуни зиддишӯравӣ; ҳамсарҳадӣ бо давлати Афғонистон, ки маркази асосии гурезагони бухороии аз тартиботи нав норозӣ гардида буд; дастгирии қувваҳои берунаи зиддишӯравӣ, бо сарварии амири гуреза-Олимхон ва ҳукуматдорони англис ва ғайраҳо барои ба вуҷуд омадани иғвои Анварпошо чун сабабҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1921 бо ташаббуси собиқ полковники турк, нозири ҳарбии вилояти Шеробод Ҳасан-афандӣ дар маркази Қубодиён гирдиҳамоие барпо гардид. Ӯ ба ҳозирон эълон намуд, ки ҳамроҳи ӯ Анварпошо ҳузур дорад. Ин меҳмони нохонда гӯё бо мақсади “озод кардани Бухоро аз дасти болшевикон” омадааст.Анварпошо мехост сарварии умумии қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Шарқиро ба дасти худ гирад. Бо ҳамин мақсад Анварпошо аз Қубодиён ба Ҷилликӯл ва охирҳои он моҳ ба қароргоҳи Иброҳимбек Кӯктош (ҳозира шаҳраки Сомониён) омад. Иброҳимбек дар аввал ба садоқати Анварпошо нисбат ба қувваҳои зиддишӯравӣ бовар накарда, ӯро бо отрядаш ҳатто беяроқ кард ва ба ҳабс гирифт. Баъди аз амир Олимхон омада расидани хабари садоқатмандии Анварпошо нисбат ба ӯ, Иброҳимбек одамони Анварпошоро аз ҳабс озод намуда, яроқашонро баргардонид. Вале минбаъд ҳам Иброҳимбек ба Анварпошо сари таъзим фуруд наовард. Амир Олимхон Анварпошоро сарфармондеҳи “лашкари ислом” таъин намуд.

Сӯиқасди У. Пӯлодхоҷаев. Моҳи сентябри соли 1921 қариб тамоми ноҳияҳои Бухорои Шарқиро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифта буд. Дар худи ин моҳ дар Кӯктош ҷамъомади сарварони дастаҳои (қӯрбошиҳои) зиддишӯравӣ барпо шуд ва дар он ба Иброҳимбек унвони “сардори лашкари ислом”-ро доданд.

Вазъи Бухорои Шарқӣ роҳбарони ҷумҳурии Бухороро осуда намегузошт. 27 сентябри соли 1921 бо мақсади мустаҳкам намудани органҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва корҳои мудофиавӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои байни қисмҳои асарони сурх ва муассисаҳои маҳаллӣ ва ғайра ба ни мулк раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶХШБухоро Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев фиристода шуд. Бо ҳамроҳии ӯ отряди 400 нафараи милитсионерон бо сарварии Алӣ Ризо буданд. Дар роҳ ба онҳо отряди 200 нафараи нозири ҳарбии Бойсун Дониёрбек (Дониёр афандӣ) ҳамроҳ гардиданд.

У. Пӯлодхоҷаев миёнаи ноябри соли 1921 ба Душанбе омада расид. Аввали моҳи декабри соли 1921 дар Кӯктош, дар қароргоҳи Иброҳимбек, бо иштироки худи ӯ, бо ташаббуси Анварпошо ҷамъомади сарварони дастаҳои зиддишӯравӣ барпо гардид. Дар он намояндагони Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев — Алӣ Ризо ва Дониёр ҳам, ки гӯё барои “ғун кардани” озуқаворӣ ва ему хошок омада буданд, ширкат доштанд. Дар ҳамин ҷамъомад нақшаи забти Душанбе кашида шуд.

