Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро

Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар Ҷумҳурии Туркистон. Дар ҷумҳурии Туркистон манфиати иқтисодии тамоми мардуми меҳнатӣ, чӣ тоҷикон ва чӣ ӯзбекону туркманҳою қирғизҳо ҳама баробар ифода карда мешуд. Яъне дар ин ҷода вазъи тоҷикон аз дигарон фарқе надошт. Вале оиди ифодаи манфиати маънавии онҳо, ки натиҷаи сиёсати миллии сарварони ҷумҳурӣ мебошад, дар ҳақиқат ҳам сиёсати нодурусти маҳдудкунӣ, махсусан нисбати забони форсии тоҷикӣ ҷой дошт. Чунин маҳдудкунӣ бошад маҳз дар натиҷаи нисбат ба мавҷудияти халқи тоҷик мавқеи нодурустро ишғол намудани мутасаддиёни ҳизбию шӯравии чӣ ҳукумати марказии Русияи шӯравию иттифоқӣ ва чӣ ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон сар задааст. Зеро, сиёсати миллии ҷумҳурии Туркистон, ки мухтор буд ва ҷумҳурии Бухоро, агарчанде ба ном мустақил бошад ҳам, вале амалан аз сиёсати миллии ҳукумати марказии Русия сахт вобастагӣ доштанд.

Дар қаламрави кишвари Туркистон, то замони забтшавӣ аз тарафи Русия, аз ҷумла дар замони давлатдории Темуриён, хонигарии Қӯқанд, ва ғайра забони давлатӣ, забони таҳсил, забони илму маърифат асосан забони форсии тоҷикӣ буд. Шаҳри Самарқанди бостонӣ, ки дар ҳудуди ин кишвар буд, дар қатори шаҳри Бухоро аз ҷумлаи гаҳвораи тамаддуни тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳрҳои Қӯқанд, Тошкент ва ғайра агарчанде баъзе асарҳо ба забони туркии ӯзбекӣ офарида мешуд, вале он мақоми забони форсии тоҷикиро ҳеҷ халалдор намекард.

Баробари дар кишвари Туркистон пойдор гардидани тартиботи мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳии Русия, дар идораҳои болоии он забони русӣ оҳиста-оҳиста забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ-ӯзбекиро маҳдуд намуд. Дар идораҳои поёнии кишвар бошад забонҳои форсии тоҷикӣ ва туркии ӯзбекӣ (яъне мувофиқи ҳиссаи ин халқҳо дар ин ё он ноҳия ва ё маҳалҳо) ҳанӯз мисли пештара мақоми худро нигоҳ медоштанд. Вале дар аввали асри ХХ, дар кишвар аксарияти матбуоти маҳаллӣ ва аксарияти мактабҳои усули нав (ҷадидӣ) аллакай ба забони туркии ӯзбекӣ буданд.

Баъди барқарор гардидани тартиботи Шӯравӣ дар кишвари Туркистон, дар қаламрави он забони форсии тоҷикӣ мақоми пештараи худро пурра аз даст дод. Инак, мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли соли 1918 дар ин сарзамин, дар қатори забони русӣ, забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ забони давлатӣ эълон гардиданд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнависӣ дар ин кишвар, дар баробари забони русӣ, боз ба се забон: ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ бурда мешуд.

Дар натиҷаи нисбат ба тоҷикон сиёсати нодурустро пеш гирифтани роҳбарони ҷумҳурӣ, ин халқи кадимтарини кишвар оҳиста-оҳиста ҳатто аз имкониятҳои ночизи дар аввал ба даст даровардааш ҳам маҳрум гардид. Аз ҷумла нашри ягона маҷаллаи форсии тоҷикӣ — «Шӯълаи инқилоб», ки чун органи ҳафтаинаи вилоятии ҲК(б) Туркистон дар Самарқанд аз 10 апрели соли 1919 нашр мегардид, моҳи декабри соли 1921 баста шуд. Саҳифаи тоҷикии дигар рӯзномаҳо ҳам маҳдуд гардида оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд.

