Ҳазрати Умар ва пиразан (ҳикоя)

Шабе Умар ибни Алхаттоб1, ба асас мегашт ва ман бо вай будам. Аз Мадина2 берун шудем ва дар саҳро деворбасте буд вайрон ва аз он ҷо рушноие метофт. Умар маро гуфт: — Биё, то он ҷо равему бинигарем, то кист, ки дар нимашабон оташ афрухтааст. Бирафтем, то назди вай расидем. Пиразанеро дидем, ки дег бар сари оташ ниҳода буд ва ду бачаи тифл дар пеши ӯ хуфта ва мегуфт: «Худои таоло, доди ман аз Умар биситонад», бо Зайд гуфт: «Ту ин ҷо бош, то ман наздики ин пиразан шавам ва аз ҳоли ӯ пурсам».

Чун пеши пиразан расид, гуфт: «Бад-ин нимашаб чӣ мепазӣ дар ин саҳро?» Гуфт: — «Зани дарвешам ва дар Мадина сарое мулк дорам ва бар хеҷ қодир наям ва аз шарми ду кудаки тифл, ки аз гуруснагӣ мегирянду бонг медоранд ва ман чизе надорам, ки эшонро бидиҳам, бад-ин саҳро берун омадам, то ҳамсоягон надонанд, ки аз ҷиҳати чӣ мегирянд… Ва ҳар замоне, ки эшон аз ҷиҳати гуруснагӣ бигирянд ва таом хоҳанд, ман ин дегро бар сари оташ ниҳам ва гуям: «Шумо хобаке бикунед, то вақти бедор шудани шумо ин дег расида бошад». Дили эшонро бад-ин хурсанд кунам ва бад-ин умед бихобанд ва чун бедор шаванд, чизе набинанд, боз бонг бардоранд. Ва ҳам ин замон бад-ин баҳона хобонидаам ва ду рӯз аст, ки на ман чизе хурдаам ва на ин кудакон. Ва дар ин дег ҷуз об чизе нест».

Умарро дил бисухт ва гуфт: — ҷои он аст, ки нафрин кунӣ ва ба худояш бисупорӣ.

Ва ин зан низ нашинохт ӯро. Умар гуфт: — Замоне сабр кун, ҳамин ҷо, то ман оям.

Пас, Умар аз пеши ин зан бозгашт. Чун ба ман расид, гуфт: «Биё, то биравем».

Чун ба хона расид, ман бар дари хона бинишастам, ӯ даррафт. Соате шуд, берун омад ва анбоне чанд бар душ гирифта. Пас, маро гуфт:3 «Рав, то наздики он пиразан шавем». Гуфтам: — Ё амир, агар чора нест аз рафтан, ин анбонҳо бар гардани ман неҳ то баргирам. Умар гуфт: — Агар (ин) бор ту баргирӣ, бори гуноҳон аз Умар кӣ баргирад?

Ҳамерафт, то наздики он пиразан ва он анбонҳоро аз гардан фуру гирифт ва пеши ӯ биниҳод: яке пури орд ва яке пури биринҷ ва нахуд ва дунбаю пия ва маро гуфт: — Эй Зайд, ту дар ин саҳро рав, ҳар чӣ ёбӣ аз хору дарамна4 гирд кун ва зуд биёр.

Ман ба талаби ҳезум рафтам. Умар сабуе5 баргирифт ва об биёвард ва биринҷу нахудро бишуст ва дар дег кард ва қадре пияю дунба дар ӯ афканд ва аз он орд кумоче бикард. Ва ман ҳезум биёвардам ва ӯ ба дасти хеш он дегро бипухт ва он кумоч зери оташ кард. Кумоч ва дег ҳар ду пухта шуд ва аз он тариде6 сохт. Чун сард шуд, пиразанро гуфт: — Тифлаконро бедор кун ва бигуй, «бархезед, ки дег бирасид». Зан кудаконро бедор кард. Умар хурданӣ пеши эшон ниҳод ва худ онсутар ба намоз машғул шуд. Чун соате бигузашт, дид, ки зан ва фарзандонаш сер хурда бо якдигар бозӣ мекунанд.

Рӯйхати Маводҳои исломӣ <<


  1. Умар ибни Алхаттоб — яке аз чор ёрони Муҳаммад ©, халифи дуюм, пасаз Абубакр.
  2. Мадина — шаҳрест дар Арабистони Саудӣ. Дар рӯзгори Расули Акрампойтахти хилофат буд.
  3. Маънояш: Агар ҳамин хел беадолатӣ дар ҳаққи шумо карда бошад, дуою дашномаш бидеҳ ва ба Худо бисупораш.
  4. Хору дарамна — хезум, хасу хошок.
  5. Сабӯ- кӯзаи обгирӣ.
  6. Тарид — хурок, нони башир.

Хазрати Умар ва пиразан (хикоя), хикоя дар бораи Хазрати Умар, Хилофати Умар, бо забони точики.

1.47K
Нет комментариев. Ваш будет первым!