ДИНИ СИНТОИЯ ДАР ЯПОНИЯ

Аз қадим то имрӯз дар Япония ду дин вуҷуд дорад: синтоия ва буддоия. Синтоия-дини соф миллӣ буда, буддоия аз Хитою Корея ворид гардидааст.

Тибқи китобҳои мифологии японӣ, ки дар асрҳои VII-VIII навишта шудаанд, дар ибтидо фақат осмону замин вуҷуд дошта, онҳо аввал 3-худо, баъд ду ва баъд боз 5-ҷуфти худоҳоро яке паси дигарӣ ба дунё овардаанд. Дар бораи худоҳои аввал чизе гуфта намешавад, вале ҷуфти охири онҳо иборат аз Идзанагӣ ва Идзанами зану шавҳар буда, Идзанагӣ ҳамчун офаридгор ба қалам дода мешавад. Маҳз ӯ ҷазираҳои Японияро офаридааст. Ӯ бо занаш аз боло истода бо найза баҳрро мекофт ва аз қатраҳои обе, ки аз нӯги найзаи ӯ мечакиданд, ҷазираҳои Япония пайдо шудаанд. Баъд аз ин Идзанагӣ аз чашми чапи худ офтоб ва худозани офтоб-Аматерасуро офарид. Худозан Аматерасу яке аз худоҳои муҳимтарини японҳо ва аҷдоди императорҳои Япония ба ҳисоб меравад, ба хусус аҷдоди императори аввалин Дзимму- тенно (тенно ва микадо-император). Идзанагӣ худоҳои дигари моҳ, тӯфон, шамол ва ғайраро низ офарид. Худои тӯфон-Суса-но-во ба Аматерасу муқобил баромад ва аз осмон ба замин ба вилояти Идзумо дар ҷазираи Хонсю, ки ҳоло дар он ҷо ба Суса-но-во ибодат карда мешавад, ронда шуд.

Дар асрҳои VI-VII буддоия ба воситаи муҳоҷирони кореягӣ ба Япония роҳ ёфт. Дар замони император Нара буддоия дар Япония ба ойини давлатӣ табдил ёфт. Роҳибони буддоиро бодзу (аз ҳамин ҷо- бонзу) меномиданд. Дини худи японҳо бошад «ками-но-мити» (айнан-роҳи ками), яъне «роҳи худоҳои (маҳаллӣ)» ном гирифт. Ин ибора ба забони хитойӣ «син-то» тарҷума гардида, бо ҳамин ном дини маҳаллии японӣ ҳамчун «синтоия» дар кишварҳои аврупоӣ машҳур гашт.

Дар зери таъсири дини буддоӣ роҳибони синтоӣ низ ба сохтани ибодатгоҳҳо машғул шуданд ва муҷассамаҳои худоҳои худро низ месохтанд. Пештар дар Япония ҷасадҳои мурдаҳоро гӯр мекарданд. Акнун тибқи талаботи дини буддоия ҷасадҳоро месӯзониданд. Оқибат ҳар ду дин бо якдигар наздик шуданд: дар дохили ибодатгоҳи буддоӣ як кунҷеро барои худоҳои синтоия «ками» ҷудо мекарданд ва дар маъбадҳои синтоия низ барои худоҳои буддоия ҷой ҷудо карданд. Фарқ дар байни ду дин кам монд.

Дар асри XVI феодалҳо дар муқобили якдигар аз мубашширони қатоликӣ истифода бурданӣ шуда, масеҳиятро қабул ва ба мардум низ қабули онро бар кунониданд. Вале дар охири ҳамон асри XVI феодалҳои калон-Хидеёси ва Токугава ба рондани мубашширон ва таъқиби масеҳиён сар карданд. Дар соли 1641 бошад дини масеҳӣ дар Япония манъ карда шуд. Дар асри XVIII дар Япония ҳаракати дигар-бозгашт ба дини бобоӣ-синтоия пурзӯр гашт. Дар солҳои 1867-8 инқилоби Мейдзи ҳокимияти дунявии микадо (император)-ро барқарор сохт ва микадо синтоизмро аз нав қувват дод ва ҳатто кӯшиш кард, ки буддоияро умуман манъ намояд. Аммо азбаски буддоия дар байни омма таъсири калон дошт, ин ба ӯ муяссар нагардид. Аз ҳамин рӯ, дар соли 1889 дар Япония озодии диндорӣ эълон гардид.

