РЕЖИМИ СИЁСӢ

Дар таҳқиқи режими сиёсӣ илмҳои сиёсии Ғарб таъсири ҷиддӣ расонидаанд. Илмҳои иҷтимоию сиёсии замони Шӯравӣ аз масъалаи мазкур худро дар канор гирифта, бо баррасии масъалаи «системаи сиёсӣ» таҳқиқоти худро маҳдуд намудаанд. Гузашта аз ин, режими сиёсӣ ҳамчун категорияи назариявӣ танҳо дар илмҳои давлат ва ҳуқуқ мавҷудияти худро нигоҳ дошта, бо категорияҳои шакли идоранамоӣ ва шаклҳои сохтори давлатӣ дар алоқамандии зич қарор гирифта буд. Баъди солҳои 1985 масъалаи мазкур бинобар сабаби демократикунонии ҷомеаи шӯравӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ чи дар назарияҳои сиёсӣ ва чи дар амалияи сиёсӣ яке аз масъалаҳои рӯзмарра ба шумор мерафт.

Аммо ба ҳамаи дастовардҳои таҳқиқи масъалаи режими сиёсӣ нигоҳ накарда, дар илмҳои хориҷию ватанӣ нисбат ба ин масъала нуқтаи назари ягона мушоҳида намешавад. Айни замон дар илмҳои сиёсӣ оид ба моҳияти режими сиёсӣ шарҳу баён ва қоидаҳои бешуморе мавҷуданд.


451
Нет комментариев. Ваш будет первым!