Сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ

Сохтори ҷомеаи шаҳрвандиро як қатор муҳаққиқон аз рӯйи соҳаҳои амалишавии он муайян намудаанд. Аз ин рӯ, чунин соҳаҳо аз ҷониби онҳо ҳамчун сохтори таркибии ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ гардидаанд:

1.Соҳаи иқтисодиёт – муассисаҳои ғайридавлатӣ, кооперативҳо, коллективҳои иҷоравӣ, ҷамъияти саҳомӣ, иттиҳодияи кооперативҳо ва шаҳрвандони ихтиёрӣ, ки дар соҳаи хоҷагидорӣ фаъолият менамоянд ва бо ташаббуси худи онҳо ташаккул дода шудааст.

2.Соҳаи иҷтимоию сиёсӣ – ҳаракат ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидораи ҷамъиятӣ дар маҳалли зист ва ё дар коллективҳои меҳнатӣ, механизмҳои ошкорнамоӣ, ташаккулдиҳӣ ва ифоданамоии афкори ҷамъиятӣ, ҳалли низоъҳои иҷтимоӣ, васоити ахбори оммаи ғайридавлатӣ, оила, фондҳои хайриявӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ҷамъиятҳои варзишӣ, иттиҳодияҳои динии шаҳрвандон, ҷамъияти илмӣ.

3.Соҳаи маънавиёт– озодии виҷдон, сухан ва афкор; имконияти воқеӣ барои ба таври расмӣ изҳор намудани ақидаи хеш, мустақилият ва вобаста набудани ҷамъиятҳои мухталифи ғайридавлатӣ аз сохторҳои давлатӣ ва сиёсӣ.

Яке аз хусусиятҳои муҳим ва фарқкунандаи сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сохторҳои давлатӣ аз он иборат аст, ки онҳо барои ба даст овардани ҳокимият мубориза намебаранд ва ҳатто кӯшиш ҳам наменамоянд. Аз ин хотир, ҳамаи сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хусусияти сиёсӣ надоранд. Ташкилотҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли ҳуқуқи интихобӣ баромад менамоянд.

Муносибатҳои мутақобилаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат ба воситаи вазифаҳои онҳо муайян карда мешаванд, ки аз чунин самтҳои фаъолият иборатанд:

1.Рушди асосҳои демократии ҳаёти сиёсӣ ва ҳаёти ҷамъиятии ҷомеа.

2.Ба воситаи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ маҳдуд намудани доираи фаъолияти давлат.

3.Таъмини амалишавии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, коркарди кафолатҳо ва бар зидди арзишҳои режими тоталитарӣ қарор додани онҳо.

4.Марҳила ба марҳила таъмин намудани рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддин.

5.Дар асоси ризоият ва созиш ҳал намудани мухолифатҳои иҷтимоӣ.

6.Худмуайянкунии инсон дар доираи ҷаҳонбинӣ ва манфиатҳои маънавии худ.

7.Ҳифзи ҳуқуқҳои умумиҷаҳонии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти судӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ.


339
Нет комментариев. Ваш будет первым!