Муносибати давлат бо дини масеҳӣ, қонунигардонӣ ва масеҳият

Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда то ибтидои асри IV императорҳои Рим ба муқобили ҷамъиятҳои масеҳӣ муборизаи сахт мебурданд. Сардорону фаъолони онҳо кушта мешуданд. Ҳамзамон як протсесси дигар низ ҷой дошт – ба ҷамъиятҳои масеҳӣ нафақат ғуломону фақирон, балки аз табақаҳои болоӣ низ баъзеҳо дохил шудан гирифтанд ва акнун дини масеҳӣ фақат дини ғуломону мазлумон набуд.

Дар ибтидои асри IV дар байни империя ва масеҳият иттиҳоди мустаҳкам пайдо гардид. Сабабаш дар он аст, ки империяи Рим ба як дини муттаҳидсози халқиятҳои кишвар эҳтиёҷ дошт. Император Галерий (293-311) дар соли 311 эдикте (маншуре) баровард, ки тибқи он ба масеҳиён иҷозат дода шуда буд ба дини худ пайравӣ намоянд, «ба шарти он ки ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ягон амале содир нанамоянд». Ӯ инчунин фармуда буд, ки «масеҳиён барои саломатии ӯ (Галерий), пешрафти давлату ҷамъият ва барои некӯаҳволии худ дуо кунанд». Ҳамин тавр, император Галерий ба хулосае омад, ки ба ҷои мубориза бурдан ба муқобили масеҳият, беҳтараш аз он ба манфиати давлат истифода намояд. Хусусан, ки ин дин мардуми зиёдеро фаро гирифта буд. Бо ҳамин масеҳият қонунӣ гардонида шуд. Баъзе олимон ақида доранд, ки тибқи маншури Милан аз соли 313 аз ҷониби император Константин (306-337) масеҳият ҳамчун дини давлатӣ ба расмият шинохта шуда, таъқиботи масеҳиён манъ карда шудааст. Аммо таҳқиқотҳо нишон доданд, ки маншури Милан на аз ҷониби Константин, балки аз ҷониби иттифоқчии ӯ император Лициний бароварда шуда буд. Ва дар он маншур сухан на дар хусуси қонунгардонии масеҳият, балки барқарор кардани калисои шаҳрдорӣ ба номи Никомидий меравад. Худи Константин дини масеҳиро то охири умраш қабул накард, аммо масеҳиён ва динҳои дигарро низ дастгирӣ менамуд. Фақат бо маншурҳои солҳои 341-346 ва 356 пайравӣ ба динҳои бутпарастӣ манъ карда шуда, масеҳият дини давлатӣ гардид.

Баъд аз баромадани маншури мазкури Галерий масеҳият ба дини давлатӣ табдил ёфта, ба он акнун ашрофони зиёд дохил мегардиданд.

Дини масеҳӣ ба кишварҳои дигари аврупоӣ роҳ ёфт, дар асри IV готҳою вандалҳо, асри V франкҳо, асрҳои VI-IX қабилаҳои германӣ, асрҳои IX-X халқиятҳои славянӣ онро қабул намуданд. Дар асри X қариб тамоми Аврупо дини масеҳиро қабул карда буд.

Дар Шарқ бошад дар асри IV масеҳият ба Кавказ роҳ ёфт (грузинҳою арманиҳо), аммо дар Шарқ пеши роҳи паҳншавии онро дини зардуштӣ ва баъд ислом гирифтанд.

Аз асрҳои XV-XVI сар карда мубашширони масеҳӣ ин динро нафақат бо салиб, балки бо оташу шамшер ба Африқо ва кишварҳои дигар бурда паҳн намуданд.

307
Нет комментариев. Ваш будет первым!