Нақш ва мавқеи давлат дар системаи сиёсии ҷомеа ба воситаи вазифаҳои асосии он муайян карда мешавад. Вазифаҳои давлат самтҳои асосии фаъолияти онро таҷассум намуда, ҳамзамон моҳияти давлатро ифода менамоянд. Одатан, вазифаҳои дохилӣ ва хориҷии давлатро аз ҳам фарқ менамоянд:
а) вазифаҳои дохилии давлат:
– таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ;
– вазифаҳои хоҷагидорӣ ва ташкилотчигӣ (коркарди сиёсати иқтисодӣ, танзими муносибатҳои иқтисодӣ, ташаккули буҷаи давлат, назорати ситонидани андоз ва ғ.);
Бояд гуфт, ки вазифаҳои хориҷии давлат идомаи мантиқии вазифаҳои дохилии он мебошанд. Ҳамзамон, омилҳои беруна ва тарзи амалишавии вазифаҳои хориҷии давлат ба вазифаи дохилии он низ таъсир мерасонанд.