ПАЙДОИШИ ОЙИНИ ЯҲУДИЯ

Дини яҳудия аз динҳои миллиест, ки аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз бо тағйиротҳои кам омада расидааст. Дар таърих он нақши калон дорад, ба сабаби он, ки дини масеҳӣ низ аз он баромадааст. Китоби асосии дини яҳудия-Библия мебошад.Калимаи «Библия» аз забони юнонӣ гирифта шуда маънояш «Китобҳо» мебошад. Библия дар ҳақиқат аз маҷмӯи китобҳои зиёде иборат буда, онҳо ба се қисми асосӣ тақсим мешаванд. Қисми аввал иборат аст аз китоби қонун-Тора (Таврот) ё ба тарзи дигар Панҷкитобаи Мӯсо, ки гӯё онҳоро ӯ навиштааст. Дар ин қисм қиссаҳои офарида шудани оламу инсон, ба сабаби гуноҳ аз ҷаннат ронда шудани Одам, тӯфони Нӯҳ, қиссаи саромадони авлоди яҳудиён-Иброҳим, Исҳоқ, Ёқуб, Юсуф бо бародаронаш, ба Миср омада ҷо ба ҷо шудани яҳудиён, фаъолияти Мӯсо барои аз асирии мисриён озод кардани яҳудиён, таърихи аз ҷониби яҳудиён истило карда шудани Фаластин (заминҳои Канъон) бо сардории Иисуси Навин оварда шудаанд.

Қисми дуюми китобҳои Библия аз китобҳои «таърихӣ» иборатанд.

Қисми сеюм аз китобҳои пайғамбарон, аз қабили: Дониёл, Юнус, Малахиё, Закариё ва дигарон иборат мебошанд.

Ҳамаи ин се қисм китобҳои ёдшударо масеҳиён «Ветхий завет» (Аҳди қадим) меноманд, аммо китобҳои масеҳии худро «Новый завет» (Аҳди ҷадид) меноманд, ки онҳоро яҳудиён қабул надоранд. Асли баромади ҳамаи ин китобҳо то имрӯз пурра маълум нагардидааст. Аз рӯи тадқиқотҳо як қисми Тора дар Яҳудия тақрибан дар асри IХ то мелод(қисме, ки дар он худо-Яҳве зикр гардидааст) ва қисми дигараш, ки дар он худо чун Элохим (Элохист) зикр ёфтааст, дар Эфраим (шимоли Фаластин) дар асри VIII то мелод навишта шудаанд. Омӯзиши Библияро якчанд маротиба тасҳеҳ ва аз нав таҳрир карда шудани он мушкил сохтааст.

Ҳанӯз аз замонҳои қадимтарин яҳудиҳо эътиқодоту маросимҳое доштаанд. Масалан, аз қадим истеъмоли гӯшти шутур, тавушқон, харгӯш, хук, хазандаҳо, чанд навъи паррандаҳо ҳаром эълон шуда буд, ки сабабаш номаълум аст. Шояд ҳаром гуфтани гӯшти шутур ба сабаби ҳайвони кории зарурӣ будани он бошад. Гӯшти ҳайвон бояд пеш аз истеъмол бехун бошад. Зеро ба ақидаи яҳудиён хун ин ҷон аст. Одати дигари яҳудиён хатна намудани бачаҳои навзод дар 8-рӯзагияшон мебошад.

298
Нет комментариев. Ваш будет первым!