Аз ҳамон вақт сар карда синтоия-дини дарбори император эълон гардид: идҳо ва маросимҳои дарбор синтоӣ мебошанд, аммо дар ҳаёти воқеӣ ҳар ду дин бо ҳам печидаанд. Чунончи, таваллуди кӯдак ва маросимҳои он синтоӣ мебошанд. Вале баъди марг ҳамаи маросимҳо ба дасти бонзҳои буддоия қарор доранд. Дар вилоятҳои Идзумо ва Сацума синтоия ва дар вилоятҳои дигар буддоия ривоҷ доранд.

Синтоия ба ду равия ҷудо мешавад: синтоияи расмии маъбадӣ ва синтоияи сектантӣ (фирқагароӣ). Синтоияи маъбадӣ то охири ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дини давлатии Япония буд. Аркони асосии дини синтоияро таълимот дар хусуси ҳукми илоҳӣ доштани қудрати император ташкил медод. Император аз насли худозан Аматерасу аст, эълон медошт синтоия. Қасри император-мавзеи муқаддас аст.

Секта, фирқаю равияҳои синтоӣ зиёд буда, онҳо аз асри XIX сар карда по ба арсаи вуҷуд ниҳоданд. Аксари онҳо бозмондаи парастишҳои содаи қадима мебошанд. Масалан, фирқаҳои дзикко-ке, фусо-кё, митаке-кё (кё-яъне фирқа) асосан ба парастиши қуллаҳои кӯҳҳо марбутанд. Зеро тибқи ақидаҳои қадимаи японҳо қуллаҳои кӯҳҳо ҷои истодани худоҳо мебошанд.

Рӯҳу арвоҳи маҳаллӣ, худоҳои мухталиф 8-милион ками (номи умумии арвоҳу худоҳо)-ро ташкил медиҳанд. Дар Япония кӯҳҳо ва хусусан қуллаи вулқони Фудзияма муқаддас мебошанд.

Маъбадҳои синтоӣ бо одӣ будани худ аз маъбадҳои буддоия фарқ мекунанд. Дар дохили маъбад дар маркази он рамзи худо-ойина, шамшер ва ғайра нигоҳ дошта мешавад. Дар он инчунин гохеи (лентаи сафеди коғазӣ) ба ҷои дарахти муқаддасе, ки дар шохаҳои он қитъаҳои матоъ баста мешаванд, мавҷуд мебошад. Ба маъбадҳои аз ҳама машҳури синтоӣ дар Идзумо, Ямада, Изе дар рӯзҳои муайяни сол даҳҳо ҳазор зиёратчиён меоянд.

Каннусҳо-роҳибони маъбадҳои синтоӣ ҷою вазифаҳои худро ба фарзандонашон медиҳанд. Вале дар айни замон онҳо ягон мансаби дунявиро низ ишғол карда меоянд. Каннусҳо 8 дараҷа доранд. Дараҷаи аз ҳама баланд «саншу»-ро ҳатман бояд ашрофзода ишғол намояд.

Тарзи ибодати синтоӣ бисёр одӣ аст: синтоӣ бояд ибораҳои намоз «порито»-ро гуфта истода, назру ниёз (биринҷ, моҳӣ, сабзавот ва ғайра) тақдим намояд. Иловатан дар синтоия маросимҳои ба шаманҳо монанд мавҷуданд. Аз тариқи онҳо каннусҳо синтоиҳоро ба дараҷаи ваҷд (экстаз) мерасонанд, то онҳо бо худо робита барқарор намоянд. Ахлоқи синтоия низ бисёр одӣ аст: синтоӣ бояд бечунучаро ба император итоат намояд.

Дар соли 1945 америкоиҳо дар Япония директиваи ҷудо кардани синтоияро аз давлат эълон намуданд. Микадо дар январи соли 1946 изҳоротеро чоп намуд, ки тибқи он доктринаи пештараи ҳукми улуҳият доштани император ва афзалият доштани японҳо нисбат ба халқҳои дигар маҳкум карда мешуд. Ҳозир дар Япония таассуби динӣ вуҷуд надорад. Диндорӣ озод аст.

434
Нет комментариев. Ваш будет первым!