Давлати Музаффариҳо
Хонадони Музафариҳо тоҷикнажоданду аслан аз шаҳри Хофи Хуросон бархостаанд. Сарсилсилаи ин сулола амир Шайх Гиёсиддини Ҳоҷӣ ба шумор меравад. Ӯ пас аз ҳамлаи муғулҳо дар музофоти Язд паноҳанда шуд. Шайх Гиёсиддин аз самти писараш Мансур се набера дошт: Муҳаммад, Алӣ ва Музаффар. Миёни фарзандонаш Музаффар ба сабаби фазлу дониш ва покдоманӣ бештар маҳбубият дошт. Ӯ мавриди таваҷҷӯҳи ҳокимони муғул гардида, дар замони ҳукмронии илхонони муғулии Эрон Гайхоту (1291-1295), Ғозонхон (1295-1304) ва Улҷойтуи Худобанда (1304-1316) нахуст ба ҳукумати Форс ва сипас ба мансаби сардори нигаҳбонони хосаи илхон мансуб мегардад. Амир Музаффар ба корҳои ободиву меъморӣ низ даст зада, чандин масҷиду мадраса бунёд менамояд. Ӯ аслан ҳукумати мустақил надошт, вале муассиси сулола ба ҳисоб рафта, сулола ҳам ба шарафи ӯ номида шуд. Ҳукумати ниммустақили Музаффариҳо дар зери итоати илхонони муғулӣ аз соли 1313, яъне аз замони ба вилояти Язд ҳоким гаштани амир Музаффар оғоз мегардад. Сипас ӯро ҳокими Майбуд таъин намуданд. Амир Музаффар пас аз маргаш (1314) дар саҳни мадрасае, ки дар шаҳри Майбуд, бино карда буд, ба хок супорида шуд..
Мансаби Музаффарро хони муғул ба писари ҷавонаш Муборизиддин Муҳаммад бахшид. Султон Абӯсаид Баҳодурхони илхонӣ (1316-1335) соли 1318 идораи Яздро ба Муборизиддин супорид. Бо марги Султон Абӯсаид Баҳодурхон давлати Илхонон ба саҳнаи муборизаҳои дохилии қудратталабон мубаддал гардида, заминаи қудратёбии чанд сулолаи тоҷикӣ, аз ҷумла Музаффариҳоро фароҳам овард. Пас аз маргӣ ӯ (1335) буд, ки Муборизиддин худро мустақил эълон кард. Соли 1341 Муборизиддин пас аз мубориза бо Қутбиддин некрӯзи ғурӣ ҳудуди Кирмонро ҳам ба кишвари худ ҳамроҳ намуд. Амир Муборизиддин тамоман мустақилона ҳукумат меронд, аз ҷумла соли 1342 замоне ки яке аз бозмондагони илхонони муғул Пирҳусайни Чӯпонӣ амир Муборизиддинро ба Шероз даъват кард, ӯ аз итоати хони муғул сарпечӣ намуд. Муносибати амир Муборизиддин бо ҳокими Форс Шайх Абӯисҳоқи Инҷу низ ба ҷанг анҷомид. Дар натиҷа соли 1353 Музаффариҳо Шерозро низ ба тасарруфи худ оварданд. Соли 1357 Абӯисҳоқи Инҷу дар Исфаҳон дастгир ва аз ҷониби вобастагони Муборизиддин ба қатл расонида шуд. Минбаъд ӯ Озарбойҷонро ҳам ба даст даровард.
Ҳудуди қаламрави Музаффариҳо васеъ гашта, тамоми Даштҳои Луту Кавир то соҳили халиҷи Форсро дар бар мегирифт. Ҳамзамон бо Музаффариҳо дар ин давра дигар силсилаҳои тоҷикӣ назири Сарбадорон дар Хуросон, Куртҳо дар Ҳирот ҳукумат мекарданд. Аммо миёни ин сулолаҳо дӯстиву рафоқат барқарор набуд. Гузашта аз ин, амир Муборизиддинро низ фарзандон, хоҳарзода ва домодаш ба шеваи тоҷикӣ соли 1358 аз мансаби шоҳӣ маҳрум гардонида, ба чашмонаш мил кашиданд ва ба зиндон андохтанд. Яке аз шоирони ин давра вазъи ногувору сарнавишти дардноки амирро чунин тасвир кард:
Якчанд шукӯҳу ҳимматаш пил кашид.
Як рӯз сипаҳ зи Ҳинд то Нил кашид.
Паймонаи давлаташ чу шуд моломол.
Ҳам рӯшании чашми худаш мил кашид.
