Империяи Ҳахоманишиён (550 – 331п.м.)

Дар солҳои 550 пурзӯршавии вилояти Форс ба амал меояд ва шоҳи он Куруш лашкари бузурге ҷамъ карда, аз итоат ба шоҳи Мод Астиаг сар мепечад. Астиаг бар зидди Куруш бо сардории Гарпаг лашкар мефиристад. Аммо Гарпаг аз фурсат истифода бурда, барои интиқоми писарашро аз Астиаг гирифтан, бо қисми зиёди лашкар ба тарафи Куруш мегузарад. Боқимондаи лашкари Мод ба шикаст дучор мешавад. Астиаг дуюмбора лашкар ҷамъ карда, худаш бар зидди Куруш ба ҷанг меравад, аммо ин дафъа низ шикаст мехӯрад ва ба асирӣ меафтад. Куруш пойтахти Мод ш. Ҳангматанаро ишғол карда, худро шоҳи Форс ва Мод эълон мекунад. Мувофиқи баъзе ахбор Куруш набераи Астиаг буд.
Ҳамин тавр, давлати Ҳахоманишиён соли 550 п.м. ташкил шуд. Асосгузори он шоҳи Форс Куруши II (550-530 п.м.) мебошад. Номи сулола аз номи саравлоди он Ҳахоман, ки дар солҳои 700- 675 п.м. шоҳи Форс буд, гирифта шудааст. Пас аз шоҳи Мод ва Форс эълон шудани Куруш кишварҳое, ки тобеъи Мод буданд, ба итоати ӯ медароянд. Аммо Арманистон ва Каппадокия аз итоат кардан ба ӯ сарпечӣ мекунанд ва ӯ маҷбур мешавад бо зӯри силоҳ онҳоро аз нав ба худ тобеъ намояд. Лидия, ки яке аз давлатҳои бонфузи он замон буд, аз пурзӯршавии форсҳо ба ҳарос афтода, соли 547 ба Каппадокия, ки тобеъи форсҳо буд ҳуҷум карда, онро ишғол менамояд. Куруш бар зидди шоҳи Лидия Крез баромада, дар ду муҳориба ӯро шикаст дод ва Лидияро ба итоати худ даровард. Соли 538 Куруш Бобулро низ забт кард.
Таърихнигорони Юнони қадим дар бораи чӣ тавр Осиёи Миёнаро ишғол кардани Куруш маълумоти кам додаанд. Ба қавли онҳо Куруш баъди ишғол кардани Бобул ба Осиёи Миёна лашкар мекашад ва халқҳои онро пай дар пай ба итоати худ медарорад. Ктесий мегӯяд, ки Куруш бо бохтариҳо ҷангид, аммо пирӯз нашуд. Бохтариҳо танҳо баъди фаҳмидани он, ки шоҳи Мод Астиаг Курушро вориси қонунии худ эълон кардааст, муқобилиятро бас карда, ба итоати ӯ даромаданд. Баъди ин Куруш Суғдро ишғол карда, бо сакоиҳои он тарафи Сирдарё ҷангид ва онҳоро мағлуб ва мутеъи худ гардонд. Куруш ҳудуди Истаравшанро забт карда, дар он ҷо шаҳри Киропол (Курушкада), ки таърихнависони юнонии замони Искандари Македонӣ ёдовар шудаанд, месозад. Мавзеъи имрӯзаи Куркат, эҳтимол шакли кутоҳшудаи Курушкадаи қадим бошад.