Дар органҳои ҳамонвақтаи ҷумҳурии Туркистон ташкилоте, ки манфиати тоҷиконро ифода кунад, вуҷуд надошт. Маслан соли 1919 дар ҳайати Комиссариати оид ба корҳои миллии ҳукумати ҷумҳурӣ шӯъбаҳои зерини миллӣ амал мекарданд: ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, русӣ, украинӣ, арманӣ, озарӣ, форсӣ, яҳудӣ, туркӣ, тоторӣ ва яҳудиёни маҳаллӣ. Ҳар кадоми ин шӯъбаҳои миллӣ вазифадор буданд, ки аз як тараф дар байни мардуми ба худ тааллуқи кишвар моҳияти чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравиро фаҳмонанд ва аз тарафи дигар худ дар ҳукумати Туркистон манфиати он халқҳоро ҳимоя кунанд. Вале маҳз тоҷикони кишвар, ки чунин шӯъбаи худро надоштанд, аз ин гуна ҳимоятгар маҳрум буданд. Соли 1921 КИМ ҷумҳурии Туркистон ҳайати он комиссариатро аз нав, танҳо бо шӯъбаҳои нисбатан калон — туркманӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва миллатҳои хурд ташкил дод. Яъне боз, дар комиссариати номбурда шӯъбаи тоҷикӣ вуҷуд надошт. Баъзеҳо ақида доранд, ки шӯъбаи форсии соли 1919 гӯё манфиати тоҷиконро низ ҳимоя мекардааст, ки ин аз ҳақиқат хеле дур аст. Зеро, он солҳо низ форсҳо гуфта на ин ки тоҷикон, балки эрониёнро дар назар доштанд. Бо сабаби он ки тоҷиконро турк меҳисобиданд, бинобар ин ҳимояи манфиати маънавии онҳоро зарур намешумориданд.

Рӯҳияи туркпарастии сарварони ҷумҳурии Туркистон паи ҳам боло мегирифт. Онҳо дар конфронси V кишварии ҳизби коммунистӣ (20-25 январи соли 1920) ҳатто қарор қабул карданд, ки ҲК(б) Туркистон минбаъд «ҳизби коммунистии халқҳои турк», ҷумҳурии Туркистон бошад, чун «ҷумҳурии халқҳои турк» номида шавад. Яъне туркпарастонро он лаҳза ҳатто номи Туркистон чандон қаноат намекунонд. Барои амалии ин қарор Турккомиссия халал расонид.

Соли 1920 Қонуни асосии (конститутсияи) ҷумҳурии Туркистон тасдиқ гардид, ки дар он ҳам ҳамчун «мардуми муқимии» кишвар фақат қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо эътироф мегардиданд. Аз ин ҳуҷҷати муҳими ҷумҳурии Туркистон тоҷикон, ки аз ҷумлаи мардуми қадимтарини кишвар ба ҳисоб мераванд, берун монданд.

Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, дар солҳои аввали бунёди тартиботи Шӯравӣ масъалаи мураккабтарин ин масъалаи кадрҳои роҳбарикунанда ва махсусан масъалаи мавқеи онҳо нисбат ба масъалаи миллӣ, аниқтараш оиди тақдири ин ва ё он миллат буд. Ин маънои онро надорад, ки дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна намояндагони на ҳамаи миллатҳо буданд. Аз ҷумла дар байни онҳо шахсони баромадашон аслан тоҷик кам набуданд. Вале фоҷиаовар он аст, ки қисми бузурги он тоҷикони соҳиби мансабшуда, дар натиҷаи таъсири ақидаҳои туркпарастӣ, дар ҳамон лаҳзаи ҳалкунандаи тақдири миллат, на танҳо манфиати тоҷиконро умуман ифода накарданд, балки ҳатто тоҷик будани худро низ инкор мекарданд.

