Ҳизб ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ

Дар замони муосир иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ дар системаи сиёсии ҷомеа мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Онҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир гардида, ташаккул меёбанд. Аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, созмонҳои ҷавонон, ҳаракатҳои оммавӣ, ҷамъиятҳои мухталиф, фондҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва монанди инҳо аз гуногунрангии ташаккулёбии онҳо дарак медиҳанд. Дарки манфиатҳои гурӯҳӣ ва ҳимояи манфиатҳои шахсӣ шумораи муайяни одамонро фаро гирифта, онҳо барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои худ дар доираи иттиҳодия ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид мегарданд. Ҳуқуқи муттаҳид гардидан яке аз ҳуқуқҳои бунёдии инсон ба шумор рафта, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки онҳо ба таври озод ва мустақилона барои худ дилхоҳ шакли фаъолиятҳои ғайридавлатиро интихоб намоянд.

Дар илмҳои сиёсӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ифодаи фаъолнокии ҷамъиятӣ ва шакли ташкилии он мафҳуми «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» истифода бурда мешавад. Дар зери мафҳуми «иттиҳодияи ҷамъиятӣ» ташкилоти ихтиёриеро дар назар доранд, ки дар он шаҳрвандони озод ба хотири ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ ба таври ихтиёрӣ муттаҳид гардидаанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба чунин шаклҳо ҷудо менамоянд: ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии мазкур аз рӯйи як қатор хусусият ва нишонаҳои худ аз ҳамдигар тафовути ҷиддӣ доранд. Аз ҷумла, онҳо аз рӯйи ҳадафҳои худ, вазифаҳои худ ва сохтори ташкилоти худ аз ҳамдигар фарқ менамоянд. Аз миёни онҳо ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, равандҳои сиёсӣ ва муборизаҳои сиёсӣ нақши хеле фаъол мебозанд.


347
Нет комментариев. Ваш будет первым!