Куруш ва Томирис. Охирин ҷанги Куруш дар Осиёи Миёна бо массагетҳо буд. Таърихнависони Юнони қадим дар бораи он маълумоти муфассал додаанд. Куруш бо лашкараш аз дарёи Аракс гузашта, ба сарзамини массагетҳо дохил мешавад. Массагетҳо бо сардории шоҳбонуи худ Томирис ба дарунтари даштҳо қафо мераванд. Куруш барои ба ҷанг кашидани онҳо макру ҳиларо ба кор мебарад. Ӯ дар лашкаргоҳ ҷанговарони камшуморро бо шароби зиёд гузошта, қафонишиниро вонамуд мекунад. Массагетҳо аз ин огоҳ шуда, ба лашкаргоҳи форсҳо ҳуҷум мекунанд ва онҳоро ба осони шикаст медиҳанд. Массагетҳо ба муносибати ғалаба базм ороста, шароби дар он ҷо бударо нӯшида, маст мешаванд. Куруш бо лашкари асосиаш шабохун зада, массагетҳоро тору мор мекунад. Дар ин ҷанг писари Томирис ба ҳалокат мерасад. Томирис аз ин ҳодиса огоҳ шуда, қасам ёд мекунад, ки қасоси хуни писарашро аз Куруш хоҳад гирифт. Массагетҳо низ макру ҳиларо ба кор бурда, камин мегиранд ва лашкари форсро ба дом афтонда, несту нобуд мекунанд. Дар ин муҳориба Куруши Кабир ба ҳалокат мерасад. Ин задухӯрд дар резишгоҳи Сирдарё соли 530 п.м. рух дода буд.
Ҳуҷуми Камбуҷия (Камбиз) ба Миср. Ҳалокати Куруш вориси тахт Камбуҷияро (530-522 п.м.) маҷбур месозад, ки ҳуҷумро ба Миср ба таъхир гузошта, бар зидди массагетҳо чораҳои фаврӣ андешад. Дар навиштаҷоти Дорои I дар Беҳистун дар қатори халқҳои ба Ҳахоманишиён тобеъ сакоиҳо низ номбар шудаанд. Аз ин бармеояд, ки ба Камбуҷия муяссар шудааст, то массагетҳоро, ки яке аз қабилаҳои сакоӣ буданд, ба итоати худ дарорад.
Дар соли 526 п.м. Камбуҷия Миср ва Ҳабашистонро забт менамояд. Ӯ чор сол дар Миср монд. Аз ин истифода бурда, моҳи марти соли 522 п.м. мӯъбад Гаумата худро бародари Камбуҷия Бардия эълон карда, шӯриш мебардорад ва ҳокимиятро ба даст мегирад. Дар асл Камбуҷия пинҳонӣ бародарашро кушта буд, аммо аз ин ҳодиса касе огоҳ набуд. Камбуҷия аз шӯриши Бардия огоҳ шуда, ба сӯи Эрон раҳсипор мешавад, аммо дар роҳ ногаҳон бо сабаби номаълум вафот мекунад. Бардияи дурӯғин аз ин огоҳ шуда, худро шоҳ эълон мекунад. Барои дастгири пайдо кардан, ӯ аҳолиро аз хироҷи се сола ва аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод менамояд.
Баромади Дорои I бар зидди Гаумата. Як гурӯҳ аъёну ашрофи баландмақоми форс бо сардории Дорои I (522-486 п.м.) бар зидди Гаумата баромада, ӯро ба қатл мерасонанд. Дорои I, ки аз хонаводаи Ҳахоманишиён буд, ба тахт менишинад. Ин ва дигар ҳодисаҳои дар солҳои аввали ҳукмронии ӯ рух дода, дар навиштаҷоти кӯҳи Беҳистун аз забони худи ӯ нақл шудаанд. Дар навиштаҷот аз ҷумла омадааст: «…Вақте ки ман дар Бобул будам, вилоятҳои Форс, Элам, Мод, Ошур, Миср, Порт, Марғиён (Марв), Саттагидия ва саккоиҳо аз итоат баромаданд. Бо мадади Аҳура Маздо дар давоми як сол ман корҳои зеринро иҷро кардам. Баъди шоҳ шуданам ман 19 бор задухӯрд кардам. Бо мадади Аҳура Маздо душманонро шикаст дода, 9 шоҳро ба асири гирифтам…». Ҷолиби диққат аст, ки ин 9 шоҳи асир ва Дорои I дар паҳлуи навиштаҷот тасвир шудаанд.
