Ривоятҳо дар бораи зиндагии Буддо ва пайдоиши буддоия
Дар қиссаҳои қадимаи буддоия дар хусуси асосгузори ин дин- Буддо ривоятҳои воқеие оварда мешаванд, ки тибқи онҳо Буддо шахсияти таърихӣ буда, дар асрҳои VI-V аниқтараш тақрибан дар соли 560 то мелод дар шимолу шарқи Ҳинд ба дунё омада таълимоти худро паҳн мекардааст. Вале ақидаю ривоятҳо дар хусуси солҳои зиндагии Буддо мухталифанд. Тибқи ривояти мактаби тҳеравада-Буддо дар солҳои 640-544, вале тибқи таҳқиқотҳои илмӣ дар асоси маълумотҳои сарчашмаҳои юнонӣ оиди таърихи ба тахт нишастани шоҳ Ашока замони зиндагии Буддо ба солҳои 566-486 то мелод рост меояд.
Буддо аз авлоди Шакья дар шаҳри Капилавастуи назди кӯҳҳои Ҳимолой дар оилаи яке аз шоҳони кишварҳои шимоли Ҳиндустон ба дунё омад. Ӯ Сиддартҳа ном дошта, баъдтар бо номи Гаутама машҳур гашт. Вале дар ҳадисҳо бештар бо лақабҳои Шакьямуни (қаландаре аз авлоди Шакья), Татагата (Олӣ), Комил ва ғайра машҳур аст. Шоҳ Суддходана писараш Сиддартҳаро аз рӯзҳои аввали ҳаёташ бо зиндагии серу пур ва шукӯҳу шаҳомат фаро гирифт, то ӯ дар зиндагияш ягон ғаме надошта бошад. Аз ҳамин сабаб шоҳзодаи ҷавон умуман аз вуҷуд доштани ғаму андӯҳ, азобу машаққат, бемориҳо, заъфу пирӣ бехабар буд. Сиддартҳа аз ҳудуди қасру боғҳои азими худ набаромада, бо айшу нӯш рӯз мегузаронид. Ӯ бо зане, ки дӯсташ медошт, хонадор шуд ва соҳиби писар низ гардид.
Баъдтар, тибқи ривоятҳо дар 29-солагияш чор вохӯрӣ дар ҳаёти ӯ боиси тағйири куллии ақидавию рӯҳонияш гаштанд: ӯ боре пири фартут, шахси бемори дар азоби сахт қарор дошта, баъд мурдае, ки барои гӯр кардан мебурданд, дида, фаҳмид, ки дар дунё бемориҳо, пирӣ ва марг насиби ҳамаи инсонҳост; вохӯрии чоруми ӯ бо роҳиби гадое буд, ки ихтиёран аз ҳамаи сарвату лаззатҳо даст кашида, оромии рӯҳиро дар гӯшанишинӣ дарёфта буд. Сиддартҳа ба қароре омад, ки ба ҳамин роҳиби гӯшанишин пайравӣ кунад. Ӯ боре ба тарзи махфӣ оила, қасри падар ва зиндагии пурдабдабаро тарк намуда ба ҷангал рафт ва ба зоҳиди гӯшанишин табдил ёфт. Сиддартҳо 7-сол дар ҷангал ба худазобдиҳии ихтиёрӣ ва азият додани ҷисми худ машғул буд, то бо ором кардани рӯҳи худ даст ёбад ва ҳақиқати ҳаётро бифаҳмад. Аммо на тақводории сахт, гуруснанишинӣ, азияти сахт ин зоҳиди ҷавонро қонеъ нагардониданд. Ӯ фаҳмид, ки ин роҳ роҳи дурусти ҳаёт нест. Ниҳоят, пас аз фикру андешаҳои дуру дароз Гаутама ҳақиқатро дарёб кард. Тибқи ривоятҳо, боре шабона ӯ дар зери дарахти бодҳи ё анҷир-дарахти дониш нишаста дар фикр ғӯтавар буд, ки дар тафаккури Гаутама нохост илҳому равшание пайдо гардид, ва тамоми ҳақиқати зиндагӣ дар он лаҳза барояш ошкор шуд. Аз ҳамин лаҳза сар карда Сиддартҳа (Гаутама) ба Буддо (шахси ба илҳому равшанӣ фарогир шуда) табдил ёфт.
Гаутама ба хулосае омад, ки ҳам зиндагии пурдабдаба ва ҳам зиндагии пур аз азоби ихтиёрӣ аз роҳи дурусти ҳаёт дуранд. Роҳи дурусти ҳаёт дар миёнаи он ду роҳ воқеъ мебошад. Ин роҳ-роҳи чуқур рафтан дар донистани ҳақиқат, роҳе, ки ба оромию илҳом расидани рӯҳ мадад мерасонад, мебошад.
Ҳақиқати мазкурро кушода, Буддо ба паҳн кардани ақоиди худ аввал дар Банорас, баъд дар Урувела ва баъд дар пойтахти Магадҳа-шаҳри Раджагриҳи сар кард. Оҳиста-оҳиста дар назди ӯ гурӯҳи калоне аз шогирдонаш ҷамъ омаданд. Гаутама як қисми онҳоро барои тарғиби ақидаҳояш ба гӯшаю канорҳои Ҳинд мефиристод ва бо як қисми дигарашон худаш ҳамроҳ сафар карда таълимоташро паҳн мекард. Тибқи ривоятҳо ӯ 40-соли ҳаёташро дар сафарҳо гузаронидааст. Дар солҳои охири ҳаёти Буддо гурӯҳҳои тарафдорони таълимоти ӯ ҳам дар Магадҳа, ҳам дар Кошале ва ҳам дар вилоятҳои Шимолу Шарқи Ҳинд зиёд буданд. Баъд аз ин Буддо вафот кард ва ҷасади ӯро шогирдонаш, тибқи одатҳои ҳиндӣ оташ зада сӯзониданд.