Қонунҳои Ману
Ин низоми каставӣ дар Ҳинд ба воситаи қонунҳои Ману қонунӣ гардонида шуда буд. Ин маҷмӯаи қонунҳо тақрибан дар асри V то мелод пайдо гардида, баъдтар сабт гардидааст. Дар он, қонун ба воситаи таълимоти динӣ муқаддас гардонида шудааст.
Тибқи қонунҳои Ману кастаи ҳоким кастаи браҳманҳо мебошад. Дар он чунин омадааст: «Браҳма ба хотири ҳифзи хазинаи дҳарма (қонуни муқаддас) тавлид ёфта, дар рӯи замин мавқеи аз ҳама олиро ҳамчун хӯҷаини ҳамаи мавҷудот ишғол менамояд. Ҳамаи он чизе, ки дар дунё вуҷуд дорад, ҳамаи он моли шахсии браҳман мебошад. Ба хотири он, ки ӯ браҳман зода шудааст, ӯ ба ҳамаи инҳо ҳуқуқ дорад. Ҳамаи одамони дигар ба сабаби меҳрубонии браҳман вуҷуд доранд».
Вазифаи асосӣ ва фахрии браҳман омӯхтан ва омӯзонидани ведаҳо мебошад. Браҳмане, ки ведаҳоро намедонад, ба хиссии безурёт монанд карда шудааст.
Аз рӯи қонунҳои Ману, ҳаёти браҳман ба чор давра тақсим мешавад: браҳмани ҷавон ведаҳоро таҳти роҳбарии муаллим меомӯзад; зан гирифта, хоҷагияшро ташкил ва кӯдаконашро тарбия менамояд; давраи сеюми ҳаёти браҳман ҳамчун дарвеш дар ҷангал бояд гузарад. Дар давраи чоруми ҳаёти худ браҳман мебояд аз ҳама дороию сарваташ даст кашида, ба гадоӣ рӯз гузаронад.
Тибқи қонунҳои Ману низоми каставиро гӯё худи худо ҷорӣ кардааст. Аҳли се варна ҳатман маросими динии «упанаяна»-ба дин таҳвил карданро мегузарониданд. Ин маросимро браҳманҳо дар 7-солагӣ, кшатрийҳо дар 10-солагӣ, вайшҳо дар 11-солагӣ гузаронида, ба ҳар кадоми онҳо ресмонҳои муқаддас дода мешуданд, ки онҳоро аз болои китфи чап гузаронида, дар зери дасти рост мебастанд. Ин ресмонҳо тамоми умр бояд боқӣ мемонданд. Ин амалияро «таваллуди дуюм» меномиданд, яъне инсон дар он рӯз гӯё бори дуввум таваллуд меёфт. Шудраҳо-бегона ҳисобида шуда ин маросим барои онҳо гузаронида намешуд.
Дар хусуси вазифаҳои подшоҳ гуфта мешуд: «Подшоҳ саҳар аз хоб хеста, бигзор бар браҳманҳои доно эҳтиром гузорад, зеро онҳо чи тавр идора кардани (давлатро) медонанд ва подшоҳ мутобиқи маслиҳати онҳо бояд амал намояд. Бигзор ӯ браҳманҳои солхӯрда, тоза ва донандагони ведаҳоро эҳтиром намояд. Далерӣ дар ҷангҳо, ҳифзи мардум, эҳтиром гузоштан бар браҳманҳо барои кшатрийҳо воситаи беҳтарини расидан ба хушбахтию саодат мебошад. Бонӣ кардани ҳайвонот, додани садақаву назру ниёз, омӯхтани ведаҳо, машғул шудан ба тиҷорату судхӯрӣ ва коркарди замин-вазифаи вайшҳост».
Дар ин давра ҷои аввалро худои нав Брама ё Браҳма, ки сохти каставӣ гӯё аз он сар задааст, ишғол намуд. Ӯ вазифаҳои ҳар як кастаро дар алоҳидагӣ нишон дод. Ӯ барои шудраҳо як вазифа- ботавозӯъ ба ҳамаи он се варна хизмат карданро муайян намуд.
Бо пайдо шудани худои нав-Браҳма, худоҳои дигари дар ведаҳо омада аҳамияти худро гум мекунанд. Аз он худоҳо Вишну ва Шива, ки акнун онҳо вазифаҳои нав доштанд, аҳамияте пайдо мекунанд. Ин худоҳо ҷуфти занонаи худро пайдо менамоянд. Вишну ҷуфти худ худозан Лакшми, Шива – худозан Парватӣ, ки онро боз-Дурга ва Калӣ низ меноманд, пайдо карданд.
Акнун қурбонию назру ниёзро фақат сарватмандон меоварданд. Мардуми одӣ ин имкониятро надоштанд. Аз худоҳои қадима фақат Индра аҳамияти худро нигоҳ дошта, ба худои кшатрийҳо табдил ёфт.
Дар ҳамин давра яке аз идеяҳои муҳимтарини дини ҳиндуҳо, ки баъдҳо яке аз нуқтаҳои асосии дини ҳиндуиро ташкил дод, идеяи таносух, яъне аз як ҷисм ба ҷисми дигар гузаштани рӯҳ пайдо гардид. Гумон меравад, ки браҳманҳо ин идеяро аз динҳои мардуми маҳаллӣ- дравидҳою мунда қабул карда бошанд. Дар қонунҳои Ману идеяи таносухи рӯҳ фақат дар боби охири 12-ум зикр гардидаасту халос.
Тибқи тасаввуроти браҳманҳо пас аз марг рӯҳи инсон намемурад ва ба ягон ҷисми дигари моддӣ медарояд. Ба кадом ҷисм даромадани ҷон аз рафторҳои гузаштаи он одам ва риоя кардани қоидаҳои каставӣ вобаста аст. Агар шудраҳо қонунҳои каставиро нағз риоя намуда, ботавозӯъ ба кастаҳои дигар хидмат карда бошанд, рӯҳи онҳо имконияти баъди марг ба ҷисми одамони кастаҳои болоӣ дохил шуданро доранд. Вале касе, ки қонунҳои каставиро риоя намекунад, он метавонад ба ҳайвон табдил гардад.
Дар замони браҳманҳо адабиёти зиёди динию фалсафӣ навишта мешавад. Ин адабиёт дар таърих номи «Упанишад»-ро гирифт. Он иборат тақрибан аз 250 китоб буд.
Дар кастаи кшатрийҳо, ки бо браҳманҳо рақобат доштанд, таълимотҳои материалистӣ зиёд ба назар мерасиданд. Масалан, низоми «чарвака» тасдиқ мекард, ки олам аз чор унсур (об, бод, хок, оташ) иборат аст. Низоми дигар-«локаята» бошад, умуман вуҷуди худоҳоро инкор мекард.
Яке аз системаҳои фалсафӣ, ки дар оянда ҳамчун дини ҳиндӣ инкишоф ёфт, йога буд. Йога таълимоти сӯфиёна буда, мақсадаш бо истифода аз машқҳои гуногун тарбияву худтакмилдиҳии ҷисму рӯҳ мебошад. Дар ин таълимот низомҳои махсуси нафаскашӣ ва қоидаҳои дигар ба хотири ҳифзи тозагии бадан ва худтакмилдиҳии рӯҳ истифода мегардиданд.