Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва вазъи ҷамъиятию сиёсии он

Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва органҳои он. Аввали сентябри соли 1920 баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ манифест бароварда Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ (ҶХШБ) эълон кард. Дар тамоми маҳалҳои аз дасти ҳукуматдорони амирӣ кашида гирифташуда (аз маҳалҳо то марказ) ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ (ревкомҳо) гузашт.

Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун органи олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Бо сабаби аз вазифа озод намудани А. Абдусаидов, раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев то 9 сентябри соли 1920 вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ иҷро кард. 9 сентябр Олимҷон Оқчурини тотор, бо тавсияи ХК Бухоро раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардид. Ниҳоят, 14 сентябр раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов тасдиқ гардид.

22 сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ низомномаро оиди кумитаҳои инқилобии маҳаллӣ тасдиқ намуд. Мувофиқи он чунин кумитаҳо бояд аз 5 нафар аъзои аз тарафи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардида, ташкил меёфт. Ба он ҳайат як нафарӣ намояндаи нозири ҳарбӣ низ буд.

6-8 октябри соли 1920 дар Ситораи Моҳи Хоса анҷумани (қурултойи) якуми муассисони Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар он 1950 нафар намоянда иштирок доштанд, ки онҳоро дар ҷамъомадҳо, майдони бозорҳо бо нишондоди ҲК Бухоро “интихоб” намудаанд. Амалдорони собиқ, заминдорони калон аз ҳуқуқи ба намояндагӣ интихоб шудан маҳрум буданд.

Дар анҷуман ҷонишини намояндаи фавқулоддаи Федератсияи Русия дар Бухоро Карим Ҳакимов баромад карда, аз тарафи Ҷумҳурии Русия эътироф гардидани мустақилияти ҷумҳурии Бухороро эълон кард. Ӯ инчунин эълон намуд, ки Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва Каркӣ, ки аслан сарзамини бухорост, ба ҷумҳурии Бухоро баргардонида мешаванд.

8 октябр анҷуман оиди ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) қарори таърихӣ қабул кард. Анҷуман ҳисоботи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқиро шунида, фаъолияти онҳоро ба қонуният даровард. 18-23 сентябри соли 1921 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна анҷумани дуюми Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар он аввалин Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶХШБухоро қабул карда шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷати асосӣ барҳамхӯрии тартиботи амирӣ ва ба дасти меҳнаткашон (коргарон ва деҳқонон) гузаштани ҳокимият, ташкилёбӣ ва мустақил будани ҶХШБухоро ба қонуният дароварда шуд. Конститутсия ба ғайр аз авлодони амир, собиқ амалдорони олимартаба, заминдорони калон, шахсони аз тарафи суди халқӣ маҳкумшуда, ба дигар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки синнашон ба 20 расидааст, новобаста аз ҷинс, миллат ва нажод ҳуқуқи интихоботиро медод. Он инчунин ҳуқуқи озодиҳои демократӣ-озодии сухан, озодии матбуот, озодии ҷамъомад ва ғайраро бояд таъмин менамуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат органи олии қонунгузор анҷумани (қурултойи) Умумибухороӣ ба ҳисоб мерафт, ки минбаъд анҷумани Шӯроҳои намояндагии халқ номида мешуд ва он соле як маротиба даъват мегардид. Дар байни анҷуманҳо органи олии қонунгузор ва назоратӣ Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Умумибухороӣ (маълум бо номи БухЦИК) ба ҳисоб мерафт, ки он ба ҷои собиқ Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ташкил ёфта буд. Баъди анҷуман дар кентҳо, туманҳо ва вилоятҳое, ки то андозае оромӣ ҳукмфармо буд, кумитаҳои инқилобӣ ба кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои намояндагии халқӣ табдил дода шуданд. Агар дар чунин мулк аз сари нав ҳаракати зиддишӯравӣ оғоз гардад, он гоҳ кумитаи иҷроия фавран боз ба кумитаи инқилобӣ табдил дода мешуд.

Барои ҷумҳурии ҷавони Бухоро, яке аз вазифаҳои мураккабтарин — ин масъалаи кадрҳо буд. Зеро, барои ташкилотҳои нави давлатию ҳукуматӣ кадрҳои қобилиятноки маҳаллӣ намерасиданд. Бинобар ин, мувофиқи қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ аз 5 сентябри соли 1920 амалдорони собиқи амирӣ, ки тартиботи навро эътироф намудаанд ва аз таҳти дил ба он хизмат карданианд, бояд истифода мегардиданд. Вале, амалан амалдорони собиқе, ки ба хизмати тартиботи нав гузаштаанд, хеле камшумор буданд. Аз ҳамин сабаб ба вазифаҳои маъсул бештар шахсоне таъин мегардиданд, ки то ин вақт ягон хел таҷрибаи роҳбарикуниро надоштанд. Бинобар ҳамин ҳам он солҳо ба вазифаҳои масъули кентҳо, туманҳо, вилоятҳо ва аппарати ҳокимияти марказии Бухоро аз ҷумлаи собиқ асирони ҳарбии Туркия, ки аз замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ то ҳамон лаҳза дар ноҳияҳои дурдасти хунуки Сибир хизмати маҷбуриро адо мекарданд, таъин менамуданд.

Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 округ, округҳои: Зарафшон, Бухорои Шарқӣ, Қашқадарё ва Амударё тақсим мешуд. Округҳо дар навбати худ аз вилоятҳо иборат буданд. Аз ҷумла округи Зарафшон ба вилоятҳои Бухоро, Кармина ва Нурато; округи Бухорои Шарқӣ ба вилоятҳои Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм тақсим мешуданд. Вилоятҳо аз туманҳо, туманҳо аз кентҳо, кентҳо аз деҳаҳои гуногун иборат буданд. Чунончӣ, ба ҳайати вилояти Душанбе туманҳои Ёвон, Янгибозор ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари деҳа, ки мувофиқи анъана арбоб, амин ё худ оқсақол мегуфтанд (дар замони амирӣ вазифаашон гуногун буд) ва он акнун интихобӣ буда, ба кумитаи инқилобии кентӣ итоат мекард.

Ҳизби коммунистии Бухоро (ҲК Бухоро) дар доираи ҷумҳурии Бухоро ҳизби ягонаи ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Зеро, 11 сентябри соли 1920, дар асоси шартномаи пешакии байни ХК Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ (аз моҳи августи соли 1920), ҳизби охирин худро пароканда эълон намуд ва бештарини аъзоёни он ба ҳайати ҲК Бухоро аз сари нав дохил гардиданд. Бо ҳамин дар Бухоро ба дуҳизбӣ хотима гузошта шуд. Оҳиста-оҳиста тамоми риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҷумҳурӣ ба ихтиёри ҳизби коммунистӣ гузашт. Ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо, муайян намудани сиёсат аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳамин ҳизб гардиданд.

Судҳои халқии қозигӣ. Масъалаи муносибат нисбат ба судҳои қозигӣ дар шароити ҷумҳурии Бухоро аз ҷумлаи чорабиниҳои душвортарин буд. Зеро, чуноне дар боло таъкид намудем, ба таҷрибаи ҷумҳурии Туркистон такя намуда, Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ дар асоси манифести аввалааш судҳои қозигиро барҳам дода, ба ҷои онҳо судҳои халқиро бунёд намуд. Вале мардум чунин тағйиротро эътироф накард. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳои инқилобӣ ба ҷои судҳои халқӣ, судҳои халқии қозигӣ ташкил карда шуданд ва хароҷоти онҳо бошад ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузашт. Августи соли 1923 миқдори чунин судҳои халқии қозигии туманию вилоятӣ дар ҷумҳурии Бухоро то ба 65 адад расид, ки аз онҳо 17 ададашон дар Бухорои Шарқӣ амал мекарданд.

Қозиҳои халқӣ аз тарафи нозири адлия, ба мӯҳлати як сол, аз ҷумлаи донандагони дину шариати ислом таъин мегардиданд. Бинобар ин онҳо минбаъд ҳам дар итоати нозири адлия буданд. Дар назди нозири адлия, ҳамчун органи олии судӣ-Шӯрои қозиҳои халқӣ вуҷуд дошт.

Мавҷудияти судҳои халқии қозигӣ, ки бештар дар асоси қонунҳои нав амал мекарданд, ҳамчун давраи гузариш аз судҳои динӣ-шариатӣ ба судҳои дунявӣ, яъне ғайридинӣ ба ҳисоб меравад.

Муносибати ҶХШ Бухоро бо Федератсияи Русия. Ҷумҳурияти Бухоро агарчанде мустақил ҳисоб мешуд ва чуноне аллакай қайд кардем, ҷумҳурии Русия мустақилияти онро шинохт, вале амалан он дар аввал ба доираи сиёсати Русияи Шӯравӣ ва баъд ба Иттиҳоди Шӯравӣ кашида шуд. Чунончӣ, 3 ноябри соли 1920 дар байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Бухоро шартномаи (муоҳидаи) муваққатии ҳарбию сиёсӣ имзо гардид, ки мувофиқи он Русияи Шӯравӣ ба ҶХШБухоро барои муҳофизати тартиботи нав ва бунёди қисмҳои сурхи ҳарбиаш кӯмаки амалӣ мерасонид. 4 марти соли 1921 дар байни ҶХШБухоро ва Русияи Шӯравӣ шартномаи нави иттифоқӣ, шартнома оиди собиқ маҳаллаҳои руснишини Бухоро ва шартномаи иқтисодӣ имзо гардид. Феврали соли 1922 ҶХШБухоро дар қатори 8 ҷумҳуриҳо ба протоколе имзо гузошт, ки мувофиқи он ҳамаи онҳо дар гуфтушунидҳои байналхалқӣ ба вакили Федератсияи Русия ҳуқуқи ҳимояи манфиати худро медоданд. 3 августи соли 1922 дар Москва байни Русияи Шӯравӣ ва ҶХШБухоро шартномаи нави иқитисодӣ имзо гардид, ки дар асоси он дар байни ин ду давлат монегиҳои гумрукӣ бардошта шуд. Дар худи ҳамон сол Федератсияи Русия вазъи душвори ҷумҳурии Бухороро ба инобат гирифта, ба ихтиёри ҳукумати он 200 ҳазор пуд ғалла фиристод. Бо ташаббуси КМ ҲК(б) Русия моҳи марти соли 1923 дар Тошкент конфронси иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёимиёнагӣ: Туркистон, Бухоро ва Хоразм ҷамъ омад. Мувофиқи қарори он фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагии ин ҷумҳуриҳо муттаҳид карда шуданд. Инчунин бо мақсади инкишофи пахтакорӣ заминҳои пахта бояд аз андоз озод мегардиданд.


352
Нет комментариев. Ваш будет первым!