9 декабри соли 1921, соати 19, дар Душанбе, бо ташаббуси У. Пӯлодхоҷаев, гӯё ба шарафи комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва гусели консули генералии Русия дар Бухорои Шарқӣ Нагорный “зиёфате” барпо гардид. Дар он муовини комиссари ҳарбӣ Мухин низ иштирок дошт. Соҳибони зиёфат У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо, Дониёр ва дигарон нимишабӣ “меҳмонони” худ Марозенко, Мухин ва Нагорныйро беяроқ ва ҳабс намуданд, инчунин ба беяроқкунии баталёни сеюми полки ҳафтум сар карданд. Баталёни дуюм аз ин хиёнаткориҳо воқиф гардида, муқобилият нишон дод. Дар натиҷа, 10 декабр дар Душанбе ҷанги сахт ба амал омад. Баталёни дуюм дар баробари бартараф намудани ҳуҷуми 800 нафараи саворагони сӯиқасдчӣ, инчунин ҳабсшудагонро озод намуда, яроқҳои баталёни сеюмро баргардонид. Миқдори аскарони сурхи гарнизон тақрибан 600-700 нафар буд. Бо ташаббуси Анварпошо барои забти Душанбе қувваи иловагӣ фиристода шуд. Ҷанг се шабонарӯз давом кард. Ниҳоят қувваҳои зиддишӯравӣ аз забти Душанбе умедашонро канда, ба қафо гаштанд. Баъди ин воқеа У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо ва Дониёр ба кӯҳҳои Боботоғ пинҳон шуданд. Онҳо дар натиҷаи бархӯрдан бо дигар гурӯҳҳои зиддишӯравӣ боигарии худро талаф дода, пароканда гардиданд. У. Пӯлодхоҷаев ва Алӣ Ризо ба Афғонистон гурехтанд. Дониёр бошад 70 нафар милитсионерони содиқашро гирифта, худро бек эълон карда, ба сӯи Санггардак ҳаракат кард ва минбаъд муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом дод.

Ташкил намудани Комиссияи фавқуллодаи диктаторӣ (Диккомиссия). Баъди барбод рафтани сӯиқасди У. Пӯлодхоҷаев ҳам вазъи Душанбе беҳтар нагардид. Баръакс дар атрофи он аз ҳар сӯ гурӯҳҳои зиёди зиддишӯравӣ ҷамъ омаданд, ки миқдори умумии онҳо то ба 10 ҳазор нафар расид. Дар натиҷа Душанбе аз тарафи ин қувваҳо ба муҳосира гирифтор шуд ва он ду моҳ давом кард.

Комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва консули генералии Русия Нагорный вазъиятро ба инобат гирифта, бо Иброҳимбек роҳи музокираро пеш гирифтанд, ки он соли 1921 дар нимаи дуюми моҳи декабр 12 рӯз давом кард. 26 декабр худи Нагорный ҳам ба Кӯктош рафта бо Иброҳимбек во хӯрд. Талаби ягонаи Иброҳимбек – “аз Бухорои Шарқӣ тамоман баровардани қисмҳои аскарони сурх буд.” Вале ин ҳама гуфтушунидҳо натиҷа надоданд. 1 январи соли 1922 Иброҳимбек ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ ҷанг эълон кард.

2 январи соли 1922 дар маҷлиси якҷояи КМ ҲК Бухоро, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) ва Шӯрои Нозирони ҷумҳурии Бухоро бо сабаби душвор гардидани вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар Бухорои Шарқӣ, махсус барои ин гӯшаи дурдасти ҷумҳурӣ, Комиссияи фавқулоддаи диктатории КИМ ҶХШБухоро (Диккомиссия), бо сарварии Носир Ҳакимов ташкил карда шуд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки аз 10 январ дер намонда ба Душанбе равад. 8 январ раёсати КИМ ҶХШБухоро тартиби кори ин комиссияро тасдиқ намуд.

Фаъолияти диккомиссия сарзамини вилоятҳои Шеробод, Ҳисор, Ғарм ва Кӯлобро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди ин вилоятҳо тамоми ҳокимияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва судӣ ба ихтиёри диккомиссия гузашт. Диккомиссия фаъолияти худро муваққатан дар ҳудуди вилоятҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Каркӣ низ паҳн карда буд. Вале дар ин вилоятҳо диккомиссия дар доираи Конститутсияи ҶХШБухоро амал карда, мебоист ҳар чӣ зудтар тартиботи давлатиро барқарор мекарданд.