Вориси амир Муборизиддин писараш Шоҳ Шуҷоъ (1359-1384) гардид. Ӯ дар миёни подшоҳони сулолаи Музаффариҳо бо донишмандиву фазилат маъруф аст. Дар синни нӯҳсолагӣ Қуръонро хатм намуда, бо шеъру шоирӣ низ ошноӣ дошт. Ҳофизи Шерозӣ аз ҳамзамонони ӯст ва дар мадҳаш шеър сурудааст. Муборизаи бародарону пайвандони наздики Шоҳ Шуҷоъ барои ӯ ҳамеша дарди сар меофариданд. Шоҳ ба хотири пешгирии қиёми онҳо қудратро бо эшон тақсим намуд. Аз ҷумла яке аз бародаронаш Султон Аҳмадро ҳокими Кирмон ва бародари дигараш Шоҳмаҳмудро ҳукумати Исфаҳон бахшид. Бародарзодааш Шоҳяҳёро аз ҳукумат дур карда, зиндонӣ намуд, аммо дере нагузашта ӯро озод ва ба ҳукумати Язд таъин кард. Аммо чуноне ки интизор мерафт Маҳмуд ва Яҳё бо ҳам иттифоқ баста, муддате ба ҷанг бо Шоҳ Шуҷоъ пардохтанд ва соли 1364 ҳатто Шерозро ҳам ишғол карданд. Танҳо марги Маҳмуд Шоҳ Шуҷоъро аз гирифториҳо озод сохт. Шоҳ Шуҷоъ аз шунидани хабари марги бародар мутаассир гашта, ин рубоиро суруд:
Маҳмуд – бародарам, шаҳи шеркамин.
Мекард хусумат аз паи тоҷу нигин.
Кардем ду бахш, то биёсояд халқ,
Ӯ зери замин гирифту ман рӯи замин.
Пас аз 25 соли ҳукуматронӣ Шоҳ Шуҷоъ аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ писараш Зайнулобиддин (1384-1388) ба тахт нишаст. Шоҳяҳё, ки ҳанӯз даъвоҳои бисёр дошт, бо Зайнулобиддин ба ҷанг мепардозад. Шоҳмансур дигар намояндаи сулолаи Музаффариҳо низ бар зидди ҳукумати Зайнулобиддин ба мубориза бархоста, вазъи кишварро нобасомон намуд. Охирин намояндаи сулолаи Музаффариҳо Шоҳмансур (1388-1393) аз нотавониҳои Зайнулобиддин истифода карда, дар якчанд муборизаҳо ӯро шикаст дод ва соли 1391 ба чашмони ӯ мил кашида, кӯр намуд. Дар лаҳзаҳое, ки намояндагони сулолаи Музаффарӣ ба ҷони ҳам овехта буданд, соли 1388 аз самти Моваруннаҳр Темур бо лашкари азиме ба Эрон расид. Бо вуҷуди он ки ҳокими Исфаҳон Музафариддини Кошӣ шаҳрро бе ҷанг таслими Темур намуд, амалдорону сипоҳиёни темурӣ ситаму бедодро оғоз карданд. Аҳолии шаҳри Исфаҳон аз ин ба дод омада, чанд нафарро куштанд. Темур бо лашкари хунхор Исфаҳонро дубора фатҳ карда, беш аз 72 ҳазор нафарро ба қатл расонид.
Сарнавишти хонадони Музаффариён ҳам ба монанди дигар сулолаҳои тоҷикии ин давра фоҷеъаомез буд. Дар яке аз муборизаҳо соли 1393 Шоҳмансур аз лашкариёни темурӣ шикаст хӯрда, аз дасти онҳо кушта шуд. Бо ҳалокати охирин ва далертарин намояндаи силсилаи Музаффарӣ давлатдории ин хонадон ҳам ба сар омад. Тамоми бозмондагони сулолаи Музаффариён барои изҳори итоат ба назди Темур ҳозир шуданд, вале ин ҷаллоди барлос ба онҳо раҳм накард ва дастур дод, 72 нафар аҳли ин хонавода ба қатл расонида шаванд.
Дар давраи ҳукмронии Музаффариҳо низ зулму ситами аҳолӣ ниҳоят зиёд буд. Ҳатто қиёми як нафар аз намояндагони сулолаи ҳукуматгар – Шоҳмаҳмуд дар Язд бо шиори мубориза бар зидди ситами маъмурони бародараш Шоҳяҳё даст ба шӯриш зад. Дар ин ҷанг сардори лашкари Шоҳшуҷоъ ба дасти Шоҳмаҳмуд афтода, кӯр гардонида шуд. Соли 1373 дар Кирмон ҳам зери таъсири шиорҳои сарбадорӣ ҷунбиши сарбадорони Кирмон сар зад. Шӯришгарон ҳукумати Музаффариҳоро барҳам зада, хазинаро соҳибӣ карданд ва беш аз як сол дар ин қаламрав ҳукумат намуданд. Ба Шоҳшуҷоъ пас аз муҳосираи нӯҳмоҳа муяссар шуд, ки ҷунбиши сарбадориро барҳам зада, Кирмонро ба даст оварад.