Бозор Собир
Бозор Собир дар 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Мутаассифона, барвақт ятим монд, зеро падар дар ҷанги ҷаҳонии дуввум шаҳид шуда буд. Баъдҳо Бозор гуфтааст:
Дар сари кӯчаҳои Файзобод,
Чашм ба роҳи кӯҳна шому саҳар.
Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар.
Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст. Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адолат” фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дарИттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.
Эҷодиёт:
Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи “Садои Шарқ” будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Пайванд” соли 1972 аз чоп баромад. Баъдан маҷмӯаҳои “Мижгони шаб” (1981), “Борони тиллоӣ” (1982). Сипас як силсила шеърҳои ӯ ба хатти форсии арабиасос бо номи маҷмӯаи “Оташбарг” (1984) дастраси алоқамандони дунёи форсизабон гардид. Китоби дигари ӯ “Чашми сафедор” (1991) мебошад. Бозор Собир пайваста ба нашрияҳоиМаскав ҳамкорӣ дошт ва чандин шеъраш дар маҷаллаҳои “Дружба народов”, “Смена”, “Советская литература” (ба забонҳои хориҷӣ), “Музика” ба забони рӯсӣ чоп шуданд. Соли 1979 нашрияи “Советская писател” маҷмӯаи ашъори ӯро бо номи “Каменная кладка” аз чоп баровард. Бозор Собир таври анъана ба масоили тарҷума мутаваҷҷеҳ буд ва аз ашъори шоири чехӣ М. Валеко. Силсилаи шеърҳои Д. Байрон, А. Рембо, Г. Аполменер, П. Неруда, Э. Межелайтис ва дигар шоирони ғайрифорсигӯро ба форсии тоҷики тарҷума карда, ба ихтирёи мухлисон гузоштааст. Ҳамчунин соли 1977 бо ҳамқаламии шоир Лоиқ Шералӣшеърҳои шоири шинохташудаи рус С. Есенинро ба забони форсии тоҷикӣ баргардонда, таҳти унвони “Гулафшон” ба чоп расонд. Хушбахтона, даҳ соли охир, ба асари унвони худистиқлолӣ ва аз миён бардоштани садҳои фарҳангӣ як силсила шеърҳои Бозор Собир дар матбуоти Эрону Афғонистон рӯи чопро диданд, монанди “Баргузидаи ашъори Бозор Собир” (Теҳрон, нашрияи “Ал-Ҳудо”, 1996).
Маҷмуаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.
Муҳоҷират:
Дар воқеоти охири солҳои 80 — ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣғ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистонбуд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард. Дератар ба саволи мухбири рӯзномаи «Миллат» чунин посухе додааст;
Шеър ва сиёсат. Дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад?
— Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» мо-ли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби Октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.
Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Москва (Русия) муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуда, онҷо барои рӯзгузаронӣ кори боркашониро иҷро кардааст.