Пайрав Сулаймонӣ

Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933) умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 34 сол. Ӯ дар осмони назми тоҷик чун ситораи тобноке дурахшиду нопадид гашт. Вале шеъри ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам ва қарнҳои оянда ҳам дилҳоро тасхир хоҳад кард, ҳисро сайқал хоҳад дод, дар комилтар гардидани инсон саҳм хоҳад гузошт.
Беҳуда нест, ки устод Айнӣ аз арзи вуҷуд кардани ӯ дар майдони адабиёт изҳори шодмонӣ карда, навишта буд: «Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст, бӯстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад». Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.


Эҷодиёт:

Соли таълифи нахустин шеъри Пайрав Сулаймонӣ, ки то имрӯз ба дасти мо расидааст, 1916 аст. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17 -солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.
Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони «Шукуфаи адабиёт» бо ҳуруфи арабӣ аз чоп баромад. Ин аз як тараф, албатта, наметавонист шоирро хурсанд накунад, вале аз тарафи дигар ӯро малул гардонид.
Ӯ дар мактуби худ ба дӯсташ Раҳим Ҳошим якуми майи соли 1931 дар ин бора навиштааст: :«Дигар маҷмӯаи ман расид, саломат бош! Чаро обложкаи онро ин қадар хунук кардаанд? Рамкаи сиёҳ барои чӣ? Кӣ мурда буд?» «Шукуфа» ҳам ба ҳамин хунукӣ мешудааст-мӣ? Аммо бо ҳамаи ин эҳтиётҳо чаро боз ин ҳама ғалат? Забарҳоро зер кардаанд, зерҳоро забар ва як тӯда ғалатҳои дигар. Порчаи «Ҳиндустон» чӣ шуд? «Гуландом» куҷо рафт? Ку? Куҷо шуд?
Ҳамон сол, яъне соли 1931 достони ӯ «Тахти хунин» дар шакли китобчаи алоҳида ба табъ расид, ки он ҳам бо ҳуруфи арабӣ аст. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи «Шеърҳо» бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад.
Китоби дигари Пайрав Сулаймонӣ «Қадам ба панҷсолаи дуввум» баъд аз вафоти ӯ соли 1934-ум нашр гардид. Дар архиви шоир чопи мошинкаи ин маҷмӯа маҳфуз аст. Ин ба мо ҳуқуқ медиҳад, ки таҳия маҷмӯаи «Қадам ба панҷсолаи дуввум» -ро ба худи муаллиф нисбат диҳем.


Маҷмӯаи шеърҳо:
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» — и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
Ин китоб аз мукаммалтарин маҷмӯаҳои осори Пайрав Сулаймонӣ ба шумор меравад. Агар нахустин китоби шоир «Шукуфаи адабиёт» 23 шеърро дар бар карда бошад, маҷмӯаи дуввуми ӯ «Шеърҳо» 30 шеърро ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» 45 шеърро фаро гирифтааст. Ба «Маҷмӯаи шеърҳо» -и соли 1934 62 шеър ворид гардидааст. Ин маҷмӯа аз ҷиҳати сохт низ хеле ҷолиб аст. Шеърҳо аз рӯи давраҳои эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ танзим ёфта, лирикаи ӯ қисми алоҳидаро ташкил намудааст. Дар маҷмӯаи «Шукуфаи адабиёт» Пайрав Сулаймонӣ 5 шеъри лирикии худро дохил карда буд, аз ҷумла шеъри ишқии «Шаби ҳиҷрон бо хаёли ҷонон» -ро. Маҳз ҳамин шеъри ишқӣ боиси ба чунин хулоса омадани Бектош гардидааст: «Аз ин нуқтаи назар Пайрав Сулаймонӣ дар адабиёт гӯянда ва намояндаи ҳамон буржуазияи навхези савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи савдо ва саноати маҳаллӣ аст, ки барои инкишофи нуфузи синфи худаш танҳо сароб (обман зрения) будани Инқилоби октябрро аз ҳама пештар ва равшантар ҳис мекунад».
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки Раҳим Ҳошим нафақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст.
Баъд аз он ки шеърҳои ишқии Пайрав боиси ба гардани ӯ гузоштани айбҳои сиёсӣ гардид, дар маҷмӯаҳои дигари худ «Шеърҳо» (1932) ва «Қадам ба панҷсолаи дуввум» онҳоро ворид насохт. Ин маҷмӯаҳо танҳо шеърҳоеро дар бар гирифтаанд, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд.
Раҳим Ҳошим ба «Маҷмӯаи шеърҳо»-и соли 1934 18 шеъри лирикии Пайравро дохил намудааст.
Тадқиқи матнҳо нишон медиҳад, ки Раҳим Ҳошим на фақат осори Пайравро аз дасти рафиқони ӯ ва рӯзномаю маҷаллаҳо гирд овардааст, балки дар ихтиёри худ архиви шоирро доштааст. Ин фикрро чунин суханони духтари Пайрав Сулаймонӣ – Шоираи Халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймонӣ тасдиқ мекунад: «Чанд сол пеш дӯсти наздики оилаи мо Раҳим Ҳошим архиви падарамро ба мо супурданд. Ман вақте ки онро варақ мезанам, чи шоири нисбат ба худ серталаб будани падарамро тасаввур мекунам. Дар ин архив аксари шеърҳо чанднусхагӣ буда, дар ҳар кадоми он як фикри тоза, мисраи нав илова шудааст».
Вале дар баъзе шеърҳо матни истифода бурдаи Раҳим Ҳошим аз матни архиви шоир, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ маҳфуз аст, фарқ мекунад. Ин фарқҳо дар қисми муқоиса ва тавзеҳоти Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ нишон дода шудаанд. Чунон ки илми матншиносӣ тақозо мекунад, мутуни асосӣ барои Куллиёти илмии адиб нашри охирини ҳар як асари ӯст, ки ҳангоми дар қайди хаёт будани ӯ ба табъ расидааст. Вале на ҳамеша нашри охиринро чун матни асосӣ истифода бурдан мумкин аст.
Барои мутуни саҳеҳи ҳар як шеърро пешниҳод кардан ҳамаи сарчашмаҳои онро мавриди тадқиқ қарор додан зарур аст. Аз ин ҷост, ки ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ ҳамаи сарчашмаи матни осори ӯ, пеш аз ҳама маводи архив, маҷмӯаҳои ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ва баъди сари ӯ ба табъ расида, китобҳои дарсӣ ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба ҳам муқоиса ва аз назари тадқиқ гузаронида шудаанд.

726
Нет комментариев. Ваш будет первым!