Хуросону Мовароуннаҳр дар аҳди ҳукмронии муғулҳо

Бунёди давлати муғулҳо. Дар ибтидои асри XIII дар маркази Муғулистони имрӯза дар натиҷаи аз байн рафтани муносибатҳои авлодӣ нахустин давлати ягонаи муғул зуҳур менамояд, ки асосгузораш Темучин (1155-1227) буд. Темучин тамоми қабилаҳои муғулро ба итоати худ дароварда, соли 1206 дар қурултои бузург (маҷлиси бузург)-и хонҳо якдилона Чингизхон, яъне «хони бузург» ё «хони хонон» эълон гардид. Ӯ дар муддати нисбатан кӯтоҳ лашкари сершумору бонизоме созмон дод ва ба истилои мамлакатҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дар солҳои 1207-1211 Сибири Ҷанубӣ, солҳои 1211-1215 Чини Шимолӣ, аз ҷумла, Пекинро ба тасаруфи худ даровард. Соли 1218 артиши муғул, бидуни муқовимат Ҳафтрӯдро тасарруф намуда, ба сарҳади давлати Хоразмшоҳиён расид.

Фоҷиаи Утрор. Чингизхон тавассути тоҷирон, ки барои ӯ ҳамчун ҷосус хизмат мекарданд аз вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён маълумот ба даст оварда, барои тасарруфи он омодагӣ медид. Илова бар ин, роҳи фиребу найрангро пеш гирифт ва ба Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ нома навишта, ӯро писархонди худ номид. Муҳаммад Хоразмшоҳ, ки ниҳоят мағруру мутакаббир буд, аз ин нома дар ғазаб шуд ва гуфт, ки ин Чингизхони муғул нисбат ба ӯ беҳурматиро раво дида, бузургтарин лашкаркаши исломро пасархонд гирифтааст.

Дар ҳақиқат шумораи сарбозони империяи Хоразмшоҳиён нисбат ба сарбозони муғул бештар буд, вале Султон Муҳаммад ҳанӯз то ҳуҷуми муғулҳо лашкари худро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, дур аз пойтахт мустақар намуд. Дигар ин ки лашкари Хоразмшоҳ аз қавмҳои гуногун, ки миёнашон ихтилоф буд, ташкил шуда, шоҳони минтақаҳо бо давлати марказӣ робитаи хуб надоштанд ва ҳама заволи давлати Хоразмшоҳро мехостанду баъзе пинҳонӣ бо Чингиз иртибот доштанд.

Кӯшишҳои тавсеъаталабонаи ду давлат, ки ба сарҳади ҳам расида буданд, ҷангро миёни онҳо ногузир месохт ва барои шурӯъи он баҳона лозим буд. Баҳона ҳам пайдо шуд: соли 1218 Чингизхон ба сарзамини Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ корвонеро, ки аз 500 шутур молҳои қимматбаҳо ва 450 нафар тоҷир, аз ҷумла тоҷикони аъёну ашроф ва ашхоси мӯътабари хони муғул иборат буд, равон менамояд. Ба гумони он ки корвон мақсади ҷосусӣ дорад, ҷанговарони Хоразмшоҳ бо иҷозати ӯ дар шаҳри сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, корвонро тороҷ намуда, корвониёнро ба қатл мерасонанд. Ин воқеъа дар таърин бо номи «Фоҷиаи Утрор» маълум аст.

Вақте, ки пешвои муғулҳо аз воқеаи Утрор хабардор шуд, ӯ се рӯз мотам гирифт ва аз Хоразмшоҳ талаб кард, ки гунаҳкори ин фоҷиа ҳокими Утрор Ғоирхонро ба ӯ супорад ва товони молҳоро баргардонад, Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талабот ба пойтахти Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Султон Муҳаммад ба қатл расид ва ҳамроҳони ӯ бо ришу мӯйлаби тарошидашуда пас гардонида шуданд. Ин рафтори ҷангталабонаи Муҳаммад ҳамлаи Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Ҳуҷуми муғулҳо. Чингизхон моҳи сентябри соли 1219 бо 200 ҳазор лашкар ба Утрор расида, қувваҳои низомии худро ба се қисм тақсим кард: як қисмро ба ихтиёри писаронаш Уқтой ва Чағатой дод, то ки Утрорро муҳосира кунанд; қисми дуюмро бо сарварии писари калониаш Ҷӯҷӣ барои забт кардани шаҳрҳои соҳили дарёи Сир равона кард. Худи ӯ бо ҳамроҳии писари хурдиаш Тулуй қувваҳои асосиро гирифта, ба самти Бухоро ҳаракат намуд, то робитаи сипоҳиёни хоразмшоҳии Мовароуннаҳр бо Хоразмро қатъ кунад. Дар ин лашкаркашӣ Чингиз муҳандисони чиниро, ки дар сохтани манҷаниқ ва мошинҳои деворшикан усто буданд, ҳамроҳ мебурд ва яке аз сабабҳои пирӯзиҳои ӯ ҳаминҳо буданд. Утрор дар баробари аҷнабиёни муғул панҷ моҳ муқовимат намуд ва ҳокими шаҳр низ то охирин лаҳзаҳо ҷангида, саранҷом ба дасти сарбозони муғул ба шаҳодат расид. Душман шаҳрро ишғол кард ва кулли мудофиакунандагони онро ба қатл расониданд. Ҷӯҷӣ бошад, шаҳрҳои соҳили Сирро паси ҳам ғасб намуда аҳолӣ ва аскарони мудофиакунандагонро аз дами теғ гузаронид. Муғулҳо барои он ки иртиботи худ бо пойтахташон Қароқурумро қатъ накунанд, шаҳру деҳаҳои бар сари роҳ бударо хароб ва мардуми онро қатли ом мекарданд.

