Асосҳои динию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Хилофат
Ҳадис. Сарчашмаи асосии динию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлати Хилофатро аввалан Қуръони маҷид ташкил медод. Fайр аз ин, ҳангоме ки пайғамбар зинда буд, кадом масъалаи иҷтимоию диние, ки пайдо намешуд, ҳалли он ба ӯ ҳавола мегардид. Бо вуҷуди дар Қуръон омадани ояти «алявму акмалту лакум динакум» (имрӯз дини шуморо комил, яъне пурра гардонидам), дар зиндагии ҳаррӯза масъалаҳои зиёде пайдо мешуданд, ки ҳалли худро талаб менамуданд. Барои ҳалли масоили мазкур баъд аз сари пайғамбар, уламои мусулмонон аввал ба Қуръон муроҷиат мекарданд. Агар ҳалли онҳоро дар Қуръон пайдо намекарданд, дар ин сурат ба рафтору гуфтор (суннати) пайғамбар, ки он рафтору гуфторро баъд ҳадису суннат мегуфтагӣ шуданд, муроҷиат мекарданд. Агар масъалаҳои мазкур дар ин ду сарчашма низ ҳалли худро намеёфтанд, уламо рӯ ба қиёсу иҷмоъ меоварданд. Онҳо ба Қуръону ҳадис ё ба ин ё он рафтору гуфтори пайғамбар дар масоили ба ин масъалаҳои ҳалталаб монанд, муроҷиат намуда, бо қиёс он масъалаҳоро ҳал мекарданд. Саҳобаҳо ва уламои маъруфи дин ҷамъ шуда, масоили ҳалталабро ҳаматарафа муҳокима намуда ба тариқи иҷмоъ, яъне якҷоя шуда дар ҳалли онҳо ба хулосае меомаданд ва ин амалро «иҷмоъ» меномидагӣ шуданд. Сарчашмаҳои мазкур, яъне Қуръон, ҳадис, иҷмоъ ва қиёс шариати исломиро ташкил доданд.
Ҳамин тавр, дар ҷамъияти мусулмонон фанни наве пайдо шуд бо номи ҳадис. Муҳаддисон аксар саҳобагон буданд, ки ёддоштҳои худро оиди суннати пайғамбар, рафтору гуфтори ӯ нақл менамуданд. Дар аввал саҳобаҳо ҳадисҳоро ба тарзи шифоҳӣ (даҳонакӣ) ривоят мекарданд ва дар ягон ҷо сабт наменамуданд. Бо мурури вақт саҳобаҳо вафот мекарданд ё дар ҷангҳо кушта мешуданд ва зарурати сабти ҳадисҳо ба миён омад. Сабти ҳадисҳо асосан аз нимаи дуюми асри VIII сар шуд.
Баъд аз сари саҳобаҳо ҳадиснависиро шогирдону шиносҳои онҳо идома доданд ва онҳо ҳадисҳои худро то ба саҳобаҳо бурда мерасониданд. Ин табақаи муҳаддисҳо «тобиин» ном гирифтанд. Чун ин табақа низ аз байн рафт, шогирдони онҳо «табау тобиин» (пайравикунандагон ба тобиин) ном гирифтанд. Бо мурури замон дар Хилофат миқдори ҳадисҳо ниҳоят зиёд шуда рафт. Зеро гурӯҳҳои бо якдигар мухолиф дар муқобили якдигар аз номи пайғамбар ҳадисҳои сохтаю дурӯғ вазъ мекарданд. Барои ҳамин эҳтиёҷ ба нақди (танқиди) ҳадис пайдо шуд. Ҳамзамон маҷмӯаҳое бо номҳои «Саҳиҳ» (дуруст) эҷод гардиданд. Муаллифони «Саҳиҳҳо» ҳадисҳои дурустро аз ҳадисҳои сохта ҷудо карда мегирифтанд. Дар олами ислом 6 маҷмӯаи ҳадисҳо (Суҳоҳи ситта), ки аксари муаллифони онҳо аз мардумони Хуросону Мовароуннаҳранд, маъруфанд. Маъруфтарину маҳбубтарини онҳо ал-Бухорӣ ва «Саҳиҳ»-и ӯ мебошад. Ал-Бухорӣ аз аҳли Бухоро буд (ваф. с.870). «Саҳиҳ»-и Муслими Нишопурӣ (ваф. с. 875), шогирди ӯ низ дар олами ислом маъруф аст. Ғайр аз ин дар байни мусулмонон маҷмӯаҳои ҳадисҳои Абудовуд ас-Сиҷистонӣ (ваф. соли 889) Тирмизӣ (ваф соли 898), ан-Нисоӣ (ваф. соли 915) ва Ибни Моҷа (ваф. соли. 887) низ машҳур мебошанд.
Ҳар як ҳадис аз ду қисм иборат аст: иснод ва матн. Дар иснод силсилаи номҳои гӯяндагони ҳадис оварда мешавад. Чунончи, фалонӣ аз номи фалонӣ ва ӯ аз фалонӣ ривоят кард… Пас аз ин матни худи ривоят дар ин ё он масъала оварда мешавад. Мунаққидони ҳадис талаб мекарданд, ки дар силсилаи ҳадис мебояд ҳама одамҳои поку парҳезгор бошанд ва силсила аз ҷиҳати замонӣ канда нашуда бошад.
Ал-Бухории мазкур солҳои зиёде дар кишварҳои арабӣ гашта, ҳадисҳо ҷамъ меовард. Ӯ зиёда аз 600 ҳазор ҳадисро мавриди омӯзишу танқид қарор дода, аз байни онҳо ӯ ҳамагӣ 7563 ҳадисро саҳеҳ, яъне дуруст донист ва ба китоби «ас-Саҳиҳ»-и худ дохил кард. Агар аз ин шумора ҳадисҳои такроршуда бароварда шаванд, ҳамаги 4000 ҳадиси саҳеҳ боқӣ мемонаду халос. Барои ин кор ӯ 16 соли ҳаёти худро сарф намуд. Қариб ҳамаи мусулмонон ба ғайр аз шиаҳо ба ҳадисҳо-суннати пайғамбар пайравӣ менамоянд. Шиаҳо маҷмӯаи хосси ҳадисҳои худ «Ахбор»-ро доранд.