Идеяҳои асосии дини масеҳӣ – пургуноҳӣ ва наҷот

Мафҳуми нав ва идеяи асосию марказии тамоми масеҳият ин идеяи пургуноҳ будани инсон ва ҷониби дигари ин мафҳум – идеяи наҷоти инсон мебошад.

Энгельс чандин маротиба таъкид намудааст, ки «идеяи марказии масеҳият» маҳз идеяи пургуноҳист: «Масеҳият ба тори дилҳои бешуморе нохун зад, ки аз онҳо мебоист акси садо меомад. Ба ҳамаи арзу шикоятҳо дар хусуси вазнинии зиндагии замона, фақри моддию ахлоқӣ, идеяи пургуноҳии масеҳӣ чунин ҷавоб медод: оре, ин ҳамин тавр аст ва дигар хел буда ҳам наметавонад; дар вайронии ҷаҳон ту, ҳамаи шумо, вайронии шахсии дохилии ту ва шумо гунаҳкор аст! Оё одаме вуҷуд дорад, ки инро инкор намояд?»

Ба ақидаи масеҳият, ҷаҳон дар гуноҳ ғӯтавар аст, ҳамаи одамон аз рӯи табиати худ гунаҳкор мебошанд ва гунаҳкории одамон бурда то ба гуноҳи Одаму Ҳавво расонида мешавад. Дар айни замон умеде ба он аст, ки касе омада инсониятро аз гуноҳ наҷот мебахшад. Аз ҳамин ҷо тасаввуроте дар хусуси худои наҷотбахш пайдо мегардад.

Дар дини масеҳӣ маҳз идеяи наҷот – идеяи марказӣ ва аз ҳама муҳим гардид. Аз ҳамин рӯ, образи Иисус Христос, ҳамчун худои наҷотбахш мебоист ба фигураи марказии дини масеҳӣ табдил меёфт. Масеҳиҳо имрӯз Иисус Христосро як ном меҳисобанд, вале дар матни евангелияҳо онҳо дар алоҳидагӣ омадаанд. Христос – тарҷумаи юнонии калимаи мошиах (мессия)-и яҳудӣ мебошад, ки маънояш «молидани равған» мебошад. Дар он замон ба сари касоне, ки ба тахти подшоҳӣ менишастанд, рӯҳонии дараҷаи аввали давлат ба сари онҳо равғани зайтун мемолид. Баъдҳо равғани зайтунро ба пешонаи шоҳ дар шакли салиб мекашидагӣ шуданд. Хулоса, Христос гуфта, мардум шоҳро медонистанд. Умуман дар евангелияҳо номи Христос бисёр кам ба назар мерасад. Ҳангоми суд кардани Иисус, ӯ дар ҷавоби саволи рӯҳониёни яҳудӣ: «Ту Христос ҳастӣ?», «Бале» — ҷавоб дод ӯ. Ҳамин тавр, ӯ худро «равғани муқаддас молида», яъне «шоҳ» гуфт.

Акнун масеҳиён роҳи наҷотро дар чӣ медиданд? Ба ақидаи онҳо бояд ягон инсони бузурге худро ба хотири харидани гуноҳҳо ва наҷот бахшидани инсоният қурбон созад. Ин идеяи қурбонӣ дар масеҳият мавқеи марказиро ишғол намуд. Ин идеяи қурбонӣ дар шакли ихтиёрӣ маргро ба хотири шуста шудани тамоми гуноҳҳои масеҳиён аз давраи Одаму Ҳавво сар карда то имрӯзу оянда қабул кардани Иисус зоҳир мегардад. Ин марги ихтиёрии Иисус инсониятро аз гуноҳ озод кард. Барои аз гуноҳ озод шудан кофист, ки инсон таълимоти Иисус Христосро қабул намояд. Азбаски ҳамин худқурбонкунӣ чизи асосӣ аст, дар дини давраи аввали масеҳӣ дигар хел қурбоникунию додани назру ниёз вуҷуд надошт.

374
Нет комментариев. Ваш будет первым!