Дар назди комиссияи диктаторӣ шӯрои иқтисодӣ (ё худ машварати иқтисодӣ), шӯбаҳои назорати давлатӣ, адлия, замину об, сохтмон, ташкилотҳои табобатӣ, маорифи халқ, трибунали ҳарбии инқилобӣ, маъмурияти муҳофизат, маъмурияти нақлиёт, комиссариати фавқулоддаи молиявӣ ва комиссияи андоз вуҷуд дошт. Худи диккомиссия ба муддати нисбатан муайяни кӯтоҳ, то 31 марти соли 1922 ташкил карда шуда буд. Он бо мақсади: аз як тараф мубориза бурдан ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва аз тарафи дигар ба низом даровардани вазъи иқтисодию сиёсии Бухорои Шарқӣ бунёд гардид. Вале бо сабаби дар ҳудуди Бухорои Шарқ тӯл кашидани ҳаракати зиддишӯравӣ комиссияи номбурда ба “Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ” табдил ёфт ва фаъолияти худро то тобистони соли 1924 давом дод. Чунин комиссия дар дигар нуқтаҳои ҷумҳурии Бухоро, аз ҷумла дар қисми марказии (ғарбии) он ҳам, бо мақсади мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ташкил карда шуд.

5 июни соли 1922 дар тамоми вилоятҳои Бухорои Шарқӣ Шӯрои ҳарбии инқилобӣ (Реввоенсовет) ташкил карда шуд, ки он мебоист тамоми сарварони ҳарбӣ ва шаҳрвандиро муттаҳид намуда, органҳои ҳокимияти маҳаллиро мустаҳкам менамуд. Ин шӯроҳо дар як вақт бо диккомиссия амал мекарданд.

Бо ташаббуси Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ дар он маҳалҳое, ки аз дасти қувваҳои зиддишӯравӣ гирифта мешуд, кумитаҳои инқилобӣ аз сари нав барқарор мегардид. Дар натиҷа дар вилоятҳо, туманҳо ва кентҳо чунин кумитаҳо бори дигар ташкил меёфтанд. Ҳайати кумитаҳои инқилобӣ аз се нафар иборат буд. Аз ин ҳисоб, бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мардум, дар кумитаи инқилобии вилоятӣ як нафар ва дар кумитаи инқилобии туманию кентӣ дунафарӣ аз тарафи худи халқ интихоб карда мешуд, боқимонда таъин мегардиданд.

Комиссияи диктаторӣ дар роҳи мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва бунёду мустаҳкамии ҷамъияти нав, дар баробари корҳои мусбат ба ташкилоти ҷазодиҳӣ табдил ёфта буд. Зеро, аз тарафи ин ташкилот мардуми зиёд, аксар бегуноҳ, қурбони беадолатиҳои замон гардиданд.

Боз ҳам қувват гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҶХШ Бухоро. Аввали соли 1922 ҳаракати зиддишӯравӣ қариб тамоми ҳудуди Бухорои Шарқиро фаро гирифта буд. Масъулони қисмҳои аскарони сурх чунин вазъиятро таҳлил намуда, онро ҳамчун шӯриши халқӣ ҳисобида, 14 феврал қисмҳои худро аз Душанбе бароварданд. 22 феврал ин қисмҳо дар Бойсун бо дигар қисмҳои аскарони сурх муттаҳид гардиданд. Душанбе бошад ба ихтиёри дастаҳои Иброҳимбек гузашт.

Хабари аз Душанбе бароварда шудани қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ дар тамоми ҳудуди ҶХШБухоро паҳн гардид ва боиси боз ҳам пурзӯр шудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ноҳияю вилоятҳои дигар шуд. Аз ҷумла Мулло Абдуқаҳҳор ва Аъзамхоҷа, ки дар атрофи худ зиёда аз 4 ҳазор нафар муборизони зиддишӯравии ноҳияҳои Ғиждувону Вобкент, Галаосиёю атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳнаро ҷамъ намудаанд, аввали моҳи марти соли 1922 маркази худи ҷумҳурӣ-шаҳри Бухорои Кӯҳнаро таҳдид мекарданд.