Барои мисол чунин мавқеъро мо дар фаъолияти Абдулло Раҳимбоев (1896-1938) дида метавонем. Ӯ солҳои 1919-1920 котиби кумитаи ҳизбии уезди Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд, солҳои 1920-1923 раиси КИМ ҷумҳурии Туркистон, котиби КМ ҲК(б) Туркистон, аъзои коллегияи комиссариати халқии оид ба корҳои миллатҳои Федератсияи Русия, солҳои 1923-1924 котиби КМ ҲК Бухоро ва котиби дуюми КМ ҲК(б) Туркистон буд. Яъне дар ҳалли масъалаи миллӣ вай аз ҳисоби кадрҳои миллӣ аз ҷумлаи аввалинҳо ба шумор мерафт. Магар ӯ намедонист, ки дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва дигар ҷойҳо тоҷикон аксариятро ташкил мекунанд? Албатта медонист! Вале инкор мекард. Дар он солҳои ҳалкунандаи тақдири халқҳои Осиёи Миёна, ӯ ҳатто миллати худро чун «ӯзбек» ба қалам медод. Ба ғайр аз ӯ, дар ҷумҳурии Туркистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900-1938) чун аъзои КИМ адои хизмат дошт. Вале вай ҳам ҳамон лаҳзаи тақдирсоз дар ҳамон лаҳзаи тақдирсоз амалан барои ҳимояи манфиати тоҷикон коре карда натавонист.

Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар Ҷумҳурии Бухоро. Дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҳам вазъи иқтисодии тоҷикон аз мардуми дигари ҷумҳурӣ – ӯзбекҳо ва туркманҳо фарқи ҷиддӣ надошт. Дар ин ҷода ҳукумати ҷумҳурӣ манфиати онҳоро баробар ба инобат мегирифт. Вале дар ин сарзамин ҳам манфиати маънавии маҳз тоҷикон ба инобат гирифта намешуд. Ҷумҳурии Бухоро агарчанде давлати мустақил ба ҳисоб мерафт ва гӯё аз сиёсати пешгирифтаи миллии ҳукумати Русияи Шӯравӣ вобастагӣ надошт, аммо дар сиёсати зиддитоҷикии онҳо як умумияте дида мешуд.

Тоҷикон дар қаламрави Бухоро баъди давлатдории Сомониён то бунёди тартиботи шӯравӣ оиди истифодаи забони худ маҳдудияти ҷиддии ҳокимиятдорони собиқи ғайритоҷик – туркҳо, муғулҳо ва ӯзбекҳоро эҳсос накардаанд. Дар замони ҳукуматдории хонадони манғития ҳам, ки яке аз қабилаи ӯзбекҳо ба ҳисоб меравад ва то замони шӯравӣ дар ин сарзамин ҳукумронӣ намудааст, чуноне аллакай таъкид намудем, забони давлатӣ, забони илму маърифат асосан забони форсии тоҷикӣ буд. Инак, 11 марти соли 1921 Шӯрои Нозирони Халқии Ҷумҳурии Бухоро дар қаламрави ҷумҳурӣ бо тарзи расмӣ забони туркиро забони давлатӣ эълон кард. Барои ба амал омадани чунин қарор ҳиссаи бевоситаи сарвари ҳукумати ҳамонвақтаи ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев дида мешавад. Баъд аз ин забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини ҷумҳурӣ як муддат ба ҳайси забони мадрасаю мактабҳо боқӣ монд. Зеро, мутасаддиёни ҷумҳурӣ имконияти якбора таълимро аввал ба забони туркӣ, баъд ба забони ӯзбекӣ гузарониданро надоштанд. Вале онҳо маъракаи аввал ба туркӣ, баъд ба ӯзбекӣ гузаронидани таҳсилро, махсусан дар мактабҳои нав, ки шӯравӣ меномиданд, оғоз карда буданд.