Дар аввалҳои соли 1220 Чингизхон ба Бухоро расид ва онро пас аз се рӯзи муҳосира фатҳ кард. Ғосибони муғул шаҳрро тороҷ намуда, онро оташ заданд, бештари сокинонашро куштанд ва боқимондаро ғулом гардониданд. Дар Бухоро муғулҳо ба чунон куштору харобӣ даст зад, ки яке аз фирориёни он шаҳр дар посӯхи пурсишгаре чунин гуфт: «омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд»

Пас аз Бухоро истилогарони муғул ба сӯи Самарқанд равона шуданд. Муҳаммади Хоразмшоҳ ба мудофиаи ин шаҳр диққати махсус дода, қувваи бузургро дар ин ҷо ҷамъ оварда буд. Гарнизони шаҳр беш аз сад ҳазор сарбоз доштааст. Бо вуҷуди он ки ашрофи шаҳр ва баъзе аз руҳониён лашкари муғулро истиқбол карданд, Чингиз фармон дод, то ки масҷиди боҳашамати ин шаҳрро оташ зада, китобҳоро ба зери пойи сутурон ва худи масҷидро ба макони асбону ишрати лашкариён табдил дод. Самарқанд низ пурра хароб ва аксари аҳолияш қатли ом гардид. Ба замми ин 30 ҳазор нафар косибону ҳунармандони Самарқандро ба писарон ва хешу табори Чингизхон ва боз ҳамон қадар заҳматкашони шаҳр ба хизмати қӯшуни муғул супорида шуданд. Шаҳр аз одам холӣ гардид. Ҳатто пас аз яку ним сол ҳам, ки қисми аҳолии он ба ҷойҳои худ баргаштанд, аҳолии Самарқанд фақат чоряки сокинони пештараи онро ташкил менамуд.

Дигар аз шарҳое, ки дар баробари муғулҳо истодагарӣ кард, шаҳри Хуҷанд буд. Диловарони ватанпарасти ин шаҳр бо сарварии ҳокими он Темурмалик наҳаросида, мурданро аз таслим шудан ба душман авлотар донистанд. Темурмалик аз ҷазирае, ки дар дарёи Сир воқеъ буд қарор гирифта, бар зидди истилогарони муғул мардонавор ҷангиданд. Муборизаи қаҳрамононаи Темурмалику сарбозонаш яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои муборизаву корзори аҷдодони бошарафи мо мебошад.

Чингизиёни ҷаллод сокинони зиндамондаи Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанро ба азобу уқубати даҳшатангез гирифтор намуда, пас аз андаке таваққуф тирамоҳи соли 1220 ба тарафи дашти Қаршӣ ва Тирмиз ҳаракат карданд. Ғосибон шаҳри Тирмизро ба хок яксон намуданд ва сокинонашро ба қатл расониданд. Сипас, дар ибтидои соли 1221 Чингизхон аз дарёи Аму гузашта, ба тасарруфи шаҳрҳои Хуросон камар баст.