8 марти соли 1922 барои шаҳри Бухорои Кӯҳна рӯзи вазнинтаре буд. Шаҳрро қисмҳои Аъзамхоҷа ва Мулло Абдуқаҳҳор пурра ба муҳосира гирифтанд. Дар чунин лаҳзаи душвор сарвари дивизияи савораи аскарони сурхи Бухоро, собиқ афсари турк Иброҳим афандӣ ҳам рӯйрост ба тарафи муқобил гузашт. Нозири ҳарбии ҶХШБухоро А. Орифов, ки он вақт дар Кармина буд ва ҷонишини ӯ, афсари турк — Талъатзода низ ба қувваҳои аксулинқилобӣ ҳамроҳ гардиданд. Чунин хиёнаткориҳоро ба инобат гирифта ҳукумати ҷумҳурии Бухоро дар худи Бухорои Кӯҳна 25 нафар афсаронро, ки аксар баромадашон турк буд, бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх ба ҳабс гирифт. Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъиятро ба инобат гирифта дар 17 туманҳои Бухоро ҳам комиссияи диктаторӣ ташкил намуд.

Маҳви Анварпошо. Сарварони Русияи Шӯравӣ ба хубӣ пай бурда буданд, ки таҳдиди Анварпошо, бо қӯшунҳои тахминан 20 ҳазор нафарааш, ки дар Бухорои Шарқӣ аллакай ҷамъ карда буд, на танҳо барои мавҷудияти тартиботи шӯравӣ дар Бухоро, балки барои тамоми сарзамини Осиёи Миёна хатари ҷиддӣ дорад. Анварпошо низ мақсади худро пинҳон намедошт. 19 майи соли 1922 вай аз Ҳукумати Шӯравии Русия бо таҳдид талаб кард, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Бухоро, Туркистон ва Хоразм давлати монархиявии исломии ташкилкардаистодаи ӯро ба расмият шиносад ва дар мӯҳлати 15 рӯз қисмҳои аскарони сурхро аз ин сарзамин барорад. Ин талабҳо дар таърих бо номи “таҳдидномаи Анварпошо” маълум аст.

Барои Ҳукумати Шӯравии Русия мағлуб кардани Анварпошо аз вазифаҳои муҳимтарин гардид. Ба муқобили Анварпошо қисмҳои зиёди аскарони сурх сафарбар гардиданд. Роҳбарии умумии мубориза ба муқобили ӯ ба ӯҳдаи сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбии Русия С.С. Каменев гузошта шуд. Қисмҳои аскарони сурхро, ки бевосита ба ин амалиёт сафарбар гардиданд “гурӯҳи аскарони Бухоро” ё худ “фронти Бухоро” номиданд ва фармондеҳии он ба ӯҳдаи Н.Е. Какурин афтод.