Ҳолати инкор намудан, ё худ ақалан аз будашон хеле кам нишон додани тоҷиконро дар мавқеи сарварони ҷумҳурии Бухоро низ дида метавонем. Чунончӣ, моҳи майи соли 1921 собиқ раиси КМ ҲК Бухоро Наҷиб Ҳусаинов (худ тотор буд) ба вориси худ, сарвари ҳамонвақтаи коммунистони Бухоро Олимҷон Оқчурин (вай ҳам тотор буд), ба забони туркӣ, бо ҳуруфоти арабӣ навиштааст: “бояд ба он муваффақ шуд, ки бештар аз нисфи аҳолии Бухороро ӯзбекҳо, қисми хурдро туркманҳо, баъдан эрониҳою яҳудиён ташкил бидиҳанд”.

Дар ҳайати роҳбарияти ҷумҳурии Бухоро низ тоҷикон буданд. Мувофиқи маълумоти 20 октябри соли 1920 ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмии ҳайати ҳукуматӣ се нафар тоҷикон ба қайд гирифта шудаанд, ки ду нафарашон дар трибунали ҳарбии инкилобӣ ва як нафар (Аббос Алиев) дар нозирони маориф адои вазифа доштанд. Вале амалан дар ҳайати ҳукумати ҷумҳурии Бухоро тоҷикони мансабдори аввал турк ва баъд ӯзбек гардида хеле бисёр буданд. Ба ин, дар қатори Файзулло Хоҷаев мавқеи Абдурауф Фитрат (1886-937), Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1938), Ахмадбек Мавлонбеков (1897-1937) ва дигарон мисол шуда метавонад.

Аз ҷумла Абдурауф Фитрат дар ҷумҳурии Бухоро соли 1921 нозири маориф, соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқ буд. Вале ӯ туркпарасти ашаддитарин ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи баъзе маълумотҳо маҳз бо ташаббуси ӯ, дар идорааш, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ карда шудааст. Маҳз дар замони нозири маориф будани вай шумораи мактабҳои туркӣ аз ҳисоби мактабҳои тоҷикӣ хеле афзудааст. Ё худ Абдуқодир Муҳиддинов аз сентябри соли 1920 раиси Кумитаи инқилобии Бухоро, аз сентябри соли 1921 раиси КИМ ҷумҳурии Бухоро, баъд раиси шӯрои иқтисодии ҷумҳурӣ гардид. Ӯ низ то соли 1924 худро «ӯзбек» меҳисобид. Вай баъдтар хатогии худро фаҳмида, барои нисбати тоҷикон барқароркунии адолат ҷонбозиҳои зиёд кард. Вале аллакай дер шуда буд. Ниҳоят худаш ҳам қурбони беадолатӣ гардид. Аҳмадбек Мавлонбеков солҳои 1923-1924 котиби масъул ва котиби КМ ҲК Бухоро буд. Яъне ӯ низ метавонист пеши роҳи беадолатиҳои нисбат ба тоҷикон содиршудаистодаро гирад. Вале ӯ ҳам тоҷик будани худро эътироф намекард. Ин гуна далелҳо ва мисолҳо хело бисёранд.

Ҳангоми интихобу ҷо ба ҷо гузории кадрҳои роҳбарикунандаи маҳаллӣ, чӣ дар ҷумҳурии Туркистон ва чӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Бухорою Хоразм, на ин ки лаёқати кордонию коршоямӣ, балки бештар мансубияти синфӣ ва миллиро ба эътибор мегирифтанд. Махсусан сарварони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро баъди маҳви иғвои Анварпошо (августи соли 1922) аз мавқеи туркпарастии ҷанговар ба ӯзбекпарастии ашаддӣ табдил ёфтанд. Онҳо дар аввал тоҷиконро барои турк шудан маҷбур карда бошанд, баъди маҳви Анварпошо таҳдид мекарданд, ки ӯзбек бошанд. Дар мавқеи ӯзбекпарастӣ будани сарварони ҷумҳурии Бухорою Хоразм ва аз тарафи онҳо маҳдуд намудани ҳуқуқи туркманҳо ва қирғизҳо ҳатто дар қарори анҷумани ХII ҲК(б) Русия (апрели соли 1923) қайд карда шудааст.