Муҳаммад Хоразмшоҳ, ки бештари мусибатҳои мардум натиҷаи сиёсатҳои хоми ӯ буданд, чунон тарсида буд, ки дар ҳеҷ ҷой ором намегирифт ва шаҳомату далериро аз даст дода, аз шаҳре ба шаҳре фирор мекард. Саранҷом ин шоҳи ситамгару кавдан ба ҷазираи Обискун, ки дар қисми ҷанубии баҳри Хазар (Каспӣ) воқеъ гардида буд, расид. Пас аз шунидани хабари ба дасти муғулон афтодани зану фарзандонаш ба беморӣ гирифтор гашта, дар ҳамин ҷазира ҷон дод ва дур аз ватану бе кафан бо сад хориву бадномӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт. Фарзанди қаҳрамони ӯ Ҷалолиддин бар хилофи падар бар муқобили душман беш аз даҳ сол мубориза бурд ва сари худро дар ин роҳ қурбон карда, номи неке аз худ боқӣ гузошт.

Соли 1221 – соли ба анҷомрасии истилои Осиёи Миёна аз ҷониби муғулҳост. Дар баҳори ҳамин сол писарони Чингизхон Ӯқтой, Чағатой ва Ҷӯҷӣ бо сад ҳазор нафар лашкари муғул пойтахти Хоразмшоҳиён шаҳри Гурганҷро муҳосира намуданд. Мудофиакунандагони шаҳр муддати шаш моҳ бо муғулҳо мардонавор ҷангиданд. Модари фитнапешаи Султон Муҳаммад, ки дар Хоразм қарор дошт, дар ҳамин лаҳзаҳо ҳам дар фикри дасиса буд. Ӯ чун фаҳмид, ки Султон Муҳаммад писараш Ҷалолиддинро ба ҷойи худ таъйин кардааст, нороҳат шуда, пеш аз тарк кардани Хоразм тамоми бузургонеро, ки дар зиндон буданд, ба оби Амударё ғарқ кард, то мабод даъвои тоҷу тахт кунанд. Аъёни шаҳр аз тасмими Турконхотун огоҳӣ ёфта, сар аз итоати Ҷалолиддин боз зада, яке аз наздикони Турконхотунро султон эълон карданд. Вале ӯ худро ба муғулҳо таслим сохт. Аммо мардуми ғаюри Хоразм зери бори нанги итоат аз бегона нарафтанд ва маҳалла ба маҳалла, кӯча ба кӯча бо лашкариёни муғул даровехтанд. Саранҷом ин шаҳр низ тасхири муғулҳо шуд, ҳунармандон ғулом ва мардуми дигар қатли ом гашт. Аз ҷумлаи мудофиони ин шаҳр Шайх Наҷмиддини Кубро – олим, ориф ва сӯфии машҳур буд, ки ҳарчанд муғулҳо ба ӯ паём фиристода, ҷонашро дар амон гузоштанд, вале ӯ то охирин лаҳзаҳои ҳаёт ҷангид ва шаҳид шуд. Ғосибон сади соҳили дарёи Амуро вайрон намуда, шаҳри Гурганҷро ғарқи об намуданд.

Муҳорибаи дигаре, ки дар ҷараёни забткории муғулҳо мақоми махсус дорад, дар шаҳри Парвон рух додаст. Бо сардории Ҷалолиддин ба лашкари муғулҳо зарбаи корӣ ворид карда шуд, вале бар сари тақсими ғаниматҳои ҷангӣ миёни саркардаҳои ҷангӣ зиддият рух дода, пароканда шуданд. Ҷалолиддин пас аз ин муҳориба, ки писарони хурдсолаш ҳам ба дасти мӯғул афтиданд, ба тарафи Ҳиндустон раҳсипор шуд.

Ҳамин тавр шаҳрҳои дигаре, ки бештари сокинонашро тоҷикон ташкил медоданд, аз қабили Балх, Ҳирот, Марв, Нишопур, Рай ва ғайра ба дасти муғулҳо гузашта, валангор гардид.

Муаррихи араб Ибн-ал-Асир, ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшонияти онҳо буд, рафтори ғайринсонии аҷнабиёни чингизиро чунин тасвир мекунад: «Онҳо (ӯрдуҳои Чингиз) ба касе раҳм намекарданд, баръакс занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони таваллуднашударо сар мезаданд… Халқе, ки аз канори мамлакати Чин баромад… ба Мовароуннаҳр тохт, ишғол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба яғмо ҳама ҷойро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, ҳар як чизе, ки ба назарашон ғайри қобили истеъмол менамуд, месӯзониданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел молҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».

Истилои муғул ба сари халқҳои Осиёи Миёна муносибатҳои беҳадду ҳисоб овард. Дар натиҷаи талаву тороҷ ва сӯхторҳо шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба харобазор табдил ёфтанд, аҳолии заҳматкаши онҳо қатли ом гардониданд. Корҳои зироат ва обёрӣ хеле паст рафт.

609
Нет комментариев. Ваш будет первым!