15 июни соли 1922 ҳуҷуми васеи қисмҳои аскарони сурх ба муқобили Анварпошо сар шуд. Онҳо ба қанотҳо тақсим гардида-қаноти чап бо сардории А.Я.Мелкумов аз Бойсун ба сӯи Деҳнав, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон, Файзобод ва қаноти рост, бо сардории Богданов, аз секунҷаи Шеробод-Кокайти-Тирмиз ба сӯи Қубодиён, Қӯрғантеппа, Кӯлоб, Балҷувон ҳаракат карданд. Дар худи ҳамон рӯз дар маҳали Бойсун-Работ бо қисмҳои Анварпошо ҷанги сахт ба амал омад. Дар ин ҷанг Анварпошо на танҳо талафоти зиёд дод, ҳатто посбонони шахсии вай ба қисмҳои аскарони сурх асир афтоданд. Қисмҳои боқимондаи Анварпошо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Қисмҳои аскарони сурх аз қафои аскарони гурезаи Анварпошо думболагир шуданд. Онҳо дар натиҷаи ҷангҳои шадид 18 июн Деҳнав ва Юрчӣ, 30 июн — Регар, 1 июл — Қаратоғ, 2 июл — Ҳисор, 14 июл-Душанберо аз сари нав ба даст дароварданд. Баъди шикастхӯрӣ дар ҷанги шадиди назди Душанбе, дастаҳои Анварпошо ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Аз ҷумла дастаи Мастчоҳ бо сардории Раҳмондодхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, дастаи Қаротегину Дарвоз бо сардории Фузайл Махсум ва Эшони Султон ба сӯи Янгибозор (Ваҳдат), қисмҳои ба худи Анварпошо содиқ ба воситаи Кӯктош ба водии Лақай гурехтанд. Дар ин лаҳза, қисмҳои дигари аскарони сурх (қаноти рост) 3 июл — Ҷилликӯл, 4 июл — Қӯрғантеппа ва 17 июл — Кӯлобро гирифта, гузаргоҳи дарёи Панҷро аз Чубек то Баҳорак ишғол намуданд. Дар натиҷа пеши роҳи Анварпошо, барои ба Афғонистон гурехтан, баста шуд. Анварпошо аз ин воқеа огоҳ гардида, аз Қӯрғантеппа ба сӯи Сангтӯда ҳаракат кард. Бо ҳамроҳии ӯ дастаи Балҷувон, бо сарварии Давлатманбий низ буд. Дар назди деҳаи Сангтӯда ҷанги сахтарине ба амал омад. Анварпошо шикаст хӯрда ба сӯи Балҷувон гурехт. 17-20 июли соли 1922 дар Балҷувон ҷанги шадиде рӯй дод. Анварпошо, тақрибан бо 500 нафар аскарони содиқаш ба сӯи деҳаи Обдара ақиб гашт. 4 август дар наздикии ин деҳа бо Анварпошо ҷанги шадиди охирин ба амал омад. Дар ҳамин ҷанг вай 5 маротиба захмин гардида, ҳалок шуд. Инчунин дар ин муҳориба Дониёрбек ва Давлатманбий ҳам сахт ярадор гардиданд. Бо ҳамин ҷанг “иғвои Анварпошо” барояш ба тарзи фоҷеавӣ анҷом ёфт.

Пастшавии ҳаракати зиддишӯравӣ. Барбод рафтани иғвои Салимпошо ва шикасти Фузайл Махсум. Давраи иғвои Анварпошо (ноябри соли 1921-августи соли 1922) нуқтаи баландтарини ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини ҷумҳурии Бухоро, махсусан Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Баъди маҳви Анварпошо, албатта ин ҳаракат анҷом наёфт, вале рӯ ба пастравӣ ниҳод. Рӯз аз рӯз сарварони он дастаҳо эътибори худро дар байни мардуми оддӣ аз даст медоданд. Баръакс, тартиботи нав, дар натиҷаи чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла авфи умумӣ, муддате қатъ гардидани ситонидани андозҳо, тақсим кардани замин, ба деҳқонон додани қарзи ҳасана, тухмӣ ва ғайра соҳиби эътибор мегардид.

Баъзе арбобони шӯравӣ хатогиҳои нисбат ба дин ва урфу одати мардум содиркардаи аскарони сурхро ислоҳ карданӣ шуданд. Аз ҷумла раиси нави Комиссияи диктаторӣ Ҳоҷӣ Мирбобо Мирмуҳсинов бо фармони худ аз 10 августи соли 1922 кумитаҳои инқилобии Бухорои Шарқиро вазифадор намуд, ки масҷидҳоро аз ҳисоби маблағи давлатӣ таъмир ва обод кунанд.

Вале дастаҳои зиддишӯравӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пурра маҳв нашуда, балки аксарашон пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922, бо мақсади муттаҳид нигоҳ доштани қувваҳои Анварпошо, амир Олимхон дар шаҳри Кобул машварате гузаронида, иғвогари дигар, афсари дигари турк Ҳоҷӣ Салимбойро, ки бо номи “Салимбек” ҳам маълум аст, вориси Анварпошо эълон намуда, ба сӯи Бухоро фиристод. Дар ин лаҳза низ қувваи нисбатан хавфноки зиддишӯравӣ, гурӯҳҳои Иброҳимбек ба ҳисоб мерафт, ки дар Лақай ҷойгир буданд.

