Ҳиндуизм

Ҳангоме, ки буддизм пайдо шуд, браҳманҳо дар шахси (симои) ин дин як хатари бузург ва рақиби пурқуввати худро диданд. Онҳо ҳис карданд, ки агар таъҷилан чора набинанд, мардум аксаран ба дини буддоӣ мегараванд ва дигар касе онҳоро эътироф нахоҳад кард. Мақсади асосии муборизаи браҳманҳо бар зидди буддоиҳо ин дар нигоҳ доштани сохти каставӣ ва мавқеи ҳукмронии худ буд. Аз ҳамин сабаб ба онҳо лозим омад, ки таъҷилан таълимоту ойинҳои худро ба талаботи оммаи васеи мардум мувофиқ гардонанд. Азбаски ин мувофиқгардонӣ ба пайдоиши дини нав ҳиндуия оварда расонид, ба ҳамин сабаб ин давра дар таърихи динҳои Ҳиндустон номи давраи ҳиндуизмро гирифт.
Браҳманҳо барои ба мардум наздик гардонидани дин маъбадҳо, мавзеъҳои муқаддас, мавзеъҳои ҳаҷгузорӣ ва ғайраро сохта, ойинҳои нав ба нав фикр карда бароварданд. Хулоса онҳо мебоист дини браҳманиро ба омма ва талаботҳои динию рӯҳии он наздик гардонанд.
Дар ин давра маъбадҳои аввалин дар Ҳиндустон пайдо гаштанд. Маъбадҳои қадимтарин дар Ҳиндустон-маъбадҳои буддоӣ ба ҳисоб мерафтанд. Инҳо пеш аз ҳама ступаҳои болои қабрҳо ва чайтя (маъбадҳои зеризаминӣ) буданд. Дар тақлид ба ин сохтмонҳо браҳманҳо маъбадҳои азими браҳманӣ сохтанд, ки онҳо бо тарзи сохтмони фантастикӣ ва архитектураи аҷоиби худ тасаввуроту хаёлоти мардумро пахш мекарданд. Дар дохили маъбадҳо ҳайкалҳои азими худоҳо сохта мешаванд. Баъзеи онҳоро ҳангоми ҷашнҳо ботантана дар кӯчаҳо мебурданд.
Акнун тибқи таълимотҳои нав, худоҳои осмонии браҳманҳо дар замин низ таҷассуми худро пайдо намуданд. Яке аз он худоҳо, ки дар замин таҷассуми худро пайдо кард, Кришна буд. Таҷассуми Кришна дар рӯи замин Вишну буд. Қиссае бофта бароварда мешавад, ки он гӯё дар рӯи замин (монанди қиссаҳои буддоию масеҳӣ) таваллуд ёфтааст. Дар он қисса қаҳрамониҳои Кришна, меҳрубониҳои ӯ нисбати одамон ва вафоташ дар рӯи замин зикр гардидаанд.
Дар Ҳиндустони Ҷанубӣ дар нақши худои наҷотбахш Рама- қаҳрамони асотирии ориёиҳо, ки Цейлонро фатҳ намуда буд, баромад мекунад. Рама-қаҳрамони эпоси қадимаи ҳиндуён «Рамаяна» мебошад.
Дар натиҷаи парастиши худоҳои наҷотбахш дар Ҳиндустон равияву мазҳабҳои зиёди гуногун дар ҳиндуия пайдо мегарданд. Миқдори ин равияю мазҳабҳо чунон зиёданд, ки ҳатто имкони ҳамаи онҳоро ба ҳисоб гирифтан вуҷуд надорад. Ба ин равияҳо муаллимон-«гуру»-ҳо роҳбарӣ мекарданд. Аз ҳамин рӯ, нақши «гуру»-ҳо дар ҳиндуизм хеле калон гардид. Дар давраҳои қадим браҳманҳо худашон қурбонӣ мекарданд, гимн мехонданд, ҳамдигарро аз ведаҳо таълим медоданд ва ба мардуми одӣ коре надоштанд. Дар ин давраи ҳиндуия бошад браҳманҳо ба муаллимони омма табдил ёфта, ба ҳаёти динии мардум роҳбарӣ мекарданд. Нуфузи «гуру»-ҳо меафзояд. Онҳо ба миёнаравони байни худоҳо ва мардум табдил меёбанд. Акнун ҳар як сухани гуру барои тарафдорони ӯ қонуни муқаддас буд. Ба ҷои аввал одатҳое мебароянд, ки бо коркарди замин ва ҳунармандӣ алоқаманданд. Худоҳое пайдо мешаванд, ки ҳомиву пуштибони касбе ё кастае буданд. Ҳар як каста ҳомии худро дошт.
