Шаклҳои ибтидоии дин

Яке аз шаклҳои ибтидоии дин ин «тотемизм» мебошад. Истилоҳи «тотем» аз забони ҳиндҳои Амрикои Шимолӣ «О-тотем», яъне «авлоди ӯ» гирифта шудааст. Тотемизм ин эътиқод дар хусуси мавҷуд будани алоқаи ғайритабиӣ дар байни гурӯҳи одамон (қабила) бо ҳайвонот (аксаран), растаниҳо (камтар) ва ашёҳои дигар (тамоман кам) мебошад. Австралия мамлакати «тотемизм» номида мешавад, зеро дар он мардуми маҳаллӣ -ҳар қабилаи он тотеми худро дорад. Он метавонад кенгуру, суғур, кӯршапарак ва ғайра бошад. Аксари қабилаҳои Австралия хӯрдани гӯшти тотеми худро табу эълон медоранд. Яъне тотеми худро агар он масалан кенгуру бошад, ин қабила набояд хӯрад, ин табу, яъне манъ аст. Аммо қабилаи дигар, ки тотеми он масалан суғур аст, метавонад гӯшти кенгуруро истеъмол намояд. Олимон боз дар ҳамон Австралия қабилаҳоеро пайдо кардаанд, ки онҳо баръакс гӯшти тотеми худро истеъмол менамуданд.

Сабаби пайдоиши тотемизм дар тафаккури на он қадар инкишофёфтаи инсонҳои аввалӣ пинҳон аст. Онҳо дар хусуси асли баромади худ андеша намуда содалавҳона тахмин мекарданд, ки асли баромади онҳо аз ин ё он ҳайвон ё растании муҳити атрофашон мебошад. Ба ақидаи онҳо инсон метавонад ба ин ё он ҳайвон табдил ёбад ва баръакс.

Дар шинохти динҳои ибтидоӣ боз мафҳуми «анимизм» (аз забони лотинӣ «анима»-ҷон, рӯҳ) вуҷуд дорад. Яъне боварӣ ба он, ки баъди мурдани инсон ҷисмаш мемурад, аммо ҷону рӯҳи ӯ зинда мемонад. Чи тавре пештар дидем, ақидаю эътиқодоти инсонҳои аввалӣ асосан анимистӣ будаанд, яъне онҳо боварӣ доштанд, ки рӯҳу ҷони инсон баъди маргаш дар он дунё чи тавре дар ин дунё ҳаёт ба сар мебурд, зиндагӣ хоҳад кард. Аз ин рӯ, дар қабр, агар масалан мурда шикорчӣ бошад, тиру корду камонро ҳамроҳаш мегӯрониданд, то дар он дунё ӯ ба воситаи асбобҳои мазкур шикор карда рӯз гузаронад. Одамон боварӣ доштанд, ки арвоҳи хешовандонашон аз он дунё истода онҳоро дар ин дунё дастгирӣ хоҳанд кард.

Аз ҷумлаи динҳои ибтидоӣ сеҳру ҷоду ва шаманизмро ёд кардан мумкин аст. Масалан дар қабилаҳои имрӯзаи австралиягӣ шумораи табибони моҳири маҳаллӣ хеле зиёданд. Онҳо аъзоёни қабиларо бо алафҳои табиӣ, масҳ (массаж), хунгирӣ, компресс табобат менамоянд. Онҳо захму яра ва устухонҳои шикастаро низ метавонанд табобат намоянд. Вале бемориҳое ҳастанд, ки табибони мазкур аз табобати онҳо оҷизанд. Дар ин ҳолатҳо беморҳо маҷбур мешаванд ба ҷодугарҳо ва шаманҳо муроҷиат намоянд. Ҷодугарҳо ва шаманҳо дар табобат аз роҳҳою ҳилаҳои гуногун истифода мебаранд. Масалан макида баровардани санг аз ҷисми бемор, ё ки беморро гипноз карда табобат намудан. Шаманҳо гӯё дорои қобилияти фавқулода буданд. Онҳо ҷинҳои зарарнокро гӯё аз ҷисми бемор мебароварданд. Шаманҳо аксаран бемории рӯҳӣ дошта, ҳангоми рондани арвоҳу ҷинҳо аз ҷисми бемор худашонро ба дараҷаи ваҷд (экстаз) мерасониданд. Онҳо дар ин ҳолат ҳаргуна суханҳо гуфтан мегирифтанд ва беморонро афсун мекарданд. Баъзан онҳо ба ҳилагарӣ низ даст мезаданд. Масалан дар халтачаи пӯстие хун гирифта онро дар шиками худ мебастанд ва ҳангоми сеанс бо корд хез зада-хез зада ба шиками худ ба он халтача мезаданд ва аз он хун ҷорӣ шуда, вазъияти бемор дигаргун мегардид.

Яке аз намудҳои дигари динҳои аввалини инсоният ин «фетишизм» (бутпарастӣ) буд. Истилоҳи «фетиш» аз забони португалӣ аз «фетика», яъне «предмет», «ашё» гирифта шудааст. Гумон меравад, ақидаи И.А. Крывелёв дар хусуси он ки фетишизм яке аз шаклҳои аввалини эътиқодоти динии одамон будааст, ҳақиқате дорад. Инсонҳои аввалӣ фетиш (бут)-ро аз ашёҳои атрофи худ интихоб карда мегирифтанд. Масалан силоҳе (найза ё корд), ки ба воситаи он шикорчӣ чанд сайдеро ба осонӣ шикор карда буд, метавонист ҳамчун фетиш интихоб гардад. Ё масалан гирем ғореро, ки инсон аз ҳуҷуми ҳайвони дарранда боре ба он паноҳ бурда, ҷони худро аз марг халос намуда буд. Он инсонҳо чунин силоҳ ва чунин ғорро дорои хосиятҳои фавқуттабиӣ ҳисобида, онҳоро фетиши худ қарор медоданд. Инсонҳои аввалӣ ягон санги аҷоиб, пораи чӯби шакли махсус дошта, устухони ягон ҳайвон, панҷаи даст ё пои хушкшудаи ҳайвонро ёфта, онро фетиши худ қарор медоданд. Дар назари инсон он чизи ёфтааш гӯё хосияти ғайритабиӣ дошт. Баъдтар инсон аз сангу чӯбу биринҷиву сафолу оҳан барои худаш дар шаклҳои гуногун фетиш месохт, онҳоро дорои хосиятҳои фавқуттабиӣ мешуморид ва ба онҳо ибодату саҷда мекард.

585
Нет комментариев. Ваш будет первым!