Ислоҳотҳои Дорои I. Вақте, ки Дорои I ба тахт нишаст, як қатор кишварҳо шӯриш бардошта аз итоати ӯ баромаданд ва ӯ ҷангҳои зиёд карда, бо мушкилот ин шӯришҳоро пахш кард. Ин ҳодисаҳо то андозае сустии сохти сиёсӣ-маъмурии империяро нишон доданд ва Дороро водор сохтанд, ки ислоҳоти зерини маъмурӣ – молиявро гузаронад: 1) Империя ба ҳавзаҳои маъмурӣ-хироҷпардозӣ, ки сатрапия ( шакли эронии қадимаш хшатрап) ном доштанд, тақсим карда шуд. Ҳокимони ин воҳидҳоро сатрап (хшатрапаван — нигоҳбони мамлакат) меномиданд; 2) Дар сатрапҳо ҳокимияти мулкӣ ва низомӣ аз ҳам ҷудо карда шуданд. Сатрап бо масъалаҳои идораи мулкӣ машғул буд. Масъалаҳои ҳарбиро сарлашкари сатрапия, ки бевосита ба шоҳ итоат мекард, ҳал менамуд. Ба вазифаи сатрап форсҳоро таъин мекарданд. Баъди Доро ин тақсимоти ҳокимият дар сатрапияҳо на ҳама вақт риоя карда мешуд; 3) Дабирхонаи шоҳӣ ташкил карда шуд, ки тамоми ҳуҷҷатгузории давлатиро иҷро мекард. 4) Идораи маъмурӣ- назоратӣ ва хадамоти махфӣ ташкил карда шуд, ки аз болои сатрапҳо назорат мебурд; 5) Идораи ахбору номафиристӣ ташкил карда шуд; 6) Сохтори артиш мукаммал карда шуд; 7) Забони оромӣ ба сифати воситаи асосии ҳуҷҷатгузории давлатӣ муқаррар гардид; 8) Барои ҳар сатрапия маблағи хироҷ бо нуқра муайян карда шуд; 9) Низоми ягонаи пулӣ бо истифодаи дарикҳои тиллоӣ ва сиклҳои нуқрагин ҷорӣ карда шуд.
Дар давраи Дорои I империяи Ҳахоманишиён дар се қитъаи ҷаҳон густариш меёбад. Ба ҳайати он қисми калони қитъаи Осиё — Эрон, Осиёи Миёна то сарҳади Хитой ва Ҳинд, Бобул, Ошур, Финикия, Фаластин, Осиёи Хурд, як қисми Кавказ, дар Африқо Миср, Либия ва шимоли Ҳабашистон, дар Аврупо Фракия ва Македония дохил мешуданд.
Ҷанги Форсу Юнон. Дорои I соли 490 бо 600 киштӣ ба восита баҳри Эгей ба Юнон ҳуҷум кард, аммо дар муҳорибаи назди шаҳри Марафон шикаст хӯрд ва ба Эрон баргашт. Писари Дорои I Хшоёршоҳ соли 480 бо 1 миллиону 700 ҳазор ҷанговарони пиёдагард, 80 ҳазор ҷанговарони савора ва 1207 киштӣ, ба воситаи соҳили шимоли баҳри Эгей, ба Юнон ҳуҷум карда Афинаро ишғол кард. Аммо тӯфон қисми калони киштиҳои форсҳоро нобуд сохта, сабаби дар ду муҳорибаи баҳрӣ шикаст хӯрдани онҳо гардид. Қатъият зоҳир накардани Хшоёршоҳ, бартарии юнониҳо дар баҳр ва баъзе сабабҳои дигар боиси он шуданд, ки дар ду муҳорибаи охир эрониён шикаст хӯрда, ба ватан баргаштанд.
Сохтори сиёсӣ. Дар империяи Ҳахоманишиён ҳокимият мутлақо мутамарказонида шуда буд. Ҳукми охиринро дар ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ (эълони ҷанг, таъини вориси тахт ва ғайра) шоҳ мебаровард ва ҳукми ӯ қонун ва тағйирнопазир буд. Шӯрои дарборӣ, ки аз 9 нафар ашрофи баландмақоми форс иборат буд, танҳо ҳуқуқи машваратӣ дошт.