Тирамоҳи соли 1922 Салимпошо аз дарёи Панҷ гузашта бе муқобилият ба Қалъаи Хумб дохил шуд. Ӯ аз он ҷо бо кӯмаки Эшони Султон ба Ғарм, ба назди Фузайл Махсум омад. Дар ин ҷо вай аз муборизаи байни Эшони Султон ва Фузайл Махсум барои ҳокимият воқиф гардида, онро ба фоидаи худ истифода бурд. Фузайл Махсум бо дастгирии Салимпошо Эшони Султонро шикаст дода, ӯро бо ҳамроҳии бародараш Эшони Сулаймон ба дор кашонд, Кӯри Шерматро низ, ки он ҷо буд, шикаст дод. Вале Кӯри Шермат аз чанголи Фузайл Махсум халос хӯрда, ба водии Олой гурехт. Баъд аз ин Фузайл Махсум тамоми қувваҳои зиддишӯравии Дарвозу Қаротегинро ба итоаташ дароварда, худро амир эълон кард. Вай Салимпошоро ба ивази дастгирӣ ва кӯмакаш ҳамчун вориси Анварпошо эътироф кард. Салимпошо моҳи декабри соли 1922 бо ҳамроҳии бародари Фузайл Махсум ва отряди 500-600 нафара ба Кӯлоб омада, баъди муҳорибаи шадид шаҳрро ба даст даровард. Вале қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ Кӯлобро аз Салимпошо баргардонида гирифтанд. Баъди чунин нобарорӣ Салимпошо ба водии Ҳисор рафт. Феврали соли 1923 вай ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта, деҳаи Шӯрёнбошро маркази худ қарор дод. Дар он ҷо бо сарварони отрядҳои гуногуни зиддишӯравӣ вохӯрда, ба онҳо супориш дода, худ бо қӯшунҳои тахминан 4 ҳазорнафара ба сӯи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард. Иброҳимбек, ки нисбат ба Салимпошо ҳам чандон содиқ набуд, бо қӯшунҳои 2 ҳазор нафарааш дар Бухорои Шарқӣ монд.

Иғвогари нав — Салимпошо ният дошт, ки бо ҳаракат ба сӯи Ғузору Қаршӣ на танҳо қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Маразӣ (Ғарбӣ), балки мардуми тамоми ҷумҳурии Туркистонро низ ба муқобили тартиботи нав бархезонад. Вале дар наздикии Қаршӣ, дар деҳаи Тошлик дастаҳои Турдитӯқсабо, ки барои ҳамроҳшавӣ бо отряди Салимпошо мешитофтанд, торумор карда шуданд. 13 марти соли 1923 қисмҳои асосии қӯшунҳои Салимпошо дар секунҷаи Болдур-Ғузор — истгоҳи роҳи оҳани Тангиҳарам иҳота ва маҳв гардиданд. Баъди ин муҳориба Салимпошо бо отряди начандон зиёд ба кӯҳҳои Ҳисор гурехт. Акнун зиддияти байни Салимпошо ва Иброҳимбек хеле боло гирифта буд. Иброҳимбек ба Салимпошо на танҳо итоат карданро намехост, балки аз Салимпошо талаб мекард, ки ба ӯ итоат кунад. Чунин рақобат боиси парокандагии дастаҳои ҷудогонаи онҳо ва маҳвашон аз тарафи қисмҳои аскарони сурх гардид. Баъди ин ҳама ноумедиҳо Салимпошо, бо отряди ба худ содиқ 15 июли соли 1923 аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Бо ҳамин иғвои Салимпошо ҳам бенатиҷа анҷом ёфт.

Тобистони соли 1923 қисмҳои асосии асарони сурх барои маҳви қӯшунҳои Фузайл Махсум нигаронида шуданд. Ҳалли ин масъаларо маҳви қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ осон гардонид. Зеро, ба муқобили қувваҳои Фузайл Махсум ҳам аз болои Мастчоҳ (отряди эъзомияи Самарқанд, бо сарварии Е.Н. Шветсов) ва ҳам аз тарафи Оби Гарм (отряди эъзомия бо сарварии Баранов) ҳуҷум карданд. Қисмҳои Баранов моҳи июл Оби Гармро ишғол карданд. Ба муқобили дастаҳои Фузайл Махсум дар деҳаҳои водии Қаротегин қисмҳои Шветсов ва Баранов ҷангҳои шадид бурданд. Фузайл Махсум ба сӯи Дарвоз ақиб гашт. Миёнаи моҳи август дар Дарвоз ҳам ба ӯ шикаст доданд… Фузайл Махсум бошад аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Иттифоқчии вай, собиқ беки Дарвоз Диловаршо дар ҷанг ҳалок гардид. Ниҳоят дар водии Қаротегин ва Дарвоз Ҳокимияти Шӯравӣ аз сари нав барқарор карда шуд.