Дар ҷумҳурии Бухоро, чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зарбаи асосии туркпарастон ба муқобили мактабҳои форсии тоҷикӣ нигаронида шуда буд. Бо ташаббуси онҳо дар аксарияти маҳаллаҳои тоҷикнишин мактабхои мавҷудаи форсии тоҷикӣ бо зудӣ баста шуда, онҳо ба мактабҳои таълим ба забони туркӣ ё ӯзбекӣ табдил дода шуданд. Дар ин мактабҳо ба сифати муаллим аз собиқ асирони турки аз гӯшаҳои гуногуни Русия омада, аз туркону тоторҳои бо ихтиёри худ барои «хизмат» ба Бухоро шитофта ва ғайраҳо ба тарзи васеъ истифода мебурданд. Туркҳо на танҳо дар мактабҳо чун муаллим, балки дар идораҳои ҳокимияти маҳаллии ҷумҳурӣ низ чун корманд ҳиссаи асосиро ташкил медоданд. Дар мактабу маҳалҳое, ки муаллимони турк мақоми асосиро ишғол менамуданд, на танҳо дарсҳо ба забони туркӣ мегузоштанд, балки ҳатто маршу таронаҳо ҳам аз ҳамду сано ба туркҳо ва Камолпошо (яъне Мустафо Камол, ё худ Отатурк — асосгузори ҷумҳурии Туркия) иборат буд.

Солҳои 1917-1924 дар саҳифаҳои матбуоти чӣ Осиёи Миёна ва чӣ марказии Русия оиди тоҷикон қариб чизе чоп намешуд. Агар ба ногоҳ чунин мақолаҳо чоп шаванд ҳам бештари онҳо ғаразнок буда, баъзан тоҷикон ва забони форсии тоҷикиро рӯйрост таҳқир мекарданд. Чунончи: 2 январи соли 1924 дар газетаи «Туркистон», ки дар Тошкент ба забони ӯзбекӣ нашр мегардид, мақоле бо номи «Дар диёри тоҷикон» чоп шуд. Дар он мақола таъкид мешуд, ки хоҳиши истифодаи забони тоҷикӣ «аз як ҷиҳат хоҳиши аз ҳаёт ҷудо шуданро дорад, зеро равиши таърих муқобили он аст, аз ҷиҳати дигар, қабули он маънои қабули забони бефоида ва зиёдатиро дорад». Бинобар ин муаллифи он мақола рӯйрост таъкид кардааст, ки «барои тоҷикон зарур аст забони махсуси тоҷикиро нигоҳ надошта, ҳар чӣ зудтар ба забони ӯзбекӣ гузаранд, зеро роҳи равиши иҷтимоӣ аллакай тақдири онҳоро ҳал намудааст».

Ҳамин тарз дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро, ки тоҷикон асосан дар ҳудуди онҳо зиндагӣ мекарданд, манфиати маънавии ин халқи қадима на танҳо ба эътибор гирифта намешуд, балки ҳатто мавҷудияти онҳоро низ инкор мекарданд. Дар ҳудуди ин ҷумҳуриҳо матбуоти ба забони форсии тоҷикӣ чопшаванда ва мактабҳои бо ин забон амалкунандаро мебастанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медод, ки он солҳо тоҷикон дар ҳудуди Осиёи Миёна пешвои ҳақиқии ифодакунандаи манфиати маънавиашонро надоштаанд. Вале дар чунин шароити барои тоҷикон мураккаб масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба миён гузошта шуд.


409
Нет комментариев. Ваш будет первым!