Идораи маъмурӣ аз се девон иборат буд: девони молия (хазинаи подшоҳӣ), девони додбарӣ (суд) ва девони артиш. Сардорони девонҳоро шоҳ аз миёни ашрофон таъин мекард. Артиш касбӣ ва доимамалкнанда буда, асоси онро дастаи шоҳӣ иборат аз саворагони ашрофзода ва 10 ҳазор пиёдагард ташкил мекард. Дар вақти ҷанг ихтиёриён ва дастаҳои сипоҳиёни вилоятҳо ба он зам мешуданд. Ба лашкар ва ҷузву томҳои он форсҳо сарварӣ мекарданд. Империя ба ҳафт минтақаи ҳарбӣ тақсим шуда буд, ки сарлашкарони онҳоро шоҳ таъин мекард ва онҳо танҳо ба ӯ итоат мекарданд.
Дар масъалаҳои ҳарбӣ сатрап ба сарлашкари минтақавӣ итоат мекард. Шоҳ ҳар сол як бор тайёрии лашкарро месанҷид.
Сатрапияҳо. Империяи Ҳахоманишиён ба 20 воҳиди маъмурӣ-хироҷпардозӣ, яъне сатрапия тақсим шуда буд. Сардорони онҳоро сатрап меномиданд, онҳоро шоҳ таъин мекард ва онҳо бевосита ба шоҳ итоат мекарданд. Корҳои дохилиро сатрап мустақилона ҳал мекард. Осиёи Миёна ба чор сатрапия тақсим шуда буд: Бохтар (12-ум), Суғд, Хоразм ва Порт (16-ум), сакоиҳо (15-ум) ва саккоиҳои соҳили баҳри Каспӣ (11-ум). Маркази сиёсии қисмати шарқии империяи Ҳахоманишиён Бохтар буд, дар ин ҷо шоҳзодагонро ҳоким таъин мекарданд.
Тиҷорат инкишоф ёфта буд. Шоҳроҳи тиҷорат тамоми минтақаҳои империяро бо ҳам пайваст мекард. Он аз соҳили ғарбии Осиёи Хурд сар шуда, дар самти ғарб то Юнон ва дигар кишварҳои Аврупо ва дар самти шарқ то Бобул, аз он ҷо ба воситаи шимоли Эрон то Бохтару Суғд ва аз он ҷо то Хитойу Ҳинд мерафт. Шоҳроҳ аҳмияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва тиҷоратӣ дошт. Дар байни фосилаҳои муайяни роҳ посбонгоҳҳо ва корвонсаройҳо сохта шуда буданд.
Муомилоти пулӣ низ инкишоф ёфта буд. Сиккаҳои тиллоӣ (дарик) ва нуқрагин (сикл) ба миқдори зиёд бароварда шуданд ва дар сартосари империя, аз ҷумла дар Осиёи Миёна роиҷ буданд. Дар рӯи ин сиккаҳо шаҳаншоҳи Ҳахоманишӣ бо тоҷ ва тиру камон тасвир шуда буд.
Дар ин давра дар Осиёи Миёна вазъияти сиёсӣ мӯътадил буда, зироаткорӣ, чорводории муқимӣ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ, ҳунармандӣ ва тиҷорат хеле инкишоф ёфта буданд. Бештари истеҳсолкунандагон кишоварзон ва ҳунармандони озод буданд, ҳиссаи ғуломон дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ хеле ночиз буд.
Шаҳрҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии империяи Ҳахоманишиён мавқеъи муҳимро ишғол мекарданд. Онҳо марказҳои сиёсӣ-маъмурӣ ва ҳунармандӣ-тиҷоратӣ буданд. Пойтахти империя ш. Персепол (Порс) буд. Харобаҳои он 50 км дуртар аз ш. Шероз воқеъ гардида, бо номи Тахти Ҷамшед маъруфанд. Ин шаҳр 135000 метри мурабаъ масоҳат дошта, дар болои таҳкурсии сангини баландиаш 13 м сохта шудааст. Баландии девори мудофиавии он 11,5 — 15 м ва ғафсиаш 4,5-5,5 м мебошад. Шаҳр аз қасрҳои боҳашамати Дорои I, Хшоёршоҳ, хазина, толори бонувон, биноҳои истиқоматӣ ва сохтмонҳои дигар иборат буд. Қасри Хшоёршоҳ 72 сутуни сангӣ дошт, ки баландии онҳо 10 м буд. Деворҳо бо мусаввараҳои боҳашамат оро дода шуда, сарсутунҳо дар шакли сари гов сохта шуда буданд. Персепол бо тамоми симои худ бузурги ва ҳашамати империяи Ҳахоманишиёнро таҷассум мекард. Харобаҳои он бо сутуниҳои сангини осмонбус имрӯз ҳам бинандаро ба ҳайрат мегузоранд.