Гузариш ба ҳаёти осоишта. Баробари маҳви иғвои Салимпошо вазъи нисбатан солими ба амал омада имконият дод, ки дар Бухорои Шарқӣ низ дар худи ҳамон соли 1923 оҳиста-оҳиста аз вазъи ҳарбӣ ба ҳаёти осоишта гузаранд. Ҳанӯз охири он сол Комиссияи диктаторӣ “Низомномаро оиди Кумитаҳои иҷроияи (кумитаҳо инқилобии) вилоятҳо” тасдиқ намуд. Мувофиқи он дар Бухорои Шарқӣ ҳам сохтмони ҷамъияти нав дар асоси принсипҳои ягона бо ҷумҳурии Бухоро мегузашт. Дар худи он сол дар аксари туман ва вилоятҳои ин кишвар аввалин интихоботи намояндагӣ гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар он хеле суст буд. Шахсони ба анҷуманҳои туманӣ ва вилоятӣ интихобшуда аксар аз ҷумлаи рӯҳониён, заминдорони калон, амалдорони хурди амирӣ буданд, ки чунин натиҷа ба табъи мутасаддиёни тартиботи нав нафорид. Бинобар ин соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ интихоботи дуюми маҳаллӣ гузаронида шуд. Ин ҳама натиҷаи оромии ба даст даромада ба ҳисоб мерафт.

Маҳз мӯътадил гардидани вазъият дар Бухорои Шарқӣ имконият дод, ки минбаъд аз баъзе ташкилотҳои ҷазодиҳӣ даст кашанд. Аз ҷумла 15 апрели соли 1924 бюрои Осиёмиёнагии КМ ҲК(б) Русия қарор қабул кард, ки “фавран сегонаи ҷазодиҳӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ амал мекунад, барҳам дода шавад”. Баъди он 28 май Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумибухороӣ бо қарори худ Комиссияи фавқулоддаи диктаториро дар Бухорои Шарқӣ барҳам дода, ба ҷои он Кумитаи Иҷроияро оид ба Бухорои Шарқӣ ташкил намуд. 7 июли соли 1924 Комиссияи диктаторӣ қатъ гардидани фаъолияти худро эълон кард. Маҳз ҳамин орган бо роҳҳои ташвиқотӣ, ҳарбӣ ва ҷазодиҳӣ Ҳокимияти Шӯравиро дар Бухоро Шарқӣ пойдор намуд.

Августи соли 1924, яъне баъди ба итмом расидани маъракаи интихоботии шӯроҳои маҳаллӣ, анҷумани Шӯроҳои маҳаллӣ — кентӣ, туманӣ ва вилоятӣ барпо гардид. Аз 1 то 5 сентябри он сол дар Душанбе анҷумани якуми Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ барпо гардид, ки он масъалаҳои: мубориза ба муқобили қувваҳои зидди шӯравӣ; шӯравӣ гардонидани мамлакат; аз нав барқарор кардани хоҷагии халқ; инкишофи маорифи халқ ва ғайраҳоро дид. Анҷуман Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқро интихоб кард.

Ҳамин тарз дар Бухорои Шарқӣ низ тартиботи нав-шӯравӣ аз нав барқарор гардид ва он структураҳои фарқкунандаи идоракунӣ, ки бо оғози иғвои Анварпошо дар ин мулк ба вуҷуд оварда шуд, оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд ва Бухорои Шарқӣ, аз ҷиҳати маъмурӣ ба сохтори ягонаи идоракуни ҷумҳурии Бухоро ворид шуд.


595
Нет комментариев. Ваш будет первым!