Ғайр аз ин, ойинҳои қадимаи ҳиндӣ-эҳтиром гузоштан ба ҳайвонот низ дар ҳиндуизм ҷои худро ишғол карданд. Худоҳои ҳиндуӣ акнун дар шакли нима одаму нима ҳайвон инъикос мегардиданд. Ганеша-худои доноӣ-дар шакли фил, Хануман-дар шакли маймун ва ғайра. Ҳанӯз аз замонҳои қадим ориёиҳо говҳоро ҳайвоноти муқаддас медонистанд. Об низ мавриди эҳтирому тақдис қарор гирифт. Дарёи Ганга муқаддас эълон шуд. Гуфта мешуд, одам чи гуноҳе, ки накарда бошад, оби Ганга онро пок месозад. Ҳиндуи мӯъмин бояд дар соҳили дарёи «Ганга» бимирад.
Ҳар гуна равияҳои ваҳшиёна низ вуҷуд доштанд. Чунончи, равияи тхуги (бӯғикунандагон). Онҳо баҳри худозан Кали ё Дурга, ҳамсари Шива ҳамчун қурбонӣ одамони тасодуфан аз роҳ мегузаштагиро дошта, бӯғӣ карда мекуштанд. Намояндагони баъзе халқиятҳои мунда дар гузашта ба хотири қурбонӣ кардан ба худои замин бачаҳоро қурбон мекарданд (мериа).
Аксари равияҳои мавҷудаи ҳиндуизмро ба ду гурӯҳи калон тақсим намудан мумкин аст: равияҳое, ки Вишнуро мепарастанд ва равияҳое, ки Шиваро мепарастанд. Вале дар байни ин ду гурӯҳи мазҳабҳо зиддият нест. Ҳанӯз дар асри XIII идеяе пайдо шуда буд, ки мутобиқи он гӯё ду худои асосиии ҳиндуизм Вишну ва Шива-зуҳури ҳархелаи худои дугонаи Хари-Хара мебошанд. Браҳма бошад ҳамчун худои аз ҳама бузург шинохта мешавад. Вале Браҳма сурат ва мазору маъбаде надорад.
Дар ҳиндуизм хусусан мактаби зоҳидони йога инкишоф ёфт. Баъзе зоҳидони йога ба худ уҳдадориҳои ваҳшиёна мегиранд ва қасам ёд мекунанд, ки он ӯҳдадориҳоро иҷро менамоянд. Чунончи, дар пушти гардани худ кашонидани панҷараи оҳанин, сари худро дар замин гӯр карда хобидан, хӯрдани каждумҳо, бо дастҳои бардошта роҳ рафтан, хаму рост шудан дар болои гулхан ва ғайра.
Таълимоти диние, ки ҳанӯз дар давраи браҳманҳо кор карда баромада шуда буд, таълимот оиди таносухи рӯҳ инкишоф дода шуд. Акнун таносухи рӯҳ нафақат аз тарзи ҳаёт ва иҷрои таълимоти каставӣ, балки аз иҷроиши одатҳои гӯркунӣ низ вобаста буд. Одатан ҳиндуҳо мурдаҳои худро сӯзонида, хокистарашонро ба оби Ганга мепартофтанд. Вале дар Ҳиндустони Шимолӣ то асри XIX одати суттӣ-сӯзонидани зани бевамондаи мурда ҳамроҳи ҷасади шавҳараш ҷой дошт.
Аз он чи ки зикр шуд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳиндуизмро дини ягона номидан мумкин нест, он маҷмӯи динҳост, ки дар он як дин аз дини дигар хеле фарқ мекунад. Чизҳои умумӣ дар онҳо каманд, инҳо-муқаддас донистани ведаҳо, эътироф намудани таълимот оиди тақдир ва таносухи рӯҳ, аз тарафи худо муқаррар карда шудани кастаҳо мебошанд.

397
Нет комментариев. Ваш будет первым!