Пойтахти тиҷоратӣ-иқтисодии империяи Ҳахоманишиён ш. Шуш буд. Шаҳрҳои Бобул, Ҳангматана, Рага (Рай) дар ғарб ва Бохтар, Самарқанд ва Марв дар шарқи империя ба қатори шаҳрҳои калон ва инкишофёфта дохил мешуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистон шаҳрҳои Кӯлоб, Киропол ва Хуҷанд буданд.
Санъати тасвирӣ ва заргарӣ инкишоф ёфта буд. Беҳтарин намунаҳои он дар 180 ашёҳои (пайкаракҳо, дастмонаҳо, мӯҳрҳо) тиллоӣ ва нуқрагӣ ва 700 сиккаи тиллоӣ ва нуқрагии Ганҷинаи Амударё, ки дар ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон ёфт шудааст, баръало таҷассум ёфтаанд. Ҳахоманишиён аз дастовардҳои Ошур, Бобул ва дигар ҳамсояҳои худ эҷодкорона истфода бурда, тамаддуни хосеро офариданд, ки назир надошт ва барои бисёр давлатҳои минбаъд ба вуҷуд омада, намуна ва манбаи пайравӣ буд.
Забони давлатӣ порсӣ буд. Дар ҳуҷҷатнигорӣ забони оромиро васеъ истифода мебурданд. Сангнавиштаҳо бо хати мехӣ ва забони порсӣ иҷро шудаанд ва дар паҳлуяшон тарҷумаи онҳо бо забонҳои эламӣ ва бобулӣ ҷой дода шудааст.
Дини давлатӣ зардуштӣ буд. Шоҳон ва мардуми эронӣ Аҳура Маздоро парастиш мекарданд. Дорои I дар навиштаҷоти Беҳистун мегӯяд, ки бо мадади Аҳура Маздо бар душманони худ пирӯз шудам. Хшоёршоҳ (Ксеркс) барои мустаҳкам кардани ин дин «Қонуни зидди девон»-ро мебарорад ва бисёрхудоиро қатъиян маҳкум ва манъ мекунад.
Сабабҳои таназзули империяи Ҳахоманишиён. Дар миёнаҳои а. IV п.м. империяи Ҳахоманишиён рӯ ба таназзул ниҳода буд. Ҳокимияти марказӣ суст шуда, шаҳаншоҳон ба бозичаи дасти дарбориёни бонуфӯз табдил ёфта буданд. Хоҷасаройи бонуфуз Багой бо ихтиёри худ шоҳонро паи ҳам иваз мекард. Соли 333 п.м. ӯ Дорои III-ро ба тахт мешинонад. Ин шоҳ пешдастӣ карда Багойро заҳр дода мекушад ва аз ӯ халос мешавад. Бо вуҷуди ин Дорои III натавонист империяро аз ҳолати инқирози сиёсӣ бароварда, артишро мустаҳкам кунад. Лашкари форсҳо сершумор ва хуб мусаллаҳ буд, аммо муташаккилона ва бо истифодаи усулҳои самараноки ҳарбӣ амал намекард. Зиёда аз ин Дорои III ҷасорат ва истеъдоди кофии сарлашкарӣ надошт. Бинобар ин ва дигар сабабҳо Дорои III натавонист лашкарро барои баргардондани ҳуҷуми юнониён бо сардории Искандари Македонӣ хуб тайёр кунад.
Давлати Ҳахоманишиён аввалин ва бузургтарин империяи дунёи қадим буд ва онро мардумони эронинажод сохта буданд. Он 220 сол, аз соли 550 то 330 п.м., то истилои Искандари Македонӣ вуҷуд дошт. Дастовардҳои онро давлатҳои минбаъда васеъ истифода бурдаанд.

368
Нет комментариев. Ваш будет первым!